Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Умри ман бо кӯдакон пайвандгарӣ дорад

Умри ман бо кӯдакон пайвандгарӣ дорад

1-06-2018, 11:00
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
Умри ман бо кӯдакон пайвандгарӣ дорадШеъри шоир роздори зиндагист,
Фитрати шоир баҳори зиндагист.

Оре ва шеъри парварда, мавзун, хаёлангез аст, руҳро болида гардонад ва бо дарди одамӣ бисозад. Шоир бошад ба раъйи дурусту саъйи комил гавҳари мақсуд ба даст оварда, дар пойгоҳи ҳазрати Одам сазовори обу рӯ ва эҳтиром мегардад.

Латофат, Наргис, Сабрин... Ин номҳо муталлиқи як бону мебошанд, ки ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба хонандагони тоҷик ҳамчун шоира, нависанда ва рӯзноманигор шиносанд. Латофат номи аслии шоира буда, Наргису Сабрин тахаллусҳои адабии ӯ мебошанд. Дар дигар ҷой ӯро Латофат Кенҷаева ном мебаранд ва бо ин ном низ байни хонандагон ва дӯстдорони ашъораш шуҳратёр гардидааст.

… Латофат Кенҷаева ҳанӯз аз айёми наврасӣ ба дунёи эҷод дилбастагии хоса дошт ва раҳнамуни ин олам гардида буд.

Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1972 оғоз кардааст ва тули 10 сол дар даргоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас, зиндагиномаашро ба маҷалаи “Машъал”, ҳозира “Истиқбол” бахшид ва зиёда аз 35 сол дар ин даргоҳи маърифат фаъолият намуд. Алҳол раисии Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол”-ро бар уҳда дорад. Ин зани барнодил тавонистааст, ки бо асарҳои пурмазмуни офаридааш, дар дили хонандагони тоҷик роҳ ёбад.

Қисми зиёди асарҳои офаридааш ба кӯдакон бахшида шудаанд. Китобҳои бачагонаи ӯ “Лолаарӯсак”, “Марҷони ранга “, “Сандуқчаи марворид”, “Мусича ва дурдона” “Қофиябозӣ”, “Шеърро” дар байни кӯдакон ва наврасон маҳбубияти хоса доранд.

«Ман кӯконро ниҳоят дӯст медорам.» – мегӯяд Латофат Кенҷаева, «Умри ман бо кӯдакон пайвандагарии зич дорад ва ҷаҳони кӯдакон ниҳоят рангин аст. Гумон мекунам, ки дарки олами онҳо на ба ҳар кас муяссар мегардад. Шояд ҳамин муҳаббати доштаам бошад, ки бештар барои онҳо эҷод кардаам»- ва табассуми малеҳе мекунад.

Ҳамаи ин эҷоди пурмаҳсул маҳз бо тавассути раҳнамоии устодонаш ба даст омадааст. Аз адибони сухандону нуқтасанҷи даврони хеш Аминҷон Шукуҳӣ, Гулчеҳра Сулаймонова, Сотим Улуғзода дарси эҷоду заковат омӯхтааст ва бо тавассути дастигириву раҳнамоии онҳо тавонист,ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ фатҳгари қуллаи муродаш шавад.

Латофат Кенҷаева на танҳо барои кӯдакону наврасон эҷод намудааст, инчунин барои насли ҷавону калонсол асарҳои зиёде офаридааст. Китобҳояш “Дар кишвари дӯстон”, “Рози шабнам”, “Шарораи хотираҳо”, ”Наҷотбахши дарё кист?, ”Нома ба бародар”, дар жанрҳои мухталифи адабӣ эҷод шудаанду барои ъхонандагон маърифатбахшу ибратомӯзанд.

Бахусус, дар ҷодаи ғазалсароӣ сабку услуби хоси худро дорад. “Хилвати гесӯ” яке аз китобҳои навтарини дар ин ҷода навиштааш мебошад, ки байни хонандагон манзалату нуфуз пайдо намудааст.

Ғазалҳои офаридааш шавқангезу сермазмун буда, хонандаро ба олами руъё ворид месозанд.

Тавбашикан, ки омадӣ, гарм нигоҳ мекунӣ,
Чеҳраи офтоби дил аз чӣ панаҳ мекунӣ,
Вусмаи марҳами туро Сабрин агар намекашид,
Мижа сияҳтарам чаро аз гули оҳ мекунӣ,

Дар ин мисраҳои шеърӣ нигориши зебоест, дар ҳадди тахаюлот ва образу санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳу тармеҳҳои хафиф ва истиораҳои “чеҳраи офтоби нур”, ”гули оҳ”, ”вусмаи марҳам” ва дар дигар нигоришҳои шеърӣ. Дар маҷмуъ ғазалҳои Латофат дарке аз пайёми ишқанд, ки он як дараҷа дастнорас аст.

Асарҳои эҷодкардаи Латофат Кенҷаева ба забонҳои русӣ,олмонӣ, англисӣ, украинӣ,белорусӣ, узбакӣ тарҷума гардидаанд. Инчунин, чанд асараш дар Ирон бо ҳуруфи арабӣ нашр шудааст.

Ин зани соҳибсухан дар чандин озмуну фестивалҳо ширкат варзида сазовори диплому ҷойҳои арзанда гардидааст. Соли 1998 дар озмуни байналмилаллии Юнеско китобаш “Афсонаи тиллонур” сазовори ҷойи аввал гардид.

Хизматҳои арзандаи Латофат Кенҷаеваро ба инобат гирифта, ӯро бо медали барои “Хизмати шоиста” ва чандин грамотаю тавсифномаҳо қадр кардаанд.

Мо ба ин зани барнодил, раҳнамои кӯдакон, нигорандаи доно, жарфнигори тавоно, қабл аз ҳама саломати хоста, барояш оянда боз парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем ва аз номи шоир Озарахш мегӯем:

Ҳар дида ба чашмасори софат нарасад,
Бар рози дили фасонабофат нарасад.
Номи ту Латофат асту табъи ту латиф,
Офат ба латофати Латофат нарасад!
Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: