Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» - КОРЗОРИ НАНГУ НОМУС

НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» - КОРЗОРИ НАНГУ НОМУС

5-08-2022, 13:41
Хабарро хонданд: 4258 нафар
Назарҳо: 1
НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН» - КОРЗОРИ НАНГУ НОМУС
Он рӯз дур нест, ки дар партави нури "Роғун" парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Дар ин миён ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки солҳои вазнин ва аз ҷиҳати сиёсӣ басо мураккаберо дар рӯзгори мардуми тоҷик пеш овард. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кишвари мо бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба дастовардҳо ва музаффариятҳои зиёде ноил гардад, ки бунёди НБО-и «Роғун» ва ба даст овардани истиқлоли комили энергетикӣ аз ҷумлаи онҳост.
Расидан ба ин ормони деринаи миллӣ барои ин миллати бузургу тамаддунофар кори саҳлу осон набуда, бо кӯшишу заҳматҳои фарзонафарзандони ин миллат, ки барои эҳёи давлати комил ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ба даст омадааст.
Албатта, барои ҳар як фарди кишвар вожаҳои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, ваҳдат, озодиву озодманишӣ ва амсоли инҳо хеле азизу муқаддасанд, ки ҳамагӣ барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гардидааст.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла саноатикунонӣ ташаккул ёфта, роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар муҳим ба ҳисоб рафта, дар ин замина қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар ин хусус, Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарбахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».
Дар воқеъ, яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳимме, ки Роҳбари давлат баҳри расидан ба он пайваста таъкид месозанд, ин истиқлолияти энергетикӣ ва ё таъмини неруи барқ ба кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳо мебошад.
Бешак, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки аз захираҳои обию энергетикӣ бой буда, имконияти тавлиди иқтидори зиёди неруи барқи обиро дорост. Ин шароит ва имконияти мусоидро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ба бунёди неругоҳҳои барқӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Яке аз чунин неругоҳҳо, ин бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки имрӯз сохтмони он бевосита зери сарпарастӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст. Дар амал пиёда сохтани неругоҳи мазкур ба рушди соҳаи энергетика манфиатовар буда, ба болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ин иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлат бо мақсади бунёди НБО-и «Роғун» паёмади шуҷоати шахсӣ, истеъдоди беназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуда, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд.
Имрӯз бузургӣ ва шукӯҳу шаҳомати НБО-и «Роғун» корзори нангу номуси ҳар як фарди мамлакат маҳсуб ёфта, худшиносӣ ва худогоҳии моро тақвият мебахшад ва сохтмони ин иншооти тақдирсоз ва ҳамзамон заҳмати бунёдгузорони он воқеан бемислу монанд аст.
Аз ин хотир, бо дарки баланди масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ бунёд намудан ва ба истифода додани ин иншооти нодир таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таърихии башарӣ аст.
Гузашта аз ин, бунёди мукаммали он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст.
Қайд намудан бамаврид аст, ки баҳри ҳар чӣ зудтар бунёд намудани неругоҳи мазкур ва рӯҳбаланд гардонидани сохтмончиёни он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҷараёни кор ва фаъолияти босамари ин иншооти бузург дидан менамоянд. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва неруи бузурги коргарону мутахассисони тоҷик самараи нек ба бор овард ва дар натиҷа санаи 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якум ва санаи 9-уми сентябри соли 2019 агрегати дуюми ин кохи нур ба истифода дода шуд ва умед аст, ки дар ояндаҳои наздик агрегатҳои дигари ин корзори нангу номус мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Иштироки шахсии Пешвои миллат дар маросими тантанавии ба кор андохтани агрегатҳои НБО-и «Роғун» гувоҳи бо азму иродаи қавии миллӣ идома доштани корҳо дар ин неругоҳ ва пайки ҳар чи зудтар ба охир расонидани сохтмони он мебошад.
Зимнан бояд иброз дошт, ки бунёди мукаммали ин неругоҳи барқӣ қадами устуворе баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ин майдони корнамоиҳои бузурги қарни 21 ба ҳисоб рафта, бунёди он сари баланд ва ифтихору эътибори мост. Бо пуррагӣ ба итмом расидани сохтмони он дар роҳи рушду тараққиёти кишвари азизамон марҳилаи нави таърихӣ оғоз меёбад.
Бешак, «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихору сарбаландии ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарфарозии мардуми шарифи тоҷик хоҳад буд.
Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунад ва ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург шудааст.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».
Ҳамин тавр, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тақозои замон ва рушди бемайлони ҷомеаи имрӯз аст, ки баъди пурра ба кор даромадани ин боргоҳи бузург нуру гармӣ ба вуқуъ пайваста, орзуву ормони чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.

Исроил Саломов,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Felicitas 22 июня 2023 22:45
thrusts does metformin lower blood sugar immediately meetingu benefits of metformin -
metformin for infertility metformin er vs metformin operativa metformin hcl 500 mg tablet
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: