Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲХДТ – ЗОДАИ ТАФАКУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Мусоҳиба бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бахшида ба 27 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

ҲХДТ – ЗОДАИ ТАФАКУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ (Мусоҳиба бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бахшида ба 27 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)

1-12-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 1229 нафар
Назарҳо: 22
ҲХДТ – ЗОДАИ ТАФАКУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  (Мусоҳиба бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бахшида  ба 27 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)н)

- Муҳтарам Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор санаи 10 декабр аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мешавад. Ҳамагон хуб медонанд, ки нақши ҲХДТ дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии мамлакат бисёр муассир ва мондагор аст. Сараввал мехостам аз Шумо суол намоям, ки чӣ зарурияте барои таъсиси ин ташкилоти сиёсӣ буд?
- Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ аст. Яъне дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар ҳақ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд.
Вобаста ба ин, комиссияи тадорукотӣ таъсис дода, ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.
Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоидоштаи давлати мо сарчашма гирад. Яъне, ҳизби нави мо бояд пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.
Дар чунин шароит, Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб, ки он вақт қарор дошт, ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав воқеан ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои ҷомеа бошад.
Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои бунёди ҷомеаи демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд.
Мо ҳамаи принсипҳои бунёди меъёрии ҷомеаи демократиро пазируфтем. Ҳадафҳои мазкурро комиссияи тадорукот дар минтақаҳои кишвар тарғибу ташвиқ карда, паҳлуҳои муҳиму аҳамиятноки онро ба мардум фаҳмонданд.
Хиради волои Пешвои миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намуд.
Ҳизб ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳити низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули бунёди давлатдорию давлатсозӣ нақши муҳим бозад.

- Дастовардҳои муҳимтарини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар зарфи 27 соли фаъолияташ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар ҳар ҷомеаи демократӣ фаъолияти ҳизби сиёсиро натиҷаҳои интихобот муайян менамояд. Баъд аз таъсиси ҲХДТ дар кишвари мо шаш маротиба интихоботи Парламентӣ ва 4 маротиба интихоботи Президентӣ баргузор гардид. Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, раъйи аксарияти мардумро ба даст овардааст. Ин дастовардҳои бузургтарини ҳизби мо дар замони фаъолияташ аст.
Зимнан таъкид бояд намоям, ки дар ҳамаи комёбиҳо ва пешрафтҳои бунёдии мамлакат, ки дар даврони истиқлол ба миён омадаанд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва мондагор дорад.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳар як ҳизби сиёсие, ки раъйи бештари мардумро ба даст меорад, Барномаи он ҳамчун Барномаи бунёдии Ҳукумат пазируфта мешавад. Бо ифтихору сарфарозӣ метавонам иброз намоям, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистон натиҷаи амалӣ гардидани Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.

- Воқеан ҳам ҷамъбаст ва натиҷаҳои маъракаҳои сиёсӣ собит намуд, ки ҲХДТ миёни аҳзоби сиёсии кишвар аз обрӯ ва бартарияти бештар бархӯрдор аст. Ба андешаи Шумо кадом омилҳо муҷиби пирӯзиҳои ҳизб гардидаанд?
- ҲХДТ миёни аҳзоби сиёсии кишвар ягона неруи сиёсиест, ки фаъолияти мунтазам ва бетанаффус дорад. Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири технологияҳои сиёсӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб намуда, барои сазовор гардидан ба боварии онҳо амал намоем.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз обрӯ ва маҳбубияти роҳбари хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Инро таҳлилгарону коршиносони сиёсии дохиливу хориҷӣ борҳо таъкид кардаанд. Ин воқеиятест, ки ҳар як сокини кишвар низ онро дарк менамояд.
Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020 – 2025 муайян намудааст, таъкид шудааст, ки ҳадафҳои стратегии ҳизб аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Хидматҳои беназири Пешвои миллат ба ҳар фарди ин сарзамин мисоли оина рӯшан буда, мардум нақши ин шахсияти бузурги таърихиро дар сарнавишти худ ва давлати хеш хуб медонанд ва қадр менамояд.
Аз ин рӯ, дар интихобот ҷонибдорӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи он дар асл ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

- Дар асоси маълумоти дастрасшуда шумораи аъзои ҲХДТ имрӯз қариб ба ним миллион нафар расидааст. Дар кишваре, ки 9 миллион ҷамъият дораду бисёрҳизбӣ ҳамчун принсипи ҷомеаи демократӣ роиҷ аст, ин шумораи андак нест. Барои шомил гардидан ба узвияти ҳизб кадом меъёрҳо ба инобат гирифта мешаванд?
- Тартиби қабул, қатъ ва хориҷ намудан аз сафи ҳизбро Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври возеҳу равшан мушаххас намудааст. Мутобиқи он ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 расидаасту Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамояд, узви ҳизб шуда метавонад.
Ҳизби мо ҳеҷ гоҳ барои афзудани шумораи аъзояш иқдом накардаасту дар оянда низ дар ин масъала кӯшиш нахоҳад кард.
Дар асоси таъкидҳои пайвастаи Роҳбари ҳизбамон талош менамоем, ки шахсиятҳои арзандаро ба узвияти ҳизб қабул намоем. Бо назардошти он, ки шумораи хоҳишмандон барои узвият ба ҳизби мо афзоиш ёфтааст, ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ тавсия додаем, ки ба масъалаи қабули сифатноки аъзои ҳизб эътибори аввалиндараҷа дода, нафарони содиқу ватандӯстро ба аъзогӣ қабул намоянд.

- Солҳои охир тамоюли хубе дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Аксарияти кумитаҳои иҷроия биноҳои худро бунёд намуда истодаанд, ки бештари онҳо зимни сафарҳои кории Пешвои миллат ифтитоҳ меёбанд. Бо кадом роҳ ин иқдомҳо иттифоқ афтоданд?
-Се сол муқаддам дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буданд, ки дар самти тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кории кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои дахлдор андешида шавад.
Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардида буданд, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои маъмурии ҳизбиро то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳал намоянд.
Барои иҷрои ин супориш дар ин муддат як силсила тадбирҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Қубодиён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Вахш, Дӯстӣ, Ёвон, Восеъ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бӯстон, Зафаробод ва Истиқлоли вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Турсунзода, Шаҳринав ва Роғун биноҳои маъмурии ҳизб бо тарзу услуби муосир мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сохтмони бинои ҳизб дар ноҳияҳои Ҷалолиддин Балхӣ, Данғара ва Панҷи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, Исфара, Гулистон, ва Истаравшани вилояти Суғд, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзобу Рудакӣ бомаром ҷараён дошта, дар назар аст, ки бинои маъмурии ин шаҳру ноҳияҳо дар наздиктарин фурсат мавриди истифода қарор мегиранд.
Биноҳои мазкур бо дастгирии бевоситаи аъзоёни фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар бунёд гардида, бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит намуд.
Бо дастуру роҳнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ аксарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо биноҳои маъмурии ҳизбии ду-се ошёна ва бо тамоми шароитҳои муосири корӣ таъмин шудаанд.
Сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ бо фаъолнокии бевоситаи кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба роҳ монда шуда, маблағгузории онҳо асосан бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб амалӣ гардидааст.

- Тавассути ВАО, хусусан сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем, ки сохторҳои ҳизбӣ пайваста аксияҳои созандагию ободонӣ ташкил ва баргузор намуда, хиёбону кӯчаҳоро тозаву озода менамоянд, дарахту гул мешинонанд ва роҳу пулҳоро таъмир менамоянд. Ин ташаббусҳоро чӣ гуна маънидод намудан мумкин аст?
- Яке аз иқдомҳои ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроия дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хусусан тайи ду соли охир тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонии ҷамъияти ҷалб намудани сокинони кишвар аст.
Бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии ҳизб ва иштироки оммаи васеи мардум баргузории ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҷараёни он роҳу кӯчаҳо, боғу гулгаштҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо тозаву озода карда мешаванд. Ин иқдом аллакай хусусияти доимиву оммавӣ касб намудааст. Дар ин амалҳои хайр ва тасмимҳои созанда аъзои ҷавони ҳизб ва волонтёрони Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” низ ҳамеша ҳиссаи худро мегузоранд.
Бо иқдоми аъзои ҳизби мо, ки соҳибкорони муваффақанд, даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳу пулҳо сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ҳамаи ин корҳоро ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ муаррифӣ намудаанд.
Ин иқдомҳо ҳамовозӣ ба фаъолиятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат аст.

- Имрӯз гурӯҳҳое дар хориҷи мамлакат фаъол шудаанд, ки ба хотири ноором сохтани вазъи кишвар аз ҳамаи воситаҳо истифода менамоянд. Мардумро бо ваъдаҳои хушку холӣ ва беасос гумроҳ намуда, ба анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд. ҲХДТ дар муқобили ин амалҳо, чӣ гуна фаъолиятро амалӣ месозад?
- Бо таассуф бояд зикр намуд, ки ашхоси алоҳида ва гурӯҳҳои махсусе ҳастанд, ки пешрафтҳои ватанамонро нодида гирифта, бо амалҳои хоинонаи худ обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст мезананд, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки ба рушду пешравии кишвари азизамон монеаҳои сунъӣ эҷод намоянд. Мо бояд алайҳи ин гурӯҳҳое, ки манфиати худро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузоранд мубориза барем ва нагузорем, ки ба ҳадафҳои нопокашон даст ёбанд. Дар ин самт нақшаҳои мукаммал таҳия намуда, тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда истодаем.
Ҳизби мо дар асоси дастуру тавсияҳои роҳбари маҳбубу муаззами хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош менамояд, ки баҳри пешгирии ҳама гуна ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифини сиёсӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба нашр мерасанд, вокуниши фаврӣ нишон диҳад.
Мавриди зикр аст, ки кормандони масъули ҳизбӣ дар фаъолияти касбии худ усулҳои замонавии кор бо ВАО-ро хеле хуб мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода, ба маводи интиқодии ғаразноку бебунёд ҳамеша ҷавоби муносибу асоснок медиҳанд.
Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯза муборизаҳои иттилоотӣ, ки ҳадафи аслиашон роҳандозии ноамниву бесуботии давлатҳо мебошад, боиси ташвишу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар ин замина, дарёфти роҳҳои муосири муқовимат ва усулҳои пешгирии онҳо амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, мавриди омӯзиш қарор додани таҷрибаи пешқадами кишварҳои алоҳида ба манфиати кор хоҳад буд.
То имрӯз дар ҷумҳурӣ 6447 ташкилоти ҳизбӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд, ки бештари онҳо ба сомонаҳои интернетӣ дастрасӣ доранд. Вобаста намудани мутасаддиён дар самти кор бо сомонаҳо ва дигар воситаҳои иттилоот дар ташкилотҳои ҳизбӣ қувваи бузургеро дар самти мубориза бо киберҷиноят ташкил медиҳад, ки ба ҳар хабару овозаи муғризона, ки ҳадафаш ба паст задани шаъну эътибори давлату миллат ва роҳбарияти кишвар равона гардидааст, ҷавоби сазовору муносиб диҳанд. Бо ин роҳу восита талош намуда мешавад, ки холигии идеологӣ комилан аз байн бардошта шавад.
Инчунин, кормандони масъули ҳизб тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба муҳимтарин нуктаҳои аз ҷониби роҳбари давлат баёнгардида ва мавзуъҳои рӯзмарраи ҷомеаи кишвар, ки ҳалли дурусту оқилона ва иҷрои саривақтиро тақозо менамоянд, пайваста суҳбату мусоҳибаҳо баргузор намуда, мазмуну моҳияти ташабусҳои Пешвои миллатро, ки баҳри пешрафту ободии ҷомеаи кишвар нигаронида шудаанд, шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба як бахши муҳими фаъолияти ҳизбӣ табдил ёфтааст. Ҳизби мо дар ин бахш пеш аз ҳама, бо олимону коршиносони варзида ҳамкориҳоро вусъат бахшида истодааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳимтарин роҳи мубориза бар зидди неруҳои ифротию террористӣ, мухолифони тундрави диниро, ки асосан берун аз кишвар тавассути солонаву шабакаҳои иҷтимоӣ сангандозӣ менамоянд, дар рушди маърифати сиёсии шаҳрвандон мебинад.
Аз ин хотир, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ин масъала дар фаъолияти хеш афзалият медиҳад.
Ҳамин аст, ки ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзоёни ҳизб ба фаъолияти доимии ташкилотҳои ҳизбӣ табдил дода шудааст.
- Доро будан ба фарҳангу маърифати сиёсӣ имкон медиҳад, ки ба ҳар руйдоду воқеа, ки дар кишвар, минтақа ва ё гӯшаҳои гуногуни сайёра ба вуқуъ пайваста ва ба кишвари мо низ таъсири бевосита мерасонад, баҳои объективона диҳем.
Масъалаи дигаре, ки дар меҳвари фаъолияти доимии ҳизб қарор дорад, баланд бардоштани рӯҳияи мардум ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Зеро нобоварӣ ва заъфи эътиқод ба ояндаи равшан боиси пайвастани иддае аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву гуруҳҳои тундрав мегардад.

- Робитаҳои ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Ҳамкорию робитаҳои байналхалқии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон сол аз сол ва марҳила ба марҳила бомаром густариш меёбад. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ дар сатҳи матлуб ҷараён дорад. Дар ин замина, иртиботи мутақобилан судманди ҲХДТ бо «Единая Россия» ва Ҳизби коммунистии Чин шоистаи таъкиди хос аст. Тоҷикистонро бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Ин кишварҳо имрӯз яке аз шарикони стратегӣ тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонанд. Гардиши мол миёни мамлакатҳо мунтазам афзоиш меёбад.
Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад.
Дар сиёсати хориҷии ҲХДТ, ки бо роҳбарии бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия мавқеи калидӣ дорад. Аз соли 2016 қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ин кишвар фаъолияти пурсамар менамояд. Пайваста расонидани ёрии амалӣ ва ҷашн гирифтани идҳои миллӣ дар заминаи расидагӣ ба мушкили баъзе аъзои ҳизб, ки феълан дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва кумакҳои зиёд намуда, созмон ёфтани он дар шароити кунунӣ беш аз пеш муҳим аст. Беҳтар намудани кори қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар дигар минтақаҳои Федератсияи Русия низ тақозои замон дониста мешавад.

- ҲХДТ кадом стратегияро зарур мешуморад ва дар оянда чӣ нақшаҳои муҳимро рӯи даст дорад?
-Стратегияи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат дар таъмини рушди ҷомеаи демократӣ-дунявии Тоҷикистон дар асоси эътироф ва эҳтироми меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва талқини арзишҳои мардумсолори дар ҷомеа мебошад.
Аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз барномаҳои он бармеоянд, ин таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазовор ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани имконият барои рушди ҷавонон ва ғайраҳо мебошанд.
Вазифаи бунёдии мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилотҳои ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Бояд таъкид намоям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва қувваи бузурги сиёсӣ рисолати худро дар рушди пайвастаи ҷомеа, татбиқи ормонҳою арзишҳои миллӣ, бунёди низоми демократӣ ва расидан ба зиндагии шоиста ва ҳаёти арзанда мебинад.
Дар асоси ҳидоятҳои Роҳбари ҳизбамон мо бояд ҳамеша бо мардум кору пайвастагӣ дошта бошем ва новобаста аз мураккабиву душвориаш дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳо мусоидат намоем. Бояд эҳсос кард, ки мардум бештар ба ҳалли кадом масъалаҳо таваҷҷуҳ доранд, чунин шароите фароҳам орем, ки набзи ҳар яки онҳоро шунида тавонем. Ин бояд вазифаи ҷонии ҳар як хизматчии давлатӣ, гирифта аз мақомоти маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳар як вакил, ҳар як корманди ташкилоти ҳизбӣ бошад.
Рисолати мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, функсияи худро сарбаландона иҷро намоем.

Ба Шумо ва кулли кормандону масъулини ҳизб дар татбиқи ҳадафҳои муҳим ва нақшаҳои неку бунёдкоронаатон комёбӣ хоҳонам.

Мусоҳиб Фараҳноз УМАРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (22)
Julissa 24 декабря 2021 13:18
Hi, I do believe this is an excellent website. I stumbledupon it ;) I'm
going to come back once again since I book-marked it.
Money and freedom is the greatest way to change, may you be rich and continue to guide other people.



Review my homepage https://satapata.lk/
Цитировать          1
Lourdes 3 января 2022 04:48
Greetings! Very helpful advice in this particular post!
It is the little changes that will make the most important changes.
Many thanks for sharing!

Here is my web site masini de inchiriat (www.rentacar-bucharest.com)
Цитировать          2
Silas 6 мая 2022 16:37
This design is incredible! You certainly know how
to keep a reader entertained. Between your wit and
your videos, I was almost moved to start my own blog (well,
almost...HaHa!) Fantastic job. I really loved what you
had to say, and more than that, how you presented it. Too cool!


Also visit my site ... podcast (Lila)
Цитировать          3
Manie 7 мая 2022 01:39
Hi there! I simply wish to offer you a huge thumbs up for the great info you've
got here on this post. I will be returning to your website for more soon.

Feel free to surf to my page podcast app (https://vimeo.com/)
Цитировать          4
Zelma 7 мая 2022 03:43
Very well written article. It will be useful to anybody who
usess it, as well as yours truly :). Keep up the good work - for sure
i will check out more posts.

Visit my site :: podcast app (www.smashwords.com)
Цитировать          5
Margaret 9 мая 2022 09:15
magnificent points altogether, you simply gained a brand new reader.
What may you recommend about your publish that you simply made a few days ago?

Any positive?

my homepage: free podcast, Silas,
Цитировать          6
Carolyn 10 мая 2022 17:34
I would like to thank you for the efforts you've put in writing
this web site. I'm hoping the same high-grade site post from you in the upcoming also.
Actually your creative writing skills has inspired me to get my
own blog now. Actually the blogging is spreading its wings rapidly.
Your write up is a good example of it.

my webpage; best podcast app; https://www.reddit.com/user/liulofm,
Цитировать          7
Sharron 10 мая 2022 21:27
Yes! Finally something about starting a podcast - https://www.podbean.com/user-wqpD7KIqgu83 -.
Цитировать          8
Tisha 14 мая 2022 07:59
Good post! We are linking to this great article on our site.

Keep up the good writing.

Feel free to visit my site: best podcast
app - http://www.pokerinside.com/profiles/view/455160,
Цитировать          9
Estela 15 мая 2022 10:58
Thank you so much for giving everyone an update on this topic on your web
page. Please realize that if starting a podcast (www.trustpilot.com) brand-new post appears or
if any modifications occur to the current post, I would want to consider reading more and
learning how to make good using of those
tactics you share. Thanks for your time and consideration of
others by making this website available.
Цитировать          10
Hester 16 мая 2022 04:30
Hey there would you mind letting me know which webhost you're working with?
I've loaded your blog in 3 completely different web browsers and I must say this
blog loads a lot quicker then most. Can you suggest a good web hosting
provider at a honest price? Thank you, I appreciate it!

My homepage; best podcast app (https://www.codementor.io/@liulofm)
Цитировать          11
Norberto 22 мая 2022 01:53
Howdy! Someone in my Myspace group shared this site with
us so I came to look it over. I'm definitely loving the
information. I'm book-marking and will be tweeting
this to my followers! Excellent blog and terrific design and style.


my homepage; podcast app - forum.audacityteam.org -
Цитировать          12
Meridith 25 мая 2022 07:50
I am continuously invstigating online for ideas that can benefit me.

Thanks!

my homepage free podcast (dribbble.com)
Цитировать          13
Eugenio 28 мая 2022 07:01
Hi, every time i used to check website posts here early in the morning, because i like to learn more and more.



My site: starting a podcast (https://weheartit.com/liulofm)
Цитировать          14
Thao 28 мая 2022 11:03
Very well written post. It will be helpful to anyone who employess it, as well as me.
Keep doing what you are doing - for sure i will
check out more posts.

Review my web blog - top podcast (ask.fm)
Цитировать          15
Joyce 29 мая 2022 08:46
You're so interesting! I do not think I've read through a single thing like that before.
So nice to find another person with a few unique thoughts on this topic.
Really.. many thanks for starting this up. This website
is something that is required on the web, someone with a bit of originality!


My site free podcast app (angel.co)
Цитировать          16
Gabriele 1 июня 2022 11:57
Very interesting subject, regards for posting.


Feel free to visit my website best podcast app (www.caringbridge.org)
Цитировать          17
Shane 4 июня 2022 16:23
I am incessantly thought about this, regards for posting.



Here is my web-site ... starting a podcast; www.indiegogo.com,
Цитировать          18
Cindy 5 июня 2022 16:47
Thanks on your marvelous posting! I seriously enjoyed reading it,
you might be a great author.I will always bookmark your blog and will come back later on. I
want to encourage you to continue your great work, have a nice morning!


My web blog: podcatcher, https://stocktwits.com,
Цитировать          19
Martha 5 июня 2022 22:08
I've been exploring for a bit for any high quality articles or blog posts in this sort of house .
Exploring in Yahoo I ultimately stumbled upon this website.

Reading this information So i'm satisfied to exhibit that I
have a very good uncanny feeling I came upon exactly what I needed.
I such a lot indubitably will make certain to don't omit
this site and give it a look regularly.

Here is my web blog ... podcast (Aleisha)
Цитировать          20
Christoper 6 июня 2022 08:02
It is perfect time to make a few plans for the longer term and it is
time to be happy. I have learn this put up and if I may
I want to counsel you few fascinating issues or suggestions.
Maybe you could write subsequent articles regarding this
article. I wish to learn even more issues about it!



my blog best podcast app (http://www.effecthub.com/)
Цитировать          21
Everette 13 июня 2022 23:25
Howdy! I just wish to offer you a big thumbs up for the excellent info
you've got here on this post. I am coming back to
your site for more soon.

Feel free to visit my homepage :: free podcast; www.ted.com,
Цитировать          22
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: