Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе

1-09-2021, 10:26
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе

01.09.2021 09:00, шаҳри Душанбе
1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.

Дар ҳар як ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла, камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.

Хобгоҳ дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хобгоҳи нав, бо 500 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат тарбиятгирандагонро ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониш таҳният гуфта, ифтитоҳи бинои хобгоҳи Мактаб-интернатро дар ин рӯзҳои ҷашнӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба насли ояндасози миллат маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷойгоҳ ва мавқеи хос буда, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва кору зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманду самарабахш андешида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо ба муносибати оғози Соли нави хониш ба ҳар як тарбиятгиранда сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо тақдим карда, онҳоро ба таҳсили хубу интизоми намунавӣ роҳнамоӣ карданд.

Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, баробари дигар муассисаҳои таълимӣ, шароити таҳсилу тарбия ва будубоши тарбиятгирандагон дар он бо дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтару хубтар гардида, бо саҳми соҳибкори ватанӣ тамоми биноҳои он таъмиру азнавсозӣ шудааст.

Ин муассисаи таълимӣ барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, айни ҳол дар он 459 хонанда ба таҳсили ҳамаҷониба фаро гирифта шудааст, ки 41 нафари он ятими кулл мебошад.

Дар Мактаб-интернат 74 нафар омӯзгорону мураббиён бо маълумоти олии касбӣ кору фаъолият менамоянд.

Тамоми синфхонаҳои муассиса бо аёнияту воситаҳои таълимӣ таъмин буда, насли наврас дар асоси роҳнамоиҳои Сарвари ятимпарвари мамлакат ба донишомӯзӣ машғул мебошанд.

Барои ҷалби тарбиятгирандагони муассисаи таълимӣ ба намудҳои гуногуни варзиш ва солимгардонӣ дар ҳудуди Мактаб-интернат майдончаҳои замонавии варзишӣ низ бунёд карда шудааст.

Атрофи бинои хобгоҳи нави Мактаб-интернат дар доираи иқдомҳои созанда ободу зебо карда шуда, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамзамон барои таъмини истироҳати хубу бофароғати тарбиятгирандагон, назди хобгоҳ бо ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои кӯдакона зинат дода шуда, нишастгоҳҳо ва як фаввораи зебо гузошта шудааст.

Рӯшноии бино ва атрофи онро шабона чароғҳои гуногуни равшанидиҳанда таъмин менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти муосири хобгоҳи муассиса, ба соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов барои дастгирӣ аз сиёсати созанда ва иҷтимоии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстона ва анҷом додани корҳои хайр изҳори сипос карданд.

Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз як муассисаи таълимӣ барои 3500 нафар хонанда дар ду бастро дар шаҳри Душанбе сохта ба истифода медиҳад.

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: