Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баҳси таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба вазъияти Осиёи марказӣ

Баҳси таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба вазъияти Осиёи марказӣ

22-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Баҳси таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба вазъияти Осиёи марказӣ
Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар муддати ду рӯз Дар Душанбе масъалаҳои тавсиаи ҳамкорӣ дар чорчӯби ин созмонро баррасӣ кард. Ҳамоиши мазкур яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию таҳлилии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ буда, ки ин бор бо ҳузури қариб 120 намоянда аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҷаласа бо Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, ки онро Аъзамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи иштирокчиён расонид.

Тавре дар оғози ин ҳамоиш эълон шуд, Форуми СҲШ ниҳоди таҳлилӣ ва коршиносии ин созмон буда, бори дуввум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Вазифа ва ҳадафи ҳамоиш таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, таҳия ва пешниҳоди маводи босалоҳияти коршиносӣ, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини таҳлилию иттилоотии фаъолияти он мебошад.

Евгений Пастухов, котиби илмии Институти иқтисод ва сиёсати ҷаҳонӣ дар назди Бунёди нахустин Президенти Қазоқистон – пешвои миллат дар ин ҳамоиш қайд кард, ки СҲШ дар 15 соли мавҷудияти худ дар радифи созмонҳои бонуфузи минтақавӣ қарор гирифта, ҷойгоҳашро сол ба сол дар ҳали масъалаҳои муҳими байналмилалӣ тақвият мекунад.

Вай густариш ва амиқтар кардани робита ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсондӯстонаро дар радифи масоили амниятию низомӣ аз меҳварҳои фаъолияти созмон донист.

Вай ёдовар шуд, ки бо иштироки доираҳои илмӣ ва коршиносони ширкаткунанда дар чаласаҳои Форум барномаи рушди созмон барои то соли 2025 таҳия шудааст.

Су Гэ, раиси Маркази тадқиқоти СҲШ дар Хитой эҷоди эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ байни доираҳои илмӣ ва марказҳои таҳқиқотии кишварҳои аъзоро аз вазифаҳои ин форум унвон кард. Вай гуфт: Тақвияти ҳамкорӣ махсусан дар шароити феълӣ, ки корбурди омил ва ангезаҳои бештаре ба амният ва суботи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд, масъулияти ширкаткунандагонро афзудааст.

Ба гуфтаи вай, Форуми СҲШ марказ ва мағзи таҳлилии ин созмон буда, заминаи таҳлили коршиносии ҳар як қарори қабулшаванда дар доираи ин ниҳодро фароҳам меорад. Ба дӯши созмон, ҳамчунин таҳияи лоиҳаи барномаҳо ва стратегияҳои асосии рушд ва тавсеаи СҲШ гузошта шуда ва нишасти навбатӣ ҳам иқдоме дар доираи тадбирҳои ҳатмии омодагӣ ба нишасти солонаи сарони кишварҳо аст, бино ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, 23-24 июни соли 2016 дар Тошканд баргузор мегардад.

Ин муҳаққиқи чинӣ дар баробари таҳдиди нерӯҳои ифротгаро, сахттар шудани таъсири буҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди ин минтақаро аз хатарҳои асосӣ ба суботу оромии кишварҳо унвон кард.

Вай ёдовар шуд, ки таҳияи пешниҳодҳо барои таъмину ҳифзи амнияти умумӣ, рушди иқтисодӣ, ва фароҳам кардани заминаи муносиб барои иштироки самаранок дар кори мудирият ба равандҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон аз наздиктарин вазифаҳои форум аст.

Сипас иштирокчиёни нишаст ба ду гурӯҳ тақсим шуда, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти СҲШ дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии муосир терроризм ва тундгароии динӣ, фаъол шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи СҲШ: мушкилот ва дурнамо, иқтидори зерсохтории СҲШ, ҳамкориҳо дар бахши нақлиёту иртиботот, ҳамкории созмонҳои ҷавонон дар доираи барномаҳои СҲШ, масъалаҳои тавсиаи ин созмон ва дурнамои тақвияти робита бо созмонҳои дигари минтақавиро баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Х. Холиқназар дар ин нишаст дар мавзӯи «Омилҳои афзоиши ифротгароӣ ва радикализм дар Тоҷикистон ва чораҳои имконпазир ба муқобили онҳо» гузориш дод, ки он дар асоси пажӯҳишҳои коршиносони марказ таҳия шуда буд.

Форуми СҲШ марказҳои таҳлилии кишварҳои узв ва шарикони созмонро бо ҳам муттаҳид намуда, ҳамасола ҳамчун як ҳамоиши бузурги таҳлилию коршиносӣ дидгоҳ ва таҷрибаи кишварҳои созмонро баррасӣ ва ҷамъбаст мекунад.

Дар кори ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шахай, кишварҳои узв ва нозири созмон, шарикони муколама ва созмонҳои даъватшуда, аз ҷумла аз Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии созмон, Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) иштирок доштанд.

Душанбе дар соли 2010 низ мизбони чунин як нишаст буд.
Солеҳ Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: