Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Зоҳири зебо

26-02-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Зоҳири зебоИмрӯз масоили либоспўшиву шакли зоҳири шаҳрвандони мо боиси баҳсҳои зиёди «тезутунди» аҳли ҷомеаи кишвар гаштааст. Гумон меравад, ки ба бархе аз маскунини кишвар дигар коре намондааст, ҷуз зери танқид кашидану ба маломати пайваста гирифтор намудани баъзе қарорҳои Ҳукумат ва давлат…

Таърих таҳрифро намепазирад ва он чизе, ки дар он аз ҷониби башарият зери «таҳрир»-и ғаразнок гирифта мешавад, рӯзе парда аз он барканда хоҳад шуд. Ҳимоят аз ҳуввияти миллӣ амали он касонест, ки аз ҷумлаи бегонапарастон набуда, «вирус»-и манқуртизм ба онҳо ёрои сироят кардан надорад. Баръакс, зери таъсири аҷониб қарор доштан ва зиёда аз ин, фахр аз он кардан хоси мавҷудотест, ки худ аз дарки фарҳангу маънавиёти қавм ва ё миллати хеш орӣ будаву ба истилоҳ ҳамон «зомбиҳо»-е ҳастанд, ки тақдирашон бозичаи дасти бегонагон буду ҳаст. Баҳси «ҳиҷоб», ки имрӯз баъзе аз ҳамватанонро фарогир шудааст, ҷомеаи моро метавонад ба қисмҳои мухолиф ҷудо намояд. Ба кишвари мо, ки дар натиҷаи сиёсати созандаи ҳукумат баъд аз чандин солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо барқарор шудани ризоият ва ваҳдати миллӣ инак солҳост дар он эътидол ҳукмфармосту қудуми устуворона сӯйи рушд мегузорад, ин аз ҷумлаи хатароти муосирест, ки метавон амни ҷомеаи тозаистиқлолу навини моро таҳдид бикунад. Фарҳанги либосу либоспӯшии сойири миллатҳои дунё тавъам ба анъаноти хоси миллӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ асту бас. Масалан, мардони қабилаи бодиянишини туареги Африқои Шимолӣ сару рӯйи худро бо матои махсус мебанданд, то ин ки аз нурҳои сӯзони офтоб дар амн бошанд. Чунин амал, бигирем, дар мамолики нимҷазираи Скандинавия ройиҷ нест, чун иқлими ин ҷо аз биёбони тафсону аз гиёҳу об ории Арабу Африқо ба куллӣ фарқ дорад. Масъалаи зоҳиру ботин миёни башарият аз масоили ахлоқиву фарҳангиест, ки барои дарки дурусти он зеҳнияти олӣ зарурият дорад. Тариқи мисол, ҳамон Диогени машҳур бо либоси ҷандаву дорои ақли бузурге, ки аз бисёри ҳамзамононаш фарқ мекард… Чунин мисолҳо дар таърих кам нестанд.

Ба масъалаи «либос»-и исломӣ ангезаи сиёсӣ додан дар кишваре, ки аз оғози истиқлол ба даст оварданаш дучори зарбаҳои ифротгаройӣ шудаву ба гирдоби набардҳои хунин зери шиорҳои динӣ монда буд, он қадар аз рӯйи хирад нест. Ба афроде, ки имрӯз худро ҳомии дину мазҳаб ва муттакои озодиву демократия меҳисобанд, ҳодисоти авохири солҳои 80 ва оғози солҳои 90-уми қарни гузашта хотиррасон намудан зарур аст, ки он давраи начандон дур ин баҳсҳо бо чӣ анҷом меёфтанд. Ҳамон солҳои ба истилоҳ «ошкорбаёни»-е, ки озодии чун «тӯҳфаи осмонӣ» сари ҳамватанон фурӯрехта, мутаассифона бархе аз онҳоро дарҳол ба рӯҳияи ифтотгаройӣ гирифтор намуд. Ба ёд оварем он рӯзҳоро, ки маҷбуран сари занҳо рӯймол пӯшонида мешуду қисме аз онҳо ҳатто мавриди латукӯб қарор мегирифтанд. Ё ин ки бо ҷурми надоштани риш баъзе ашхоси муътабари бузургсол мавриди масхараву маломат, зиёда аз ин, таҳдид мешуданд. Аз ҷониби маҳз ҳамин «ҳомиёни дину миллат» ибораҳое чун «нони муаллим ҳаром асту хондани китобҳои дақиқи дарсӣ бидъату омӯзгорон кофиранд» ва «хондани ҷанозаи онҳо раво нест» дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ садо медоданд. Чӣ қадар зери ин ливову шиорҳои «пок» ҳамватанони моро марги маҷбурӣ аз миёни мо даррабуд. Кӯшиши имрӯз норозӣ будану ба баъзе амалҳои ҳукумати кишвар додани оҳанги мазҳабӣ теша ба решаи худ задану Ватанро ноамн кардан аст.

Иқдомоти ба фарҳанги либоспӯшӣ дахолат намудани ҳукуматҳо дар таърихи инсоният аз навовариҳое нест, ки битавонанд боиси сару садоҳои зиёде бигарданд. Дар ҳамон замони Хилофатҳои исломӣаз аҳли яҳуду насоро иҷборан ҷизя ситонида мешуду онҳо танҳо иҷозати гаштугузори пиёда бо либоси махсус ва ё аломатҳои фарқкунандаи шакли зоҳириро доштанд. Дар империяи Усмонӣ низ яҳудиён бо бастани матои зардранг дар сар ва ё дасти худ ҳаққи баромадан ба ҷойҳои ҷамъиятиро доштанд. Имрӯз низ ҳангоми сафар ба баъзе мамолики исломӣ (масалан, Ҷумҳурии Исломии Эрон) ҷинси латифи инсоният, новобаста аз боварҳои диниаш, бояд рӯймол ба сар бикунад. Ба он арабпарастони худии бегонапараст, ки ин парастиашон дар бисёр маврид шакли «бехудӣ»-ро мегирад, гуфтанием, ки агар ба таҳкурсии дини мубини ислом дар нимҷазираи Араб бунёд гузошта шуда бошад, пас бинои муҳташами тамаддуни исломиро миллати ориётабори тоҷику форс сохтааст. Абармардони бузурге, ки ба ислом хидмати беандоза кардаанд, анқариб ҳамагӣ аз ҷадди мо будаанд, ки овардани номи онҳо, гумон мекунем, вақти тӯлонӣ ва коғази зиёдеро талаб мекунад. Танҳо зикри онро ҷойиз медонем, ки қисми зиёди мусалмонони ҷаҳонро, ки шумораашон аз 1,5 миллиард гузаштааст, пайрави мазҳаби ҳаммиллати бузурги мо Нуъмон ибни Собит- Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ташкил мекунад. Ва он миллате, ки чунин абармардонро ба воя расонида, дорои фарҳанги оламшумул аст, ки аз он фахр бояд намуд, на ин ки аз он кебид. Либоси миллии мо ёде аз гузаштагонунишонаи фарқкунандаи фарҳанги бузурги мост, ки ҳамчун ҷавшанест дар тани мо алайҳи таъсири бегонагон. Он ҳамеша аз иффату озодагии занони мо бозгӯӣ менамуд, ки дар домони худ нобиғаҳоеро ба камол расонидаанд, ки дурдонаҳои пурҷилои махзани тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастанд. Ва рӯ овардан ба либоси миллӣ хандаовар нест, ки баъзе онро чунин «мефармоянд», чун таърихи инсоният нишон медиҳад, ки беэътиноӣ ба фарҳанги хеш ва бегонапарастӣ боиси маҳв шудани миллатҳои том будааст. Дифоъ аз унсурҳои хоси миллӣ вазифаи ҷонии мост ва дар ин маврид бояд аз зоҳирпарастӣ даст кашид. Имрӯз он ҳиҷобҳоеро мебинем, ки бо муди «охирин» дӯхта шуда, бо андозаи тангаш, ки тамоми ҷузъҳои баданро намоиш медиҳад, дили болиғу ноболиғро «ба шӯр» меорад. Магар ҳамин аст тақводории асил? Тақвову имон, Худошиносӣ дар навбати аввал аз қалб бармеояд, на аз пӯшидани фаранҷии сиёҳу саллаи бузургу риши шонанадида. Номаи аъмоли инсонро аз рӯйи амалҳои некаш баҳо медиҳанд, на аз рӯйи ҷелаку саллаву андозаи ришаш. Илм собит кардааст, ки ба роҳи фаҳш рафтани занон аз рӯйи эҳтиёҷоти физиологӣ, беморӣ ва ё касодии иқтисодиву пастфарҳангӣ сурат мегирад ва дар ин маврид хӯрдагирӣ кардан аз тарзи либоспушӣ хилофи ақл аст, чун фаҳшу фоҳишагарӣ ва дигар аъмоли номатлуб дар тамоми замони таърихии инсоният, чӣ дар империяи Рум, чӣ Византияву Хилофати Ислом ва дигар давлатҳову тамаддунҳо будааст…

Аз ин сабаб, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллии хеш мухолифи озодӣ ва арзишҳои динӣ набуда, танҳо тангназарону камсаводон метавонанд чунин баҳогузорӣ намоянд. Боқӣ, довари асосӣ вақт аст, ки замони худ ҳамаро ҷойгузорӣ хоҳад намуд.
Азамат Дӯстов.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: