Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Данғараро ба истифода супориданд Октябрь 21, 2021 16:32

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Данғараро ба истифода супориданд Октябрь 21, 2021 16:32

22-10-2021, 09:28
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи «Муҳофиза»-и ВКД дар ноҳияи Данғараро ба истифода супориданд Октябрь 21, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошëна иборат буда, дорои 40 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарон, шуъбаи назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сару либос ва дигар лавозимоти низомӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон дар ошëнаи чоруми иншоот 4 ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгир карда шудааст.

Дар назди бинои навбунëд таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиëти хизматӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, суҳбаткада ва дигар иншооти ëрирасон бунëд гардид.

Ба хотири фароҳамсозии имконияти мусоиди кору фаъолият ҳамзамон системаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд насб гардидааст.

Корҳои сохтмони бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза” дар ноҳияи Данғара моҳи августи соли 2019 оғоз гашта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоот 40 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб шуд.

Ҳамчунин атрофи бино ободу зебо ва иншоот чароғон карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад.

Бунëди иншооти замонавӣ, дастрас намудани технологияи муосир ва фароҳам сохтани дигар шароити зарурӣ дар самти ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара замина хоҳад гузошт.

Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри муҳайëсозии имкони фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ëдовар шуда,ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: