Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ДАРДИ САР»-Е, КИ БАРОИ МО ЭҶОД КАРДАНД

«ДАРДИ САР»-Е, КИ БАРОИ МО ЭҶОД КАРДАНД

1-05-2021, 08:35
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
«ДАРДИ САР»-Е, КИ БАРОИ МО ЭҶОД КАРДАНД
Таи чанд соли охир бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ин замина фаъол набудани созмонҳое, ки дар пояи ин давлати пуриқтидор тавлид шуданд, боиси он гардидааст, ки ҷамоҳири пасошуравӣ зина ба зина мавқеи худро дар сиёсати хориҷӣ тағйир диҳанд ва барои дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфуз пайдо кардани кишварҳояшон вобаста ба вазъи баамаломада тасмим бигиранд. Табиист, ки ин ҳолат баъзе кишварҳоро таҳрик дод ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва боназардошти манфиатҳои давлатӣ ва миллиашон гирифта аз худи Федератсияи Россия, ки дар меҳвари ин тағйиротҳо қарор дошт, чӣ дар сиёстаи хориҷӣ ва чӣ дар сиёсати дохилӣ ба баъзе тағйиротҳо мувоҷеҳ шаванд.
Агар дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми кишварҳои узв як сиёсат ҳоким буд, баъд аз пош хӯрдани он вобаста ба ҳолатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, решаҳои таърихӣ, дин, оин фазои сиёсии кишварҳо тағйир ёфтанд, Ҳизбу ҳаракатҳое арзи вуҷуд намуданд, ки бахше аз онҳо дар алоқамандӣ бо арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ фаъолият менамуданд, вале теъдоди дигари ҳизбу ҳаракатҳо низ ба миён омаданд, ки ғолибан бо мақсади ноором сохтани фазои ин кишварҳо аз ҷониби нерӯҳои хориҷӣ тарҳрезӣ гардида, дастгирӣ меёфтанд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолият барои аксари кишварҳои пасошӯравӣ, Федератсияи Русия, ки меросбари асосии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешуд, ба унвони як меҳвари муттаҳидкунанда эътироф гардид. Ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба истиснои кишварҳои Назди Балтик, дар доираи созмону ташкилотҳои гуногун муттаҳид гардида, кӯшиш менамуданд, ки вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дар чаҳорчӯбаи ин созмонҳои минтақавӣ ба танзим дароранд. Вале тавре, ки дар боло зикраш рафт, аз як тараф ба иллати дуруст фаъолият набурдани созмонҳои минтақавӣ, аз ҷониби дигар заиф будани механизмҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахши иқтисодиёт ва аз ҳама муҳим адами кӯшишҳо дар ҳалли мушкилоти якдигар ва бо истифода аз ин дахолати ҳадафмандонаи кишварҳои Ғарб ба умури дохилии баъзе кишварҳои ИДМ, боиси меҳваргурезӣ ва иваз намудани қутби сиёсии онҳо гардид…
Агар давоми даҳ соли охир кишварҳое мисли Гурҷистон, Молдова, Украина аксарияти созмонҳои мамолики пасошӯравиро тарк намуда бошанд, ҳоло баъзе эътироз ва норозигиҳо аз ҷониби Арманистон, Белорус, Қазоқистон низ ба гӯш мерасад. Ин саҳнасозиҳо идомаи фитнаи солҳои 90-уми Тоҷикистон аст, ки имрӯз дар кишварҳои зикршуда дар шакли дигар сурат мегирад. Вале услуб ҳамон аст ва ҳеҷ тағйир наёфтааст. Яъне муҳим ба ҳадаф расидан ва ин ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандони мулкӣ қурбонӣ ва ё гуреза мешаванд, пеши дастандаркорон арзиш надорад.
Мутаассифона, имрӯз низ таҳрифи таърих, аз ҷумла таърихи муосири Тоҷикистон аз ҷониби баъзе тарроҳони сиёсати минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасанд, ки ба «дилсардиҳо» -и тоза дар муносибатҳои дипломатӣ замина мегузоранд. Мисли ин, ки як нафар мансабдори воломақоми кишваре, ки шарики стратегӣ маҳсуб мешавад, дар суҳбати худ зикр намуд, ки Русия дар ҳамбастагӣ бо ҶИЭ муваффақ шуд, соли 2006 (?) ба муқовимати ҳукумати дунявии Тоҷикистон бо ҳизби равияи исломӣ бо роҳи ба сохтори ҳукуматӣ ворид намудани ин ҳизб хотима бахшад. Ҳол он, ки 9 сол қабл, соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар байни халқ ба унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» эътироф шудааст, ҷони худро ба хатар гузошта ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҳанӯз ҷангҳои шадид мерафт, сафар кард ва бо роҳбарони ИНОТ (Иттиҳоди неруҳои опозитсиони тоҷик) мулоқот ороста, ба сулҳи тоҷикон замина гузошт. Ин иқдом як зарурати таърихӣ буд, ки бо вуҷуди ихтилофи бунёдӣ доштани ақидаву мавқеъ дар умури давлатдорӣ, ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ шуд. Вале вақт собит намуд, ки муросо бо нерӯҳои оштинопазире, ки бо таҳрики кишварҳои беруна мехоҳанд танҳо идеологияи маҳдуди худро ба сари ҷомеа таҳмил кунанд ва тоқати таҳаммули дигарандеширо надоранд, ғайриимкон аст. Фаразан ҳаводиси кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон Афғонистон ва ё Сурияву Ироқ, ки ҳамин нерӯҳои радикалӣ суннати ҳазорсолаи давлату давлатдориро ба коми оташ заданд, илм, маориф, фарҳанг ва ҳатто таърихи бостонии ин кишварҳоро, ки мояи ифтихорашон буд, маҳв намуданд, мисоли равшан аст.
Агар ба таърих назар андозем, паҳлуҳои мухталифи ин масъала ба осонӣ рӯшан мешавад. Мо ба дурустӣ дарк хоҳем кард, ки Ҳизби террористии наҳзати исломро барои тоҷикон кадом нерӯҳо ба унвони «дарди сар» эҷод кардаанд…
Соли 1990 намояндагони Тоҷикистон Давлат Усмон ва Сайид Иброҳим Гадоев бо хоҳиши Ҳайдар Ҷамол, ки яке аз сарсахттарин мубаллиғони исломи бунёдгаро дар Русия буд, ба анҷумани умумииттифоқии (!) муассисони Ҳизби наҳзати ислом дар шаҳри Астархан даъват шуданд. (Ҳар ду даъватшуда ба ҳайси муовинони раиси ҳизби навтаъсисшуда интихоб гардиданд, ки далели аз таваҷҷуҳи хос бархурдор будани ин тоифа назди тарроҳони фитнаҳои баъдӣ буд.) Баъдтар бо иддаои он, ки ин ҳизб дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сабти ном шудааст, 6 октябри соли 1990 Ҳизби наҳзати ислом нахустанҷумани таъсисии худро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд ва ба фаъолияти худ асос гузошт. Шояд ба дигар ҷумҳуриҳои мусалмонтабори кишварҳои пасошӯравӣ низ ин пешниҳод ироа гардида буд, вале онҳо чун паёмади шуми ин иқдомро дарк мекарданд, аз таъсис додани як ҳизби динӣ дар фазои сиёсии кишварашон қатъиян даст кашиданд. Мутаассифона, роҳбарони вақти кишвари мо, ки ба ҳукми одат ҳанӯз фармони «боло»-ро итоат мекарданд, ба сабти ном шудани ин ҳизб розӣ шуданд ва ба баланд шудани оташи фитна дар кишвар замина гузоштанд.
Пӯшида нест, ки дар нахустанҷумани умумииттифоқии наҳзатиҳо намояндагони гурӯҳҳои демоисломии Русия ва эммисарони баъзе кишварҳои исломӣ ширкат варзиданд. Ҳизби наҳзат дар қаламрави Федератсияи Россия аз оғоз фаъолияти муассире надошт ва ба зуддӣ баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, вале минбаъд тамоми таваҷҷуҳ ба фаъолияти наҳзатиҳо дар Тоҷикистон равона гардид ва дар ҷаласа ва анҷуманҳои ҳизб намояндагони кишварҳои муассис ба таври ошкорову пинҳонӣ ширкат меварзиданд. Дар муайян намудани тактикаву дурнамо (стратегия)-и фаъолияти он саҳм мегузоштанд. Ҷаноби Ҳайдар Ҷамол бошад, ба унвони меҳмони олӣ дар анҷуману ҷаласаҳои муҳими ҳизб ҳамеша даъват мешуд ва дар байни наҳзатиён ба ҳайси «асосгузор» эҳтироми хосса дошт.
Ҳамин тариқ, соли 1991 қабл аз интихоботи президентӣ намояндагони М.Горбочев Анатолий Собчак ва академик Евгений Велихов, яке аз ҷонибдорони сарсахти барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, баъд аз гуфтушунид бо роҳбарони ҳизби наҳзат, Раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиевро водор намуданд, ки дар давраи интихобот муваққатан аз вазифаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон даст кашад. Ин иқдом ба хотири таъмини ширкати фаъоли ҳизби наҳзат дар интихобот ва минбаъд ҳамчун неруи воқеии сиёсӣ таъсиргузор шудани он дар раванди сиёсии минтақа, пеш гирифта шуд.
14 октябри с.1991 дар журнали "Коммерсантъ Власть" (№41) доир ба ин қазия матлабе бо унвони «Собчак таджиков помирил. Ненадолго» («Собчак тоҷиконро оштӣ дод. Муваққатан») нашр шуд, ки аз идомаи мудҳиши ин саҳнасозиҳо дарак медод.
Баъдтар, яке аз тарроҳони сохти «демократӣ» Аслиддин Соҳибназаров дар китоби худ «Субҳи ситоракуш» иқрор кард, ки чанд рӯз қабл аз шикастани пайкараи Ленин дар майдони марказӣ ва ошӯбҳои шаҳри Душанбе, рафиқонаш аз хориҷа занг зада, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки вазъият ноором мешавад ва зинҳор Тоҷикистонро барои муддате тарк кунад.
Ин далелҳо ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ошӯбҳои соли навадум инқилоби мардумӣ набуда, тасодуфан ҳам ба амал наомадаанд, балки неруҳои махсус аз хориҷи кишвар онро тарҳрезӣ намуданд, ки, мутаассифона, имрӯз ҳам мехоҳанд аз пасмондаи он қувваҳои парокандашуда ба унвони фишанг истифода намоянд.
Мусаллам аст, ки имрӯз барои пиёда кардани ин ҳадафҳо аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои мухталиф маблағҳои зиёд сарф мешаванд. Усулҳои зина ба зина ба мағзи шаҳрвандон таҳмил кардани ақидаву афкори радикалӣ ва барҳам задани низоми суннатии ҷомеа, ки ба арзишҳои башарӣ ва миллӣ такя мекунад, рӯз то рӯз шиддат мегирад. Мо ин равишро бояд нодида нагирем ва умедвор ҳам нашавем, ки шиддати он ба майли худ коҳиш меёбад. Ин мисли бемории музминест, ки бояд пайваста аз паси муолиҷааш бошем. Ҳар қадар ташхиси мо ҳирфаӣ ва давоҳои мо коргартар бошанд, ҳамон андоза пирӯз хоҳем шуд.

Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: