Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПЕШРАВИҲОИ ҚОБИЛИ ТАВАҶҶУҲ

ПЕШРАВИҲОИ ҚОБИЛИ ТАВАҶҶУҲ

26-01-2022, 10:49
Хабарро хонданд: 932 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШРАВИҲОИ ҚОБИЛИ ТАВАҶҶУҲ
Дар ду соли охир пандемияи Covid -19 низоми иқтисоди кишварҳои бузургро барҳам зада, ба вазъи иҷтимоии мардуми сайёра таъсири манфӣ расонидааст. Дар ин ҳол, ноҳияҳои дурдасти кишвари мо, ки пешорӯи ин хатарҳо осебпазиранд, дар кадом вазъ қарор доранд? Хабарнигори ҳафтанома Қурбон Аҳмадзода дар ин маврид суҳбате дошт бо раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ки мухтасари онро манзури хонандагон мегардонем:

- Муҳтарам Ҷамшед Ҳамро, ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияҳои кишоварзиву саноатии кишвар маҳсуб мешавад. Дар шароити мураккаби имрӯза, ки бар асари пандемияи Covid -19 дар тамоми кишварҳои ҷаҳон пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба назар мерасад, вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар кадом сатҳ аст?
- Шумо дуруст зикр намудед, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як аз сафрҳояшон ба ноҳияи мо таъкид намуданд, ки ноҳияи Ёвон яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии Тоикистон буда, саҳми кормандони корхонаҳо ва кишоварзони ноҳия дар таъмини нақшаҳои дурнамои пешрафти давлат ва фаровонии дастархони мардуми кишвар хеле назаррас аст. Дар ҷавоб ба суоли Шумо ба тариқи мисол чанд рақамро ёдрас мешавам, ки бояд ба масъала равшанӣ андозад.
Дар давоми соли 2021 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 963 млн. 312,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 261 миллиону 197,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 657 миллиону 211,3 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 306 миллиону 101,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо соли қаблӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 94 миллиону 993,3 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ 48 миллиону 922,5 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 109,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 287 миллиону 501,7 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 315 миллиону 874,4 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 28 миллиону 372,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мутаассифона, 3 намуди андозҳо иҷро нагардид, ки инҳо аз даромад (84,5 фоиз), аз арзиши иловашуда (53,8 фоиз) ва иҷтимоӣ (90,6 фоиз) мебошанд.
Нақшаи даромади буҷети ноҳия 113,5 фоиз таъмин гардид, ки ин баробари 283 миллиону 722,6 ҳазор сомонӣ буда, аз нақша 33 миллиону 763,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 149 миллиону 283,6 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, 99 фоиз иҷро карда шуд (147 млн. 998,0 ҳазор сомонӣ). Соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96,0 фоиз, маориф 100,0, нигаҳдории тандурустӣ 100,0, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0, хоҷагии манзилию коммуналӣ 97,0, фарҳанг 98,0 ва кишоварзӣ 89,0 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2021 (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 4,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли гузашта 1,9 млн. сомонӣ кам гардидааст.

- Лутфан бигӯед, ки ноҳия соли сипаригардида дар бахши кишоварзӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид?

- Соли гузашта 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ, 4524 хоҷагии деҳқонӣ (аз он 2169 хоҷагии пахтакор) фаъолият доштанд. Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 22483 гектар кишти зироат гузаронида шуд, ки ин баробари 100,0 дарсади нақша мебошад.
Ҳосилнокии ғалладонагиҳо, ки барои таъмини амнияти ғизоӣ хеле муҳим аст, ба ҳисоби миёна 35,7 сентнерро ташкил дода, дар қиёс бо соли пешин 2,5 дарсад зиёд гаштааст. Аз маҳсулоти дигари стратегӣ- пахта низ ҳосили хуб ба даст овардем. Хоҷагидорон ба нуқтаҳои коркард ва қабул 25170,0 тонна пахта супориданд, ки ин баробари 101 дарсади дурнамо буд.
Дар майдони 8984 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, то ин давра майдони 20120 га қитъаи замин шудгор гардидааст, ки аз он 10300 га замини зери пахта мебошад.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо ёрии соҳибкорон ба хориҷи кишвар 4700 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 104 дарсад иҷро намуданд.
Алҳол, дар ноҳия ҳамагӣ 646 га боғ ва 794 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд аст ва дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.
То моҳи январи соли 2022 дар ҳама бахшҳои чорводории ноҳия 99093 сар ҳайвони калони шохдор (аз он 50336 сар модагов), 185386 сар, бузу гӯсфанд, 284566 сар паранда, 6240 сар асп ва 4750 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.

- Ноҳияи Ёвон дорои чанд корхонаҳои бузурги саноатӣ аст ва бигӯед, ки фаъолияти ин корхонаҳо имрӯз дар кадом сатҳ қарор доранду боз кадом корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд?


Бо вуҷуди вазъи мураккабе, ки Шумо дар оғози суҳбат ёдрас шудед, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 657,2 миллион сомонӣ (106,1 фоиз) расонида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 94,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин самт, корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Чжунгтсай Моҳир семент», “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” маҳсулоти зиёди семент ва гаҷкартон ба хориҷи кишвар содир шудааст. Маблағи маҳсулоти содиротшуда дар маҷмуъ, 180 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли гузашта коргоҳи истеҳсоли дастпӯшҳои коргарии ҶДММ “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсоли 5 миллион ҷуфт дастпӯш дар як сол ба истифода дода шуд. Корхонаи мазкур, инчунин, бо дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагии соҳа (прессҳои башаклдароваранда, маникенҳои буғӣ, оверлок, мошинаҳо барои дӯхти остинҳо, болопӯши кисса, часпонидани тугма, ҳалқадӯзӣ) муҷаҳҳаз буда, имконият дорад дар як сол беш аз 150 ҳазор либоси мактабӣ омода намояд.
Гузашта аз ин, аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 11 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла чор коргоҳи истеҳсоли нон, як коргоҳи истеҳсоли орд, се коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва се коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ба истифода дода шуданд.

- Роҳҳоро ба таври маҷозӣ шоҳраг, яъне набзи асосии рушди иқтисод меноманд. Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҷдид ва бозсозии роҳҳои мошингард бештар ба назар мерасад. Дар ноҳияи Ёвон дар ин самт кадом корҳо анҷом ёфтанд?

- Бо иҷозаи Шумо, боз чанд рақамро, ки дар даст дорам ба тариқи мисол меорам. Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км аст, ки аз он 79,5 километрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 миллиону 546 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, муассисаи мазкур дар 0,03 км таъмири асосӣ 304 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 2 кӯпрук ва 2 қубури зери роҳро таъмир намудааст.
Бояд зикр намуд, ки роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосан солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст ва аз ҳамин ҷиҳат, ба таъмири куллӣ ниёз доранд.
Бо саҳми соҳибкорон роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва деҳот ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ мумфарш гардида, инчунин, 4 кӯпруки автомобилгард дар роҳҳои байнидеҳавии деҳоти Норин ба маблағи умумии 166 ҳазор сомонӣ таҷдид шуд.
Корҳои барқарорсозии кӯпруки калонҳаҷми маркази ноҳия, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, бо истифодаи маблағҳои буҷаи маҳал ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ барқарор гардида, рӯзи 26 марти соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии кӯпрук ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 23 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои сохтмониӣ ба маблағи беш аз 12 миллион сомонӣ ба анҷом расонида, дар доираи иҷрои банди 30-юми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон баён гардидаанд, барои идома додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз буҷаи маҳал 2 млн. 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тибқи лоиҳа идома доранд.
Ба истифода додани пули мошингузари кӯчаи ба номи Р. Раҷабов ва оғози марҳилаи дуюми корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилии шаҳраки Ёвон дар санаи 26 марти соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси қаноатмандии тамоми сокинони ноҳия гардида, рӯҳияи ободкорию созандагии сокинонро боз ҳам баландтар бардоштааст. Бо вуҷуди он, ки 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳанӯз ба таъмири куллӣ ниёз доранд ва муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бояд бо техникаҳои иловагӣ таъмин карда шаванд, мо роҳҳои ҳалли зина ба зинаи ин мушкилотро ба нақша гирифтаем.

- Яке аз мушкилоти асосӣ дар марказҳои музофотии кишвар ин таъмини шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ ва мавсимӣ аст. Тамъминоти шаҳрвандон бо шуғл дар ноҳия дар чӣ вазь аст?

- Бубинед, соли гузашта ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия барои пайдо кардани ҷойи корӣ 2479 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо 1207 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1772 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 1557 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Соли гузашта силсилаи ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 172 корхона ва 3224 корҷӯй иштирок намуданд ва 237 нафар бо ҷойҳои кории доимию муваққатӣ таъмин шуданд, ки аз ин 130 нафарро занон ташкил медиҳанд. Мо ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот роҳҳои дигарро низ истифода менамоем. Масалан, барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 47 нафар ба маблағи 173300 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандон ба 1405,64 сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо соли 2020-ум 142,11 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Тибқи пурсиши хонаводагӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарордошта 10158 нафарро ташкил медиҳад, аз ин, 9709 нафар мард ва 449 нафар зан ҳастанд.
Соли гузашта 29 хоҷагӣ ҳамчун муҳоҷирони экологӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

-Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ва шукӯҳи хосе таҷлил гардид. Ноҳияи Ёвон ин ҷашни муқаддаси миллиро бо кадом дастовардҳо истиқбол гирифт?

Бахшида ба ҷашни мазкур сохтмон, азнавсозӣ ва бунёди 341 иншоот ба нақша гирифта, то охири соли гузашта 370 иншоот ба истифода дода шуд, ки ин баробари 108,5 дарсади нақша мебошад. Иншооти баистифодадодашуда бо пуррагӣ ба ҳисоботҳои оморӣ ворид гардидаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшокӣ аз семоҳаи сеюми соли 2016 инҷониб, лоиҳаи нави таъминоти оби нӯшокӣ бо маблағи 6,025 млн. доллари ИМА (60 фоиз маблағи грантӣ) татбиқ гардида истодааст.
Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия лоиҳаи инвеститсионӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардида, аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфтааст, амалӣ гардида истодааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур 4 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, аз ин 2 миллион доллар грант ва 2 миллион доллар қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад.
Дар сурати бо пуррагӣ амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур, ки соли 2022 дар назар дошта шудааст, сатҳ ва сифати хизматрасонии коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ба беҳтар гардидани вазъи экологии ноҳия мусоидат менамояд.
-Аз пешравию мушкилоти бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳарф мезадед?
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди теъдоде аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҷмӯъ, 38 синфхона бо 988 ҷойи нишаст, инчунин, муассисаи томактабии хусусии “Ориёна” (барои 315 нафар кӯдакон) сохта ба истифода дода шуд. Алҳол сохтмони 3 бинои иловагӣ дар назди МТМУ-и ноҳия идома дорад.
Шаҳрвандони мо дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” , “Илм-фурӯғи маърифат” фаъолона ширкат варзида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар баъзе номинатсияҳо ғолиб гардиданд.
Дар соли таҳсили гузашта 412 нафар хонандагони синфҳои 5-11 дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 69 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ 18 нафар, аз ҷумла 4 нафар хатмкунандагони синфи 11 ғолиб омаданд.
Дар олимпиадаҳои фосилавии Архимед ва Эмас 14 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 75, 2, 1 ва 72 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Аз мушкилоти соҳаи маориф, ки бояд дар наздиктарин фурсат ҳалли худро ёбад нарасидани устодони ҳирфаӣ (18 нафар- аз фанҳои забони англисӣ (4 нафар), русӣ (3 нафар) ва математика-физика (2 нафар), норасоии синфхонаҳои иловагӣ ва ҷойҳои нишаст (351 ҷой) ва бинои алоҳида надоштани марказҳои таҳсилоти иловагӣ аст, ки дар ин самт чиҳати бартараф намудани мушкилот, пайваста кор карда истодаем.
Имрӯз дар 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1889 нафар кормандон фаъолият доранд.
Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани биноҳои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 18 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз ин маблағҳо, дар заминаи комплекси нотамоми беморхонаи ноҳия барои шуъбаҳои қабул, қалб, шикастабандӣ-осеббардорӣ бинои дуошёна омода гардида, рӯзи 26 марти соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҳисоби буҷаи маҳал барои азнавсозӣ кардани намои берунаи бинои асосии беморхонаи марказӣ 2,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 1,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо истифода аз ин маблағҳо, дар самти мазкур корҳо оғоз гардида, алҳол бо маром идома ёфта истодаанд.
Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи зиёда аз 4,5 миллион сомонӣ дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ворид карда шуданд.
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳаштуми марти шаҳраки Ҳаёти Нав бинои нави бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Фурқати деҳоти Ситораи сурх маркази саломатӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Соли 2021 барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии Кохи фарҳанги ноҳия, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳо, сафархарҷии ҳунармандон ва харидани китобҳои тозанашр аз ҳисоби буҷаи маҳал 525588 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 75100 нафар аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30-сола мебошанд, ки аз ин 37100 нафар духтаронанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон, дар ноҳия 249 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаб, 1 варзишгоҳ, 38 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 200 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо тамрин мекунанд. Дар ин давра, бо саҳми соҳибкорон дар ноҳия 1 толори варзиш, 5 майдончаи футбол ва 1 майдончаи волейбол бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

- Дар фарҷоми суҳбат мехостам доир ба муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар фаъолияти мақомоти давлатӣ маҳсуб гардида, Сарвари давлат ҷиҳати расидагӣ ба он пайваста таъкид менамоянд, чанд ҳарф мегуфтед?

- Бале, шумо дуруст зикр кардед, масъалаи расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як роҳбар қарор гирад. Дар амри иҷрои ин дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои махсусро ташкил намудаем, ки бо шаҳовандон мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом диҳем. Инчунин, дар доираи сафарҳо ба ҷамоату деҳот, ҳаддалимкон кӯшиш менамоем, ки муроҷиати шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Дар давоми соли 2021 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 4664 шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 5-адад ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 121-адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9-то ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 4586-тои он баррасӣ гардида, 78 муроҷиати хаттӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Муроҷиат ва арзу шикояте, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст буда, ҳалли онҳо дар доираи салоҳияти раиси ноҳия аст, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба дарозо накашида, ҳаллу баррасӣ шаванд.
- Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва фарогир.

Мусоҳиб Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: