Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Заминро бояд ҳурмат кунем

Заминро бояд ҳурмат кунем

5-06-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Заминро бояд ҳурмат кунем

Бе омӯзиши амиқи масъалаҳои истифодаи замин, муносибатҳои истифодабарӣ ва заминсозӣ дар баробари ин ҳалли вазифаи асосии истифодаи оқилона ва самаранокии он номумкин аст. Мавзуи суҳбати мо бо Баҳром Абдуалимов – ходими пешбари илми, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳҳои истифодаи самараноки замин дар шароити кўҳсори Тоҷикистон аст.
- Дар оғоз бигўед, ки замин ва сарватҳои он барои бақои ҷомеа чӣ нақше доранд?
- Асоси истеҳсолоти моддӣ ва фаъолияти истеҳсолии ҷомеаро замин ташкил медиҳад. Тавре дар осори илмӣ ҳам омадааст: «Замин (аз назари иқтисодӣ, об ҳам ба он тааллуқ дорад), пеш аз ҳама одамро бо озуқа, воситаҳои тайёри зиндагӣ таъмин намуда, ҳамчун объекти умумии зисту шуғли инсон вуҷуд дорад».
Замин ҳамчун асос на танҳо барои тараққиёти кишоварзӣ, балки барои саноат, нақлиёт ва ҳамаи соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, макони бунёдкорӣ ва ҳаёти деҳоту шаҳрҳо хизмат мекунад. Олимон аҳамияти бузурги заминро дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ борҳо қайд кардаанд. Академик С.А.Удачин аз ВАСХНИЛ (Академияи умумииттифоқии фанҳои хоҷагии қишлоқ ба номи Ленин - машҳуртарин муассисаи илмӣ таҳқиқотии замони Шуравӣ ), ки дар таҳияи назарияи замин ҳамчун воситаи асосии истеҳсолот саҳми бузурге гузоштааст, дар навиштаҳои худ таъкид кардааст: «дар байни шароити моддии барои ҳаёт ва истеҳсолоти одамон зарурӣ ҷойгоҳи махсусро замин бо қабати хок, қаъри худ, ҷангал ва обаш ишғол намуда, он нахустин замина ва моҳияти табиии ҳамагуна равандҳои истеҳсолот мебошад. Бе замин ягон истеҳсолот, инчунин мавҷудияти худи инсон низ ғайриимкон аст. Замин бо меҳнати инсон бордор шуда, ғизо, сару либос, ҷои зист ва ғайраро таъмин менамояд».
Дар раванди тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ҳамаи ҳудудҳои заминҳои нав ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, вале ин моҳияти масъаларо тағйир намедиҳад — замин ҳамчун соҳаи фаъолияти инсон доимӣ мемонад. Аммо маҳдуд будани замин ҳамчун асоси фазоӣ ба маънои маҳдудияти хосиятҳои истеҳсолии он, ки беҳудуд аст, набуда, муқаррар намудани ин ҳад амалан имконнопазир мебошад.
- Имрўзҳо ҷомеа ва бахусус доираи васеи пажўҳишгарон бештар ба мушкилоти эҳтимолии табиат дар шароити боло рафтани гармшавии ҳаво дар атмосфераи замин изҳори ташвиш мекунанд. Назари шумо, дар ин маврид чист? Оё ҳолати замин ҳам тағйир меёбад?
- Дар вақташ академик П.П.Лукьяненко (1901-1973) - селекционери замони шуравӣ, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ. - навишта буд: «Илм ва техника чӣ қадаре тараққӣ кунад ҳам, некуаҳволии инсон, саломатӣ ва ғизои вай ба замин вобаста аст. Ҳол он ки тавонмандии замини мо бекарон нест. Гектарҳо, заминҳои корам абадан чунин нахоҳанд монд. Пас ҳосилхезии онро баланд бардошта, самараи онро зиёд кардан лозим аст».
Хусусияти дигари замин ивазнашаванда будани он аст. Онро бо ягон воситаи дигари истеҳсолот иваз кардан номумкин аст. Замин воситаи ҳамешагии истеҳсолот мебошад. Ҳар предмет, ашё, дастгоҳ фарсуда шуда, ҳатто агар бо он боэҳтиёт кор кунанд ҳам, баъд аз муҳлати муайян аз кор мебарояд. Яъне ҳама чиз як давраи муайяни коршоямӣ дорад ва пас аз муҳлати муайян тамоми воситаҳои истеҳсолот хароб мешаванд, ки ин раванди муътадил аст. Аммо бо муносибати эҳтиёткоронаю ғамхорона, замин ҳосилхезии худро гум намекунад, агар дар баробари ин тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки кишоварзӣ риоя шаванд, ҷомеа аз ҷиҳати таъмин бо маводи ғизоӣ ба мушкили камтаре рўбарў хоҳад шуд.
Маҳдудият, ивазнашаванда ва абадӣ будани замин ҳамчун воситаи истеҳсолот зарурати истифодаи самараноки онро барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ холисона талаб мекунад. Ҳамин тавр, дар соҳаи кишоварзӣ ин маънои истеҳсоли ҳадди аксари маҳсулот дар як воҳиди майдон бо харҷи камтарини воҳиди маҳсулотро дорад; дар соҳаҳои ғайрикишоварзӣ истифодаи самараноки замин ҳамчун асоси ҳудудӣ бо роҳи дар қитъаҳои хурдтарини замин ҷой додани микдори зиёдтарини воситаҳои истеҳсолот ифода меёбад. Амалан ба мо чунин менамояд. Дар ҳоле ки ҳеҷ як муассисаи бинокорӣ ва корхонаи саноатӣ ҳам бе замин кор карда наметавонад. Масалан, дар саноат замин фақат фазоест, ки дар он корхонаҳо ҷойгир шудаанд. (Ва комилан табиист, ки замин ин ҷо дар тараққиёти истеҳсолот роли фаъолона намебозад ва истеҳсоли маҳсулот ба он вобаста нест.
- Пас чӣ бояд кард?
- Дар қадами аввал заминҳои корамро бояд эҳтиёт кунем.
Барои корхонаи саноатӣ аҳамияте надорад, ки биною иншооти он дар кадом қитъаи замин- ҳосилхез ё беҳосил ҷойгир аст. Ба ибораи дигар гӯем, худи истеҳсолот бо замин ва сифати хок ба таври органикӣ алоқаманд нест.
Ба баъзе хусусиятҳои хоси замин ҳамчун сарвати табиӣ дахл намуда, бояд гуфт, ки «...ҳар як намуди сарвати табиӣ баҳои иқтисодии худро талаб мекунад, агар он барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ истифода бурда шавад,... на танҳо ба хароҷоти азхудкунии ибтидоӣ (дар шароити хозира), балки барои кадом навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурдани он низ вобаста аст» (41, с. 100-101).
- Дар ҳакиқат соҳаи кишоварзӣ ба ин бештар ниёз дорад…
- Дар соҳаи кишоварзӣ замин муҳити асосиест, ки дар он зироатҳои кишоварзӣ парвариш мешавад. Растанипарварӣ бевосита бо киштукори замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ барои одамон ва ашёи хом барои саноат алоқаманд аст. Чорводорӣ ҳам алоқаи бевосита дорад: хӯрок барои чорводориро замин таъмин мекунад, анвои хўрок барои ин соҳа дар замин парвариш меёбад ва бе ин навъи зироат мавҷудияти соҳа ҳам имконнопазир мебуд. Чорводорӣ бошад, ба навбати худ, фароҳамсози анвои ғизои инсон (гӯшту шир, тухм ва ғ.) ва ҳам ашёи хоми саноат (пашм, пӯст ва ғ.) мебошад. Бо дарназардошти шароити табиию иқлимӣ ин соҳа аз ҷиҳати вазни қиёсӣ дар Тоҷикистон баъд аз растанипарварӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд ва дар ин бахш ҷойгоҳи чорводории чарогоҳӣ (мавсимӣ) барҷаста аст. Илова бар ин, чарогоҳҳо хусусияти мавсимии истифода (тобистона, зимистона, баҳориву тирамоҳӣ) доранд ва онҳо на танҳо дар дохили ноҳияҳову хоҷагиҳои худ, балки асосан дар ҳудуди дигар ноҳияҳо, вилоятҳо ва мамлакатҳо ба ихтиёри хоҷагиҳо ва ноҳияҳо вобаста шудаанд. Ин яке аз душвориҳои асосии ташкилию хоҷагӣ дар чорводории чарогоҳӣ (мавсимӣ) мебошад.
Ба дарназардошти он, ки истеҳсоли маҳсулоти чорво дар ояндаи наздик бояд хеле зиёд шавад, барои васеъ намудани манбаи хӯроки чорво захираҳои иловагиро дарёфт кардан лозим омадааст.
Дар байни захираҳои асосӣ, аввал, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои хӯроки чорво дар соҳаи растанипарварӣ (ва дар дигар киштгардонҳо), ки барои он тамоми имкониятҳо мавҷуданд ва дуюм, баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо бо роҳи амалӣ намудани тадбирҳои пешбинишуда барои беҳтар намудани сатҳи чарогоҳу алафзорҳо. Танҳо маҷмуи тадбирҳои таҳияшуда дар бахши заминсозӣ ба ҳалли масъала ёрӣ мерасонад, зеро “дар сурати дуруст кор фармудани онҳо, замин мунтазам беҳтар мегардад”.
Яъне, агар заминро ҳурмат ва меҳрубонӣ кунем, хор намешавем.
Нигориши С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: