Стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ё роҳҳо «рагҳои хунгард»-анд дар ҳаёти иқтисодии кишвар14-03-2016, 11:50
Хабарро хонданд: 508 нафар
Назарҳо: 0
Стратегияи давлатии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, яке аз стратегияҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Суръати мунтазами татбиқи амалии он хеле барҷаста идома дорад. Воқеан ҳам, бунёди коммуникатсияи нақлиётӣ - таҷдиду бунёди роҳҳои автомобилгард, чун ҷузъи марказии низом ва ё инфрасохтори коммуникатсионии кишвар буда, яке аз масъалаҳои заминавии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва тақозои иқтисоди миллии он мебошад. Роҳҳо мисли «рагҳои хунгард» дар инкишофи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд. Муҳимият ва зарурияти нақлиёти автомобилӣ чун ҷузъи таркибии низоми ягонаи коммуникатсионии мамлакат, ки аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва вазъи кӯҳсори кишвар бармеояд, масъалаи роҳкушоиро дар радифи стратегияи аввалияи давлатӣ қарор додааст. Чуноне ки дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ҳоло дар соҳа татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе -Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт. Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ба масофаи 88 километр ва ба маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад». Воқеан ҳам, тавассути нақлиёти автомобилӣ робитаҳои миёни манотиқи гуногуни кишвар таъмин мегардад, бор ва мусофирон «аз дар ба дар» кашонида мешавад. Тармиму таҷдиди роҳ, инкишофи зерсохтори низоми коммуникатсионӣ- нақлиёти автомобилӣ густариши алоқаҳои иқтисодии миёни манотиқи кишварро (суръатгирии тақсимоту кооператсияи меҳнатро) таъмин намуда, на танҳо ташаккулу рушди иқтисоду бозори миллӣ, балки пайвастгардии онро бо иқтисоду бозори ҷаҳонӣ мусоид намудааст.
Нақлиёти автомобилӣ, нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт якчанд сифатҳои фарқкунандаро дорост. Вай чун зернизоми мобилӣ, қобилият дорад, ки фавран ба талаботи рӯзмарраи боркашонии амволу мусофирон мутобиқ гардад ва дар боркашонии маҷмӯӣ, ки иштироки дигар шакли нақлиёт истифода мешавад, нақши махсуси миёнараву чандирро дорост. Зеро костагиҳову норасоиҳои дигар намуди нақлиётро (ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ғ.) бартараф ва ё рӯйпӯш менамояд ва ё давом медиҳад. Воқеан ҳам, нақлиёти автомобилӣ алоқаҳои миёни марказҳои маъмурӣ, шаҳрҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳоро таъмин намуда, ҳамин тариқ вазифаҳои иҷтимоӣ-коммуникатсиониро ба иҷро мерасонад. Вазни асосии боркашонии дохилӣ ва берунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молу амвол дар мамлакат, бештар ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Суръати баланди вай ва сифати қулайи он аст, ки дар мамлакат беш аз 80 % боркашони мусофирбарӣ ба ихтиёри онҳост. Дар панҷ соли охир боркашонии нақлиёти автомобилии соҳибкорон беш аз 2 маротиба боло рафтааст. Афзудани ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар кишвар самараҳои аввалини бунёди шоҳроҳҳо мебошад. Ниёз ба роҳкушоӣ ва аз ин лиҳоз маблғгузорӣ дар ин самт боз ҳам боло меравад. Зеро ки талаботи мардум ба мошинҳои сабукрави шахсӣ сол аз сол афзуда истодааст ва ин талаботи самаранок раванди пешниҳоди роҳкушоиҳои навро ангезиш медиҳад. Солҳои охир дар мамлакат ба ҳазор нафар аҳолӣ беш аз 50 автомобили шахсӣ рост омадааст, ки он нисбат ба соли 2005 беш аз 2,2 маротиба зиёд шудааст. Дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда хеле баланд буда, мувофиқан 60 ва 70 адад ба 1000 нафар аҳолӣ рост меояд, ки онҳо низ 2,6 маротиба афзудааст. Дар дигар манотиқи кишвар низ сатхи болоравии теъдоди онхо ба ҳазор нафар ахолӣ беш аз 2 маротибаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо ободонии рӯзгори мардум, баландшавии даромади пулии оноҳоро инъикос менамояд, балки сарчашмаи бархе намудхои андоз (андози воситаҳои нақлиёт, роҳ, амвол ва ғ. ) маблағгузорӣ ба фондҳои суғуртавӣ, сармоягузорӣ дар масоили роҳкушоиву таҷдиди роҳҳо ҳам мебошанд. Пайваста бо бунёди роҳҳои замонавӣ афзудани ҳосилнокии меҳнат, болоравии рақобатпазирии молу хизматҳои ватанӣ аз ҳисоби паст кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳонӣ ва фароҳамии шароит барои зудҳаракатии (мобилности) аҳолӣ таъмин мегардад. Бояд таъкид кард, ки пайваста бо рушди шабакаҳои роҳ ҳамзамон, самараи занҷирӣ барои инкишофи дигар соҳаҳо рӯи майдон меояд. Масалан, инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, яъне пешниҳоди истеъмолгар намудани ганҷи деҳқон бо туфайли бозор, аслан бо нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад ва аз ин лиҳоз нақши роҳҳо низ хеле бузург аст, ки дар поён хоҳем ҳарф зад. Шоҳроҳҳое, ки имрӯз таҷдиду бунёд шудаанд, дар атрофи худ ташкили чандин инфрасохторҳои истеҳсолӣ-иҷтимоӣ ва тиҷоратиро ба мисли мағозаҳову ошхонаҳо, меҳмонхонаҳову, истгоҳҳо, воситаҳои алоқа, ёрии техникиву таъмир, бозорчаҳо ва ғ., ки аслан барои мусофирони роҳ равона шудааст, мусоидат кардааст. Яъне, дар ин раванд шуғлнокии аҳолӣ, густариши инфрасохторҳои мухталиф ва ҳамин тариқ бунёди арзиши нав, афзудани даромади аҳоливу миллӣ ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар сурат мегирад. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ (корхонаҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, коркарди ашёву маҳсулоти кишоварзӣ ва ғ. ) ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии (кишоварзӣ, хизмати маишӣ, муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ ва ғ) ноҳияҳову ҷамоатҳое, ки дар атрофи ин шоҳроҳҳо воқеанд ва ё ба он пайваст шудаанд, нерӯи тоза мегирад ва дар ин раванд сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳо, умуман аҳолии ин манотиқ боло меравад. Илова бар ин, хусусияти инкишофи нақлиёти автомобили муосир дар он аст, ки вай барои мамлакатамон алоқаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ-иқтисодии берунаро ба иҷро мерасонад. Бинобар он дар соли гузашта “ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд”. Чи тавре дар боло ишора доштем, ҳар як бунёди нав, аз он ҷумла роҳсозиву роҳкушоӣ, самараи занҷирӣ (мултпликатсионӣ) дорад, ба дигар ҷузъҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа таъсир мерасонад ва ҳамзамон такмили низомиро тақозо мекунад. Давраи гузариш, пеш аз ҳама, номувофиқии низоми кӯҳнаи роҳу нақлиёти кишварро бо талаботи замони муосир муаяйн кард. Яъне, ин ҷо муаммоҳо ва тазоди миёни ҷузъҳои низоми коммуникатсионӣ - зернизоми нақлиётӣ аз як тараф ва зернизоми роҳсозиву хоҷагии роҳ аз тарафи дигар, рӯи майдон омада буд. Махсусан, таҳқиқи мунтазами сабабҳои мувофиқат накардани низоми мавҷудаи идораи хоҷагии роҳ бо талаботи замони муосир, гузаронидани мониторинги фаъолияти сохториву ташкилии хоҷагии роҳ, вазъи роҳҳои дохилӣ ва байналмилалиро, ки дар маҷмӯъ самараи иҷтимоӣ-иқтисодиро аз рушди он мусоидат мекунад, бояд ташкил намуд. Таҳқиқ дар ин бахш пешниҳодҳои асоснокро дар роҳи такмили низоми роҳкушоиву роҳдорӣ таъмин менамояд. Ҷавобгӯй набудани роҳҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва фарсудашавии парки автомобилҳои мухталиф, бахусус истифодаи умум, паст будани қобилияти боркашониву мусофирбарии онҳо дар солҳои 90-ум талаботи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро қонеъ гардонида наметавонист. Бо ин сабабҳо бехатарии боркашониву мусофиркашӣ хеле дар сатҳи паст қарор дошт. Ҳарчанд, бо баробари бунёди роҳҳои замонавӣ тадриҷан таркиби паркҳои автомобилӣ сифатан нав гашт ва нуфузи автомобилҳои замонавӣ дар бахшҳои хусусӣ ва корхонаҳои мухталифи саноативу тиҷоратӣ афзуд, таъсисгардиву фаъолияти корхонаҳои махсуси нақлиётӣ, ки хизматҳои боркашониву мусофирбариро пешниҳод менамоянд, рушд дорад, аммо боз муаммоҳои нав тавлид шудааст. Бинобар он, суратгирии фарсудашавии маънавии воситаҳои нақлиёт дар замони муосир нарасидани захираҳои молиявиро барои азнавкунии парки мошинҳо ва ба даст овардани техникаи нав монеаҳо эҷод менамояд. Ҳамзамон, дар сатҳи зарурӣ мавҷуд набудани инфрасохторҳои низоми роҳу нақлиёт - заминаҳои хизматрасониҳои тармиму таъмирӣ ва мутахассисони ватанӣ дар аксари корхонаҳои нақлиётиву хоҷагии роҳ ва Марказҳои хизматрасониҳои тармим, таъмириву техникӣ, андешидани тадбирҳои ташкиливу-техникӣ ва иқтисодӣ-молиявиро талаб менамояд. Яъне, масъалаи такмили инфрасохторҳои низоми роҳу нақлиётии кишвар мутобиқ бо бунёди низоми нави роҳсозӣ, ки вобаста бо меъёри байналмилалӣ ташаккул ёфтааст, ба миён омадааст. Албатта, дар кишвар падидаҳои ташаккули инфрасохторҳои низоми коммуникатсионӣ ба чашм мерасад ва он имрӯз дар ҳоли такмил аст. Самаранокии фаъолияти низоми коммуникатсионӣ ва хоҷагии роҳро дар шароити иқтисоди бозорӣ идораи оқилона ва хоҷагидории он муаяйн менамояд. Воқеан ҳам, рушди шоҳроҳҳо ва пайвастгардии он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар ҳудуди кишвар ва фаъолияти самараноки он истифода аз воқеъгардии вазъи иқтисодӣ-ҷуғрофии он барои бунёди шабакаҳои муштараки байналмилалиро тақозо дошт, ки ин кор тадриҷан рӯи майдон омад ва мамлакатамон ба кишвари транзитивӣ табдил ёфта истодааст. Дар ин росто суръатгирии равандҳои интегратсиони зарурати ҳамҷурӣ ва наздикшавии низоми идораи хоҷагии роҳ ва созиши тарафайни сиёсати иқтисодиро доир ба рушди самараноки шоҳроҳҳои автомобилгарди миёни давлатҳо ба вуқӯъ омадааст. Аз ин лиҳоз таҳлили таҷрибаи идораи хоҷагии роҳ ва заминаҳои ниҳодии он шаҳодат медиҳад, ки таъмини сиёсати роҳсозиву роҳкушоӣ муштараки кишварҳо бояд густариш ёбад, ҳамҷурии аслҳои заминавии ташаккули низоми идора ва фишангҳои амалигардии лоиҳаҳо таъмин гардад. Ин равандҳоро маҷрои глобализатсия ва давраи гузариши мамлакат тақозо дорад. Бино бар он, дар Паёми Президенти мамлакат «бори дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид намуданд, ки ба масъалаи вусъат бахшидани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин эътибори доимӣ диҳанд”. Зеро, нерӯ бахшидани самти бемайлони консентратсияи муштарак дар роҳандозӣ кардани фаъолияти хоҷагии роҳ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй бошад, талаботи замони имрӯз аст. Ҳамин тариқ, зарурати боло бардоштани самаранокии идораи хоҷагии роҳ ва инкишофи роҳҳои автомобилгард дар шароити бозор, чун асоси баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии истеҳсолгарон, афзун кардани ҳаҷми гардиши мол, ҳам дар дохил ва ҳам миёни кишварҳо аён аст. Б. Музаффаров, мудири кафедраи таҳлили иқтисодии Донишкадаи молия |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.