Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои захираи маводи озуқаворӣ аз маҳсулоти рўёндаи худ истифода мебаранд

Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои захираи маводи озуқаворӣ аз маҳсулоти рўёндаи худ истифода мебаранд

23-06-2022, 06:48
Хабарро хонданд: 1325 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои захираи маводи озуқаворӣ аз маҳсулоти рўёндаи худ истифода мебаранд

Гурўҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо корманди шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Бахтиёр Сафаров дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб бо ҳар хонавода мулоқот доир намуда, оид ба оқилонаю орифона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва захираи маводи озуқаворӣ барои давраи тирамоҳу замистони солҳои 2022-2023 суҳбат оростанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои захираи маводи озуқаворӣ аз маҳсулоти рўёндаи худ истифода мебаранд

Сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷоб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро оқилона истифода бурда, дар онҳо гандум, пиёз, картошка, сабзӣ, зироати ғалладонагӣ ва сабзавот парвариш мекунанд. Аксари сокинони ин ҷамоат аз маҳсулоти рўёндаи худ барои захираи зимистон консерваи меваю сабзавот, афшура ва хушкмева тайёр мекунанд. Онҳо аз бозор аз маҳсулоти ниёзи аввал танҳо равғану шакар ва зиёдтар ордро мехаранд.

Гурўҳи корӣ ба сокинон барои тарзи дурусти тайёр намудани маҳсулот барои зимистон тавсияҳои муфид доданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон 18 июн дар ноҳияи Данғара ҳушдор доданд, ки «интизор меравад, солҳои 2022 ва 2023 захираи ғалла дар ҷаҳон коҳиш ёфта, нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ афзоиш ёбад. Ин ҳолати мураккаби ҷаҳон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсир расонад, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд».

Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.


«Масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, фароҳам овардани захираи кофӣ барои онҳо ва пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳо чораҳо андешанд», — гуфтанд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат аз аҳолии кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки усулҳои мавҷудаи зиёд кардани муҳлати нигоҳдории маҳсулотро таҳлил ва арзёбӣ намуда, технологияи нигоҳдории маҳсулоти ғизоиро дар шароити хона таҳия ва муаррифӣ намоянд.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: