Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вожаҳои наву куҳна

Вожаҳои наву куҳна

7-01-2022, 14:38
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Вожаҳои наву куҳна
Дар рӯзҳои ҷашни Соли нав хостам, яке аз дӯстонро табрик гӯям. Аммо ҳар қадар занг задам, комёб нашудам. Зеро аз гӯшӣ фақат ин овози сабтшуда меомад: «Муштарӣ банд аст, пас аз сигнал паёми худро боқӣ гузоред».
Чун фурсат буд, ба маънои ҷумла эътибор додам: Он каме дуруштӣ дошт. Ба худ гуфтам: - Агар тавсияи ширкати мобилӣ ба ин шакл мешуд, беҳтар буд: - Муштарӣ банд аст, агар хоҳед, пас аз сигнал паём гузоред.
Чунки «гузоштан» ҳамон маънои «боқӣ»- ро ҳам дорад.
Ин дебочаро дар омади гап гуфтам. Ин ҷо мехоҳам баъзе аз мушоҳидаҳои дигарро дар мавриди нишонаҳое аз таҳаввулот дар забони гуфтугӯ, навиштаҳо ва забони гузоришҳои воситаҳои ахбори омма баён дорам.
Дарси забони вазир
Чанд ҳафта пас нишастҳои хабарии мақомоту муассисаҳои давлатӣ бо иштироки кормандони ВАО оғоз меёбад, ки як моҳ давом хоҳад кард. Аз таҷриба мегӯям, ин ҷамъомадҳо дар баробари фароҳам овардани имкони саволу ҷавоб байни масъулону роҳбарони идораву муассисаҳо аксар вақт ба маҳзари нишон додани сатҳи сухандонӣ ҳам табдил меёбад. Гоҳе ҳамкасбони мо кӯшиш мекунанд, ҳар чӣ аз вожаҳое медонанд, вақти савол додан баён доранд ва дониши худро нишон диҳанд.
Дар яке аз чунин конференсияҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ хабарнигоре вақти саволи худро баён кардан, калимаи «истирдод»- ро истифода кард, ки мавриди тааҷҷуб ва сарзаниши нарми вазир қарор гирифт. Вазир, ки маълум буд, мақсади пурсандаро дуруст дарк мекунад, гуфт: - Истирдод, яъне чӣ? Ин гумонбар аз он кишвар ронда шуд ва ӯро кормандони мо ба Тоҷикистон оварданд. Дар хулосаи посух тавсия ҳам дод: - Биёед, тоҷикӣ гап занем. Вақте бо забони худамон маъноро баён кардан мумкин аст, зарурат ба як калимаи барои мардум нофаҳморо истифода кардан нест.
Чунин тарзи баён худ як нишонаи баланди маҳорати муколама, равиши хуби таълим ва дарси воқеӣ барои такмил додани малакаи амалӣ барои аҳли нишаст - рӯзноманигорон буд, ки албатта аксарашон дар самти фаъолият сатҳи кофии касбӣ доштанд, яъне ба истилоҳи мӯди имрӯз як «мастер – класс» барои мо нишастагон буд.
Эҳсоси кунҷковиам боло гирифту баъдтар маънои ин калимаро дар фарҳангҳо ҷустам. Чизи аҷибе пайдо шуд. Бештари намунаҳо барои баёни маънои «истирдод» вобаста ба ҳисобу мол буд ва фақат дар як маврид матлабе бо ин ном зикр мешуд: «Истирдоди муттаҳам ба кулоҳбардорӣ аз Маскав ба Теҳрон». Дар хабар сухан аз боби он буд, ки ниҳодҳои қудратии Русия як марди гумонбар ба ҷиноятҳои иқтисодиро, ки гуфта мешуд, қариб 400 миллион долларро аз роҳи фиреб азхуд карда, сипас аз Эрон фирор кардааст, бо дархости мақомот ба ин кишвар баргардонидаанд.
Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ҳам омадааст: ИСТИРДОД (арабӣ). استرداد китобӣ: чизи додаро боз хостан; талаби пас додани чизеро кардан.
Дар луғатҳои дигар (аз ҷумла «Ғиёс-ул –луғот») мехонем: истирдод – чизи додаро вопас дархостан, бозпас талаб кардан, пас гирифтан, хостан, дархост кардан, бозгашт хостан, бозгардонидан.
Мазмун, он эроде, ки нисбат ба саволи хабарнигор гирифта шуд, дар воқеъ мантиқӣ буд.
Дар сайти як хабаргузории барои бисёриҳо ошно матлабе хондам, ки тарзи баёни гузоришгар эътирозу норозигии бархе аз хонандагонашро бедор мекард . Эроди муштариёни сайт аз истифодаи аз ҳад зиёди калимаи «тахриб» буд. «Ҳамин калима дигар синоним надорад магар? Шумо фикр мекунед ин ҷо ҳама файласуфон ва забоншиносон ворид мешаванду хабарҳои шуморо мутолиа мекунанд? Бо забони содаи тоҷикӣ гузориш нашр кунед», - талаб мекарданд баъзе аз муштариёни сайт.
Эътироз ё норозигии хонандагони хабар аз он буд, ки аз сӯйи таҳиякунанда 7 бор вожаи «тахриб» истифода шуда, фақат як ҷо калимаи вайронро ба кор бурдааст: «…кормандони ширкат шарҳ надоданд, ки чаро манораҳои 63-метрии ибодатгоҳро тахриб мекунанд.
Намояндаи Вазорати сохтмони Ӯзбекистон низ манъи тахриби манораҳои масҷидро тасдиқ, вале аз шарҳи сабабҳои вайрон кардани манораҳо худдорӣ кард.
Як манбаи огаҳ аз рафти сохтмони масҷиди "Исломобод" гуфт, давоми ду моҳи ахир бинокоронро борҳо ба Вазорати сохтмон даъват карда, аз онҳо талаб мекарданд, ки манораҳоро тахриб кунанд.» Ба ин тартиб, дар як матлаби кӯтоҳ ҳафт бор ин вожа истифода мешуд.
Албатта, ба баъзеҳо ин эрод хуш намеояд ва хоҳанд гуфт: «Гоҳ- гоҳ фарҳанг, луғату қомусро (словарь) - ро нигоҳ кунед ягон ҷоятон кам намешавад.: "Ин чӣ калима?", "ин чӣ?" -гуфта норозигӣ накунед!» Хуб.
Ба фарҳанг рӯй меоварем: ТАХРИБ а. تخريب (китобӣ). хароб (вайрон) кардани чизе, ҷое.
Вожаи тоҷикии ҳаммаънои онро мебинем:
ВАЙРОН 1 ويران - шикаста, табоҳ, аз кор баромада. Вайрон кардан (намудан) а) шикастан, хароб кардан, аз кор баровардан; аз байн бурдан, нест кардан; ғалтонидан (бино, иншоот, шаҳру деҳот ва ғ.);
«Чун ҳисорро вайрон карданд, он дарро низ вайрон карданд.» («Таърихи Наршахӣ).
Пас инҷо ҳам ҳақ бар ҷониби хонанда аст, ки риояи маъёрҳои забони тоҷикӣ ва эҳтиром ба забони модариро талаб мекунад.
Ҳангоми таҳияи матлаб мисолҳои зиёдеро ҷамъ овардам, ки бе зарурат аз истифодаи вожаҳои тоҷикӣ сарфи назар шудааст. Аз ин рӯ, чун замоне ба мо эрод мегиранду тавсия мекунанд, ки ба луғатҳо назар кунем, мо ҳам пешниҳод дорем, ки худи нависандагони матлаб низ пеш аз истифодаи ин ё он калимаи барои бисёриҳо ноошно ғурури доноиро як сӯ гузошта, аввал калимаи ҳаммаънояшро аз фарҳанг биҷӯянд.
Дар посгоҳ тавқиф шуд
Ин сарлавҳа низ қобили таваҷҷуҳ аст: «Ба посгоҳ омад, тавқиф шуд": ё бо ҳомии ҳуқуқи қирғиз дар Овчиқалъача чӣ рух дод?» Ва ин ҷумла низ ниёз ба таҳрир дорад: «Як мақомдори маҳаллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвои хонуми фаъоли ҳуқуқи башари қирғизро, ки гӯиё «аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт… шудааст», шарҳ дод». Раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, марзбонони тоҷик воқеан як хонумеро, ки худро фаъоли ҳуқуқи башар муаррифӣ кардааст, дар посгоҳи марзбонии Тоҷикистон мутаваққиф сохта, ӯро мавриди пурсиш қарор додаанд. Ин ҷо чаро нигоҳ доштани як зан нагӯем, охир дар фарҳанг омадааст:
нигоҳ доштан а) ба таҳти назар гирифтан, боздошт кардан; б) гирифта мондан, андармон кардан; в) ҳифз кардан, маҳфуз
доштан; г) боздоштан, пеши чизе, касеро гирифтан.

Ҳамин камэътиборӣ аст, ки баъзе мавридҳо калимаҳо беҷо корбурд мешаванд. Дар хабаре омадааст: «Ба иттилои муроҷиаткунанда, ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаракат доштанаш, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задааст".
Матн таҳрири ҷиддӣ мехоҳад, вале эроди мо фақат рӯйи вожаи «тариқ» аст, зеро он дар ягон ҳолат ба маънои пешоянди «бо» истифода намешавад. Зеро дар Фарҳанг мехонем: тариқ (арабӣ). 1 طريق . роҳ, роҳи одӣ; ба ҳар тариқ – ба ҳар роҳ. 2. тарз, равиш, расм; қоида.
Боз ҳамин манбаи хабарӣ навиштааст: «Рӯихати 10 ронандае, ки пас аз шикояти корбарони Фейсбук боздошт ва ҷарима(бандӣ) шуданд». Ин ҷо ҳамин «бастан» зиёдатӣ аст, чунки ҷарима шудан худ ҳамон маъноро медиҳад.
Дар ин паёмак ҳам, ки Вазорати тандурустӣ дар рӯзҳои авҷи бемории коронавирус ба воситаи яке аз ширкатҳои телефонӣ ба мо фиристод ва тавсия дод: «Дастонатонро зуд-зуд бо собун шӯед! Бо дастҳоятон ба рӯи худ (даҳон, бинӣ, ё чашм) даст нарасонед!» - дуруштиҳое ҳаст, ки хоҳиш мекунам, бо лутф худатон пайдо ва ислоҳаш кунед.


«Стой!» - Ист!
Баъзе аз калимаҳои дар забони гуфтугӯ буда, тоҷикитар аз муродифҳои арабии он аст. Яке аз онҳо калимаи «стоянка» аст, ки ҳоло бештари ҳолат дар навишт муродифи арабии он таваққуф бо илова кардани пасванди «гоҳ» истифода мешавад. Ҳатто дар ҳолатҳое низ корбурд мешавад, ки беҷост. Истгоҳ- стоянка буда, таваққуф (гоҳ) ҳам ба ҳамон маъност. Дар забонҳои тоҷикиву русӣ бо решаи ин ду калима калимаҳои зиёде сохта шудаанд, ки «истодан» ва «стоять» ё ҳамин мафҳуми «Стой!» - Ист! аз маъмултарини онҳост. Носанҷида истифода бурдани калимаҳо гоҳе шунаванда ва хонандаро нороҳат мекунад. Мо «истгоҳ» дорем, ки хеле баҷост, аммо вақте аз эълони рекламаи як бинои навбунёд мехонем, ки бино дар таҳхона таваққуфгоҳи нақлиёт дорад, корбурди нодурусти калима маълум мешавад.. Ин ҷо беҳтар мебуд агар мошинсарой гӯем (бо тақлид ба «корвонсаро»).
«Намуд»-у «кард»- ҳои зиёдатӣ
Дар як хабар омадааст: «Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд — «Мадина ва Ҳамкорон» ва «Бонки Осиё»-ро бозхонд намуд». Ин ҷо агар ҳамон калимаи бозхонд аз ҳам ҷудо «боз хонд» навишта мешуд, беҳтар мебуд.
«Дар Қубодиён соли оянда ду мактаби муосир мавриди истифода қарор мегирад». Дар ин ҷумла, корбурди ибораи «мактаби нав» ҷумларо хеле сабук мекард.
«Раҳбари муассиса дар суҳбат бо мо нигаронии сокинони атрофи оромгоҳро барои кандани як канори он ва оғози бунёди сохтмон рад кард». Ин навишта ҳам ислоҳ мехоҳад, зеро нигарониро рад карда намешавад, балки хабареро, ки боиси нигарониҳо шудааст, рад ва ё тасдиқ мекунанд.
Дар як хабари хуби дигар омадааст: «Ин чоҳи амудии дарозиаш 110 метр бо иқтидори кашидани 80 м3 об дар як соатро сокинон бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ бунёд кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин чоҳ 233 хоҷагӣ бо 1163 аҳолиро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мекунад.» То ба ҳол он чӣ ба қаъри замин дахл дошт, чуқурӣ ё умқ мегуфтем. Дар фарҳанг ҳам омадааст: чуқур - амиқ, жарф: чоҳи чуқур.
Зеро дарозӣ ба фаҳмиши мо, андозаи векторӣ, ё қимати математикӣ аст, ки бо хати рост тасвир мешавад.
Пеш меафтид ҳоло «суқут» мекунад
«Як ҳавопаймои артиши Покистон дар тамринҳои ҳавоӣ суқут кард». Истифодаи вожаи «суқут» хеле «мӯд» шудааст. Ин ҷумла ҳам намунае аз навиштаҳои ВАО –и кишвар мебошад. Ҳол он ки ҳеч як хонанда ва шунавандаи тоҷик дар гуфтугӯ онро истифода намекунад. Мо мафҳумҳои зеботар аз онро дорем, ки бо вуҷуди дар забони мардум маъмул будан, мутаассифона гоҳ- гоҳе дар навиштаҳо мебинем.
«чархболи низомие, ки раҳбари КДАМ-и ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, дар роҳ ба сӯи ноҳияи Чон-Талай, наздик ба марзи Тоҷикистон, ба замин афтодааст». Ана ин аст, намунаи корбурди дурусти яке аз калимаҳои ҳаммаънои он мафҳум.
Чанде пеш тарҷумаи китоберо дидам, ки «Вақте кӯҳҳо суқут мекунанд» ном дошт. Ба андешаи ман тарҷумон маҳз ба ҳамин «мӯд»-и замонии забон пайравӣ карда чунин баргардонидааст. Вагарна менавишт: «Вакте кӯҳҳо меафтанд», ки зеботар мебаромад. Мо ҳар қадар «китобӣ» нависем ҳам, ягон тоҷик ҳеҷ вақт «дандонам суқут кард» намегӯяд. Ҳамон гуна ки намегӯяд: Бори сангине, ки ҳамчун кӯҳ болои китфонам буд, суқут кард. Балки мегӯяд: «Кӯҳ аз китфонам (ё шонаам) афтид». Зеро ҳама чизи сабуку вазнин дар забони мо меафтад ва аз ҷумла санг ҳам. Мақсад аз ин навиштаҳо риояи ҳадду меъёр дар корбурди вожаҳост, на чизи дигар.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: