ЗУКОМ НАШАВЕМ22-12-2022, 15:57
Хабарро хонданд: 508 нафар
Назарҳо: 0
Одатан дар фасли сармо гирифторшавии одамон ба ҳар гуна беморӣ, аз қабили зуком, сармохӯрӣ ва ба монанди инҳо меафзояд. Бо вуҷуди ин, нафароне ҳастанд, ки дар фасли сармо низ аслан бемор намешаванд, аммо баъзеи дигар дар тамоми ин муддат аз чунин бемориҳо ранҷ мекашанд. Сабаби инро мутахассисон ба паст шудани масуният (иммунитет) ё неруи дифоии бадан вобаста медонанд. Суоле ба миён меояд, ки чаро дар ин фасл масуният паст мегардад? Системаи сироятнопазирии одамон аз ҳуҷайраҳо, бофтаҳо ва узвҳое иборат мебошанд, ки бо фаъолияти муштарак пайдоиши барангезандаҳои сирояткунандаро пешгирӣ намуда, таъсири онҳоро ба организми инсон кам мекунанд. Сабабҳои паст шудани масуниятро олимон ба як қатор омилҳо рабт медиҳанд, ки инҳо ҷароҳатҳои ирсӣ, норасоии витаминҳо, истеъмоли нодурусти ғизо, вайроншавии кори меъдаву рӯдаҳо, вайроншавии кори меъдаву рӯдаҳо, истеъмоли нодурусти доруворӣ, зарбаи сахти равонӣ ва муҳити носолими зист мебошанд. Ба назари мутахассисон, сабаби асосии гирифтор шудан ба бемории зуком ва дигар бемориҳои сармохӯрӣ, ин на хунукӣ, балки вирусҳо ва ё микробҳои сирояткунанда мебошанд. Сармутахассиси шуъбаи гиёҳдармонии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ”Шарифҷон Саидшарифов чунин иброз дошт: “Дар фасли сармо бисёр бемориҳо дар бадани инсон бедор мешаванд,аз ҷумла, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, бемориҳои музмини гаймарит, бронхит, илтиҳоби шуш, инчунин, бемории зуком авҷ мегиранд. Аз ҳамин сабаб дар ин фасл бояд, ки ҳар шахс худро эҳтиёт кунад. Барои мисол, бояд пояфзоли гарм, сарандоз (шапка) ва либосҳои гарм пӯшанд. Инчунин, дар фасли сармо таъсири бади ҳавои вабоӣ ба бунияи одам таъсир мерасонад. Ҳакими Майсарӣ дар китоби «Донишнома»-и худ фармудаанд, ки дар ҳолати бемориҳои сироятӣ аз писта, бодом ё ин ки мавизи “кишмиш” бояд истифода баранд. Абуалӣ ибни Сино дар «Ал-қонун-фит-тиб» ишора кардаанд, ки аз сиёҳдона, имбир, ширинбия, кокутӣ, пудина, тухми сабзӣ, испанд, бобуна ва бодиён бояд истифода карда шавад. Табибони «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» ба асарҳои илмии ҳакимони бузург такя карда, гурӯҳбандии гиёҳҳоро барои муолиҷаи бемориҳои шадиди роҳои нафас ва зуком ташкил намудаанд, ки инҳо: пудина, сумбула, испанд, аҷик, чоқла, сиёҳдона, имбир, зуф, тухми сабзӣ, тухми зағир, мармарак, (шалфей) даҳмаст, (лавровый лист) ширинбия ва бодиён мебошанд. Аз меваҷот: аз себи биҳӣ ва ангури ҷавз бояд истифода бурда шавад. Аз маҳсулоти асал ангубин, гарди гул ва заҳри замбур тавсия дода мешавад. Яке аз гиёҳҳое, ки ба бемор таъсири мусбат мерасонад, ин гиёҳи чоқла ё ширинбия мебошад. Барои масуниятро баланд бардоштан ба шахсоне, ки диабети қанд ё ин ки фишорбаландӣ доранд, тавсия дода намешавад. Онҳое, ки бемориҳои роҳҳои шадиди диққи нафас доранд, маҳсулоти полезӣ, ба монанди шалғам ва донагиҳо ба мисли лӯбиё, марворид (перловка), биринҷ ва марҷумак бояд истифода баранд. Азхӯрокҳои чарбудор ва бирёнӣ бояд камтар истифода бурда шавад. Ҳамчунин, номбурда хусусияти шифобахшии асалро махсус таъкид мекунад, ки дар як рӯз истеъмоли ду қошуқча асал коф, ки инсон дар фасли сармо, умуман мубталои бемориҳои сармохӯрӣ ва ё зуком нагардад. Аммо омехта намудани асал бо об ва ё чойи ҷӯшон тавсия дода намешавад, зеро ин амал хусусияти шифобахшии асалро аз байн мебарад. Сиёҳдонаро бошад, дар шакли хока ё равған илова карда онро бо асалчой истеъмол намудан, аз манфиат холӣ нест. Қайд кардан бамаврид аст, ки тамринҳои ҳаррӯза, давидан ва ё йога аз зумраи машқҳои махсусе мебошанд, ки бо иҷро кардани инҳо руҳияи инсон болида ва организм боқувват мегардад. Машқҳои ҷисмонӣ дар ҳама ҳолат ба организм фоидаовар ва зарур мебошанд. Вале фаромӯш набояд кард, ки ҳамаиинро ба меъёри муайян бояд иҷро кард ва ин маҳлулҳои омодакардашуда на ба ҳамаи организмҳо мутобиқат мекунад, яъне, аз масунияти ҳар шахс вобаста аст. Бояд таъкид кард, ки гаштугузор дар ҳавои кушодро табибон аз воситаҳои судманди тақвият додани иммунитет эътироф намудаанд. Одитарин пиёдагардӣ дар кӯчаву гулгаштҳо барои ҳар нафар, ҳатто барои беморон низ хеле муфид аст. Агар ҳарорати бадан ба гармии зиёд тобовар бошад, мешавад, ки дилпурона ба ҳаммом равед. Ҳаммом гардиши хунро беҳтар намуда, хатари бемориҳои сироятиро коҳиш медиҳад, афзоиши иммуноглобулинҳоро метезонад ва токсинҳоро аз бадан хориҷ мекунад. Ҳамарӯза зиёда аз 1 литр оби тоза нӯшидан низ аз тавсияи табибон мебошад. Оби тоза мубодилаи модаҳоро танзим карда, маҳсулоти нолозимро тавассути арақи бадан ва пешоб аз бадан хориҷ мекунад. Бояд қайд кард, ки иҷрои ин амалҳо ба организм фоидаовар буда, дар баланд бардоштани системаи иммунӣ хизмат мерасонад. Бо риоя гардидани ин амалҳоҳам ташаккули тарзиҳаётисолим риоя мешавад ва ҳамсистемаииммунии инсон баланд мегардад. Бо баланд гардидани масуният шахс ба ҳар гуна бемориҳо тоб оварда, аз уҳдаи муқобилият кардан бо маризиҳо ба хубӣ мебарояд. Саида ХОҶАЕВА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.