Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН»

ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН»

18-10-2021, 08:36
Хабарро хонданд: 75 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВИИ «РОҒУН-КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН»
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, баъзе раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони аҳли зиёву васоити ахбори омма, ҳунармандон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон ширкат доштанд.
Ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо; мусоидат ба истифодабарии самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда; дастгирии раванди сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имкониятҳои мавҷуда; таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ; мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти нерўи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурўш ва ташаккулёбии бозори минтақавии неруи барқ аз нишондодҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ маҳсуб меёбад.
Корвони мошинҳо бо навиштаҷоту овезаҳои ҷашнӣ тавассути автобусҳо аз шаҳри Душанбе субҳи содиқ ба самти шаҳри Роғун бо роҳбаладии мошинҳои масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракат карданд.
Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роғун», Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарпарастии маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсози миллат дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ мунтазам андешида мешаванд.
Тайи солҳои охир, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти густурдаеро амалӣ намуд, ки ҳадафи онҳо, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин «Кохи нур»-и Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рўҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто, корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 1976 оғоз ёфт. Иқтидори лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар аст ва он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди 335 метр муайян шудааст.
Вале бо сабабҳо ва воқеаҳои маълум корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот мавқуф гузошта шуд ва бунёди он ба таъхир афтод.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошу тасмимҳои созандаи бунёдгузори «Роғун», Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дубораи оғози сохтмон ба миён омад.
16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Ҳамон рўз, дар маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлкунак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пўшониданд.
9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд, ки дар натиҷа, неруи барқи тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.
“Роғун” пас аз такмили пурра бо тавлиди солона 13 миллиард киловат/соат неруи барқ кишвари моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзону аз назари экологӣ тоза ва ба яке аз таъминкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем».
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад.
Солҳои охир талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ мунтазам афзоиш меёбад ва тибқи пешгўии мутахассисон, талабот ба он то соли 2030 нисбат ба ибтидои асри бисту якум қариб чор баробар зиёд мегардад. Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ бояд таъминоти кафолатноки неруи барқ таъмин карда шавад.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуда буданд, маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии миллӣ эълон кардаем. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии неруи барқ дар минтақа кумак мерасонад.
Мавриди зикр аст, ки тўли ин солҳо аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - сарпарасти маънавии НБО “Роғун” ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ гардидани саҳмияҳои неругоҳ аз ҷониби аҳолӣ корҳои мушаххаси таблиғотӣ ба роҳ монда шуд. Кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб низ дар ин самт хеле фаъол ва намунаи ибрат буданд. Аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб ҷиҳати дастгирии заҳматкашони неругоҳ борҳо корвонҳои ғизо ташкил гардид. Ин навбат низ миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хўрокворӣ аз номи роҳбарияти олии ҳизб ба кормандони ин иншооти бузурги аср тақдим шуд.
Дар бахши маънавӣ ва фарҳангӣ низ масъулини Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳ борҳо мулоқоту барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои фароҳам овардани истироҳату фароғати кормандон ва рўҳбаланд намудани онҳо ҳамеша саҳмгузорӣ менамояд.
Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб ва мухбири махсуси нашрияи марказии ҳизб «Минбари халқ» фаъолияти доимӣ дошта, ба мардуми кишвар аз навидҳои тозаи ин иншооти бузург паём мерасонанд. Имрўзҳо дар неругоҳ 853 нафар аъзои ҳизб фаъолият намуда, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.
Аз мушоҳидаву назарпурсӣ маълум гардид, ки айни замон, ду чархаи неругоҳ, яъне агрегатҳои 5 ва 6 дар ҳолатҳои корӣ мебошанд. Барқи истеҳсолгардида, ба воситаи хати интиқоли 500 КВт ба системаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст гардидааст. Дар толори мошинҳо, ҳамзамон, бо агрегатҳои коркардаистода, дар мавзеи агрегатҳои 2, 3 ва 4 низ корҳои сохтмону васлнамоӣ идома доранд. Дар мавзеи агрегати 4-ум васлу насби зонукубур, конус ва камераи спиралӣ иҷро гардида, атрофи онҳо бетонхобонӣ карда шудааст. Идомаи корҳо дар ин мавзеъ баъди дастрас гардидани қисматҳои агрегат ба роҳ монда мешаванд. Дар қисмати агрегатҳои 2 ва 3 бошад, корҳои насбкунӣ ва мустаҳкамкории деворҳо идома доранд. Оби зиёдатии обанбор ба воситаи нақби сохтмонии қабати дуюм ба дарё равона карда шудааст.
Дар иншоотҳои соҳили рости дарё корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати 4-ум ва нақбҳои дастрасии он бо суръат идома доранд. Дар нақби сохтмонии қабати сеюм бошад, корҳо анҷом ёфта, барои партофтани оби зиёдатӣ дар мавсими серобии дарё омода мебошанд. Дарозии ин нақб 1780 метр буда, қутри он 15 метрро дар бар мегирад. Қобилияти обгузаронии ин нақб 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.
Пас аз шиносоӣ аз корҳое, ки дар толори мошин, сарбанд ва нақбҳои обпартои НБО «Роғун» ҷараён доранд, меҳмонон дар ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки дар толори васеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баргузор гардид, ширкат варзиданд. Ҳамоиши мазкурро, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, аз истиқболи гарми мизбонон изҳори сипос карданд. Ҳамчунин, ширкатдорону ҳамсафон ва ҳозирини ҳамоишро ба ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлоли кишвар муборакбод гуфта, пас аз таманниёти нек, зимни баромади хеш афзуданд: «Боиси хушнудист, ки бо шарофати омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон як марҳалаи нави ободкориҳо ва созандагиҳо оғоз гардид. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рўҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ сафарбар намуданд.
Дар ҳақиқат НБО «Роғун» аз ҷумлаи яке аз дастовардҳои бузург ва бунёдии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аст.
Ҳар руйдоди таърихие, ки дар НБО «Роғун» ба вуқуъ пайвастааст, як саҳифаи рангину пурифтихори миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, эҳсоси гувороеро дар вуҷуди ҳар фарди ватандусти ин сарзамин ба миён меоварад.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ҷодаи расидан ба Истиқлоли энергетикӣ Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба рамзи муттаҳидӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ободкориву созандагии Тоҷикистони маҳбуб табдил ёфт. Халқи бонангу номуси тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат ба орзуи деринаи худ – сохтмони заминаҳои асосии иншооти бузурги аср расид ва бо шиори ояндасози «Тоҷикистон ба пеш» ба сўи фардои дурахшон қадам мегузорад».
Инчунин, дар давоми ҳамоиш Сулаймонзода Музаффар Сулаймон- раиси шаҳри Роғун, Сафарзода Хайрулло Сафар-директори генералии ҶСК Неругоҳи барқи обии “Роғун”, Бахтиёр Муртазоев, собиқ сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ», профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва як қатор собиқадорони меҳнату вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли ҳизб баромад намуданд.
Дар охир, бо нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кулли аъзои он ба директори генералии НБО “Роғун” аз ҷониби муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар вазъияти тантанавӣ армуғон супорида шуд ва ба миқдори 1000 адад китобҳои илмиву бадеиву публитсистӣ барои китобхонаи неругоҳ ҳадя гардида, изҳори умед карда шуд, ки ин китобҳо мавриди омўзиш ва баҳрабардории аҳли заҳмат қарор мегиранд.
Ҳамчунин, бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин неругоҳи бузурги аср якчанд кормандони фаъоли он бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинии пуршукўҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби кишвар ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.
Боиси хушнудист, ки таҷлили бошукўҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти халқи сарбаланди мо марҳалаи нави пешрафтҳо, ободкориҳо ва созандагиҳо асос гузошт. Ин тантанаҳои шодиву сурур давраи худсозиву худафрўзӣ ва кўшиши навбатии миллат барои расидан ба зиндагии шоиста арзёбӣ мегардад. Мардум бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рўҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро сафарбар менамоянд.
Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки замони соҳибистиқлолиро давраи босамари бунёди неругоҳҳои барқи обӣ номем, зеро баробари ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», иншооти пуриқтидори гидроэнергетикии «Сангтўда - 1», «Сангтўда - 2», маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва якчанд хатти интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта шуданд. Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, азнавсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроқум”, неругоҳҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва бунёди даҳҳо неругоҳи хурди барқи обӣ дар мамлакат аз кишвари содиркунандаи қувваи барқ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.
Таъкид гардид, ки барои ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат якдилӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузург буда, баргузор намудани чунин чорабиниҳои фарогир ва қадрдонии онҳо аз ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Тақвият бахшидани чунин иқдомҳо дар оянда ба хотири пешравии фаъолият, дилгармии меҳнаткашон, қадрдонии онҳо ва мустаҳкам намудани дўстиву якдигарфаҳмӣ таъкид гардид.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ҷодаи расидан ба Истиқлоли энергетикӣ Неругоҳи барқи обии “Роғун” рамзи муттаҳидӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ободкориву созандагии Тоҷикистони маҳбуб дониста мешавад. Халқи бонангу номуси тоҷик бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба орзуи деринаи худ – сохтмони иншооти бузурги аср расид ва бо шиори ояндасози «Тоҷикистон, ба пеш» ба сўи фардои дурахшон ва нусратҳои тоза қадам мегузорад.

Қурбон АҲМАДЗОДА,
Душанбе-Роғун-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: