Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё

13-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё
Дар ҷараёни иҷлосияи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё санаи 29 майи соли 2014 дар шаҳри Остона аз ҷониби президентҳои Русия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Белорус Созишнома оид ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ИИА) ба тасвиб расонида шуд. 1 январи соли 2015 Созишнома оид ба ИИА ба ҳукми қонун даромад. Айни замон кишварҳои аъзои он Арманистон (аз 2 январи соли 2015), Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон (аз 12 августи соли 2015) ва Русия ҳастанд.

ИИА дар заминаи Иттиҳоди Гумрукӣ (ИГ) миёни Русия, Қазоқистон, Белорусия ва фазои ягонаи иқтисодӣ ҳамчун ташкилоти байналмилалии интегратсияи иқтисодии минтақавӣ созмон дода шудааст, ки он дорои ҳуқуқи байналмилалист. Дар чорчӯбаи Иттиҳод ҳаракати озоди мол, хидматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, сиёсати ягона дар самтҳои калидии иқтисодиёт таъмин карда мешаванд.

Созмон додани Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё маънои гузаштан пас аз Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ ба марҳилаи нави интегратсия (ҳамкориҳои зич)- ро дорад. Мақсадҳои асосии ИИА чунинанд:

-бунёди заминаҳо барои рушди босуботи иқтисодиёти кишварҳои аъзо такя ба баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии аҳолии онҳо:

-дар оянда созмон додани бозори умумии мол, хидматрасониҳо, сармоя ва захираҳои меҳнатӣ дар чорчӯбаи Иттиҳод:

-кооператсия (шарикӣ), модернизатсия (навоварӣ) ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодҳои миллӣ дар шароити иқтисодиёти ҷаҳонӣ (глобалӣ).

Ниҳодҳои Иттиҳод Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё (дар сатҳи сарварони кишварҳо), Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё (дар сатҳи сардорони ҳукуматҳо), комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИА, ниҳоди пайваста фаъолдоштаи батанзимоварандаи Иттиҳод бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) ва Суди ИИА (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия) муайян карда шудаанд.

Тибқи Созишнома оид ба ИИА (боби 7) Иттиҳод дар ҳошияи салоҳияти худ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти байналмилалиро барои ҳалли вазифаҳои дарпешистодааш дорад. Тартиби иҷрои ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои интегратсионии байналмилалӣ бо қарори Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё таҳти №99 аз 23 декабри соли 2014 ба танзим дароварда шудааст.

Ниҳоди пайваста амалкунандаи судии Иттиҳод Суди ИИА мебошад, ки иҷро гардидани Созишнома оид ба ИИА ва дигар созишномаҳои байналмилалиро дар ҳошияи Иттиҳод аз ҷониби кишварҳои аъзо ва дигар ниҳодҳои Иттиҳодро таъмин мекунад. Ба ҳайати Суд 2 судя аз ҳар кишвари аъзо шомил буда, муҳлати ваколати онҳо 9 сол муайян гардидааст. Судяҳо пас аз пешниҳоди кишварҳои аъзо аз ҷониби Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё таъин карда мешаванд.

Дарҳои ИИА барои ҳама он кишварҳое боз аст, ки ҳадафҳо ва принсипҳои Иттиҳод ба онҳо наздик ҳастанд ва дар сурати ба шартҳои мувофиқашудаи кишварҳои аъзо мутобиқат кардан метавонанд шомили он гарданд. Барои соҳиб шудан ба мақоми кишвари номзад ба узвияти Иттиҳод кишвари ҳавасманд унвонии Раиси Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё муроҷиат ирсол мекунад.

Дар ИИА режими иттиҳоди гумрукӣ амал мекунад, ки дар чорчӯбаи он бозори дохилии моли кишварҳои аъзо мавҷуд аст. Нархномаи ягонаи гумрукӣ ва дигар чораҳои воҳиди ба низом даровардани савдои мол бо дигар кишварҳои саввум роҳандозӣ мешавад, низоми ягонаи гумрукӣ пиёда гашта, гардиши озоди мол миёни кишварҳои аъзо бе расмият (декларатсия)-и гумрукӣ ва назорати давлатӣ (нақлиётӣ, санитарӣ, ветеринарӣ-санитарӣ, карантинӣ, фитосанитарӣ), бидуни ҳолатҳои дар Созишнома пешбинишуда сурат мегирад. Барасмиятгирии гумрукӣ ва назорати давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пӯшидаи дар Созишнома зикргардида, дар сарҳадҳои дохилии кишварҳои аъзо манъ карда шудааст.

Самти афзалиятноки фаъолияти Иттиҳод дар соҳаи низоми гумрукӣ роҳандозӣ ва рушди механизмҳои «равзанаи ягона» мебошад. Ин сохтори дорои технологияи рушдёфта бо мақсади беҳтар сохтани тартиботи маъмурӣ ва кам кардани монеаҳо дар самти фаъолияти сиёсати иқтисодии берунӣ дар ҳошияи ИИА пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди Иттиҳод соҳибкорон метавонанд танҳо як маротиба ҳуҷҷатҳои худро тариқи равзанаи ягонаи воридотӣ, ки ниҳодҳои ҳавасманди давлатӣ метавонанд аз он дар оянда истифода баранд, пешниҳод кунанд. Яъне, эътирофи тарафайни ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки барои фаъолияти савдои беруна лозим ҳастанд, сурат мегирад.
Ҳудуди ягонаи иқтисодии дар чорчӯби Иттиҳод сохташуда ба кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки дар самтҳои калидии иқтисодиёт сиёсати худро миёни ҳам ба мутобиқат оваранд.

Бо мақсади фаъолияти самараноки ИИА сиёсати макроиқтисодии мувофиқатшуда амалӣ мегардад, ки омода ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муштаракро миёни давлатҳои аъзои Иттиҳод барои рушди бонизоми иқтисодиёт пешбинӣ мекунад. Тибқи Созишнома, самтҳои асосии сиёсати макроиқтисодии мувофиқатшуда ташаккули шарт (принсип)-ҳои ягонаи фаъолияти иқтисодиёти кишварҳои аъзои Иттиҳод, таъмини босамари ҳамкориҳои муштарак ва омода сохтани принсип ва уфуқҳои пешбинии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷонибҳо маҳсуб мегарданд.

Дар Созишнома оид ба ИИА ва Қарори Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё аз 23 декабри соли 2014 таҳти № 110 номгӯи намуд (сектор)-ҳои хидматрасониҳо тасдиқ шудааст, ки дар онҳо бозори умумии хидматрасониҳо дар чорчӯби Иттиҳод амалӣ мегардад. Дар ин маврид тартиботи миллӣ ҳамчун асос қабул шудааст, яъне давлат муваззаф аст, ки дар муносибат бо таъминкунандаи хидматрасониҳо аз кишварҳои шарик сиёсати мукаммали тартибот (режим)-и миллиро қабул кунад ва дар ин самт набояд ягон маҳдудият бошад. Дар оянда тарафҳо бояд тавассути марҳила ба марҳила кам кардани ҳолатҳои мусодира ва маҳдудиятҳо ба васеъ намудани секторҳои зикргардида сайъ кунанд.

Кишварҳои аъзо оид ба сиёсати мувофиқатшудаи нақлиётӣ ба тафоҳум расиданд, ки он ба интегратсияи иқтисодӣ, роҳандозӣ шудани ҳудуди ягонаи нақлиётӣ, ки бозорҳои умумии хидматрасониҳои нақлиётиро дар соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, обӣ ва роҳи оҳан муттаҳид мекунад, равона гардидааст. Дар Созишнома гуфта шудааст, ки ҳамлу нақли борҳои автомобилӣ, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагоне, ки дар яке аз кишварҳои аъзо ба қайд гирифта шудаанд, кашонида мешаванд, бидуни иҷозатнома амалӣ мегардад.

Ҳамчунин дар Созишнома барои истифодаи босамари зарфиятҳои умумии энергетикӣ ва беҳтар сохтани мубодилаи байнидавлатии захираҳои энергетикӣ, бунёди бозори умумии электроэнергетикии Иттиҳод, ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои монополия (инҳисор)-ҳои табиӣ (истеҳсолкунандагони аввалия) дар соҳаи энергетикӣ то муҳлати 1 июли соли 2019, марҳила ба марҳила бунёд кардани бозори умумии гази Иттиҳод ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои субъектҳои истеҳсолкунанда дар соҳаи интиқоли газ то муҳлати 1 январи соли 2025 ва бунёди бозори умумии нафт ва маҳсулоти нафтии Иттиҳод ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои субъектҳои истеҳсолкунандаи он дар соҳаи интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ то муҳлати 1 январи соли 2025 заминаи хуб гузошта шудааст.

Дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳод бозори умумии меҳнат амал карда, ҳаракати озоди қувваи корӣ амалӣ мегардад. Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИИА, ки мехоҳанд дар ҳудуди Русия, Қазоқистон, Белорусия, Арманистон ва Қирғизистон фаъолият дошта бошанд, ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, ба монанди патент ва иҷозатнома ба кор лозим намешавад.

Эътирофи тарафайни дипломҳо, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои Иттиҳод дода шудаанд, ба таври автоматӣ сурат мегирад. Андоз аз даромади шахсони физикӣ дар дохили ИИА аз рӯзи аввали корӣ тариқи андозаи резидентӣ гирифта мешавад.

Хусусияти дигари муҳими Созишномаи ИИА ин имконияти роҳандозии тартибот (режим)- и миллӣ барои шаҳрвандони кишварҳои аъзо дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хидматрасонии тиббӣ мебошад. Дар ҳар як кишвари узв дар чорчӯби ИИА, тамоми хидматрасониҳои тиббӣ, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд, барои ҳама шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳод дастрас хоҳанд шуд (сухан дар навбати аввал оид ба ёрии таъҷилии бепул меравад).

Масъалаи мувофиқи мақсад будани ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дар сатҳи гуногун дар кишвар мавриди муҳокима қарор мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳуҷҷатҳои санадӣ-ҳуқуқии Иттиҳод ҷиддӣ омӯхта шуда истодаанд. Ба ИИА тиҷорати тоҷик низ ҳавасмандии худро нишон медиҳад. Бешубҳа, қарор оид ба шомил шудан ба ин ташкилоти муттаҳидкунанда дар салоҳияти раҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар баробари ин, ин ҷо мехостем принсипҳои бунёдии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёро махсус қайд кунем-ин баробарҳуқуқӣ, прагматизм (воқеиятбинӣ), ҳурмати тарафайн, ҳифзи хусусиятҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатии ҳар кишвари узви Иттиҳод мебошанд. ИИА аллакай имрӯз омили баланд гаштани рақобатпазирии иқтисодҳои миллӣ ва ҳифзи суботи минтақавӣ маҳсуб мегардад. Бидуни шубҳа, ҳамкориҳои зич дар чорчӯби Иттиҳод ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзо имконияти бузургу бебаҳс медиҳад. Бо дарназардошти анъанаҳои дар даҳсолаҳои зиёд рӯйи кор омада, хусусияти хоси муносиботи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия ва дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, равандҳои пойдоронаи сиёсати муҳоҷиратӣ ва дигар омилҳои муҳим, шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИА дар муддати миёнамуҳлат аз манфиат орӣ нест.
Маркази матбуоти Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: