Наврўз-ҷашни ягона бо анъанаҳои гуногун18-03-2022, 09:25
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Ғайр аз кишварҳои эронитабор, Наврўзро дар мамолики Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Туркия, Покистон, Ироқ, ҳатто дар манотиқи Балкан ва нимҷазираи Ҳинд ҷашн мегиранд. Пажўҳишгарони анъанаҳои наврўзӣ қайд мекунанд, ки дар кишварҳои мухталиф онҳо хусусияти хоси худро доранд. Оид ба он, ки чи гуна Наврўз ҷашн гирифта мешавад, ин ҷо каме маълумот хоҳем дод. Наврўзи тоторӣ Чуноне пажўҳишгари эронӣ Баҳора Созманд дар китоби хеш «Наврўз: ҷашне, ки мардумонро ба ҳам меорад» қайд мекунад, тибқи анъанаҳои қадимаи тоторӣ, кўдакон хона ба хона мегарданд, бо хондани шеър ҳамаро табрик мекунанд, бар ивази ин ба онҳо туҳфа дода мешавад-тухми рангкардаи ҷўшонидашуда, ширинӣ, биринҷу марҷумак, нахўд, шўла, ҷавмарворид (перловка), гандум, арзан. Ба монанди кўдакони тоҷик дар маросими «гулгардонӣ», кўдакони тотор маросими «Нэуруз эйтеп йору» доранд. Тарҷумаи шеъри хурде, ки онҳо мехонанд, чунин аст: «Рўз мегўяд: «Ман дарозтарам». Шаб мегўяд: «На, ман дарозтарам». Имрўз ҳарду баробаранд. Хуш омадӣ, Наврўз!» Баъдан, дар кўча, дар ҷойи аз ҳама баланд, дар деги калон аз ҳафт намуд ғалладонагиҳое, ки кўдакон ҷамъ кардаанд, шавла пухта мешуд, ки онро «қарға бодқаси»-«шавлаи зоғ» меномиданд. Боқимондаҳои он, тибқи анъана, бояд ба майдони кишт рехта мешуд, то ин ки зоғон ба ҳосили оянда зиён наоранд. Дубайтиҳои то имрўз расида вожаҳои форсӣ ҳам доранд. Масалан: Наурыз муберак бад (бод)! Шадӣ бад, шадӣ бад! Наурыз муберак бад! Шекер қилдим ходайга, Салаватималарга, Муҳаммад Мустафога, Наурыз муберак бад! Миёни тоторҳо анъанае буд: пеш аз Наврўз донаҳои ҷав ва ё ҳафт намуди рустанӣ кишта мешуд, рўйи миз пиёла бо об гузошта мешуд, ки дар он барги сабз буд-ҳамаи ин таъсири фарҳанг, анъаноти эронист. Вақти ҷашн ҷавонон бозӣ ва мусобиқоти варзишӣ доир мекарданд, ки зимни баргузорӣ, аз ҳама духтари зебои деҳа ба ҳайси баҳор интихоб мешуд. Духтари интихобгардида мақоми фахрии «Наурузбике»-ро соҳиб гашта, дар нақши ифодагари зиндаи баҳор бо муйсафед Қиш-Бой, ки зимистонро таҷассум мекунад, дар саҳнаи мубориза иштирок мекард. Миёни тоторҳои иртишӣ (рўдхонаи Иртиш) ҷашни наврўзӣ «эмел» (аз арабии «ҳамал») ном дорад. Дар арафаи Наврўз-Эмел кадбонуҳо кулча («тугац») мепазанд. Мақоми махсусро Наврўз миёни тоторҳои қримӣ дорад. Писарон барои худ ниқоб ва либоси буз медўзанд. Занон тухм меҷўшонанд (аммо ранг намекунанд), «кобете» (хўриш аз гўшту хамир), шириниҳои гуногун мепазанд. Бегоҳи ҷашн оташ мегиронанд, ашёи куҳнаро месўзонад, ба якдигар об мепошанд. Бо фаро расидани шаб ҷавонон дар гурўҳҳои 3-7 нафара ҷамъ омада, яке аз онҳо либоси бузро ба бар мекунад, дигарон ниқобҳоро мепўшанд, баъд аз он навдаҳои дарахт дар даст хона ба хона гашта, сурудхонӣ мекунанд. Наврўз дар Қафқоз Дар Балкария ин ҷашн «Голлу» ва ё «Озай», дар Қарачой «Шертмен» ном дорад, аммо замони ахир онро ҳамчун Наврўз ифода мекунанд. Миёни лазгиҳо (халқияте дар Доғистон) Наврўз «Яран-Сувар» номида мешавад. Дар арафаи он навдаҳои хушки рустаниҳо баста ва барои сўхтан дар майдончаҳои махсус омода мекунанд. Шаби 21 ба 22 март дар боми хонаҳо, майдонҳо, ҷойҳои бозӣ ҳафтоӣ гулхан афрўхта мешавад. Ба замин ҳафт машъал мехалонанд. Ба гулханҳои афрўхташуда ашёи куҳнаро партофта, ба фазо латтакуҳна ё чўбҳои алангагирифтаро ҳаво медиҳанд, тирҳои оташин аз камон холӣ, аз теппаҳо курраҳои оташро сарозер мекунанд. Барои «гуноҳҳоро пок кардан», раҳоӣ аз беморӣ, чашми бад, ҷоду ҳафт маротиба аз оташ меҷаҳиданд. Чунин маҳсуб мегардид, ки барои тарсонидани қувваҳои шарр шаби дароз бояд ҳарчи зиёд овоз баровард. Зангўла мезаданд, аз силоҳи оташфишон (камони шикорӣ) тир холӣ мекарданд ё маводи худсохт метарконданд. Дар замони қадим ҳангоми ҷашни «Яран-Сувар» миёни тарафҳои даргир сулҳи муваққатӣ (баъзан вақт-доимӣ) баста мешуд. Рўзи дигар, субҳи 22 март ҷавонони пўсти буз пўшида хона ба хона гашта, шўхибозиву сурудхонӣ мекарданд. Таомҳои гуногун омода мешавад, дар ҳар хона бояд то ҳафт намуд аз онҳо бошад. Хўрок аз ҳафт намуди маҳсулоти ғизоӣ-гўшти хушккардашуда, ҷуворимакка, лўбиё, нахўд, картошка, наск ё ягон намуди дигар омода мешуд. Ҷашн тўли 14 рўз, то 4 апрел давом мекард. Лакҳо (халқияти доғистонӣ) дар Наврўз нони турш, «буза» (нўшокии таъми туршдошта, ки ба квас монанд аст), хўрок аз ҳафт намуди ғалладонагӣ (арзан, наск, ҷуворимакка, нахўд, лўбиё ва амсоли ин) тайёр мекунанд, аммо гандумро намесабзонанд, яъне суманак надоранд. Дар ин рўз нонҳои гуногун пухта шуда, ба якдигар тақдим мекунанд, ба хонаҳои якдигар ба меҳмонӣ мераванд. Ҷавонон аз навдаҳои дарахт давраҳо карда, онро месўзонанд ва аз теппаҳо сарозер мекунанд. Гулхани калон афрўхта шуда, аз болои он тамоми пиру ҷавон меҷаҳанд, ҳамчунин лўхтаки калон сохта, онро дар гулхан месўзонанд. Эрон Дар арафаи ид ба кўчаҳои шаҳр ва дигар мавзеъҳои истиқоматӣ ҳунармандон бо либоси сурх, бо рўйҳои рангкардашуда (аксаран сиёҳӣ мемоланд) мебароянд. Аз хусусияти хоси анъанаҳо ҳаминро метавон гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар ош бо гўшти моҳӣ ва дигар хўрокҳо аз биринҷ омода мешавад. «Чоршанбесурӣ» аз маросими асосии наврўзист, ки хонатаконӣ карда, аз болои оташ се маротиба меҷаҳанд. Баъд аз фарорасии соли нав 13 рўз ба хонаҳои якдигар ба меҳмонӣ мераванд, баъд оилавӣ ба сайри табиат мебароянд, то эҳтироми худро барои неъматҳои додашуда зоҳир кунанд. Туркия Тўли даҳсолаҳо дар ин кишвар ҷашнгирии Наврўз манъ буд. Аммо ҳар кореро оғозеву анҷомест. Тибқи анъанаи сокинони кишвар, чизе, ки инсон ҳангоми аз хоб хестан дар рўзи аввали ҷашн бубинад, ҳамон соли дароз пайгираш хоҳад шуд, хуб аст ё бад. Барои ҳамин, кўшиш мекунанд то ҷашн дар манзил он ашёреро ҷой бидиҳанд, ки рамзи хушбахтӣ, дарозумрӣ, барор ва муваффақият бошад. Ба монанди шароби ангур, нон, маблағи пулӣ ва ғ. Дар кишвар шумораи зиёди мардуми эронитабори курд зиндагонӣ мекунад, ки новобаста аз маҳдудиятҳои пешин Наврўзро бо расму русуми миллии хеш ҷашн мегирифтанд. Афғонистон Соли нав дар Афғонистон соати яки шаби 21 март фаро мерасад, баъд аз ин то соати 12 рўз касе ба кўча намебарояд-боваре мавҷуд аст, ки агар касе аз аҳли хонадон дар вақти мамнуъ хонаро тарк кунад, дар соли нав аз аҳли он фардеро аз даст хоҳанд дод. Албатта, инро на ҳар нафар дар кишвар риоя мекунад, аммо чунин боварҳо, ба ҳар ҳол вуҷуд доранд. Барои он, ки соли фарорасида хушбахтӣ орад, дар ҷашнгирии он қаҳр кардан, гиря кардан, кўдаконро ҷанг кардан мумкин нест. Дар ин ҷо ҳам тухмҳоро ранг карда меҷўшонанд (аз рўи шумораи кўдакони хонадон), боваре роиҷ аст, ки ин бадбахтиро аз оила дур мекунад. Ўзбекистон Маҳсуб мегардад, ки тамоми он корҳое, ки 13 рўзи аввали Наврўз ба анҷом мерасад, ба тамоми сол таъсиргузор хоҳад буд. Барои ҳамин, қарзҳоро додан, якдигарро бахшидан, бо ҳамдигар муноқиша накардан хуб аст, бьояд хўрокҳои хуштаъм пухт ва якдигарро меҳмондорӣ кард. Тибқи боварҳои мардумӣ, кадом одаме, ки аввалан ба хона меҳмон мешавад, ба муҳити сол таъсир хоҳад расонд. Ў бояд шахси нек ва тоза бошад, «паю қадами нек дошта бошад». Дар ин кишвар, ба монанди Тоҷикистон, суманак аз рамзи асосии наврўзист, ки «сумаляк» меноманд. Туркманистон Дар арафаи ид хонаҳоро бо навдаҳои маҷнунбед, зардолу ё себ оро медиҳанд. Ҷашнгирӣ ҳангоми фарорасии шом оғоз мегардад, аҳли хонадон либосҳои нав ба бар карда, сари дастархоне, ки зарфҳои нав дар он гузошта шудаанд, ҷамъ меоянд. Бо иди қадимаи баҳор туркманҳо боварҳои зиёдеро тавъам кардаанд, масалан, агар ҳаво дар Наврўз тира бошад, чунин вазъ то моҳи июн давом хоҳад кард ва агар дар ин рўз борон ё барф биборад, сол ҳосилхез хоҳад шуд. Албатта, мо ин ҷо ҷашнгирии Наврўз ва идҳои ба он монанд ё тавъами мардумони гуногунро ба шакли мухтасар овардем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми ҷашнгирӣ мусобиқоти варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ роиҷ буда, ба он шукуҳу шаҳомати бештар мебахшанд. Мақсад ин аст, ки ин ҷашни қадимии мардумони эронӣ ба дигар миллатҳои ғайр таъсири мазбут расонидааст, ки нишона аз таъриху фарҳанги волову авлавияти тамаддунии Ориёии мо аст. Азамат Дўстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.