Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ОЛИМИ ПУРКОР

14-01-2023, 13:54
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
 ОЛИМИ ПУРКОР

Ман ӯро бештар аз 35 сол боз мешиносам. Инъомҷон Қобилбеков, номзади илмҳои кишоварзӣ, зодаи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич). Ӯ соли 1985 ҳамчун мутахассиси ҷавони умедбахш бо роҳхати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази муҳофизати растаниҳои ноҳияи Зафаробод фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуд.
Соли 1986 ғоибона ба аспирантураи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил шуда, шурӯъ аз ҳамон сол дар хоҷагии давлатии “Комсомоли Тоҷикистон” ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оғоз намуд.
Азбаски он солҳо ноҳия ба кадрҳои ҷавону ояндадор эҳтиёҷи калон дошт, минбаъд Инъомҷонро комсомолону ҷавонони Иттиҳодияи байниноҳиявии “Кимиёи кишоварзӣ” ба сифати котиби ташкилоти комсомолӣ интихоб карданд.
Обрӯи ӯ дар байни ҷавонон хеле баланд буд. Пас аз соле шунавандаи мактаби комсомолии шаҳри Фрунзе (ҳозира Бишкек)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва вакили конференсияи ташкилоти комсомолии вилояти Ленинобод интихоб гардид.
Он солҳо ҳамагӣ чунин мепиндоштанд, ки шоир, нависанда ва олим бояд ҳатман сокини пойтахти ҷумҳурӣ ё ин ки ҳади аққал маркази вилоят бошад.
Аммо насими наву тоза собит сохт, ки дар музофотҳо ҳам нобиғаҳо ва мутахассисони давр ба воя мерасанд.
...Соли 1987-умро дар хотир дорам. Он солҳо дар вазифаи мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи Кумитаи ноҳияи Зафарободии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият менамудам. Барои коре унвонҷӯи илм Инъомҷон Қобилбековро, ки дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод заҳмат мекашид, ба коргоҳам даъват намудам.
Ӯ дар чашмаи ҷавони зебову баркамол намуд. Аҳволпурсӣ карда, суҳбат оростем. Дар омади гап аз гузаштагони аҳли оила пурсидам.
Инъомҷон гуфт:
- Шумо Юлдошбек Баротбекови истаравшаниро мешиносед?
Гуфтам:
- Чаро не! Ин шахс рассом, наққош, кандакор, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ҳастанд, ки бо ҳунари худ дар сартосари Иттиҳоди Шуравӣ ном бароварда, ҳатто бинандагонро дар хориҷи кишвар тасхир кардааст.
Инъомҷон гуфт:
-Бале, худи худаш. Ман набераашон ҳастам. Бародарашон Қобилбек Баротбеков бобои ман дар вазифаҳои масъули давлатӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич кор кардаанд.
...Хулоса, солҳои дароз дар ноҳияи Зафаробод кор карда, Инъомҷон Қобилбеков дар рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда гузошта, соли 1994 таҳти роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ В.Г. Коваленков ва академик С.Н.Алимуҳаммедов дар шаҳри Тошканд рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асоснок намудани усули интегратсионӣ бар зидди кирми ғӯза дар шароити Тоҷикистони Шимолӣ” ҳимоя намуд. Дар ин миён оиладор ва соҳиби ду фарзанд шуд.
Солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои илмӣ фаъолияти худро дар шароити водии Ҳисор идома дода, соҳиби дипломи “аъло” ва ихтисоси “патентшинос” гардид. Аммо таназзулёбии соҳа, ки дар солҳои навадуми асри гузашта рӯй дод, ба паст рафтани сатҳи корбарии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, бахусус, агрономҳо боис гардид.
Инъомҷон мегӯяд:
- Солҳои аввали дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод кор карданам ман махсусан ба таҷриба ва масъулиятшиносии роҳбарияти ноҳия, бахусус, Бегалӣ Аҳмадалиев, Нурулло Нарзуллоев, Саидшариф Шарифов, Дониёр Нурбуттаев, Раҳмон Ваҳҳобов барин мутахассисони хоҷагии қишлоқ ва агрономҳову муҳандисон қоил шуда будам. Ба ман таҷрибаи роҳбарони хоҷагӣ ва агрономҳои пуртаҷрибаи тоҷик: Қулӣ Ҷумъаев, Акбар Ҳоҷимуродов, Ҳомид Алиев, Рӯзибой Авезов, Ҳамдам Ҳусейнов, Аҳмад Турсунов, Абдураҳмон Усмонов, Халил Ҷабборов, Восит Почокалонов, Насрулло Нарзуллоев, Обид Саримсоқов, Абдувалӣ Юсуфов, Мирзооқил Исмоилов, Сулаймон Зиёзода, муҳандисон Боййигит Эрйигитов, Аҳрор Аброров ва бисёр дигарон намунаи ибрат буданд.
Аммо пас аз пошхӯрии давлати Шуравӣ дар соҳаи кишоварзии кишвар як муддат мушкилиҳои сангин ба вуқуъ пайваста, мақому манзалати мутахассис ҳамчун дастурдеҳу машваратчӣ коҳиш ёфт.
Шукри даврони соҳибистиқлолӣ, ки соли 1996 бо назардошти вазъи воқеӣ Фармони Президенти кишвар оид ба ислоҳоти соҳа ба нашр расида, аз ҳамон сол дар кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Зафаробод дар асоси ин фармон ба ҷойи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ, оилавӣ ва инфиродӣ арзи ҳастӣ карданд.
Пас аз гузашти чандин сол, баъд аз дучор шудан ба нокомиҳо ва муаммоҳои сангин мақому манзалати мутахассис низ боло рафтан гирифт. Акнун роҳбарони хоҷагиҳо баҳри ҳалли мушкилот аз нав ба мутахассисони варзида рӯй меоранд.
- Он солҳо,- мегӯяд Инъомҷон Қобилбеков, инсони шариф Абдусамад Бобоқулов (равонашон шод бод) дар Раёсати кишоварзии ноҳия дар вазифаи муовини сардор кор мекарданд. Азбаски шахси аз илму таҷрибаи кишоварзӣ огаҳ буданд, рӯзе маро даъват карда гуфтанд:
-Инъомҷон, имрӯз ягон хоҷагӣ дар ихтиёри худ агроном ё муҳандиси вобастаро надорад. Раёсати кишоварзӣ баҳри ислоҳи ин камбудӣ тасмим гирифтааст, ки дар асосҳои ҷамъиятӣ аз таҷрибаи кори шумо ва мутахассисони варзидаи соҳа истифода барад. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ин амали нек ба мо кӯмак намоед.
Чунин арҷгузорӣ Инъомҷонро беҳад рӯҳбаланд намуда, мутахассисон ва деҳқонони соҳибтаҷрибаро дар атрофи худ гирд овард ва баҳри амалӣ намудани ин мақсад равона кард. Қариб, ки ҳар рӯз оғоз аз субҳи солеҳон чандин нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз гӯшаҳои гуногуни ноҳия ба машварати Инъомҷон ва мутахассисони дигар меомаданд, онҳоро ҳамроҳи худ ба хоҷагӣ бурда, маслиҳат мегирифтанд.
Худи Инъомҷон дар хоҷагиҳои алоҳида қитъаҳои санҷишии навъҳои гуногуни пахта, гандуми тирамоҳӣ ва ҷуворимаккаи дониро ташкил намуда, дар асоси натиҷаҳои бадастоварда ба хоҷагиҳо навъҳои беҳтарини ба иқлими ноҳия мутобиқро тавсия медод.
Ба ҳамин тариқ, хизматрасонӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкории мутақобилаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мутахассисон дубора ба роҳ монда шуд.
...16-уми январи соли 2023 олими сермаҳсул Инъомҷон Қобилбеков, инсоне, ки ҳам бо назария ва ҳам бо корҳои амалӣ як умр бо соҳаи кишоварзӣ сару кор доранд, ба синни мубораки 60-солагӣ мерасад.
Ин шахси меҳнатдӯст давоми умри пурбаракаташ дар як гӯшаи диёр дар паҳлӯи деҳқонону барзгарон кору зиндагӣ карда, баҳри рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Инъомҷон Қобилбеков бо хулқу атвори некаш аз зумраи инсонҳоест, ки ин боварию муҳаббатро дар байни мардум бо меҳнати ҳалоли худ ба даст овардааст.

Заҳриддин Рустамов, рӯзноманигор, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: