Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Наврўз-рамзи баҳори дунё

Наврўз-рамзи баҳори дунё

3-03-2022, 14:30
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Наврўз-рамзи баҳори дунё
Наврўз аз ҷашнҳои қадимтарини мардумони эронинажод буда, дар қатори Сада, Меҳргон ва Тиргон тўли ҳазорсолаҳо аз ҷониби ориётаборон ҷашн гирифта мешуд. Тўли гузашти вақт ва баҳамоии (ассимилятсия ва таъсири тарафайн расонидан ба фарҳангҳо) ақвоми гуногун имрўз Наврўз миёни мардумони ғайриэронӣ низ ҷашн гирифта мешавад.
Пайдоиши он ба давраҳое рост омадааст, ки онро дар илм давраи «тоҳуруфотӣ» меноманд. Анъанаи миллии эрониён онро ба сулолаи қадимтарин ва то андозае устуравии Пешдодиён, аз ҷумла ба Шоҳ Ҷамшед (аз ин ҷо вожаҳое, чун «Базми Ҷамшедӣ» ва «Наврўзи Ҷамшедӣ» то ба замони мо расидаанд) рабт медиҳад. Он ҳанўз ҳазорсолаҳо қабл дар китоби муқаддаси мардумони эронитабор «Авасто» зикр гардидааст.
Аслан, вожаи «Наврўз» ба таври васеъ нахустин маротиба дар сарчашмаҳои форсӣ қарни дуввуми милодӣ дучор меояд, аммо худи ин ҷашн ҳанўз дар империяи Ҳахоманишиён тақрибан солҳои 648-330 таҷлил мешуд ва ҳамон давра мақоми расмӣ гирифта буд. Тазаккур бояд дод, ки он вақт на танҳо ҳамчун ҷашни эҳёшавии табиат, балки то андозае чун ҷашни динии оини давлатӣ-зардуштия қабул гардида буд. Дар ин рўз ҳокимони музофоти гуногуни Империяи Форс ба Шоҳаншоҳ туҳфаҳо меоварданд.
Тибқи устураҳои эронӣ, дар ин рўз қаҳрамон Сиёвуш, ки аз дасти Афросиёби тўронӣ ба ҳалокат расид, дафн шудааст. Ин устура ҳамчунин дар «Авасто» омадааст. Ба таври васеъ он дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ нигошта шудааст.
Маълум аст, ки ин Наврўз ҳамчунин ҷузъиётҳои анимисти (маҷмуи боварҳо ба вуҷуди ҷон, рўҳ, арвоҳ ва намирандагии онҳо)-ро низ дар худ дошт. Дар ин рўз ҳиндуориёиҳои қадим аз «фравошӣ»-рўҳи гузаштаҳои худ ёд мекарданд, ки баъдан ин анъана ба зардуштия низ гузашт. Олими бритонӣ Мэри Бойс қайд мекунад, ки ғайр аз ин, дар оини зардуштия ин ҷашн бевосита ба оташ, ки онро ҳамчун манбаи ҳаёт қабул доштанд, алоқамандиро доро буд. Алоқамандии Наврўз бо оташи муқаддас дар анъанаи баъдинаи зардуштӣ низ дида мешавад. Дар ин рўз дар маъбадҳо, дар давраҳои Ҳахоманишиён ва пас аз гузашти давраи муайяни таърихӣ- Сосониён, маросими динӣ иҷро мешуд.
Баъдан, пас аз ҳуҷуми аъроб, ки тамоми боварҳои динии тоисломӣ мамнуъ эълон шуд, ин ҷашни ниёгон моҳияти динии худро то андозае гум кард ва акнун ҳамчун Соли нав, эҳёшавии табиат, Иди деҳқон ва киштукори баҳорӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо, ҳатто пас аз гузашти қарнҳо ва дар замонҳои мухталиф мамнуъ буданаш, то ҳол дар он ҷузъиёти оини ниёгон дида мешаванд, аз қабили ҷаҳидан аз болои оташ дар баъзе минтақаҳои Эрон, Озарбойҷон, Осиёи Марказӣ, даргирондани шамъ сари хони наврўзӣ ва монанд ба инҳо.
Дар бораи анъанаҳои наврўзӣ, аз ҷумла, оростани хони наврўзӣ зиёд гуфта шудааст ва мо ин ҷо тамоми ҷузъиётро аз нав такрор нахоҳем кард ва руҷўъ мекунем ба ҷуғрофияи паҳншавии он. Бояд қайд кард, ки дар минтақаи Ховари Наздик Наврўз танҳо аз ҷониби намояндагони он миллатҳое ҷашн гирифта мешавад, ки дар ин заминҳо то омадани аъроб, густариши дини ислом ва Хилофати Араб ба сар мебурданд. Наврўзро арабҳо ҷашн намегиранд (ҳамчун «ҷашни маҷусӣ» ва пайдоиши ориёидошта). Дар Туркия низ аз соли 1925 то соли 1991 таҷлили расмии он мамнуъ буд, ҳарчанд дар музофоти гуногуни он мардум бо ҳар восита онро қайд мекарданд. Дар Ҷумҳурии Арабии Сурия таҷлили расмии он то ҳол мамнуъ аст. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ он сараввал ҳамчун «иди динӣ» ҷилва дода шуда, таҷлили он манъ шуда буд, аммо новобаста ба ин, мардум Наврўзро фаромўш накард ва бо ҳар восита он ҷашн гирифта мешуд. Баъдан, дар ҷумҳурии мо муборизаи бархе аз бедорфикрони миллат барои эҳё ё «баргашт»-и Наврўз шурўъ аз солҳои 70-ум сурат гирифт, ки бевосита чеҳраи асосии он, саромади онро метавон рўзноманигори шинохта, зани ҷасур, роҳбари содиқу ғамхор ва дар баробари ин сахтгир, сармуҳаррири ҳафнаномаи онвақтаи «Маориф ва маданият» равоншод Буринисо Бердиеваро ном бурд, ки саҳми ў дар бозгашти дигари ин ҷашни миллии мо бузург аст.
Хуб, мегузарем сари матлаб. Таърихан чунин иттифоқ уфтода, ки ареали паҳншавии Наврўз имрўз масоҳати бузургеро дар бар мегирад ва имрўз сойири миллатҳои пайдоишашон гуногун онро ҳамчун «ҷашни миллӣ»-и худ таҷлил мекунанд. Ҳамчун ҷашни давлатӣ он имрўз дар Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Қирғизистон, Македония, Туркия ва Қазоқистон эътироф гардида, ҳамчун ҷашни миллӣ дар баъзе қисмҳои Русия, ба монанди Доғистон, Тотористон, Бошқирдистон ва дигар минтақаҳо ҳамасола таҷлил мегардад. Ҳамчунин, Наврўз дар ноҳияи мухтори Синтсян-Уйғури Чин, Курдистони Ироқ ва баъзе минтақаҳои шимолии Ҳиндустон қайд мешавад.
Чуноне мебинем, ғайр аз миллатҳои ғайриэронӣ, намояндагони дигар ақвом, хусусан туркнажод ба таври васеъ ин ҷашни ниёгони моро қабул ва ба худ балъамидаанд ва онро ҷузъе аз фарҳанги сирф миллии худ медонанд. Ин ҷо бояд зикр кард, ки на ҳама намояндагони миллатҳои туркзабон Наврўзро васеъ ҷашн мегиранд. Тариқи мисол, туркҳои анатолиягӣ (Анталия) ва тоторҳои Қрим. Туркҳои анатолиягӣ ҳамон намояндагони миллатҳои куҳантарини минтақа, аз қабили ошуриҳо, арманиҳо, юнониҳо ва ғ. ҳастанд, ки баъд аз омадани туркҳо аз Осиёи Марказӣ забони худро гум кардаанд ва дар натиҷаи ассимилятсия акнун «турк» хонда мешаванд. Нисбати тоторҳо, ё туркони Қрим ҳам чунин метавон гуфт-дар пайдоиши онҳо аврупоиён, махсусан генуэзиҳо ва венетсияги (итолиявӣ)-ҳое, ки дар Қрим («Газария» ё «Хазария»-колонияи Ҷумҳурии Генуя дар Қрим) марказҳои истеҳкомии тиҷоратӣ доштанд, ки дар қарнҳои 13-15 амал мекарданд, хеле зиёд аст. Ҳамаи инро дар шакли зоҳирии туркони анатолиягӣ ва «тотор»-ҳои қримӣ (симои зебо, махсусан духтарони тотор) дидан мумкин аст. Аммо, ба ҳар ҳол, тоторҳои қримӣ то андозае Наврўзро ҷашн мегиранд.
Дар ҳар минтақаи «бидуниэронӣ», ки Наврўз таҷлил мешавад, махсусиятҳои миллии бошандагони бумии ин сарзаминҳо ба он таъсиргузор аст. Масалан, миёни тоторҳо «Наврўз эйту»-байтхониҳо маъмул аст-маддати 7-10 рўз кўдакон ба хонаи хешовандон, ҳамсоягон мераванд, таманнои соли пурбаракат, ҳосили зиёд мекунанд ва «татмак»-байт мехонанд ва барои ин онҳоро зиёфат медиҳанд. Ўйғурҳои Чин, ки гумон меравад, аз омезиши мардумони куҳани шарқиэронии тахориву суғдӣ бо ақвоми туркнажод рўйи саҳнаи таърихӣ омадаанд. Тибқи ахбори сайёҳи чинӣ (қарни 10) Ян Вандэ дар Туркистони Шарқӣ турфониҳо ҳанўз қабл аз мусулмон шуданашон Наврўзро қайд мекарданд. Дар ҳар нуқтаи аҳолинишин ҷойгоҳи махсус («мусалло») барои гузаронидани ҷашнҳо мавҷуд буд. Он асосан дар теппаҳои сунъӣ ё табиӣ, ё саҳнаи аз чўб сохта ҷойгир буд. Ва чунин маконҳои дилхушӣ то авали қарни 20 мавҷуд буданд-масалан, дар Ёрканд онро «Теппаи наврўзӣ» меномиданд. Баъдан, дар натиҷаи ассимилятсия (омезиш) дар либоспўшӣ, фарҳанг ва ҳатто то андозае дар менталитет ва шакли зоҳирии мардумони мусулмони минтақа элементҳои чинӣ зиёд шуданд.
Ҷашн гирифтани Наврўз миёни ақвоми туркзабони Осиёи Хурд ва Марказӣ ба шарофати аҷдодонашон, аз ҷумла қабилаҳои оғузӣ, ки дар худ таъсири тамаддуни эрониро ҳис карда буданд, роиҷ гашт.
Ба ҳамин минвол, метавон гуфт, ки имрўз Наврўз дар ҳақиқат ҷаҳонист, ки дар масоҳати хеле васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: