Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

"Роҳи умед"

21-06-2022, 12:48
Хабарро хонданд: 130 нафар
Назарҳо: 0
"Роҳи умед"

Инсонеро омӯхта, баҳо додан, барои оянда як василаи муҳими таърихие мегардад. Ва тасвир намудани хулқу атвору кору пайкори ашхоси хизматнишондодаи соҳибназар иқдоми наҷибест, ки бо ин амал садҳо ба ӯ пайрав шуда, дар шоҳроҳи тайнамудаи эшон орзуи роҳпаймоӣ менамоянд. Ҳамчунин, дақиқае аз мо сипарӣ гардад, боз нахоҳад баргашт. Бояд гӯем, ки ба ин маънӣ, вақт дар дохили худ эҳёгареро пайдо мекунад, ки он бо муносибатҳои арзандаву нек нақши худро дар ободонии диёру саҳафоти хотироти инсонӣ мегузорад.

Комил Ҷумъахон аз ҷумлаи чунин инсонҳои нексиришту арзандаи гуфтаҳои болост, ки роҳбарии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Роҳи
оҳани Тоҷикистон»-ро бар уҳда дорад. Ҳамчунин, раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ мебошад.
Перомуни саҳми ин инсони шариф ва кумитаи мазкур дар пешравию ободонии кишвари азизамон мусоҳибае оростем, ки фишурдаашро пешниҳоди шумо-хонандагон мегардонем

- Фаъолияти кории имрӯза ва таблиғу ташвиқи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансур аз рӯи кадом принсипҳо ба роҳ монда шудааст?

- Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои амалкунанда, Оиннома ва Низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, то ин давра як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст.
Маҳз ҷонфидоиву заҳматҳои пайвастаи Роҳбарияти олии Ҳизб, бахусус талошҳои рўзафзуну самараноки Пешвои муаззами миллат аст, ки имрўз дар кишвар сулҳу суботи комил пойдор буда, мардуми диёр ба сўи фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии ҳизб моро водор месозанд, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқею нуфузи ҲХДТ дар байни аҳолӣ ва таъмини зиракию ҳушёрии сиёсии омма тамоми донишу маҳоратамонро истифода намоем.

- Оид ба ҷалб намудани аҳолӣ ба сафҳои ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб ва шумораи он дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед»-и ҲХДТ дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маълумот медодед?

- Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед»-и ҲХДТ дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» айни замон 1693 нафар аъзоро дар сафҳои худ муттаҳид кардааст, ки аз ҷумла 381 нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бо шарофати дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибу ташвиқи саривақтӣ танҳо дар соли 2021 сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби кормандони минтақаи Душанбегии роҳ 215 нафар афзудааст. Ҳамчунин, дар арафаи Иди байналмилалии Наврўзи имсола боз 80 нафар кормандони ҷавону фаъоли корхонаҳои роҳ ба сафи ҳизб қабул карда шуданд.
Илова бар ин, дар минтақаҳои Хатлонию Суғдии роҳ низ кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизб ташкил карда шудаанд, ки дар сафҳои худ 1820 нафар (Хатлон 1100, Суғд 720 нафар) аъзоро муттаҳид намудаанд.
Маҷмуан, дар корхонаҳои ҳар се минтақаи роҳи оҳан 3513 нафар кормандони фаъолу арзанда аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки ин тақрибан 70 дарсади шумораи умумии кормандонро ташкил менамояд.
Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзоёни ҳизб, баланд бардоштани сифати корбарӣ ҷиҳати ҷалби кормандони лаёқатманду арзанда ба сафҳои ҳизб бо дастури масъулини Кумитаи марказии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи корхонаҳои тобеи минтақаи Душанбе 12 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис додем.
Айни замон дар ҳамаи ин ташкилотҳо гўшаҳои ҳизбӣ мавҷуд буда, маводи коргузориву дафтардории ҳизбӣ ва пешниҳоди мунтазами маълумотҳои оморӣ дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб ба роҳ монда шудааст.
Назорат аз болои ҳаракати аъзоёни ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Ҷараёни мазкур дар ташкилотҳои ибтидоии зертобеъ ва худи кумита дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти кадрии Раёсати роҳ, ба роҳ монда шудааст. Аниқтараш маълумоти лозимӣ дар бораи ҳар як аъзое, ки бо сабабҳои мухталиф аз кор меравад ё ба кор меояд, тавассути Хадамоти кадрӣ ба кумита пешниҳод карда мешавад.

- Саҳми Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед» дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ чӣ гуна аст?
- Яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед»-ро иштироки аъзои он дар чорабиниҳои сиёсиву ҳизбӣ ташкил медиҳад. Боиси хушнудист, ки аъзои кумита дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол буда, ҳамеша аз уҳдаи супоришҳои бар зиммаашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд. Соли сипаришуда аъзои кумита вобаста ба рўйдодҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ, аз қабили «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Модар”, “Ҷашни ҷаҳонии Наврўз”, “Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рўзи Ваҳдати миллӣ”, “30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи забони давлатӣ”, “27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар баргузории чорабиниҳои расмӣ-фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишию солимгардонӣ саҳм гузоштанд.

- Оид ба дастовардҳо ва саҳми кумитаи мазкур дар 30-солагии Истиқлоли кишвар ва омодагӣ ба 35-солагии ин ҷашни пуршукӯҳ зикр мекардед?

- Вобаста ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зайл ба анҷом расонида шуданд:
Пеш аз ҳама, барои ободонии пойтахти азиз-шаҳри Душанбе пулҳои роҳи оҳан воқеъ дар кўчаи Аҳмади Дониш, хиёбони Саъдии Шерозӣ, назди Наврўзгоҳ, болои рўди Душанбе, назди Автовокзал, инчунин, маҳаллаи 103-и ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳамагӣ шаш пул ба таври муосир барқарору азнавсозӣ гардида, айни замон, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Инчунин, дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби сокинону ҷавонони пойтахт ба варзишу зебоипарастӣ ва машқу тамринҳо Роҳи оҳани Тоҷикистон корҳои сохтмониву ободонии атрофи майдончаҳои варзиширо дар кўчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур ва хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сино саривақт ба анҷом расонида, майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар баробари ин, дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ободонии гулгашти рўбарўи Кохи Сомон - Боғи ба номи Аҳмади Дониш ба зиммаи Роҳи оҳани Тоҷикистон вобаста шуда буд. Баъд аз анҷоми корҳои сохтмонию бунёдкорӣ Боғи мазкур бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифодабарии умум қарор гирифт. Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки корҳои азнавсозию барқароркунии Боғи фарҳангу фароғатии назди истгоҳи роҳи оҳани Кўлоб низ аз ҷониби Роҳи оҳани Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, баъд аз анҷоми корҳои азнавсозӣ «Хуталон» номгузорӣ шуд ва бо иштироки Пешвои муаззами миллат бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки корҳои азнавсозӣ дар гулгашти назди муҷассамаи С. Айнӣ низ тибқи нақшаи тарҳрезишуда дар мувофиқа бо Ҳукумати шаҳри Душанбе оғоз гардида, пурра ба анҷом расонида шуд ва маросими ифтитоҳи гулгашти мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе расман оғоз гардида, мавриди истифодабарии сокинон қарор гирифт. Илова бар ин, бинои рақами якуми меҳмонхонаи ҳукуматӣ дар ҳудуди Бўстонсаро, ки ба Роҳи оҳани Тоҷикистон вобаста карда шуда буд ва санги асосашро Пешвои муаззами миллат гузошта буданд, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили арзандаи ҷашни фархундаи миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Муҳимияти дигар ин аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №1059 «Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вобаста шуда буд ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳо дар ин ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар маҷмуъ бошад, 317 иншооти ҷашнӣ ба ҳисобот ворид гаштанд, ки 131 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Феълан, силсилаи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бомаром идома дорад.

- Яке аз иқдомҳои наҷиби Роҳбарияти Олии мамлакат ин бароҳандозии корҳои хайриявӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Ва чуноне огоҳем Шумо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59-ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ҳастед. Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед» ва ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ин самт чӣ иқдомҳоеро рӯи даст гирифтаед?

- Бо истифода аз фурсати муносиб таъкид менамоям, ки тавассути дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ман вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59-ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошам ва дар ин раванд, барои пиёда кардани мақсадҳои созандаи ҳизб талош ба харҷ дода истодаам.
Дар корҳои хайриявию дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳоли ва кумаку корҳои созандагӣ, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №983 ба корхонаи мо 146 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернати маъюбони шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон вобаста карда шудаанд, ки пайваста дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо маводи хониш, сарулибоси мактабӣ ва дигар маводҳои ғизоӣ ба сифати кумаки хайрия дастрас карда мешаванд.

Ҷиҳати ободонӣ ва кумак ба маҳаллаи Борбад барои таъмири намои берунаи 52 бинои истиқоматӣ 124800 сомонӣ маблағ ҷудо намуда, дар саҳни ҳавлии ҳамаи биноҳо ҷойҳои нишаст (скамейка) насб кардем. Барои таъмири долони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №58-уми маҳалла ва обшоркунии майдони варзишии мактаби зикршуда маблағи дархостшуда пешниҳод намуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи эстетикию табиатдўстии муҳассилини ин мактаб 110 бех ниҳоли ҳамешасабз ва 2000 бех гулҳои мавсимию навъи садбарг тақдим карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси дархости масъулини нозироти минтақавии идоракунии хизматрасониҳои фонди манзилии №6-и ноҳияи Фирдавсӣ барои таъмиру рангубор ва ҷиҳозонидани нозироти мазкур маводи рангубор, мизу курсӣ, роҳаткурсиҳо ва як адад телевизори замонавӣ ба онҳо дастрас карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби вакил ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди маҳаллаи Борбад дар арафаи Иди саиди Рамазон ва Қурбон ба маблағи зиёда аз чил ҳазор сомонӣ маводи ғизоии ниёзи аввалия кумаки якдафъаина расонида шуд.
Ҳамзамон, дар арафаи Соли нави мелодӣ-2022 ба оилаҳои ниёзманд ва оилаҳои маъюбдоштаи маҳаллаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ 70 дона туҳфаҳои солинавӣ аз ҷониби вакил тақдим карда шуд.
Илова бар ин, масъулину табибони Роҳи оҳани Тоҷикистон ба таври доимӣ ба манзили 13 нафар оилаи маъюбон ташриф оварда, онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо туҳфаҳо ва маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар ва биринҷу маводи антисептикӣ тақдим менамоянд.
Вобаста ба иҷрои Барқияи ҳукуматӣ №34/10-16 аз 01.04.2022 оид ба харҷи садақаи фитр ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рўзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷот кумак расонида шуд.
Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби корхонаву муассисаҳои роҳи оҳан ба муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили мактаб-интернати ятимони Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014: №АП-159 ба зиммаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вогузор шудааст, ба маблағи умумии 33750 сомонӣ маводи ғизоӣ, Хонаи маъюбони шаҳри Ҳисор ба маблағи 4000 сомонӣ маводи ғизоии ниёзи аввалия, мактаб-интернати маъюбони деҳаи Чорбоғ ба маблағи 3500 сомонӣ маводи ғизоӣ, Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»-и ноҳияи Рўдакӣ, мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе ва Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 50000 сомонӣ маводи ғизоӣ, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» ба маблағи 2000 сомонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кўшониён» маводи ғизоии ниёзи аввал ба маблағи 7000 сомонӣ, Маркази солимгардонии кўдакони вилояти Суғд ба маблағи 3000 сомонӣ кумак дар шакли маводи ғизоӣ ва ба якчанд оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи 3000 сомонӣ пули нақд тақдим карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед» дар оянда низ тасмим дорад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон силсилаи корҳои созандагиву хайриявиро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсиси ҲХДТ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» идома дода, дар баргузории ҳама гуна маъракаву чорабиниҳои сиёсӣ дар баробари собиқадорони Ҳизб такя ба ҷавонони кордону лаёқатманд намуда, ҷиҳати ҷалби онҳо ба сафи ҳизб ва боз ҳам дурусттар ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ тадбирҳои муассир андешад.

- Сипос барои суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: