Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

15-12-2021, 13:00
Хабарро хонданд: 74 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

15.12.2021 11:44, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо зикр намуданд, ки “Дастовардҳои Қазоқистон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи Шумо, Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд”.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: