Сабаби асосии паҳншавии вируси “Сурхакони маймун”-ро дар мамлакатҳои Аврупо ба ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир нисбат медиҳанд, ки 7 майи соли ҷорӣ аз сафари Нигерия баргашта буданд. То ҳанўз олимони тиб таркиб ва сохти вируси мазкурро ба тариқи мушаххас муоина накардаанд ва паҳлуҳои зиёди табобати он норўшан мондааст.
Мувофиқ ба маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз 7 май то имрўз, дар 19 кишвари ҷаҳон 131 ҳолати тасдиқшудаи сирояти одамон аз сурхакони маймун ва 106 ҳолати эҳтимолии сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Сироятёфтагон бештар дар Португалия, Испания, Британияи Кабир мебошанд (аз 21 то 30 ҳолат). Ин беморӣ дар сокинони Австралия, Белгия, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса, Швейтсария ва Шведсия низ ошкор гардидааст. Олими соҳа Бил Геев иброз доштааст, ки ҳар рўз дар Англия то 16 нафар мубталои ин беморӣ мегарданд. Ташвишовар он аст, ки вируси “Сурхакони маймун” торафт дар олам реша давонда, дирўз қадами шуми он ба Амрикои Лотинӣ низ расид.
[img=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2022-
[img=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2022-06/1654149054_ospa-obezyan-300x300.jpg[/img]
“Сурхакони маймун” (monkeypoxes — MPXV) бемории сироятии камёфт аст, ки бо табларза, беҳолатии умумии бадан ва экзантема (сурхшавӣ) тавсиф мешавад. Давраи инкубатсионии он аз 5 то 21 рўз аст. Нишонаҳои он дар одамон, табларзаи баланд, дарди бадан, заифӣ, доначаҳои сурх дар пўст, қайкунӣ, варами гиреҳҳои лимфа ва чарх задани сар мебошанд. Давомнокии беморӣ 2-3 ҳафта ва барқароршавӣ ба ҳолати солимӣ худ ба худ ба амал меояд. Нишонаҳои он як дараҷа ба сурхакони аслӣ монандӣ дорад, аммо оқибатҳои он фарқкунанда аст.
Дар атрофи сарчашмаҳои асосии пайдоиши он аз ҷониби коршиносон ва олимони тиб андешаҳои мухталиф мавҷуд аст. Иддае ақида доранд, ки нахустин маротиба вируси мазкур дар Конго пайдо шудааст. Гўё дар мамўнгоҳи Конго маймуне бо номи Фрек Маканӣ зиндагӣ мекардааст ва ў ба ин беморӣ гирифтор шуда, одамонро мубталои ин беморӣ кардааст.
Сарчашмаи асосии паҳнкунандагони ин маризиро табибон 70 фисад ба ҳамҷинсгароён нисбат медиҳанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин вирус шояд ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, захми дар пўсти инсонбуда, бо роҳи нафас кашидан, ба воситаи оби чашм , бинӣ, пўшидани либоси бегона ба дигар кас гузарад. Аммо сироятёбии одамон ба ин вирус аз ҳайвоноти хонагӣ, ваҳшӣ тавассути хуни шахси бемор ё моеъҳои бадани он, инчунин, ҳангоми истеъмоли гўшти ҳайвони бемор ба мушоҳида расидааст. Табибон атрофи сироятёбӣ ба ин беморӣ таҷриба ва мушоҳидаҳои зиёд гузаронида истодааанд ва муоинаи онҳо натиҷаҳои хуб дода истодааст.
Аломатҳои бемории “Сурхакони маймун” ба бемории сироятии “Сифлис” монанд аст ва метавонад нишонаҳои он дар дилхоҳ узвҳои бадан, рўй, лаб даҳон, забон, бинӣ, дасту пой ва дигар узвҳо мушоҳида гардад. Бемор табъ карда, ҳарорати баданаш меафзояд, беҳолу бемадор мегардад ва дар баъзе ҷойҳои баданаш доначаҳои сурх пайдо мешаванд. Бо гузашти вақт доначаҳои сурхча оҳиста-оҳиста хушк шуда мерезанд ва дар баъзе ҳолатҳо дар ҷойи пайдошудаашон изҳои сафедча боқӣ мемонанд. Ин беморӣ ду се ҳафта идома меёбад ва ба сурхакони аслии (муқаррарӣ) инсон, ки дар давоми умр мубтало мегардад, монанд аст.
Ҳоло сурхакони бузина дар кишварҳои Африқои Ғарбӣ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Камерун, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Нигерия, Кот-д’Ивуар, Либерия, Серра-Леоне, Габон ва Судони Ҷанубӣ) маъмул аст. Теъдоди мубталоён дар Африқо босуръат меафзояд, аз соли 2016, ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, беморӣ 20 маротиба афзоиш ёфтааст. Бузургтарин хуруҷи беморӣ дар Нигерия ва Конго ба қайд гирифта шудааст.
20 майи соли 2022 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки аз аввали сол дар Конго 1,2 ҳазор ҳолати бемории сурхакони бузина ба қайд гирифта шуд.
Вируси мазкур ба инсон хатари бузург надошта, дар натиҷаи табобат шифо меёбад. Аммо дар маҷмуъ, ин беморӣ хатарнок аст ва бахусус захмҳои он хеле манфур буда, ба зоҳири инсон истиндод меоранд. Ба гуфти коршиносон тақрибан аз 1 то 4 фисади одамон аз таъсири ин вирус ба шаҳодат мерасанд.
Бештари инсонҳое ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, беэҳтиётанд ва саломатии худро ба тариқи даркорӣ ҳифз карда наметавонанд. Асосан тез паҳн шудани он дар мамлакатҳои африкоӣ, деҳаву минтақаҳои тропикие, ки ҳолатҳои хуби уфуниву беҳдоштӣ надоранд, зиёд дида мешавад.
Дар маҷмуъ, вируси бемории “Сурхакони маймун”-ро коршиносон ба ду шакл тақсим кардаанд:
1. Сурхакони Африкаи Марказӣ;
2.Сурхакони Африкаи Ҷанубӣ.
Аммо мутаассифона, то ҳанўз ин вирусҳо ба тариқи даркорӣ чуноне дар боло гуфтем, аз ҷониби олимони тиб муоина нашудааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки то имрўз дар кишвари мо ҳодисаи сироятёбии одамон ба ба ин навъи беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора, ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврўз Ҷаъфаров иттилоъ додааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Роспотребнадзор” хабар медиҳад, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон ба системаҳои тестии Русия барои ошкор кардани “Сурхакони маймун” таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Дар ин бора, 25 май, дар доираи ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон ва Ўзбекистон хабар дода шуд.
Дар натиҷа ҷонибҳо барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва қаламрави ин кишварҳо иқдомоти муштараки минбаъдаро муайян карданд. Махсусан бо дархости шарикон “Роспотребнадзор” барои мутахассисони варзидаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон ва Ўзбекистон доир ба пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии “Сурхакони маймун” машваратҳои омўзишӣ баргузор мекунад.
Дар охир, ҳаминро бояд иброз дошт, ки ҳар як беморӣ новобаста ба дараҷаи таъсираш ба солимии инсон таъсири бад дорад. Агарчӣ хатари ин беморӣ ба одам зиёд набошад ҳам, аммо шаҳрвандони мо вазифадоранд, ки аз вируси маймун худро эҳтиёт кунанд ва мақоли хуби мардумии “Эҳтиёт ними ҳаёт”- ро чун шиори асосии ҳафзи саломатиашон донанд.
Тағоймурод ОРИФӢ