Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАЛҚАҲОИ МОРИ ПЕЧОН

ҲАЛҚАҲОИ МОРИ ПЕЧОН

12-11-2021, 13:52
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
ҲАЛҚАҲОИ МОРИ ПЕЧОН
Мори боа (удав) мисли дигар даррандаҳо ба сайди худ ҳамла ва онро пора намекунад. Ӯ худро бо ҳалқаҳо дар атрофи қурбонӣ мепечонад, оҳиста- оҳиста нафасгир мекунад ва сипас бидуни зоеъ кардани як қатра хун, онро фурӯ мебарад.
"Ҳалқаҳои мори боа" номи як лоиҳаи амрикоӣ барои фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки даҳаи 50-уми қарни гузашта тавсеа ёфт ва бомуваффақият амалӣ шуд. Натиҷаи ҳамин барнома буд, ки сӣ сол қабл Иттиҳоди Шўравӣ аз байн рафт. Ҳамроҳ бо ин империяи бузург урдуи (лагери) кишварҳои сотсиалистӣ низ аз ҳам пошид. Кишварҳои аврупои шарқӣ, ки бахше аз блоки низомии Паймонаи Варшава буданд, акнун узви НАТО ҳастанд, ки бо ин паймона ҳамеша рақобат дошт.
Кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, мисли Украина, ҷумҳуриҳои Назди Балтик, Малдова, Гурҷистон бо Русияро имрўз ба ҳайси як кишвари мухолиф мешиносанд.
Паймонаи низомии атлантики шимолӣ то ҳадди имкон ба сарҳади Русия наздик шудааст.
Ин мори бузург дар ҳоли печидан ба гулўи Русия аст, вале ҳанўз ба таври комил ба ҳадаф нарасидааст. Дар навбат кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи манфиатҳои калидии Русия аст, ки ҳанўз ИМА дар он нуфузи коргар надорад.
Дар соли 2009, бо дастури Вошингтон ва Ар-Риёд, Қатар ба Башор Асад пешниҳод дод, ки газ ва нафти арабистонро аз тариқи Сурия ба Туркия ва Аврупо интиқол диҳад.
ИМА дар ин тарҳ ду ҳадафро думбол мекард:
-Ба ҳадди ақал расонидани вобастагии кишварҳои аврупо аз гази Русия ва ҳамин тариқ зарба задан ба иқтисоди он;
- Бо ҳамдастӣ бо кишварҳои зертобеи худ дар Ховари миёна зери контрол гирифтани бозори энергетикаи Аврупо.
Башор Асад ин пружаро рад кард.
Амрикоиҳо аз имтинои ҷасуронаи Башор Асад ба шаст хашмгин шуданд ва тарҳеро барои нобудии режими Сурия кашиданд, ки дар ин замина мехостанд Эрон ва Ҷуҳуриҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Русияро ба минтақаи бесуботӣ табдил диҳанд ва аз ин хок ба баҳри Хазар ворид шуда, пойгоҳҳои низомии худро мустақар созанд.
Ин тарҳ низ шикаст хўрд. Сурия бо ҳимояти низомии Россия ва Эрон гурўҳҳои террористии ДОИШ, Ал-Қоида ва Аҳрор-ул Шом, Ҷабҳат – ан-Нусра ва мисли инро дар хоки худ шикаст дод ва ИМА маҷбур шуд оҷилан гуруҳҳои бозмондаи ДОИШ-ро аз Сурия ба Афғонистон интиқол диҳад.
ИМА бо шикаст хўрдани ДОИШ тасмим гирифт боз тарҳи наверо тавассути Толибон, ки бист сол қабл аз он даст кашида буд рўи кор орад. Ҳадафи ниҳоии ин тарҳ низ Русия аст. Вазифаи Толибон ин аст, ки аз тариқи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ё аз тариқи кўтоҳтарин масир - Туркманистон боз ҳам ба баҳри Хазар расанд.
Агар таҳаввулоти чанд моҳи ахирро таҳлили кунем, афсонаҳои бофтаи дипломатҳои Русия доир ба он, ки «ИМА ба таври шармовар ва нангин Афғонистонро тарк карда ва нуфузи худро дар ин минтақа аз даст дод» ҳамроҳ бо завқзадагиҳо нисбат ба Толибони мудерншуда ду пул арзиш надорад.
ИМА Афғонистонро тарк кард, вале онро аз тариқи шарикони худ дар Ховари миёна, ки ба Толибон нуфуз доранд идора мекунад. Ҷадидтарин навъҳои аслиҳаҳои сангинро ба арзиши 85 миллиард доллар ба Толибон бахшид. Толибон ҳаргиз аз ин ҳомиёни саховатманди худ гузашт карда, рў ба Русия, Чин ва Эрон нахоҳанд овард.
Чанбе қабл Туркия, аз муттаҳидони ИМА ва НАТО, аз тариқи Мавлуд Чоушогли вазири умури хориҷиаш эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида махфиёна аз ДОИШ дар Сурия ҳимоят мекунад. Хамин Амрико буд, ки бозмондаҳо ва бақоёи Гуруҳҳои шикастхўрдаи ДОИШ-ро ба Афғонистон интиқол дод.
Имрўз амрикоиҳо медонанд, ки бозсозии ДОИШ, ки бо ҷиноёти ваҳшатнок ва сангине алайҳи башарият муртакиб шудааст, ғайримумкин аст. Аз ин рў Толибон муваззаф шудаанд, ки тамоми гуруҳҳои мусаллаҳи ДОИШ-ро ба сафи худ ҷалб кунанд ва тамоми ҷангиёне, ки ҳозир ба пайвастан нестанд, нобуд кунанд. Ҳамин тариқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки Толибон як созмони террористӣ нест, балки як мубориз алайҳи неруҳои террористӣ дар Афғонистон аст. Амнияти кишварҳои минтақа низ пойбанд аз ба расмият шинохтани Толибон аст. Вазорати корҳои хориҷии кишварҳои минтақа мисли Русия, Чин ва Эрон низ шефтаи ин сиёсатҳои дугона шудаанд ва пайваста форуму форматҳои минтақавӣ баргузор намуда, ҳайати баландпояи ҳукумати Аморати исломии ҳануз расман эътирофнашударо ба унвони як неруи мубориз алайҳи терроризм ба он даъват мекунанд.
ИМА ва кишварҳои ҳапаймони он, ки худро ба унвони сутуни демократия дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, барои хок пошидан ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши «душман» -и ҷунбиши Толибонро ба худ ихтисос додааст: «Мо ҷунбиши Толибонро ҳеҷ гоҳ расмият намешиносем, зеро онҳо ҳукумати ҳамашумул насохтанд ва ҳуқуқи занонро помол мекунанд!» Бо ин баҳона маблағҳои давлати Афғонистонро ба андозаи 9,5 млрд. доллар дар бонкҳои Ню-Йорк масдуд кардаанд. Ахиран сухангўи Кохи сафед Ҷейн Псаки гуфт, ки Амрико ҳисобҳои давлати Афғонистонро озод намекунад, вале кўмакҳои башардўстона ба ҳукумати нави Афғонистон ҳароина ироа хоҳад шуд…
Толибон низ худро дар набард бо нерўҳои низомии Амрико пирўз мешуморанд ва ҷор мезананд, ки хоки Афғонистонро аз қадами шуми ин мутаҷовизин пок кардаанд.
Ҳар ду ҷониб, ҳам ИМА ва ҳам ҷунбиши Толибон нақши «душман»-ро хеле устокорона бозӣ мекунанд. Аммо дар ҳамин ҳол мулоқоти ин ду «душман» дар Доҳаи Қатар хеле дар сатҳи баланд анҷом шуд. Аксари коршиносон ин музокиротро заминае барои ҳамкории густурдатари ИМА бо Толибон арзёбӣ мекунанд.
Муддатҳо қабл аз оғози гуфтугўҳо, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангўи Толибон хитоб ба кишварҳое, ки аз раҳбарони Толибон мехоҳанд то як давлати фарогир эҷод кунанд, баёнияи тунде содир кард: Мо дар ҳоли сохтани давлате бар асоси қонунҳои шариат ҳастем! Демократия барои куффор аст! Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба мо бигўяд, ки чи давлате бисозем.

МУХОЛИФАТИ ДУРОНИҲО ВА ҒАЛҶОИҲО- ТАҲДИДИ ҶИДДИЕ БАРОИ ҶАНГИ НАВ ДАР АФҒОНИСТОН

Пешбинии ин, ки авзоъ дар Афғонистон чи гуна хоҳад буд ва оё ИМА метавонад ба хотири расидан ба аҳдофи аслии худ, тангтар кардани мавқеи Русия дар минтақа ва боз ҳам печидатар кардани вазъ дар қаламрави манфиатҳои ин кишвар, аз Толибон истифода кунад, кори содае нест. Толибон як ҷунбиши якпорча ва муттаҳид нестанд. Ин қавми муташаккил аз ду қавми бузурги пуштун ва қабилаҳои зиёде аст, ки бо ҳамдигар пайваста дар ҳоли низоъ ҳастанд.
Ин қавмҳои Дуронӣ ва Ғалзоӣ (Ғалҷоӣ).
Барои дарк кардани вазъи воқеӣ дар садорати Толибон ва дар маҷмуъ Афғонистон бояд ба гузаштаи ин қабилаҳо назар андохт, ки ҳукуматро ба даст гирифтаанд. Мубориза барои қудрат байни ин ду қабила беш аз дусад сол собиқа дорад. Ин муборизаҳо ҳамеша бо даргириҳои хунин ҳамроҳ буд. Агар ба таърихи пешини Афғонистон таваҷҷуҳ кунем, ҳукумат бештар дар дасти дурониҳо буд.
Амир Абдулраҳмонхон аз қабилаи дурониҳо, ки 21 сол (1880-1901) бар Афғонистон ҳукумат кард, дар китоби «Таърих-ут-тавориҷ»менависад: «Ҳар қадар саъй кардам, ки афридӣ, вазирӣ, маҳсудӣ, шинворро (аз қабоили Ғалҷоӣ) ба низом дарорам, муваффақ нашудам ва онҳоро ба ҳукумати мустаъмараи Бритониё дар Ҳинд тақдим кардам». Ба ҳамин далел ў муоҳидаи хатти Дюрандро имзо кард, ки ба муъҷиби он бахше аз марзҳои Афғонистон ба Ҳиндустон ва баъд аз тақсими ин кишвар ба Покистон вогузор шуд. Аммо, ҳатто пас аз муайян шудани марзҳои Афғонистон ва Ҳинд, ки дар натиҷаи ин муомила бахше аз хоки ғалҷоинишин ба ихтиёри кишвари ҳамсоя гузашт, шиддати ошўби ғалҷоиҳо дар дар қисмати шарқ ва шимолу шарқии Афғонистон барои даҳсолаҳо паст нашуд. Ин қиёмҳо ба таври қобили эҳсос қудрати дурониҳоро заиф карданд ва танҳо дар замони салтанати Нодирхон ва Муҳаммадзоҳиршоҳ, ки ба таври ваҳшатнок ин қиёмҳоро саркўб карданд, қудрати дурониён дубора устувор шуд ва тақвият ёфт.
Ғалҷоиҳо се маротиба дар таърихи Афғонистон қудратро ба даст гирифтаанд. Нахуст дар қарни ҳаждаҳум, замоне, ки Мирвайсхони Хутакӣ (Хутакӣ-қабилае аз қавми Ғалҷоӣ ) дар Қандаҳор ба қудрат расид. Маротибаи дувум баъд аз инқилоби саври соли 1978, замоне, ки Нурмуҳаммад Таракӣ, Раиси Ҳизби демократии халқии Афғонистон Президенти Афғонистон шуд. Бори саввум соли 1996 пас аз ба даст гирифтани қудрат тавассути Толибон, Мулло Умар ба унвони Амири Афғонистон эълон шуд. Дар даврони ҳукумати Мулло Умар тамоми сохторҳои давлатӣ зереи тасарруфи Ғалҷоиҳо қарор доштанд.
Соли 2001, замоне ки ИМА ҷунбиши Толибонро як созмони террористӣ эълон кард ва ба ҳамин далел бо нерўҳои низомии худ ба хоки Афғонистон ворид шуд, намояндаи дурониҳо Ҳомид Карзайро ба курсии Раиси ҷумҳури кишвар нишонд. Ҳомид Карзай баъд аз ба поён расидани давраи раёсати ҷумҳурии худ, ба шиддат талош кард, ки намояндаи қабилаи худ, вазири умури хориҷии кишвар Залмай Расулро ҷойнишини худ кунад. Ҳатто кушиш кард теъдоди зиёде аз намояндагони қабилаи худро дар Қандаҳор, Зобул ва Ҳилманд, ки аксарияти бошандагонаш Ғалҷоӣ буданд, сукунат диҳад.
Вале ӯ натавонист амрикоиҳоро ба ҷонибдории номзади худ мутмаин созад ва онҳо Ашраф Ғаниро тарҷеҳ доданд. Дар натиҷаи тақаллуби бузург Ашраф Ғанӣ, ки номзади ИМА буд, бидуни раъйи мардуми афғон ба сари қудрат омад. Дар ниҳоят ӯ вазифаи худро, ки суқути Афғонистон буд хеле ба навҳи олӣ анҷом дод ва қудрад бидуни рехтани хуни зиёд ва муқовимати артиши миллӣ ба дасти Толибон гузашт. Ин амали нангин ба наҳве анҷом дода шуд, ки ҳатто мардуми афғон ғофилгир шуданд ва вақте ба худ омаданд Ашраф Ғанӣ бо муқаррабонаш кайҳо фирор кардаву, онҳо зери тасарруфи Толибон дар муҳити асримиёна зиндагӣ доранд, ки суруду мусиқа ва ҳатто хандаву шодӣ мамнуъ аст.
Феълан дар тамоми сохторҳои ҳукумати Толибон, ғалҷоиҳо теъдоди бештари мақомоти калидиро ба даст гирифтаанд. Бахши азими захоири молӣ, нерӯҳои низомӣ дар ихтиёри ғалҷоиҳо аст. Сироҷиддин Ҳаққонӣ, роҳбари шабакаи террористии “Ҳаққонӣ”, ки вазири умури дохилаи Афғонистон таъин шудааст, ҳамеша омодаа аст ин бартарияти ғалҷоиҳоро бо зӯри аслиҳа ҳифз кунад.
Бахши азими ғалҷоиҳои ба ҳукумат шомил шуда, хатмкардаҳои мадориси махсуси Покистонанд, ки дар заминаи таълимоти “девбандӣ” парвариш шудаанд.
Дурониҳо, ки аҷдодашон беш аз дусад сол дар Афғонистон ҳукумат карданд, бо ин вазъи барои онҳо таҳқиромез муросо карда наметаваонанд. Ба ҳамин далел Ҳаракати Толибон ба ду ҷиноҳи бузурги мухолифи ҳам тақсим шудаанд. Даргириҳои паиҳами атрофи Кобул ба гумон аст, ки муборизаи Толибон бо ДОИШ бошад, балки як рӯёрӯи хунини байни дурониҳо ва ғалҷоиҳо аст. Эҳтимол меравад, ки ҳатто фармондеҳони қаввмҳои дигари ҷонибдори дурониҳо, ки бо назароти радикалии ғалҷоиҳо мувофиқ нестанд, дар қисматҳои шимоли Афғонистон бо роҳбарони ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ба таври пинҳонӣ дар гуфтушунид ҳастанд, то ба онҳо бипайванданд.
Эътироз дар байни ҷавонони размандаи Толибон низ беш аз пеш афзоиш меёбад. Ин насли ҷавон, ки ба куштору ғорат одат кардаанд, аз бекорӣ дилтанг шудаанд. Хатари ба ДОИШ ё Ал Қоида, ки ба ҳеҷ кишвари ҷаҳон ваъдаи даст кашидан аз ваҳшатпароканиро надодаанд, пайвастани ин террористони ҷавон аз ҳарвақта бештар аст.
Дар сафи Толибон низ, мисли тамоми Афғонистон гуруснагӣ ва фақр эҳсос мешавад, ки онҳоро боз ба хушунату ғорат ташвиқ мекунад. Аз мардуми оддӣ, ки вазъи хуб надоранд барои террористони кушташуда хунбаҳо пурсидан, куштору ғорат ва аз манзили зисташон рондани онҳо (бештар ҳазораҳо, тоҷикон, узбекон ва дигар ақвом), хислати фарогире пайдо кардааст.
Имрӯз як чиз возеҳ аст, ҳаракати Толибон ҳамчунон як таҳдиди террористӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистону Русия боқӣ мемонад. Чанд муддат пеш Президенти Русия Владимир Путин доир ба самти сарҳадоти кишварҳои узви СААД ҳаракат кардани гурезагон ва паоҳандагон, ки байни онҳо метавонад унсурҳои террористӣ бошад, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ инчунин фарзияҳои сохторҳои истихборотии баъзе кишварҳои ҷаҳонро, ки ИМА ро ба интиқоли бозмондаҳои гуруҳи ДОИШ аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон, бо мақсади ноором кардани авзои минтақа мутаҳам кардаанд, тасдиқ кард.
Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳазорон ҷанговарони Толибон ва гуруҳҳои дигари террористӣ, мисли Ансоруллоҳ, ДОИШ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ ҷамъ омадаанд, ки ҳадафи ниҳоияшон ба ҳама маълум аст. Чанде қабл Толибон ба ин минтақа бо мақсади тақвият гуруҳи “Бадр” ро, ки ҷангиёнаш интиҳорӣ аст сафарбар намуданд.
Бо ба расмият шинохтани Толибон ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба ин ҳаракати ваҳшатафкан, ҷилавгирӣ аз терроризм ғайриимкон аст. Кумакҳои башардустонаи намоишкорона Афғонистонро аз фоҷеа наҷот намедиҳад. Бар асоси гузориши СММ ва Созмони Ҷаҳонии Ғизо дар ин кишвар тақрибан 14 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд, беш аз миллион нафар кӯдакон бар асари набудани ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд.
Афғонистони гурусна дар остонаи як ҷанги ҷадиди дохилӣ қарор дорад.
ОЁ ВАЗЪИ МИНТАҚА ОРОМ МЕШАВАД?
Афғонистон майдони набард ва ҷангҳои ниёбатии кишварҳои НАТО бо сарварии ИМА аз як тараф ва Русия, Эрон ва Чин аз ҷониби дигар аст. Мардуми Афғонистон қурбонии ин ҷанганд. То замоне, ки набарди “кӣ киро” бо пирӯзии яке аз тарафҳо ба поён нарасад, оташи ҷанг дар ин кишвари ранҷкашида хомӯш намешавад, балки дучанд ва бо миқёси бештаре аланга хоҳад зад.
Ба гумон аст, ки ҷангҳои ниёбатӣ дар Афғонистон ба поён расанд. Чун муросо ва мадоро байни кишварҳои абарқудрати дунё, ки мисли заҳрпечак аз ҳисоби хушк кардани решаи дигар қавмҳо зиндагӣ доранд, ғайримумкин аст. Ин кишварҳо имкон доранд, ки ба ҷои ин, ки кишвареро обод кунанд, васила ва маблағу мадорики зиёдеро барои мубориза алайҳи ҳам сарф кунанд. Пас ором шудани вазъ дар минтақа ҳанӯз ба гумона аст...

Саломиддин Мирзораҳматов
Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: