Эмгузаронӣ, ягона роҳи аз ҳама гуна вабоҳо халос шудани ҷомеа аст, мегўянд олимони ҷаҳон.
Чанд моҳ пеш ба Тоҷикистон ҳам тибқи иттилои ВАО 2- 3 навъи воксин ворид карда шуд.
Нахуст ба кишвари мо воксини истеҳсоли Ҳиндустон-"Астразенека", сипас шояд барои кам одамон воксини Русия "Спутник" ва ахиран воксини чинӣ ҳам ба миқдори хеле зиёд ворид карда шуд.
Мутаассифона, то ҳол бароямон аниқ маълум нест, ки чанд фоизи аҳолиро воксин заданду боз чи қадар бояд эм карда шаванд. Аммо тарзе аз гуфтугўҳои миёни мардум ё шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, на ҳама зарурати эмгузарониро дарк кардаву масъулияти саломатии худ ва наздиконашонро бар дўш гирифтаниянд.
Ба қарибӣ роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тамоми кишварҳоро огоҳ кард, ки ба бозгашти мавҷҳои нави коронавирус омодагӣ бигиранд.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар ин андешаанд, ки ин вабои охирин нест.
Инсониятро даҳшати чунин маризиҳои саросарӣ дар пеш аст.
Пандемия, яъне вабо дар таърихи инсоният зиёд аз сар гузашта, аз худ даҳшат боқӣ монда, ҷони миллионҳо одамонро рабудааст.
Сар задани вабои коронавирус дар ин замони тараққиёти илму техника ва рушди илми тиб, гўё як каме ногаҳонӣ буд, ҳарчанд инсоният таҷрибаи пушти сар кардани бемориҳои оммавиро зиёд дошта бошад ҳам, марги ҳазорон нафар дар як рўз табибонро даступохўрда кард.
Вабо (чума) дар асри 14 аз се як ҳисааи мардуми рўйи ҷаҳонро кушт.
Одамон баррии раҳойӣ аз он дарёфтанд, ки дар хуни одам бояд чизе бошад, ки бемориро чун " душман" бишиносад, то нобудаш созад.
Қиссае ҳаст, ки соли 1802 аз Колумбия ба Испания хабари ин бемории пайдо шуда, ки ҷони миллионҳо одамонро рабуда даҳшатафканияш саросари оламро ба таҳлука гирифтор карда будааст, расид.
22 нафар тифлакони аз 3 то 10-соларо, аз як сағирахонаи Испания гирифта, ҳар рўз ду нафари онҳоро ба ин беморӣ гирифтор карда, (аз зардоби хуни якдигарашон) онҳоро ҳамчун донори хун истифода карда, аз онҳо 12000 одамро аз марг наҷот доданд. Барои онҳо дар Богото ҳайкале гузоштаанд , ба унвони наҷотбахшони инсоният аз вабо, ки дар тани покизаи худ хун - яъне воксини наҷотро мебурданд.
Яъне, ин экспедитсияи наҷотбахш дар таърихи илми тиб роҳи нави аз лимфаи хуни шифоёфтагон табобат ёфтани беморонро роиҷ кард.
Хуб, ин гапи чанд аср пеш аст.
Аммо имрўз чӣ?
Вабои коронавирус аллакай қариб 4 миллион аҳолии курраи Заминро кушт.
Олимон дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон барои дарёфти роҳҳои ҳалли ин масъала тамоми донишу таҷрибаи худро истифода карда, дар як муддати кутоҳе воксини (эм кардан) онро дарёфтанд.
Дар Россия, Амрико, Чин, Олмон, Италия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо ба ин тариқ истеҳсол ва истифодаи эмгузарониро ягона роҳи раҳойӣ медонанд .
Як шиносам гуфт, ки азбаски дар Амрико аллакай зиёда аз 60 фоизи аҳолиро воксин кардаанд, тамоми маҳдудиятҳои замони ваборо бардоштанд. Яъне маҷбурӣ пўшидани ниқоб, фосилаи иҷтимоӣ ва гаштугузори оммавӣ дигар аз маҷбуркуниҳо берун карда шуд.
Аммо дар кишвари мо мутаассифона, то ҳол бархе аз шаҳрвандон сарфаҳми моҳияти эмгузарониро дарк накардаанд.
Шояд таъсири хабарҳои манфӣ дар ин бора аз иттилои мусбӣ бештар аст, ки бисёриҳо аз воксингирӣ ҳарос доранд.
Аммо олимони соҳа бар ин назаранд, ки то 60-80 фоизи аҳолӣ иммунитети коллективӣ пайдонакунанд, хатари қотилии вабо бартараф намешавад.
Тавре ки маълум аст, дар аввали ворид кардани воксин табибону омўзгоронро таври ҳатмӣ воксин заданд. Вале дигаронро ихтиёрӣ гузоштанд.
Ин дар дили одамон боз шубҳаву гумон ба вуҷуд овард.
Мутахассисони соҳаро мебоист, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида тавассути ВАО маъракаҳои иттилоотӣ доир мекарданд. Аммо, мутаассифона, чунин нашуд.
Имрўзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги даҳҳо ҳамватанон хабар паҳн мегардад, вале боз ҳам касе намефаҳмонад, ки ашхоси фавтида эм карда шуда буданд ё не.
Бархе аз нафарони ғайримутахассис ва бекор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ корашон навиштан асту бас, дониставу надониста ҳар гуна гапҳои подарҳаворо паҳн мекунанд. Аммо касе пеш роҳи онҳоро намегирад.
Мутахассисони соҳаро мебояд дар ин маврид пеши роҳи ин овозаҳои беасос ва зидди илмиро бигиранд.
Таърихи башарият ёд дорад, ки тамоми вабоҳо дар ҳама давру замонҳо танҳо бо роҳи эмкунии саросарӣ нобуд мешаванд .
Имрўзҳо мавҷи коронавирус бештар дар шаҳрҳои бузург, ки зичии аҳолӣ дар онҳо бештар аст, боиси ҳалокати бештари одамон мегардад. Хушбахтона, дар деҳот иммунитети одамон бақувваттар ва имкони муошираташон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё нақлиёт нест, аз ин рў ин вабо деҳотро камтар ғасб кардааст. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки равуои бетанаффуси мардум аз шаҳр ба деҳот он ҷойро аз хатари гирифториҳои саросарӣ эмин мемонад.
Ҳоло ҳам вақт аст, ки миёни мардум барои эмгузаронӣ ташвиқоту фаҳмондадиҳӣ бояд гузаронида шавад.