Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Назаре ба оина

Назаре ба оина

26-10-2021, 08:22
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Назаре ба оина

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон барномаи “Назаре ба Оина”- дар ТВ Суғд таҳти унвони ”Дастовардҳои Истиқлолият” баргузор гардид.

Дар барнома вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова, собиқадорӣ ҲХДТ Умаралиева Ӯғулой, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони квотаи Президентӣ, гирандагони гранти Президентӣ ширкат варзиданд. Собиқадори ҲХДТ Умаралиева Ӯғулой ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Султонова Гулбаҳор ба иштирокдорони барномаи мазкур оид ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда ҷавононро ба рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ карданд. Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова, оид ба мавқеи занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ сухан намуда иброз дошт, ки имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 78 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин боиси сарфарозии мо занон мебошад. Гирандагони стипендияи Президентӣ ва квотаи Президентӣ дар барномаи “Назаре ба оина” фикру андешаҳои хешро баён намуданд. Дар даврони Истиқлолият таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои васеъ барои ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардид. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кору пайкорамон мебошад.

Яке аз гирандагони гранти Президентӣ Ҳайитова Сайёра дар барнома ибрози афкор намуда қайд намуд, ки имруз вай дар шаҳри Гулистон шаҳраки Сирдарӣё сехи дузандагӣ дорад. Ҷавондухтарон ва занони хонашинро бо кор таъмин намудааст. Ҳайитова Сайёра миннатдории хешро ба Пешвои миллат баён намуд.

Дар фарҷом ровии барномаи “Назаре ба оина” Муҳайё Шарипова ба ташкилкунанлагони барнома ва иштирокдорон арзи сипос намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: