МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ8-09-2024, 12:08
Хабарро хонданд: 1040 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдории худ Консепсияи оштии миллиро ҳамчун идеяи ба тартиб даровардани ихтилофот пешниҳод кард, ки тибқи он баҳсҳо набояд бо истифода аз зӯроварӣ ҳал шаванд. Аз ин рӯ, барои тоҷикон таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлоли комил муҳимтарин ҳадаф буд, ки тамоми саъю кӯшиш ба роҳи ҳал ва расидан ба он равона карда шуд. Тасодуфӣ нест, ки кулли сокинони кишвар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳуриро гарму ҷӯшон ва самимона дастгирӣ карданд. Имрӯз комёбиҳои бузурги иҷтимоию иктисодӣ ва маънавию фарҳангии мо, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти муҳими амалӣ дошта, дар хориҷ аз кишвар ҳам ба он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Таҷрибаи сулҳи Точикистон,ки як унсури муҳими давлатдории миллии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар айни замон объекти диққати махсуси сиёсатшиносон, ҷамъиятшиносон ва таърихшиносони кишварҳои дунё, ба хусус дунёи Ғарб мебошад. Раванди барқарорсозии сулҳи тоҷикон боиси он гардидааст, ки сиёсатшиносони хориҷӣ ин муваффақиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро дар пажӯҳишҳои худ объективона инъикос намоянд. Омӯхтани он дар бисёр мамлакатҳо ва минтақаҳои ба низоъ дучоршуда метавонад муборизаи онҳоро дар роҳи бозсозӣ хеле осон ва ҳалли осоиштаи проблемаю ихтилофҳои ҷомеаро таъмин кунад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, дар соҳаи омӯзиши бунёди сулҳ ва низоъҳо, арзёбии таҷрибаи бунёди сулҳ ва инчунин дар бораи он, ки ҷомеаҳо чӣ гуна аз низоъ ба субот мегузаранд, фаҳмиши нави методологӣ медиҳад. Тоҷикистон бо азнавсозии баъдиҷангии худ мисоли рушане аст, ки диққати олимон ва муҳаққиқони сулҳомӯзи дунёро мудаввом ва торафт бештар ба худ ҷалб мекунад. Бинобар ин мо низ кӯшиш кардем, андешаҳои илмӣ, дурнамо ва таҳлилҳои коршиносони Ғарб, аз он ҷумла кишварҳои Аврупоро, ки талошҳои сулҳи Тоҷикистонро аз дидгоҳҳои мухталиф бодиққат баррасӣ ва шарҳ додаанд, арзёбӣ мекунем. Муҳаққиқони аврупоӣ барои омӯзиши амалияи ҷаҳонии сулҳпарварӣ аз дониши фаровон ва ҷиддии методологӣ бархурдоранд. Арзёбии онҳо дар бораи таҷрибаи бунёди сулҳ дар Тоҷикистон анешаҳоеро пешниҳод мекунад, ки аз чаҳорчӯбаи назариявӣ ва таҳқиқоти таҷрибавӣ шакл гирифтааст. Ҳадафи ин мақола низ ҷамъбасти ин дурнамоҳо тавассути пешниҳоди арзёбии ҳамаҷониба дар бораи он, ки олимони аврупоӣ равандҳо ва натиҷаҳои ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро чӣ гуна дарк ва интиқод кардаанд, мебошад. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои муҳақиқони аврупоӣ, аз фароҳам овардани дарки нуктасанҷонаи равандҳои барқарорсозии пас аз низоъ ва эҳёи сулҳ дар Тоҷикистон иборат мебошад. Фаъолияти онҳо на танҳо фаҳмиши моро дар бораи таҷрибаи беназири бунёди сулҳи Тоҷикистон васеъ мекунад, балки ба муколамаи глобалӣ оид ба стратегияҳои самараноки ҳалли низоъҳо ва сулҳи пойдор мусоидат менамояд. Тоҷикистон бо шароити хоси таърихӣ ва иҷтимоию сиёсии худ намунаи боварибахши чунин гузаришро пешкаш намуда, барои таҳлил ва фаҳмиши муқоисавӣ имкони калон медиҳад. Таҳқиқот оид ба равандҳои сулҳ дар Тоҷикистон на танҳо ба мубоҳисаҳои илмӣ мусоидат мекунад, балки дониши моро дар бораи он, ки фарҳангҳо ва системаҳои сиёсӣ чӣ гуна бо мушкилоти барқарорсозии пас аз низоъ мубориза мебаранд, бештар менамояд. Бо ҳамгироии арзёбии олимони аврупоӣ, назарияҳо ва амалияҳои ҷаҳонии бунёди сулҳ дар заминаҳои мушаххаси минтақавӣ татбиқ мешаванд ва ин равишҳо метавонанд ба воқеиятҳои маҳаллӣ мутобиқ ё тафсир карда шаванд. Тавре дар боло зикр гардид, равандҳои ба даст овардани ризоияти миллӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатдории Тоҷикистон дар натиҷаи бомуваффақият рафъ намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳалли ҳама гуна низоъҳои дохилӣ мавриди таваҷҷӯҳи бештари олимони ҷомеашиносии кишварҳои гуногун, махсусан, олимон ва муҳақиқони Аврупоро қарор гирифтааст. Бисёр аз ин олимон таҳқиқоти худро ба равандҳои гуфтушунид, ҷихатҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва инсондустии онҳо бахшидаанд. Диққати баъзе олимон ва сиёсатшиносон бошад ба масъалаҳои таҷрибаи ба даст овардани созиш равона гардидааст. Бинобар ин ба андешаи аксари ин пажӯҳишгарон чунин таҷрибаҳо ба муайян кардани роҳи муваффақ аз нокомиҳо ва муайян кардани равишҳои методологӣ, ки метавонанд дар минтақаҳои дигар татбиқ шаванд, кӯмак мекунанд. Аз таҳлилҳо ва омӯзиши сарчашмаҳо маълум гардид, ки самтҳои асосии таҳқиқоти муҳаққиқони Ғарб омилҳои гуногунро дар бар гирифтааст. Ин пажӯҳишҳо аксар вақт ба таҳлили таҷрибаҳои мусолиҳаи муваффақ, ки дар Тоҷикистон татбиқ шудаанд, тамаркуз мекунад. Диққати махсус ба он дода мешавад, ки тадбирҳои андешидашуда ба дигар минтақаҳои баъдиҷангӣ чӣ тавр мувофиқ карда шаванд. Нақши созмонҳои байналмилалӣ дар дастгирии равандҳои мусолиҳа низ мавқеи худро дар ин таҳлилҳо аз даст надодаанд. Таҳлилҳои муқоисавии равандҳои мусолиҳаро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро аз назар мегузаронанд, ки барои муайян кардани тамоюлҳои умумӣ ва хусусиятҳои беназир мусоидат мекунад. Онҳо таҷрибаи бунёди сулҳи Тоҷикистонро тавассути арзёбии таъсир, мутобиқсозии усулҳои ҷамъоварии маълумот, таъсиси далелҳои муқобил ва ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ ва амалӣ дар муҳити низоъ арзёбӣ карданд. Муҳаққиқон ба таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбат дода, аҳамияти онро барои таҷрибаи сулҳофарӣ дар миқёси ҷаҳон қайд карданд. Баъзе аз муҳаққиқон, ба монанди Джон Дэвид Хезершоу ба бунёди сулҳи тоҷикон ҳамчун ба як раванди мушкил марбут ба мусолиҳаи расмӣ, ташаннуҷ, демократикунонӣ, ҳукмронӣ, рушди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи бархӯрдҳои байни дахолаткунандагони байналмилалӣ ва элитаи маҳаллӣ ташаккул ёфтаанд, ишора мекунад. Дар маҷаллаи академӣ ва бонуфузи ҷаҳонӣ“Бунёди сулҳ ва рушд” ки аз ҷониби нашриёти Тейлор ва Франсис ( Taylor & Francis) ба табъ мерасад, теъдоди зиёди мақолаҳои муҳаққиқони Ғарб ба барқароршавии сулҳ ва омилҳои асосии он ба нашр расидаанд. Муҳаққиқ Майкл Г. Веселлс дар мақолааш “Арзёбии барнома: Чаро раванд муҳим аст?” таҷрибаи сулҳпарварии Тоҷикистонро тавассути таъкид ба равандҳои арзёбии осоишта, эҷоди муносибатҳо, мубодилаи қудрат, ҷалби ҷомеа, маълумоти сифатӣ ва фарогирӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва таъсири барнома арзёбӣ кардааст. Раванди сулҳи тоҷикон, ки ба Созишномаи сулҳ дар соли 1997 оварда расонд, як мисоли нисбатан пурташаннуҷ, вале қобили таваҷҷӯҳи сулҳи бомуваффақияти байналмилалӣ дар даврони пас аз Ҷанги сард муаррифӣ мешавад. Донишмандон қайд кардаанд, ки Тоҷикистон бо як мушкили хеле сахте рӯ ба рӯ буд, ки эҳтимоли аз байн рафтани кишварро дар пай дошт. Ин масъала, ки аз низоъҳои дохилӣ бармеомад, ба сохтори иҷтимоию сиёсии кишвар таъсири амиқ гузошт. Дар посух, кишвар ба раванди мусолиҳаи ҳамаҷониба шуруъ кард, ки ҳадафи он ҳалли мушкилоти таърихӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ буд. Раванди оштӣ стратегияҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла ташаббусҳои муколама ва барномаҳои ҷомеа, ки барои бартараф кардани ихтилофҳо ва мусоидат ба ҳамгироӣ пешбинӣ шудаанд. Бо вуҷуди ин кӯшишҳо, олимон эътироф мекунанд, ки ноил шудан ба сулҳи пойдор вазифаи душвор боқӣ монда буд, ки ӯҳдадориҳои устувор ва равишҳои навоваронаро талаб мекунад. Муборизаи давомдор характери мураккаби оштии баъдиҷангӣ ва зарурати дастгирии доимиро, чи аз тарафи фаъолони миллӣ ва чи байналхалқиро, нишон медиҳад. Муҳаққиқ Ҷон Хизершоу дар таҳқиқоти худ доир ба сулҳ дар Тоҷикистон овардааст, ки : “Эҳтимол, бар хилофи воқеият, дар тӯли солҳо ва ҳатто даҳсолаҳои эҳёи сулҳ дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ имкон надошт, агар як низоми фаъоли ҳизбӣ, интихоботи одилона, ҳукумати муттамарказ ё бахши ислоҳоти амниятӣ эҷод намешуд. Чунин дигаргуниҳо, вақте ки ба вуқӯъ мепайванданд, бештар равандҳои тағйироти васеътари сиёсӣ ва иқтисодиро, ки дар мубоҳисаҳои маҳаллӣ консептуалӣ шудаанд, инъикос мекунанд” [5,22]. Сабабҳои муваффақият, аз ҷумла, ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии муассир аз ҷониби доираи васеи фаъолони берунаи ҷалбшуда ва инчунин пуррагии натиҷавӣ байни нақшҳои гуногуни онҳо буд. Пажӯҳишгарони соҳа бар он назаранд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон омилҳои хоси худро дошт, ки яке аз онҳо дар ҷомеа пайдо шудани силоҳбадастон ва тундравони исломӣ буд. Онҳо аз воситаҳои гуногун, хусусан, эътиқоди мардум истифода карда, мехостанд, Тоҷикистонро ба вартаи динзадагӣ ва бикашанд ва бо сӯистифода аз ин омил ҳукумати кишварро ба даст бигиранд. Чунин омилҳо ба он оварда расонд, ки байни тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои тақсими қудрат заминаҳои умумӣ пайдо шаванд. Таҷрибаи бунёди сулҳи Тоҷикистон ба олимони Иттиҳодияи Аврупо бо нишон додани мураккабӣ ва хусусияти мураккаби равандҳои сулҳ дар шароити пас аз низоъ таъсири назаррас расонидааст. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бунёди сулҳ дар Тоҷикистон рақобати фаъолони байналмилалӣ ва элитаи маҳаллиро дар бар мегирад, ки боиси фаҳмиши нозукии муваффақият мегардад, ки аз чаҳорчӯби ғарбӣ фарқ мекунад [ 7, 162] . Хулоса, таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди сулҳ барои фаҳмидани мушкилиҳои барқарорсозӣ ва эътидоли баъдиҷангӣ як мисоли ҷолиберо фароҳам меорад. Аз нуқтаи назари пажӯҳишгарони аврупоӣ, аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд идеяи калидӣ бармеояд. Аввалан, гузариши Тоҷикистон аз низоъҳои шаҳрвандӣ ба суботи нисбӣ нақши муҳими муколама ва музокироти фарогирро дар бунёди сулҳ таъкид мекунад. Муваффақияти раванди сулҳ дар Тоҷикистон аҳамияти ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор - чӣ фаъолони сиёсӣ ва чӣ фаъолони шаҳрвандиро барои талошҳои бунёди сулҳ тарғиб менамояд. Ин фарогири ҳисси мансубият ва ӯҳдадориро дар байни гурӯҳҳои гуногун, ки барои сулҳи пойдор муҳим аст, афзоиш медиҳад. Гузашта аз ин, таҷрибаи Тоҷикистон зарурати ҳалли омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар баробари мусолиҳаи сиёсиро таъкид мекунад. Рушди иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳифзи сулҳ ва мусоидат ба субот мебошанд. Ин равиши ҳамаҷониба, ки ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро муттаҳид мекунад, барои дигар ҷомеаҳои пас аз низоъ дарси арзишманд медиҳад. Дар маҷмӯъ, таҷрибаи Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди сулҳ фаҳмиш ва дидгоҳи навро дар бораи он, ки чӣ гуна метавон равандҳои сулҳро самаранок идора ва пойдор кард, эҷод мекунад. Барои муҳаққиқон ва сиёсатмадорони аврупоӣ, он ҳамчун ёдоварӣ дар бораи аҳамияти стратегияҳои мушаххаси қарина ва табиати бисёрҷанбаи бунёди сулҳ хидмат мекунад. Сарчашмаҳои истифодашуда: 1. Dov Lynch. The Tajik civil war and peace process.-. Journal Civil Wars Volume 4, 2001 - Issue 4- 2007- Pages 49-72 2. Karolina Kluczewska, \\Tajikistan’s Atomised Peace: Approaching Conflict Management from the Ground Up-Journal of Intervention and Statebuildin.. 2020 -(Routledge)- Vol. 14, Iss: 4, pp -570 3. Freizer, S. (2004) ‘Tajikistan local self-governance: a potential bridge between government and civil society?’ in De Martino (ed.) Tajikistan at a Crossroad: the Politics of Decentralization, Geneva: CIMERA: 16–24. 4. Fetherstone, A.B. (2000) ‘Peacekeeping, conflict resolution and peacebuilding: a reconsideration of theoretical frameworks’, International Peacekeeping 17(20): 190–217. 5. John Heathershaw .Peacebuilding as Practice: Discourses from Post-Conflict Tajikistan.- International Peacekeeping, vol.14, no.2, June 2008 6. John Heathershaw. Post-Conflict Tajikistan The politics of peacebuilding and the emergence of legitimate order.- London, Routladg-2009-240pp 7. John Heathershaw The Practical Representation of Peacebuilding- 2012 Palgrave Macmillan, London - pp -187 8. UN Security Council, Press Release SC/6860 4141st Meeting (Night) 12 May 2000. (www.un.org/News/Press/docs/2000/20000512.sc6860.doc.html) Accessed: 22 May 2004 9. Jonathan Zartman. Negotiation, Exclusion and Durable Peace: Dialogue and Peacebuilding in Tajikistan- International Negotiation, Volume 13: Issue 1 Brill | Nijhoff- 55–72 10. John Heathershaw. Tajikistan's Virtual Politics of Peace,- Journal of Europe-Asia Studies. - Vol. 61,-: 7, pp 11. Luise Druke. Housing and property restitution for returnees in tajikistan in the 1990s. 2000- Refugee Survey Quarterly (Oxford University Press) - Vol. 19, Iss: 3, pp 113-129 12. Harry Mika. Evaluation as peacebuilding: Transformative values, processes, and outcomes.- 2002 - Contemporary Justice Review (Taylor & Francis Group) - Vol. 5, Iss: 4, pp 339-349 13. Tetsuro Iji. Cooperation, coordination and complementarity in international peacemaking: the Tajikistan experience - International Peacekeeping 2005- Vol. 12, Iss: 2, pp 189-204 Grant Smith Tajikistan: The rocky road to peace Central Asian Surve, Oxford 1999- Vol. 18, Iss: 2, pp 243-251 Гулҳаё Мадимарова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.