Якшанбе, 05 январ 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҚАЕВ ТАЗОҲУРОТИ ҚАЗОҚИСТОНРО СИЁСӢ ХОНД

ТОҚАЕВ ТАЗОҲУРОТИ ҚАЗОҚИСТОНРО СИЁСӢ ХОНД

18-01-2022, 10:43
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
ТОҚАЕВ ТАЗОҲУРОТИ ҚАЗОҚИСТОНРО СИЁСӢ ХОНД


Таҳаввулоти бузург ва нахустини байналмилалӣ дар соли 2022 бо ҳамоишҳои эътирозӣ дар кишвари Қазоқистон, гўё аз поёни ҷашнҳо ва сурури Соли нави мелодӣ хабар дод.
Тавре аз даъвоҳои эътирозгарон дар рўзҳои аввал бармеомад, гўё онҳоро масъалаи гарон шудани нархи газ ба майдонҳо кашонидааст. Онҳо норизоӣ аз гаронии нархи газ-сўзишвории нақлиёт ва дар ин замина, пешомади гаронии нархи маҳсулоти хўроквориро пешбинӣ намуда, аз талаби иқтисодӣ ба талаби сиёсии истеъфои ҳукумат гузаштанд.
Ҳукуматро Президент Тоқаев ба хотири роҳ надодан ба хунрезӣ дарҳол ба истеъфо фиристода болоравии нархи газро ҳам мутаваққиф кард.
Аммо тазоҳурот анҷом наёфт, балки он дар чандин шаҳрҳои дигари Қазоқистон доман заду дар пойтахт тазоҳургарон ба ғасби бинои Ҳукумат, Прокуратураи генералӣ, биноҳои мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар идораҳои маъмурӣ, ишғоли фурўдгоҳу биноҳои редаксияҳои газетаву телевизионҳо дар шаҳри Алма-ато гузаштанд.
Иштиҳо дар таги дандон аст - ку?
Онҳо ба ғорати бонку мағозаҳо, оташзании мошинҳои милисаву ёрии таъҷилӣ, латукўби кормандони мақомоти милиса, аскарон ва онҳое шуруъ карданд, ки пайи иҷрои вазифа барои ҳифзи тартибот омада буданд.
Аммо "эффект толпы" ё ба қавли мардум ҳолати оммавии идоранашавандае, ки дигар "саг соҳибашро намеёбад", ҳолатест, ки онро касе ё чизе контрол карда наметавонад. Аз ин рў, дастандаркорон онро хуб истифода мекунанд.
Тўдаи одамони ба ин тазоҳурот омодашуда, ба кўчаҳо рехта, бо онҳое, ки худ намедонанд асли гап дар чист, ба ҳам омезиш хурдаву ба сангборон кардан, задан, шикастан, ғорат кардан, таҷовуз, дуздӣ ва ҳатто куштану қатл кардан, бахуду бехуд, сар карданд.
Бале, ҳамчуноне, ки тарроҳони он дар ин ҳол хуб медонанд, касе чизе хост кард, зеро вақте ин ҳолат рух медиҳад, дар ҳар ҷоеву ҳар кишваре, ки набошад, онро ба ором кардан, одамонро ба ақл даъват кардан ё ба амале барои боздошт кардан аз ин амалҳои ғайриинсонӣ, дигар имкон намешавад.
Кадоме (вале мусаллам аст, ки дар чунин ҳолатҳое, ки ба қавли коршиносон ҳатман пештар тарҳрезӣ мешаванд, ашхоси махсусе миёни тўдаҳо ёфт мешаванд, ки шиор мепартоянд. Ин дафъа ҳам шиоре садо дод:
"Мўсафед бирав!", яъне Нурсултон Назарбоев, ки тўли қариб 30 сол ин кишварро ба як давлати дар минтақа бойтарин табдил дода буд, аз мақоми ифтихории "пешво"-ӣ бояд биравад.
Хуб, аз он ки ў ҳокимияти хонаводагӣ ва тоталитарӣ дошт ё на, халқи қазоқ қазоват мекунад, на чанд тазоҳуротӣ, ки баъдан маълум мешавад, кӣ ва чаро онҳоро ба ин амал водор кардааст.
Аммо ин ҳолати аз ҷониби ба қавли коршиносони дар шабакаҳо ва телевизионҳо дирўз "назар" дода, мухолифони ҳукумати Қазоқистон дар хориҷбуда, кайҳо тарҳрезишуда ба миён омада, ба ин талаботҳои то ин дам амалигаштаашон қонеъ нашуда, ба кандани ҳайкали пешвояшон "дили худро гўё тар карданд". Махсусан дили чанде аз ҳамватанони мо чунон тар мешуд, ки лаззат мебурданду кафкўбӣ мекарданд.
Аммо кӣ ҳайкал меканду кӣ сар мебурид, кӣ бонку мағоза ғорат мекард, кӣ аз оташгириҳои биноҳои маъмурӣ дилгарм мешуду кӣ аскарбачаҳоро беяроқ мегардонду кӣ ба тазоҳургарон яроқ тақсим мекард, дигар маълум набуд.
Хуб, шояд аксари шумо аз интернет ва шабакаҳои телевизионҳои ҷаҳонӣ ин ҳамаро дидеду дигар шарт ба ин амалҳои тахрибкоронаи тўдаҳои акнун ба ғазабомадаву ба ҳама кор "қодир"- ро такрор кардан нест.
Дишаб ман назарҳои коршиносони қазоқ ва русро аз сарчашмаҳои гуногун шунидам, ки ҳама дар як ҳолат ҳамфикранд:
"Таҳаввулоти мазкур аслан баҳонаи иқтисодӣ дошта бошад ҳам, мақсади сад дарсадаи сиёсӣ дошта, тасодуфан амалишуда нест". Яъне баланд шудани нархи газ як баҳонаи ночиз буда, танҳо мақсадаш сарнагун кардани Ҳукумати конститутсионӣ дар Қазоқистон аст.
Инро дар кўтоҳтарин муҳлат ҳукумати аллакай барқароршудаи Қазоқистон муайян хоҳад кард.)
Он ки тўли се рўзи охир чанд тан аз ҳаммилатони мо дар хориҷи кишвар аз ин ҳаводиси ба сари миллати қазоқомада, аз хурсандӣ дар курта намеғунҷиданд, вале имрўз ғайричашмдошт ноумед гаштанд, ки барои мо хеле аҷиб аст.
Ду-се рўз буд забони дарози онҳое, ки нав аз навмедиҳое, ки "ба оромӣ ҳал шудани ҳаводиси Бадахшон" ғамбасарашон карда буд, боз бурида шуду бечораҳо ба қавли мардум "дуборасўз" гаштанд.
Ин ду таҳаввулоти охир, ки ҳар ду ҳам воқеан ҳушдореанд ба Ҳукумати Тоҷикистон, бояд мавриди омўзиш ва таҳлили ҷиддӣ ва таҷрибаи дигар кардани сабки усули кори роҳбарӣ қарор бигиранд.
Ин ду ҳодисаи номатлуби рухдода барои мардум ҳушдор аст. То бидонанд, ки ҳамарўза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшўйӣ мешаванду талқин мегарданд, ки зиндагии бадбахтонаву ғуломвор доранду бояд ба инқилобҳо бархезанд.
Зеро чанд тане дар Аврупо "сахт азоби виҷдонӣ доранд, ки зиндагии мардуми мо бад" асту ҳолат барои инқилобҳои навбатӣ омода. Онҳо шабу рўз хоб надоранду гулў медаронанду клавиатураи компютерҳояшонро хўрда мекунанд, то "зудтар дар Тоҷикистон ҳам як ҷанге миёни мардум бархезонанду худ сари ҳокимият биёянд ва дар 10 рўз ё чанд моҳ ҳамаи мардумро соҳиби кор, хона, сарват ва хушбахт бисозанд".
Аммо мардуми бохирад аз даҳшати ҷанги ҳамдигаркуши мо хеле хуб медонанд, ки ин "ғамхорони аврупоии мо, ки ғайр аз гап дигар ягон ҳунаре дар давлатсозиву давлатдорӣ надоранд, ҳатто миёни худ рост намегиранд ва чун он саркорони таҳаввулоти Қазоқистон аз "лонаҳои гарми аврупоӣ"-и худ ҳеҷ гоҳе берун шуданӣ ҳам нестанд. Зеро хуб медонанд, ки халқи тоҷикро дигар гумроҳ кардан осон нест ва мардум оромиву амният сулҳу осоиши худро дигар бо чунин даъватҳои муғризона барҳам задани нестанд.
Гузашта аз ин, таҷрибае доранд, ки барои курсии касе фарзандони хешро дигар ба қурбонӣ надиҳанд.
25 соли осудагӣ исбот кард, ҳама чиро ёфтан мумкин асту қурбониёни ҷанги бародаркушро дигар зинда кардан наметавонему аламу кудурати он ҷанги хонумонсўзро аз дил бурун кардан ҳам осон нест.
Ҳолати ниҳоят изтирории Қазоқистон Президенти он Тоқаевро маҷбур кард, ки аз шарикони стратегии худ хоса аз СААД (ОДКБ) барои ҳимояи мардуми кишвараш аз ин амали террористони дохилӣ ва хориҷӣ (истилоҳи коршиносон) кумак бипурсад.
Имрўз хабари ба фаъолият идома додани ҳукумати конститутсионӣ дар Қазоқистон ва вазъиятро таҳти назорат гирифтани давлат дар ин кишвар, "тарбуз"-ро аз бағали бадхоҳони миллати мо низ бераҳмона "ғалтонд".
Давлатҳои аъзои СААД Президент Тоқаевро дар ин мусибати барангехтаи душманонаш танҳо намонданд.
Ҳазорон тазоҳургарон дастгиру зиндон шудаанду ҳазорони дигарро баъди муайян кардани гуноҳашон ҷазо хоҳанд дод.
Аммо қурбониёни ин тазоҳурот, онҳое, ки дар майдонҳо сар бурида шудаанд ё зада кушта шуданд, барои абад азизони хешро тарк гуфтанд, ки аксарашон тасодуфан қурбоншудагонанд. Аммо...
Бар зидди ҳар амали терористӣ ва ғайриқонунӣ бо ҳам бошед, мардум! Хоса ҳар амале, ки хунрезиву харобкорӣ ба дунбол дораду ҷони одамон мерабояд...
Ин давлату ин кишварро шумо обод кардаеду он Ватани шумост, ҳамватанони бофарҳанги ман, барои дифои марзу буми хеш ва сулҳу салоҳи он яктан бошед, зеро ягон мансабе ба як қатра хуни шумо намеарзад ва инро ҳар кадоми шумо бояд бидонед, ки мақсади ҳар як ҳизбу ҳаракат ва инчунин, инқилобҳо, ин ба даст овардани ҳукумат, давлат яъне мансабу қудрат аст. Дигар ягон чиз.
Он дар дасти кадом тарафе набошад, тарафи дигар муқобилу мухолиф аст.
Дар мансабҳои калидӣ шояд 50-100 курсӣ ба даст меоранд, аммо миллионҳо қурбон мегарданд.
Биёед барраҳои қурбонии ягон ҷоҳталабе набошем ва дар фазои амни кишвари худ бо ҳамон каму бешамон зиндагӣ кунем.
Аз ин таҳаввулоти навбатӣ дар Осиё ҳар ду ҷониб ҳам бояд хулоса бардорад.
Ҳам ҳукумат ва ҳам мардум!
Ҳанўз аз таҷрубаи аввалини СААД дар мудохила ба вазъи муташанниҷи кишвари узви ин созмон чизе гуфта наметавонем. Вале мусаллам аст, ки сарони кишварҳои бо ҳам дўсту ҳамсоя таҷрибаи дар рўзи сахтӣ ҳамдигарро дастгирӣ карданро, ҳамакнун амалӣ мекунанд. Яъне дўст он бошад, ки дасти дўстро дар ҳоли дармондагиву сахтӣ бигирад.
Дар рисолати оинномавии ин ташкилот гурўҳи "миротворство"- и ин созмон чунин вазифа дорад.
Ҳарчанд онҳое, ки ба ин зудӣ ором шудани Қазоқистонро намехостанд ва онҳое ҳам, ки бо баҳонаи даргириҳои ин кишвар ба дигар президентҳо пичингу киноя мезаданду дар дили мардум ҳаваси инқилоб андохтан мехостанд, қабул кардан намехоҳанд, ки ин дастгирии гурўҳи салҳҷўёнаи СААД танҳо барои нигаҳдории объектҳои муҳими давлатӣ истифода мегардад.
Вале дидаву дониста онро дахолати ҳарбӣ талаққӣ додан мехоҳанд. Мардум бояд бидонанд, ки ин тарғиби душманонаи бе асос аст.
Ягон аскари ин гурўҳ дар ин муноқиша дахолати яроқнок нахоҳад кард.
Дар ин замоне, ки ҳама чиро ҳама кас навор мегираду ҳама чи исботи осони бодалел дорад, ин дурўғпароканиҳои муғризона фоидае надорад, вале ин хуб аст, ки чеҳраҳо бозу ниятҳо ошкор мегарданд.
Худовандо, ҳар чи зудтар ба ин кишвари ба мо дўст сулҳу оромиро бозгардон!
Ҷаласаи ғайринавбатии СААД дар шакли онлайнӣ парда аз рўйи нақшаҳои дрижёрони хориҷӣ бардошт. Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ин таҳаввулотро табаддулоти сиёсӣ хонда, дасти гурўҳҳои ифротии тайёрбуда, зиёда аз 20 000 террористони дар ин ҳаводис ширкатнамударо эълон дошт.
Президенти Россия В.В. Путин ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёме зимни суханрониаш дар ин ҷаласаи онлайнӣ ироа дошт, ки СААД ба чунин бенизомӣ дар кишварҳои узви ин созмон роҳ нахоҳад дод. Аз ҳама муҳим, масъалаи ҷиддӣ будани хатар дар марзҳои кишварҳои узви СААД, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин ҷаласа ба миён гузоштанд, боиси таваҷҷуҳи ҳамтоёни ў дар доираи ҳамкориҳои СААД гардид.
Таҷрибаи аввалини ҳамкориҳои ин созмон айни замон ба таври мусбӣ арзёбӣ гашта, барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ василаи муҳимтарин маҳсуб мегардад.
Таҳаввулот дар Қазоқистон ба як ҳушдори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он ҷиҳат буд, ки аз хориҷи кишвар оппозитсияҳои кишварҳо барои инқилобҳо омодагиҳои ҷиддӣ ва сарпарастон ёфта, ором наменишинанд.
Айни замон, зиндагии мардум дар Қазоқистони чанд рўз пеш даргир боз ба ҳолати оромӣ бозгашта, мардум бо бартараф кардани ҳисороти аз ин ҳаводис ба паймонда ба зиндагии ором бармегарданд.

Ҳуриннисо АЛИЗОДА
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: