Омӯзиши мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ3-06-2021, 13:32
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Вазъи омӯзиши фаннимусиқӣ дар шароити кунунии барномаҳои таълимии мактабҳоитаҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, ба баъзе таҳким ва дигаргунсозиҳониёздорад. Хусусан, дардаврониИстиқлолиятидавлатии Тоҷикистон ба мазмун ва матлаби и дарси “Мусиқӣ” тағйирот ворид нашудааст. Бинобар ин вазъи он дар заминаи талаботҳои дастурамалҳоизамонигузашта боқӣ мондааст. Масъалаҳои омӯзиши намунаҳои мусиқии суннатӣ, фолклорӣ, касбиву классикӣ, мусиқиҳои хоси маҳаллие, ки тарбияи кудаконро баҳри маънавияти худшиносиву ватанпарастӣҳидоят менамояд, дар доираи мавзӯҳои китоби мазкур аз мадди назар дар канор мондааст. Аз ин рӯ, шакли услуби барномаҳои таълимӣниз тибқи талаботҳои ҳамон давраро ифода мекунад. Масъалаи ниёз ба таълифи китоби нави дарсии фанни мусиқӣ ба кӯҳнашуданиуслубибарномаитаълимӣ вобастагӣ дорад, ки шаклу мундараҷаи он дар китобҳоифанние, киимрӯздарҷараёни таълимӣқарор доранд, хеле душворфаҳм ва мураккаб ба назар мерасанд. Китоби таълимии фанни “Мусиқӣ” дар бораи худи мафҳуми мусиқӣ, пайдоиш ва олами фаҳмиши он, ривоят ва афсонаҳо дар бораи мусиқӣ ва пайвастагии он бо созҳои мусиқӣ, созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни созҳо, мавқеи созҳо дар иҷроиши мусиқӣ, нақшаи созҳо дар фаъолияти навозандагон ва ҳофизони касбии миллӣ маълумотҳои лозимӣдода наметаваонад. Аз муҳтавои мавзӯҳои китоб бар меояд, ки гӯё дар олами мусиқии миллии халқитоҷик маҳз мусиқии композиторон вуҷуд дораду бас, дигар намудҳои он ба монанди мусиқии халқӣ, мардумӣ (фолклор), классикӣ, сурудҳои бачагона, сурудҳо аз эҷодиёти ҳофизони халқӣ, ки ганҷинаи асили суннатҳои мусиқии халқӣ ба шумор мераванд, ҳамчун намунаи мусиқии миллӣ эътироф нагаштааст. Бо вуҷудимасъалаҳое, ки дар мазмуни дарси таълимии мусиқӣнорасоиҳои фанни ба назар мерасанд, тасмим гирифтем мазмун ва матлаби китоби дарси “Мусиқӣ”-ро бо маводҳои хоси талаботи замони имрӯза аз нав таълиф намоем. Пеш аз оғозикоритаълифи китобҳоинавидарси“Мусиқӣ”кӯшиш намудем, ки мазмуни китобҳоисинфҳои 1 то 6-ро зери таҳлилқарордиҳем. Натиҷаикоритаҳлилнишондод, кидараксарикитобҳомазмунваматлабимавзӯҳоваметодикаидарсӣбаталаботизамонҷавобгӯнест. Масалан, китоби дарсие, барои синфи якум тавсия дода шудааст (соли чопаш соли 2007), саҳифаҳоионазаввалтобаохириборатазасарҳоимунтахабисурудҳобуда, бидуниқисмипешгуфтор, тавсияиметодӣтаълимӣбаҳармавзӯидарсвадигарамалҳоидастуритаълиме, кибадарсмутааллиқаст, диданамешавад. Китоби “Алифбои ниёгон” (соли 2005) барои хонандагони синфи якум ҳамчун китоби дарсӣ пешниҳод гардидааст. Мазмун ва матлаби китоб аз дастурамалҳоидавраҳои пешина куллан фарқнамекунад. Мазмуни маводҳое, кидаркитоб ҷой дода шудааст мувофиқи талаботи хонандагони синфи 1-ӯм тавсия мегардад (аммо дар солҳои минбаъда ин китоб барои синфи 2 тавсия шудааст). Мутобиқион, хонандабо қоида ва қонунҳои сурудхонӣ, тарзи навиштану хондани садо дар нотаҳо ва бо созҳои мусиқӣ тавассути мисолҳои хоса шинос мешаванд. Хусусан масъалаҳоимусиқифаҳмӣ, дарки он, иҷроиши суруд, тарзи шунидани мусиқӣ ва умуман фарогирии маърифати мусиқӣ бо ороиши расмҳои ҷолиб, машқҳои гуногунмазмун, бозиҳои шавқовар тасвир ёфтааст, ки ба маънои арзиши китоб вусъат мебахшад. Дар радифи чунин мазмун дар китоб баъзе нуқсонҳо низ ба чашм мерасад. Аз ҷумла, аксарият маводҳоимусиқииовардашудаидастурамалазнамунаҳои асарҳоикомпозиторонтартибдодашудааст, ки тавассути фортепиано иҷро мегардад. Бо сабаби ҳамингуна қолабҳои якранг, ки ба қоидаҳои замони гузашта такя мекунад, имконияти ворид сохтани жанрҳоимухталифимусиқиитоҷикро бо пуррагӣ маҳдуд мегардонад. Боиси зикр аст, ки имрӯз тамоми муаллимони фанни мусиқии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳиидурдастикишварамон, босабабичунинкамбудиҳо, дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ ба душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва аз имконияти иҷроиши барнома намебароянд. Зиёда аз ин, дар китоб баъзе маводҳо бо мақсади баланд бардоштани малакаи хонандагон оид ба мусиқифаҳмӣ ва маърифати умумӣ тавсия дода шудааст. Аз ҷумла, барои шиносоӣ бо созҳои мусиқӣ, санъати ҳамсароӣ (хор), якканавозӣ ва ансамбл ва ҳатто, намуна аз санъати рақси миллӣ маводҳои ҷудогона пешниҳод гардидааст. Аммо, дар саҳифаҳои китоб ба ғайр аз расм ва номҳои он маълумоти дигар оиди мавзӯҳои зикргардида пайдо намешавад, ки хонанда дар бораи он тасаввуроти лозимӣ пайдо карда тавонад. Аз ин лиҳоз савол ба миён мебиёяд, ки ҳадафи дарси “Мусиқӣ” (Ҳар чанде, ки номи он алифбои мусиқӣ зикр шудааст) аз чӣ иборат аст? Ҳосил кардани саводи мусиқӣ ва ё шиносоӣ бо олами мусиқӣ? Агар ҳадаф омӯзиши мусиқӣ бошад, чаро онро маҳз аз синфи якӯм шурӯъ намудан зарур аст? Ҳол он, ки хонанда дар ин мӯҳлати кӯтоҳ, бо худи мусиқӣ дуруст ошноӣ пайдо карда наметавонад, омӯзиши саводи мусиқӣ чӣ иртибот дораад? Оё зарур аст дар ҳамин зинаи таълимӣ (синфи 1ва 2) саводи мусиқии хонандаро ҳосил кунем? Саводомӯзи дар он вақт лозим мешавад, агар талаба бо худи мусиқӣ ошноии пурра пайдо кунад. Аз мушоҳидаҳои китоби синфи сеюм (соли чопаш 2007)) бар меояд, ки мазмун ва мундариҷаи китоб бо маводҳои зарурӣ ва дастур ва пешниҳодҳои хуби таълимӣ мураттаб гардида, ба талабот ва дониши хонандагони синфи 3-ӯм мутобиқ гардонида шудааст. Асарҳои интихобгардида мазмунан содда ва фаҳмо мебошад. Мавзӯи сурудҳо дар доираи муҳити мактаб, оила, одобу ахлоқ ва инчунин, дар бораи иду ҷашнҳои миллӣ интихоб мегардад, ки ба завқи хонанда мувофиқу шавқовар аст. Тарзи услуби омӯзиши ҳар як асар бо дастур ва маслиҳатҳои зарурӣ тавсия шудааст, ки дар асоси он омӯзгор метавонад бидуни мушкилӣ фанни дарси мусиқиро ташкил намояд. Чун дар китобҳои муаллифони пешина оид ба баъзе норасоиҳо ишора кардем, дар мазмуни китоби мазкур низ ин камбудиҳо ҷой дорад. Дар баробари тамоми бурдбориҳо муаллифи китоб аз истифодаи намунаҳо аз мусиқии суннатӣ, аз сурудҳои эҷодиёти халқӣ, фолклори мусиқӣ, мусиқии классикӣ ва халқӣ ҳамчун маводи таълимӣ, канорҷӯи намуда, истифодаи онҳо берун аз доираи эътибор боқӣ гузоштааст. Китоби фанни “Суруд ва мусқӣ” барои синфи 4-ӯми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҷаобгӯ ба талаботи муосир таҳия гардида, истифодаи он дар ҷараёни таълимии мактабҳои умумӣ арзишдорад. Аммо бо баробари муваффақиятҳои дар китоби дарсӣ баъзан норасоиҳо низ ҳис карда мешавад. Ба назари мерасад, ки тамоми мазмуни маводҳои китоб аз эҷодиёти оҳангсозон(композиторон) тартиб дода шудааст ва бо ин восита тафаккури мусиқифаҳмии хонандагон танҳо бо асарҳои оҳангсозон маҳдуд мегардад. Бинобар ин, муҳтавои китобҳо аз суруд ва мусиқии эҷодиёти халқӣ, аз мусиқи суннатӣ бебаҳра мондааст. Китоби дарсии “Сурудва мусиқӣ” барои синфи шашӯм соли 2007 ба табъ расидааст. Ҳадаф ва эътибори дастурамали мазкур бештар ба масъалаҳои санъати сарояндагӣ равона мешавад. Аз ин рӯ, муаллифи китоб дар мадди аввал, ҳамчунвазифаиасосӣ омӯзиши нозукиҳоисанъатисарояндагӣ, сайқалиовоз, тарбиявақоидаҳоигуногунисурудхонироинтихобнамудааст. Даркитобидарсӣ ба машқиовозбеҳтаринпорчаҳоиоҳангу сурудҳоимиллӣ ҷой дода шудааст. Инчунини дар сатҳибарномаисинфи 6-ӯм зиёдтар сурудҳоидуовозапешниҳодкардашудааст. Қисмидигаримаводи дастурамалро хатти мусиқӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз ин сурудхонӣ аз рӯи нота иҷро шавад ва бо ин васила тавсия дода мешавад, хонанда мусиқии ҷаҳониро тавонад аз рӯи нота мутоила кунад. Масъалаҳоитарзигӯш кардан ва дарки жанрҳои мусиқиимухталифитоҷик, аз ҷумла, намунаҳоазасарҳои“Шашмақом”, “Фалак”, оҳангҳоихалқӣ, асарҳоиоҳангсозони тоҷик низ бо намунаҳои арзанда тавсия шудааст. Мазмун ва мундариҷаи китоби мазкур далолат медиҳад, ки муаллиф услуби ҳунари сурудхониро бо тамоми паҳлӯҳои он пешниҳод намудааст. Хусусан, машқҳои сурудҳои дуовоза бараъло ҳис карда мешавад. Пас маълум мешавад, мазмуни китоби дарсии синфи 6–ӯм гӯё маҳзбароифаннимахсусусихорсароёнтартибдодашудааст. Дар он масъалаҳои омӯзиши ҷузъҳои махсуси мусиқӣ, аз ҷумла, сохти лаҳнҳо, зарбуусул, пардаванимпарда, сохти қаторовозимажорӣ ва минорӣ, парда, фосилаву андозаҳофаслбафаслворид карда шудааст, ки фаҳмиши онро на танҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, балки мактабҳои махсуси мусиқӣ низ бо душворӣ дарк мекунад. Аз ин рӯ, китобро бо чунин мазмун маҳз ба донишҷӯёни курсҳои поёнии коллеҷҳои санъат ва мактабҳои олии махсуси мусиқӣ тавсия додан мумкин аст. Китобҳои таълимие, ки зери таҳлилқарордодем, дастовардҳои мухталифи даврони истиқлолият буда, мақсади асосии он барои беҳтар намудани сифат ва вазъи таълими фанни “Суруд ва мусиқӣ” дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз таҳлили ҳолати кунунии китобҳои дарсии фанни “Мусиқӣ” бо ташаббуси доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ ва номзади илми санъатшиносӣ Султоналӣ Худойбердиев соли 2013 якгурӯҳ мутаххасисони соҳа масоили такмили сифати мазмун ва таълимии фанро мавриди омӯзиш қарор доданд. Хулосаи омӯзиш нишон дод, ки шакли китобҳоидарсӣ ва барномаҳои он бо таври имкон ислоҳ карда шавад. Хадафи асосӣ тағйир ва такмили дастурамалҳои таълимӣ мебошад. Дар он масъалаҳои муфассал оид ба мутобиқи замон нигаронидани мазмун ва талаботи китоби фаннӣ пешбинӣ мегардад. Инчунин, лоиҳа пешниҳод менамояд, ки мундариҷаи маводҳои талимии дарси “Мусиқӣ” бештар ба сӯи жанрҳои мусиқии суннатӣ нигаронида шуда, фаҳмиш ва омӯзиши онро бо услубҳои хоси методи таълимӣ тақвият бахшанд. Дар ин маврид эътибори махсус марбут ба истифодаи намунаҳои мусиқии суннатӣ, жанрҳои он, сабки услубҳои хоси маҳалҳои гуногун, тарзи иҷроиши анъанаҳо, ки бо намунаҳои мусиқии касбии шашмақом, фалак, классикӣ, мардумӣ ва инчунин, маҳаллию фолклорӣ маъмул аст, бештар ҷой дода мешаванд. Зиёда аз ин, дар мазмуни китобҳои нав ба масоили услубинавитаълимӣ низ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намудем. Аз ҷумла, эътибори махсус ба услуби фанни таълимӣ, ки дар китобҳои дарсии кунунӣ хеле кам ба чашм мерасад, равона мегардад. Дар лоиҳаи мо ба услуби барномаи фаннии таълимии китоб ба таври муфассал, мавзӯъ ба мавзӯъ бо дастурҳои мувофиқ ба омӯзгори фан тавсия дода мешаванд. Инчунин, барои беҳтар намудани садҳу сифати дарс ва баланд бардоштани тарзу услуби омӯзиши фан истифодаи маводҳои иловагӣ аз васитаҳоитехникӣ низ пешниҳод мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, барои таҳкимдоданимавзуҳои дарс истифодаи маводҳои мусиқии созию овозӣ, намоишҳоивидеоӣ ба тариқӣ СД, ДВД ва МД пешбинӣ шудааст. Маводҳои мазкур аз дарсҳои намунавии омӯзгорони пешқадам ба шакли “Дарси кушод” доир ба мавзуҳои дарсӣ низ ба қисми иловагии китоб замима мегардад. Фанни “Мусиқӣ” ҳадафдорадташаккулимаърифат, фарҳанг, маънавиётва фазилати сириштии инсонро тарбия намояд. Инчунин тарбияи мусиқӣ дар мактаб имконият дорад тарбияи зебопарастӣ ва қобилиятихонандагонронисбатбаэҳтиромимеросиарзишҳои миллӣ вусъат бахшада, ташаккули фардии ҳарякшахсиятро оид ба муносибатҳои хуби инсонӣ такоммул диҳад. Зиёдаазин, омӯзиши санъати мусиқӣ метавонад завқихонандагонро нисбат ба ҳаётимусиқииимрӯза баланд бардошта, фаҳмишибадеӣ ва эҳтиромдоирба мероси мусиқӣ ва анъанаҳоиасилихеш устувор намояд. Бояд ёдовар гардид, ки эҳтиром нисбат ба фарҳанг ва санъати дигар миллату халқиятҳо аз фаҳмиши фарҳанги хеш оғоз мегардад. Мавод барои барномаи таълимӣ бо намунаҳоигуногунисанъатимусиқӣ, аз ҷумла, мусиқиимаҳаллӣ, фолклорӣ, халқӣ, классикӣ ва инчунин, намунаҳоиасарҳоиоҳангсозонитоҷик ва композиторони Шарқу Ғарб, кибабеҳтаринганҷинаи мусиқии ҷаҳонӣ маҳсубаст, интихобмегардад. Ба замми маводҳоимуқаррарии фаннӣ, ба китоби дарсӣ инчунин, маводҳоиаёнӣ ба монанди СД, ДВД низ илова карда мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки дар мазмуни китобҳоисобиқидарси“Мусиқӣ” на хама маводҳокӯҳна шуданд, балки аксарияти онҳородаркитоби пешбинишуда низ мавриди истифода қарор мегирад. Бинобар ҳаминбаъзеазқисматвамавзуҳои зарурию мувофиқи замонро дар саҳифаҳои китоби нави фаннӣ ҷой дода, аз онҳо фаровон истифода мекунем. Султонали Худойбердиев,устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.