Сарҳади тоҷику қирғиз: ҳақиқат ва дурӯғ31-01-2022, 14:15
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Саломиддин Мирзораҳматов
Бахтиёр Ҳамдамов Саломиддин Мирзораҳматов Бахтиёр Ҳамдамов САРҲАДИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ: ҲАҚИҚАТ ВА ДУРӮҒ I 27 январи соли равон дар роҳи наздисарҳадии Бодканд-Исфана моҷарои навбатии мусаллаҳона сар зад. Мошини боркаши шаҳрванди Тоҷикистонро сангборон карданд. Фармондеҳони қисмҳои сарҳадӣ ба тавофуқ расиданд, ки сари ҳалли қазия бо ҳам мулоқот кунанд. Дар соати муайяншуда сарҳадбонони қирғиз ба мулоқот наомаданд. Муддате нагузашта, аз ҳудуди онҳо мавқеи сарҳадбонони тоҷик мавриди тирборон қарор гирифт. Сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд. Баъди чанде ҳарбиёни қирғиз ҳудуди моро бо силоҳи вазнин зери оташ гирифтанд. 11 манзили истиқоматӣ хароб гардида, ду шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ҳалок шуданд. Якеро тири марговар дар ҳавлиаш дарёфт. Дар натиҷаи гулӯлаборони миномет ронандаи тоҷики мошини ёрии таъҷилӣ ба шаҳодат расид. Ҳамчунин, ду корманди мақомоти иҷроияи ноҳияи Исфара, ки дар мошин буданд, ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Шаш сарҳадбони тоҷик низ захмӣ шуданд. Аз ҷониби қирғизҳо ҳам чанд нафар низомиён осеб диданд. Соати 2-и субҳи 28 январ раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдукарим Алимбаев оид ба оташбас ба мувофиқа расиданд. 29 январ гуфтушуниди сарварони ниҳоди амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон-Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид. Аз рӯйи натиҷаи он ҳар ду ҷониб ба васоити ахбори омма изҳорот доданд. С.Ятимов: «-Ин муноқишаҳо ҳамеша бо баҳонае рух медиҳанд, бояд сабабҳои асосии сар задани онҳоро бартараф кард. Бояд на аз ҳодиса, балки ба моҳияти масъала таваҷҷӯҳ намуда, қарори ниҳоӣ қабул кунем. Вақте мо оид ба моҳият мегӯем, дар назар қонуниятро дар назар дорам. Мо санадҳои ҳуқуқи (дар назар санадҳои ҳуқуқии аз ду ҷониб батасвибрасида аст, ки бояд тарафҳо иҷро кунанд)-ро дар назар дорем, ки бояд тибқи он амал намоем. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бояд тибқи ирода, ҳусни тафоҳуми тарафайн мавриди татбиқ қарор гиранд. Мо аз рӯи санад ва ҳуҷҷатҳои бунёдӣ аз солҳои 1924-1927 ва қарорҳои Комиссияи паритетии соли 1989 амал мекунем. Мо аз санадҳои баимзорасида миёни гурӯҳҳои корӣ, ки ҳамчунин нишондиҳандаи иродаи ҳукуматҳои кишварҳоямон аст ва манфиатҳои мардумони моро ифода мекунанд, бармеоем. Бояд ин санадҳо ба таври ҷиддӣ мавриди иҷро қарор гиранд. Дар акси ҳол, маҳз дур будан аз ин амал ба муноқишаҳо мерасонад». Дар изҳороти хеш Қ. Тошиев қайд кард, ки бо ҳамтои тоҷикаш ҳамфикр аст: «-Қарор шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории сарҳад аз нав оғоз карда шавад… Чунин меҳисобам, ки ҳатто, нигоҳ накарда ба он, ки мо ягон ҳуҷҷатро имзо накардем, суханон, дастфишуриҳои мо ишора ба ҳамдигарфаҳмист». II «Суханон ва дастфишуриҳо» арзише доранд ё на, инро вақт нишон хоҳад дод. Дар 15 соли ахир созишномаҳои зиёд, протокол (санад)-ҳо оид ба ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ ва пешгирии муноқишаҳо қабул гардиданд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо сари коғаз монданд, бо як сабаб-ҷониби қирғиз ба ваъдаҳояш пойбанд нест… Ин ҷо чанд мисол меорем: 1. Соли 2009 Тоҷикистон ва Қирғизистон протокол (санади ҳуқуқӣ)-ро имзо карданд, ки тибқи он тарафҳо чунин уҳдадориҳоро бар дӯш гирифтанд: -Тоҷикистон ба Қирғизистон ба муҳлати 49 сол 275 метр заминро барои сохтани роҳи нақлиётии Бодканд-Исфана ба иҷора медиҳад. -Қиғизистон панҷ гектар заминро атрофи минтақаи 275-метра ҳамчун ҳудуди тоҷикӣ эътироф мекунад. Дар минтақаҳои баҳснок ҷониби қирғиз, то ҳал шудани қазия аз сохтмони ҳар гуна иншоот худдорӣ мекунад. Аз ҷониби Тоҷикистон котиби Шӯрои бехатарӣ Амирқул Азимов, аз ҷониби Қирғизистон ҳамтои ӯ Адҳан Мадумаров протоколро имзо карданд. Тоҷикистон уҳдадориҳои худро иҷро кард. Роҳи мошингард, аз ҷумла, дар замини баиҷорагирифташуда, сохта шуд. Қирғизистон санади тасвибшударо дағалона вайрон карда, ба сохтмони инфрасохтори манзилӣ ва иҷтимоӣ дар ин ҳудуд шуруъ намуд. Баъд аз 12 сол, моҳи ноябри соли 2021, президенти тозаинтихоби ин кишвар Содир Жапаров изҳор кард: «тамоми ҳудуди атрофи минтақаи 275-метра ба Қирғизистон тааллуқ дорад, Мадумаров ба хиёнат даст зад ва ҷинояти ӯ муҳлати маҳдудият надорад». Алайҳи Мадумаров, яке аз сиёсатмадорони бонуфуз, ҳоло сарвари фраксияи ҳизби «Бутун Қирғизистон», парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд. Тӯли якчанд моҳ рӯзи кории Мадумаров аз «зиёрати» Прокуратураи генералӣ оғоз мешуд. Чанде пеш ӯ изҳор дошт, ки прокуратура дар ҳаракатҳояш унсури ҷиноӣ наёфта, парвандаашро қатъ кардааст. 2. Маркази аҳолинишини Ворух тӯли даҳсолаҳои ахир дар натиҷаи ғасби қадам ба қадами заминҳои тоҷикӣ аз ҷониби қирғизҳо, ба «анклав»- сунъӣ табдил ёфт. Соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи №34 имзо гардид. Ҷониби Қирғизистон 75 фоизи хароҷоти сохтмони роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло-Ворухро ба зимма гирифт, аммо уҳдадориро иҷро накард. Роҳ нотамом монд. 3. Муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели соли 2021 дар сарҳад ҷони зиёда аз ҳаштод ҳарбӣ ва мулкиёни тарафҳоро даррабуд, даҳҳо манзил, иншооти гуногун хароб гардиданд. Якуми маи соли гузашта сарони мақомоти амнияти кишварҳо созишнома оид ба оташбас ва хуруҷи қушунҳоро ба имзо расониданд. Ҷонибҳо боз оид ба бунёди муштараки роҳи каноргузар, бо дарозии 5 километр то Ворух, ба мувофиқа расиданд. Дар созишнома, ҳамчунин, зикр шуд, ки мақоми роҳ, баъд аз ба истифода додани он, бо созишномаи иловагӣ муайян хоҳад гардид. Ин роҳ бехатарии 46 ҳазор сокини Ворухро таъмин мекард. Яке аз сабабҳои асосии муноқиша дар сарҳад бартараф мегардид. Нуҳ моҳ аз имзои ин санад гузашт, Қирғизистон ин тавофуқро низ ба боди фаромӯшӣ додааст. III Агар вазъи сарҳадро баъд аз ҳаводиси хунини апрели соли 2021 таҳлил кунем, хоҳ-нохоҳ ба хулосае хоҳем омад-Қирғизистон мақсад дорад баҳси сарҳадиро танҳо бо роҳи ҳарбӣ, аз рӯйи принсипи «Агар бо хости мо нашуд, аз қудрат кор мегирем!» ҳал кунад. Оғоз аз моҳи сентябри соли гузашта бесарнишинҳои (беспилотник) қирғиз қариб ҳамарӯза фазои ҳавоии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистонро аксбардорӣ мекунанд. Тоҷикистон борҳо нисбати ин иқдоми иғвогаронаи хадамоти махсуси қирғизӣ эътироз кард. Ҳар замон посух беҳаёёна буд: «Мо фазои ҳавоии Тоҷикистонро халалдор накардаем!» Имрӯз иқтисодиёти дар буҳрон гирифтори (қарзи беруна танҳо аз Чин 1,7 милллиард долларрро ташкил медиҳад) кишвари ҳамсоя ҳарбишуда аст. Танҳо дар соли 2021 барои азнавсозии қувваҳои мусаллаҳ Қирғизистон 150 доллари ИМА сарф кардааст. Барои паҳпод-тайёраҳои бесарнишини туркии «Байрактар», ки аз 6 қисми технологӣ (комплекс) иборат аст, аз буҷаи кишвар 70 миллион доллар ҷудо карда шуд. Қирғизистон ба ҷанг ҷиддан тайёрӣ мебинад. Дар вохӯрӣ бо сокинони деҳаи наздисарҳадии Оқсой раиси КДАМ Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки қудрати ҳарбии кишвар зиёд мешавад ва тамоми техникаи ҳарбии вазнини харидашуда, тамоми силоҳи муосир ба вилояти Бодканд оварда мешавад. Ва ҳушдор дод: «Ғалаба осон ба даст нахоҳад омад!» Ҳамин тариқ, ҳукуматдорони қирғиз тавассути роҳбари хадамоти махсус гуфтанианд: онҳо ба ҳуқуқи байналмилал, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ нигаҳ доштани танҳо силоҳи сабуки оташфишонро иҷозат медиҳад, туф кардаанд (дар омади гап, дар сарҳади давлатии миёни Чину Ҳиндустон сарҳадбонон танҳо бо калтакҳо мусаллаҳ ҳастанд). Қирғизистон мехоҳад бо нишон додани зӯри бозу ҳамсояашро «тарсонад». IY Тайи даҳ соли гурӯҳи кори (комиссия)-и байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории сарҳад бо танаффус фаъолият мекунад. Ва ҳар вақт кори он бо ташаббуси ҷониби қирғиз қатъ мегардад. Як мансаюдори тоҷик, ки якчанд сол дар ҳайати ин гурӯҳи корӣ буд, бо шарти ифшо нашудани ному насабаш воқеаи аҷиберо нақл кард: «-Чанд маротиба дар нимаи аввали рӯз мо бо ҳайати қирғиз оид ба масъалаҳои мушаххас ба мувофиқа расидем, якҷоя ҳуҷҷатҳои мувофиқашударо ба имзо омода намудем. Аммо нимаи дуюми рӯз ҳамтоёни қирғиз баъд аз сархуш шудан, аз имзои созишнома даст мекашиданд ва розӣ намешуданд зери ҳуҷҷатҳои мувофиқашуда имзо монанд. Ва мо боз пароканда мешудем, ба якдигар ваъда медодем, ки гуфтушунидро дафъаи дигар идома хоҳем дод». Ҳукуматдорони қирғиз қасдан вазъро дар сарҳад бо ду сабаб муташанниҷ мекунанд: -Диққати шаҳрвандони худро аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дур кардан. Вақти он омадааст, ки барои ваъдаҳои популистии пешазинтихобӣ, ба монанди «Пас аз се сол ягон муҳоҷири меҳнатӣ намемонад, ҳамаро дар кишвар соҳиби ҷойҳои корӣ мекунем!» ҳисобот диҳанд. Аллакай дар гирдиҳамоиҳо садоҳое баланд мешаванд, ки бояд президент Содир Жапаров ва раиси КДАМ Қамшибек Тошиев ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. - Ғолибан дар сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ (21 ҳолат аз 27, тайи 15 соли ахир) ташаббускори иғвогариҳо ҷониби қирғиз аст. Ин иғвогариҳо-баҳонаест барои ҳукуматдорони ин кишвар, барои сарфи назар кардани иҷрои тамоми ҳуҷҷатҳои имзошуда, ба даст овардани имконияти ғасби қадам ба қадами заминҳои тоҷикӣ, то ин ки тоҷиконро маҷбур созанд ин мавзеҳоро тарк карда, ба дохилтари Тоҷикистон, ба минтақаи бехатар кӯч банданд. Дар минтақаи «баҳснок» тоҷикон қарнҳо ба сар мебаранд. Имрӯз шумораи онҳо, бо дарназардошти Ворух, 106 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Сар карда аз солҳои 70-и қарни гузашта, ба ин минтақа қирғизҳо кӯч бастанро оғоз намуданд, имрӯз шумораи онҳо ҳамагӣ 6 ҳазор нафар аст. Деҳаҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ ба шакли омехта ҷойгир шудаанд. Дар як тарафи кӯча хонаҳои тоҷик, дар дигар тарафқирғиз. Рустоҳое ҳастанд, ки бо тартиби шоҳмотӣ пайдо шудаанд. Ин рустоҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва байни онҳо сарҳад гузоштан ғайриимкон аст. Яъне, бармеояд, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар бояд дар ин минтақа фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмиро рӯйи кор оварда, саривақт қазияҳои тавлидшавандаро ҳал кунанд. Такя ба таҷрибаи аҷдодон. Тӯли қарнҳо дар вилояти Бодканд на танҳо тоҷикону қирғизон, балки тоҷикону ӯзбекон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба сар мебурданд. V Аммо бояд зикр кард, ки давлати Қирғизистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои ҳамсоя низ шарики ғайриэътимод маҳсуб мешавад. Дар ҳудуди Қирғизистон боз як анклави сунъӣ, Сӯх аст, ки дар он 84 ҳазор тоҷикон ба сар бурда, он ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Ҳангоми сафари С.Жапаров ба Ӯзбекистон ҷонибҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд: -Қирғизистон дар ҳудудаш долон (роҳ) кушода, рафтуомади бемамониати сокинони Сӯхро ба ҳудуди Ӯзбекистон таъмин мекунад. -Қирғизистон ва Ӯзбекистон обанбори Кампирободро ба таври муштарак истифода мебаранд, тамоми хароҷоти нигаҳдории обанборро Ӯзбекистон ба уҳда мегирад. Ҳамин ки матни ин созишнома эълон гардид, дар Қирғизистон дарҳол гирдиҳамоӣ баргузор шуд, дар он гурӯҳҳо талаб карданд, ки ҳукумати Қирғизистон аз тааҳуд оид ба истифодаи муштараки обанбор даст кашад, «ягон ваҷаб замин барои рафтуомади озоди шаҳрвандони Ӯзбекистон дода нашавад!» Жапаров, ба истиқболи талаби гирдиҳамомадагон рафта, бешармона аз созишномаҳои дар Тошканд баимзорасида даст кашид. Акнун сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мехоста бошад, ки бори дигар бо Жапаров мулоқот куга два созишномакро ба имзо расонад? Муносибати ҳукуматдорони қирғиз бо Қазоқистони ҳамсоя низ чанд соли ахир хеле мураккаб аст. Вақте президенти кишвар Алмосбек Отамбоев интихоб гардид, роҳбарияти сиёсии қазоқ дар симои ӯ ҳизби хориҷии мухолифро дарёфт. Отамбоев, мушкилоти дохилии кишварашро фаромӯш карда, доимо пайи танқиди ҳукуматдорони Қазоқистон машғул буд. гӯё ба ҳами камбудиҳои кишвараш ҳамсоя айбдор бошад. Барои муносибатҳоро бо ҳамсоя муътадил кардан, Қазоқистон ба Қирғизистон ба миқдори 100 миллион доллари ИМА кумаки молиявӣ пешниҳод кард. Отамбоев бовиқор ин кумакро рад кард. Фасли зимистон фаро расид. Қазоқистон ба ҳамсоя ба сифати кумаки башардӯстона панҷ ҳазор тонна маводи сӯхт-мазут пешниҳод кард: «бигиред, бародарон, зимистонро роҳат гузаронед!». Боз ҳам кибру ғурурим беасос ҳукуматдорони қирғизро ба даст кашидан аз ин кумаки беғараз моил кард. Оғози моҳи январи соли ҷорӣ дарр Қазоқистон фоҷиа сар зад. Тамоми кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба даъвати президент Қосим-Ҷомарт Токаев вокуниш нишон дода, ба кишвар нирӯҳои сулҳофари хешро равон карданд. Парлумони Қирғизистон танҳо рӯзи дуввум қарори президентро оид ба фиристодани нирӯи ҳарбӣ ба Қазоқистон ба тасвиб расонид. Рӯзи аввал, 9 январ назди бинои парлумон гирдиҳамоӣ доир гардид, ки иштирокдоронаш талаб карданд-парлумон қарори фиристодани нирӯҳои сулҳофарро ба кишвари ҳамсояро қабул накунад. Аз рӯйи мантиқ, Қирғизистон бояд нахустин шуда ба кумаки бародарони қазоқ мешитофт. Танҳо дар бозорҳои Алма-Ато садҳо қирғиз кор мекунанд, ногуфта аз дигар минтақаҳои Қазоқистон. Бисёр тоҷирони қирғиз, бо сабаби бесуботӣ дар кишварашон, тиҷорати худро дар ҳудуди Қазоқистон ба роҳ мондаанд. YI Қирғизистон дорои зарфияти бузурги интернетӣ аст-сайтҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ бо забонҳои англисиву русӣ, бо аудиторияе, ки миллионҳо нафарро фаро мегирад. Рӯзноманигорон ва блогерҳои қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, YouTube, Telegram фаъол ва шинохта ҳастанд. Интернети арзон ба онҳо барои бартарият пайдо кардан дар майдонҳои иттилоотии байналмилалӣ имконият медиҳад. Ҳукуматдорони қирғиз ҳанӯз солҳои 90-и қарни гузашта дарк карданд-иттилоот силоҳи қудратмандтарин аст. Онҳо барои ин ягон маблағро дареғ намедоранд. Дар соатҳои авали иғвои навбатӣ дастгоҳи қудратманди тарғиботӣ ба кор медарояд. Ҳазёнгӯии иттилоотӣ сар мешавад: «Тоҷикон гунаҳгоранд!» Барқосо бо се забон - қирғизӣ, русӣ ва англисӣ маводҳо паҳн мегарданд. Ҳар вақт ба назар чунин мерасад, ки ВАО-и қирғизӣ пешакӣ аз иғвогарии роҳандозишаванда хабардор карда мешаванд. Имрӯз симои тоҷиконро ҳамчун «таҷовузгар» тасвир мекунанд. Чунин иқдоми тарғиботии хуб ташкилшуда ба аланга гирифтани оташи душманӣ миёни мардумони мо мусоидат мекунад. Муноқишаи сарҳадӣ метавонад ба ҷанги фарогири миллатҳо оварда расонад. Тоҷикистон дар ин ҷанги иттилоотӣ ширкат надорад, агар маводҳоеро бо забони тоҷикӣ, ки ба аудиторияи дохилӣ нигаронида шудаанд, ба назар нагирем. Зиёда аз ин, кишвари мо дар ҷабҳаи ҷаҳонии иттилоотӣ ҳифз нашудааст. Бояд сари амнияти иттилоотии кишвар ҷиддӣ андеша кунем. Чунки замони муосир, замони бархӯрдҳои иттилоотӣ аст. Дастболо шудан дар набарҳои иттилоотӣ панҷоҳ дар сади ғалаба аст… Аз русӣ тарҷумаи Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.