Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАКРУ ДУРӮҒҲОИ М.КАБИРӢ ДАР НАЗДИ ХОҶАГОНИ ОХУНДИЯШ

МАКРУ ДУРӮҒҲОИ М.КАБИРӢ ДАР НАЗДИ ХОҶАГОНИ ОХУНДИЯШ

28-04-2021, 11:24
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
МАКРУ ДУРӮҒҲОИ М.КАБИРӢ  ДАР НАЗДИ ХОҶАГОНИ ОХУНДИЯШ
15-уми апрели соли 2021 маҷлиси ҳисоботии раиси ташкилоти эстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ М.Кабирӣ дар назди хоҷагони хориҷии худ, яъне доираҳои мазҳабӣ ва идеологии Эрон баргузор шуд. Он зери пӯшиши “мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Эрон” доир гашта, дар асл М.Кабирӣ дар ҳузури охундҳо, басиҷиҳо ва сипоҳиҳо ба саволҳои динӣ, сиёсӣ ва идеологии онҳо ба тариқи онлайн ҷавоб дод. Ин пурсишҳо то дараҷое таҳқиромез буданд, ки моҳияти муносибатҳои онҳоро пурра ошкор карданд. Дар натиҷа бори дигар маълум шуд, ки хоҷа, амрдиҳанда ва дастурдиҳандаи М.Кабирӣ ва идоракунандаи фаъолиятҳои ТЭТ ҲНИ кист. М.Кабирӣ бошад, дар назди онҳо чун талабаи мактаб ҷавоб ва шарҳ медод.
Айни замон ин ҷавобҳо пур аз дурӯғ, туҳмат ва найранг буда, М.Кабирӣ ҳатто кӯшиш кард, ки хоҷагони худро ҳам фиреб диҳад. Яъне ин мулоқотро саҳнаи найранги Кабирӣ ҳам номидан мумкин аст.
Албатта, ба ҳар як шахси андешаманд маълум аст, ки мақсади фаъолияти роҳбари наҳзатро бесуботӣ дар Тоҷикистон ва дубора ба моҷаро кашидани кишвар ташкил медиҳад. Шахсияти воқеии худи М.Кабирӣ ин ҳадафро борҳо дар суханрониҳояш тасдиқ намудааст ва ҳатто дар ҳамин суханронии охираш низ ба ҷанг кашидани Тоҷикистонро тасдиқ намуд, ки атрофи ин дар зер муфассал дидгоҳи худро баён менамоем. Тавре қайд гардид, ҳадафи асосии фаъолияти имрӯзи наҳзатӣ ва роҳбари он М. Кабирӣ ташкили бесуботиҳо дар мамлкат аст. Муҳиддин Кабирӣ барномарезиҳои ифротии ҳизбиашро кӯшиши бо сармоягузориҳои хоҷагонаш амалӣ намуданро дорад. Доираи наҳзатӣ бо ҳар тарҳ мехоҳад, рӯзгори мардуми Тоҷикистонро хароб, халқро оғӯштаи хун ва миллатро пароканда намояд. Чунин шароит ва ҳолати фаъолияти доираҳои наҳзатӣ, махсусан М. Кабирӣ зиёиёни миллати тоҷик ва коршиносони соҳаро водор менамояд, ки бо мақегирии миллӣ ва нигоҳҳои ояндасоз мақсадҳои нопоки наҳзатиёнро ба ҷомеа равшан созанд.
Бо ин мақсад мазмуну моҳият ва омилу мақсадҳои нуҳуфтаи мусоҳибаи Муҳиддин Кабириро, ки дар канали телеграмии «Бунёди байналмилалии Ризвон» рӯзи 15.04.2021 пахш гардида буд, таҳлил намуда, дар чанд нукта иброз менамоем.
Пеш аз оғоз нуктаро мехоҳем таъкид кунем, ки ин навишта ва таҳлил каме тӯлонист, вале воқеияти амалу ҳадафҳои ниҳоии М.Кабириро инъикос менамояд. Аз ҳамин лиҳоз мутолиаи комили матн ҳар фардро аз дидгоҳи ифротиву ғаразноки доираҳои наҳзатӣ нисбати миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон бохабар месозад.
Нуктаи меҳварии масъалгузорӣ ин аст, ки чаро суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар канали телеграмии «Бунёди байналмилалии Ризвон» мусоҳиба нест? Оре, ҳамон тавре, ки дар боло зикр намудем, ин суханронӣ ҳисобот ё гузориши М.Кабирӣ дар назди хоҷагони эрониашро мемонад. Мувофиқи маълумотҳои расида, чанд муддати охир хоҷагони эронии Ҳизби наҳзати ислом аз роҳбари он ба далелҳои ноуҳдабароӣ рӯй тофтаанд ва ё ҳадди ақал аз сармоягузорӣ рӯйи барномаҳои экстремистии наҳзат даст кашидаанд. Аз ҳамин лиҳоз М.Кабирӣ ба василаи ин суханрониаш талош намуд, то назди хоҷагон ҳисоб диҳад ва барои барномаҳои худ сармояҳои нав ҷалб намояд. Маҳз чунин ҳолати маъалагузорӣ нишон медиҳад, ки суханрони М.Кабирӣ ба ҷуз гузориш ва ё ҳисоботи солона назди хоҷагони эрониаш дигар чизе нест.
Ҳамакнун таваҷҷуҳ намоед ба ҳисоботи М. Кабирӣ назди хоҷагони охунди эрониаш:
Масъалаи аввал ин аст, ки М.Кабирӣ дар суханронии худ атрофи таърихи ташаккули ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сухан гуфта, таърихи онро ба “Ҷавонони Бухоро” (“Ҷадидони Бухоро”, ҳаракате, ки охирҳои асри XIX дар байни зиёиёни ҷавони Бухоро зуҳур карда буд), рабт дод. Яъне, М.Кабирӣ ТТЭ ҲНИ-ро меросбари ҳаракати “Ҷавонони Бухоро” арзёбӣ намуд, ки ин аз воқеияти таърихи пайдоиши ТТЭ ҲНИ фарсахҳо дур аст. Агар аз нигоҳи хронологӣ низ ба ҳамин масъала таваҷҷуҳ намоем ҳам маълум мегардад, ягон пайвастагиҳои арзишиву идеологӣ ва ҳатто физикиву биологӣ миёни доираҳои наҳзатӣ ва “Ҷадидони Бухоро” вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҷо як нуктаро мехоҳам қайд намоям, ки ҷадидон фарогири ҷавонони равшанфикр ва зиёиёни муътадиле чун Садриддин Айнӣ буданд. Аммо, роҳбарони аввалу имрӯзи наҳзат аз чароғи маънавият дур буда, мутаассиб ва ба маънии сиёсӣ ифротгаро буданд.
Нуктаи дигар ин аст, ки ТТЭ ҲНИ маҳсули хадамоти истихборотии Эрон ва роҳбаронаш дастпарварони хоҷагони эронӣ буданд. Аз ҳамин хотир таърихи пайдоиши ҲНИ ва роҳбарони он ба ҷадидони Бухоро ҳеҷ рабте надоранд. Ин аввалин дурӯғи бузурги М.Кабирӣ назди хоҷагони эрониаш буд.
М.Кабирӣ ҳамчунин дар суханрониаш атрофи соли 1973 аз ҷониби С.А.Нурӣ ва гурӯҳи ҷавонони фаъол ва муътақид ба ислом ташкил гардидани ҲНИ ибрози назар намуд. Дар ин ҷо М.Кабирӣ аз кадом ҷавонони фаъол ва аз кадом муътақидони дини ислом сухан мекунад? Оё то таъсиси ҲНИ дар Тоҷикистон дини ислом вуҷуд надошт? Ё С.Нурӣ кадом мазҳабро мехост дар кишвар паҳн намояд? Инҳо саволҳое мебошанд, ки бояд ҳар фарди огоҳ атрофи онҳо андеша намояд, ки “муътақидони ислом” чӣ ғаразҳоеро дар сар мепарвариданд! Аввал, ин ки оғои М.Кабирӣ нагуфт, ки С.Нурӣ дастпарварӣ мактаби Эрон ва шахсияти ӯ гумоштаи ходимони инқилобии Эрон аст, ки он бо мақсади ташкили инқилоб дар Тоҷикистон С.Нуриро ба Душанбе бо ҲНИ тамға ва ё тарҳи ташкили инқилоб фиристода буданд. Дар атрофи С.Нурӣ ҳам ягон исломгарои муътадил ҷамъ наомада буд. Он доираи хурд ҳам дастпарварони хадамоти махсуси Эрон ва муҳассилони фабрикаҳои шиапарастон буданд. С.Нурӣ ва доираҳои наҳзатӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон дастур мегирифтанд, ҳадафҳои сиёсии ҳамон кишварро дар Тоҷикистон амалӣ намудан мехостанд.
Аслан хадамоти махсуси истихборотии Эрон ТТЭ ҲНИ-ро бо ду мақсад ташкил намуда буд. Аввалан, ташкили инқлоб дар Тоҷикистон ва дуюм густариш ва паҳн намудани равияи шиагароӣ дар қаламравӣ кишвар. Албатта, баъдан таърихи сиёсии кишвар ва ҳодисаҳои майдони “Шаҳидон”-у суханрониҳои роҳбаронӣ назҳатӣ ин ду ҳадафи хадамоти махсуси Эронро ошкор намуд. Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки доираҳои наҳзатӣ аз таъсиси ҲНИ ҳеҷ гоҳ мақсади ташвиқи исломи воқеиро дар кишвар надоштанд. Инро ҳам метавон ба садҳо далел тасдиқ намуд, вале овардани як далел кифоя аст. Дар ҳоле, ки 99%-и аҳолии Тоҷикистон муътақиди дини ислом буданд, ҳеҷ ҳоҷате ба таъсиси ҳизби динӣ вуҷуд надошт. Яъне, аксарияти аҳолии Тоҷикистонро муътақидони дини ислом ташкил медоданду медиҳанд ва чаро бояд дар байни ин мардум ҳизби динӣ таъсис дод? Бале, акидан доираҳои наҳзатӣ ва хоҷагони эрониашон мақсад доштанду доранд, ки бо ҳар роҳу воситае мазҳаби шиаро дар байни ақвоми суннатии тоҷикистонӣ паҳн намоянд ва бад ин васила ҳадафҳои сиёсии ифротии худро амалӣ намоянд. Инчунин барои хадамоти махсуси эронӣ дар ҳамон давра Тоҷикистон майдони геополитикие мемонд, ки Эрон мехост бо таъсиси наҳзат манфиатҳои геополитикии худро дар ин майдон ҳимоя намоянд.
Ҳамин тавр, С.Нурӣ равшанфикр набуд, балки ҷосуси Эрон буд ва он доираи хурди ҳамсафаш низ дастпарварони мактаби Қум (донишкадае, ки танҳо шиагаро омода мекунад) буданд. Ин дурӯғи дуюми Кабирӣ назди хоҷагони эрониаш буд.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии М.Кабирӣ садо дод, ба қавле омилҳои пирӯзии ҲНИ байни солҳои 1970-1990 дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна буд. Ба андешаи оғои М.Кабирӣ омили асосии пирӯзии ҲНИ зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, аз он ҷумла пирӯз шудани Инқилоби Эрон будааст. Яъне, М.Кабирӣ ба андешаест, ки гӯё ҲНИ дар байни аҳолӣ фарогир гардида бошад, ки ин ақидан хато аст. Инсофан бояд гуфт, ки М.Кабирӣ аз кадом пирӯзӣ мегӯяд?! ҲНИ, ки дар Тоҷикистон аз таъсиси худ хабар дод ва дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷанг кашида, сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар натиҷаи фаъолияти харобиовари ТТЭ ҲНИ дар ҷумҳурӣ беш аз 150 ҳазор одами бегуноҳ ҳалок гардида, ҳазорҳо кӯдакон ятиму ҳазорҳо зан бешавҳар монд. Дар натиҷаи хунрезиҳои ТТЭ ҲНИ солҳои 92 беш аз як миллион шаҳрвандон рӯ ба ҳиҷрат оварда, ҳазорҳои нафар дар дохили кишвар бесарпаноҳ монданд. Оре “пирӯзӣ”-ҳои ТТЭ ҲНИ дар ана ҳамин самт буд. Инчунин, дар Тоҷикистон ҷанги мазҳабӣ эълон намуда, муътақидон ва пайравони дигар дину оинҳоро бераҳмон қатл менамуд.
Бо мақсади суст намудан ва аз байн бурдани пояҳои давлатдорӣ олимону аҳли зиё, ходимони давлатӣ, барангехтани кинаву адоват байни тоҷикону русҳо тибқи дастури хадамоти махсуси Эрон С.Нурӣ ва дигар аъзоёни ҲНИ амал намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯхтанд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ТТЭ ҲНИ қатли зиёини кишварро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода буд. Олимони машҳури кишвар М.Осимӣ, Исҳоқӣ, рузноманигорони бузург М.Шерализода, Афардӣ, Олимпур ва садҳои дигар аз ҷониби наҳзат кушта шуданд.
Ҳамон тавре, ки худи М.Кабирӣ қайд намуд, дар ҳамон лаҳза хадамоти махсуси Эрон С.Нуриро дастгирӣ намуда, дар амалиётҳои террористӣ ба он сармоягузориҳои азим равон мекард. Аз ин гуфтаҳои М.Кабирӣ бармеояд, ки Ҳизби наҳзати исломро ҳақиқатан ҳам Эрон дастгирӣ мекунад. Кабирӣ худ тасдиқ мекунад, ки Ҳизби наҳзати ислом ин дастпарвари хадамоти махсуси Эрон буда, иҷрокунандаи супоришҳои он мебошад. То ҳол М.Кабирӣ ва дигар аъзоёни фаъоли Ҳизби наҳзати ислом аз ҷониби Эрон дастгирӣ ва маблағгузорӣ мешавад.
Оре, ТТЭ ҲНИ дар байни солҳои 1970-1990 танҳо дар ташкили амалҳои ифротӣ то андозае пирӯз гардида, одамони бегуноҳро қатл намуд. Имрӯз ҳамон хунрезиву қатл ва ҳамон даҳшатафканиву хиёнат ба миллату давлатро роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар назди хоҷагони хориҷиаш пирӯзӣ унвон намудааст. Ҳамин нуктаро шаҳрвандони огоҳи мо бояд дарк намоянд, ки қатли падару бобоёни мо дар солҳои 90-ум аз ҷониби ТТЭ ҲНИ барои роҳбари имрӯзааш пирӯзӣ аст. Фаромӯш набояд кард, ки ин хиёнати доираҳои наҳзатӣ нанге болои худашон аст, ки ба миллати худ хиёнати бузург намудаанд. Аз тарафи дигар ин пирӯзие, ки М.Кабирӣ дар назди хоҷагонаш гузориш дод, ба миллати мо ҳушдор ва паёме аст, ки ТТЭ ҲНИ ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои ҳамон давраи худ даст накашидааст. Ва онҳо имрӯз низ тарҳи шиагароёнаро паҳн намуда истодаанд ва инчунин кӯшиш доранд, ки дубора миллатро ба хуну хок оғӯшта намоянд.
Дар масъалаи таблиғи шиагароӣ фақат ҳаминро қайд намудан кифоя аст, ки имрӯзҳо яке аз фаъолони наҳзатӣ Саидюнуси Истарвшанӣ пурра ба амилигардонии ҳамин бахши барномаи ҲНИ машғул аст. Ҳамарӯза аз ҷониби С.Истаравшанӣ нашр гардидани маводҳои мазумни шиагароёна дошта дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи ҳамин гуфтаҳост. Дар масъалаи ноором сохтани вазъ ва суботи кишвар ва ҳамчунин ташкили ҷангу хунрезӣ бошад, бахши дигари наҳзат бо сарварии худи М.Кабирӣ ва М.Садриддин фаъолият бурда истодаанд, ки ҳамин суҳбати роҳбари наҳзат далели андешаҳои фавқанд.
Хулоса, дар масъалаи пирӯзии оммавии ТТЭ ҲНИ дар байни солҳои 1970-1990, дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, ки М.Кабирӣ зикрашро буд, гуфтан мумкин аст, ки ин сирф дурӯғ аст ва ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ пирӯзии оммавӣ надошт. Он ҳамеша як қаноти хориҷии хадамоти ҷосусии Эрон буд, ҳаст ва мемонад.
Масъалаи баъдӣ ин аст, ки М.Кабирӣ борҳо дар суханрониҳои худ таъкид менамуд, ки пайрави мазҳаби суннӣ аст ва дар амалияи фаъолияти худ, низ мавқеи мазҳабии худро устувор нигоҳ медорад. Аммо бояд гуфт, ки М.Кабирӣ ин ҳама сол дурӯғ мегуфт ва мардумро фиреб менамуд. Ҳатто баъзе афроде, ки ба наҳзат пайваста буданд, дар аввал ба эътиқоди онҳо дахолат намекард ва оҳиста-оҳиста онҳоро ба мазҳаби шиа мекашид. Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ зикр кард, ки ӯ байни аҳли ташайюъ ва аҳли суннат ягон фарқият намебинад ва ҷонибдоронаш низ нисбат ба шиаҳои Эрон чунин назар доранд. Абатта, бо чунин назари худ М.Кабирӣ иқрор мешавад, ки ӯ худ шиамазҳаб аст. Бояд зикр намуд, ки М.Кабирӣ метавонист боз ҳам шиа будани худро барои мардуми тоҷик пинҳон кунад. Ва ин дасти худаш набуд. ӯ маҷбур буд, ки ба таври оммави шиа будани худро эълон кунад. Чунки хост бо ин роҳ аз хоҷагони эрониаш сармояҳои бузург бигирад. Ва ҳамчунин боварии аз дастрафтаро дубора барқарор ва дар назди хоҷагон каме ҳам бошад, обрӯй пайдо кунад. Бубинед, М.Кабирӣ барои пули ночиз ва сармоя шуда, мазҳаби аҷдодони худро тарк намуд, ҳатто ба мазҳаби аҷдодон ҷанг элон кард.
Мусаллам аст, ки М.Кабирӣ дигар аъзоёни Ҳизби наҳзати исломро низ ҳамчун роҳбар ба шиапарастӣ даъват намуда, баъзе аз онҳоро низ шиапараст намудааст. Албатта, нафароне, ки шиапарстиро қабул накарданд, аз сафи ҳизб ронда шуда, ё худ онро тарк карданд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки М.Кабирӣ аз ҷониби Эрон дастгирӣ ва маблағгузорӣ гардида, мақсади ниҳоии онҳо ин шиапараст намудани миллати тоҷик аст. Масалан, дар ин маврид ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон афроди собиқи наҳзат мавҷуданд, ки ба хотири шиаро қабул накардан С.Нурӣ ва М.Кабирӣ онҳоро аз сафи ҳизб рондаанд.
Яке аз чунин нафарҳо Карим Раҳим бо тахаллуси (Домулло Абдураҳими Кулобӣ) мебошад. Домулло Абдураҳими Кулобӣ борҳо дар конфронсу нишастҳо ва мусоҳибаҳояш бо журналистон таъкид намудааст, ки ӯ бахотири қабул накардани мазҳабӣ шиа ҲНИ-ро тарк кардааст. Домулло Абдураҳими Кулобӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш чунин таъкид менамояд, ки “Чанд маротиба аз ҷониби роҳбарони наҳзатӣ ва охундҳои Эрон пешниҳод гардид, ки мазҳаби шиаро қабул ва ташвиқ намояд ва ба ин васила соҳиби маблағҳои калон мегардад”. Аммо худи Домулло Абдураҳими Кулобӣ хориҷ гардидани аз сафи ҲНИ-ро афзал дониста, мазҳаби шиаро қабул накард. Маврид ба зикр аст, ки охундҳои эрон ва сарпарстони М.Кабирӣ борҳо аз сунниҳо истифода намуда, баъдан онҳоро ё қатл ва ё ба гӯшаи фаромӯшӣ равон намудаанд. Маслан, дар давраи инқилоби исломӣ дар Эрон охундҳои Эрон сунниҳоро истифода намуданд ва баъди бар сари ҳукумат омаданашон сунниҳоро ба манотиқи биёбону қабиланишини Балуҷистон бурда ҷойгир намуда, ба онҳо то ҳол ягон мавқеи сиёсиеро надоданд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Эрон ягон нақше надоранд. Албатта, ин раванди бадарғакунӣ ба он сунниҳое, ки мазҳаби худро фурӯхтанд дахл надошт. Баръакс, онҳоро ҳамчун намунаи ташвиқи мазҳаби шиа истифода менамуданд.
Ҳамин тавр, дурӯғи дигари М.Кабирӣ, ки исрор меварзид суннӣ аст, ошкор гардид ва шиа буданашро худаш тасдиқ намуд. Акнун дар ин маврид қазоват дар дасти худи хонанда аст, ки чунин шахси мазҳабфурӯш то куҷо садоқат дошта метавонад!
Дар идомаи гузориши худ М.Кабирӣ дар назди хоҷагонаш изҳор мекунад, ки соли 2015 ҲНИ саркӯб шуд ва онҳо мубориза карданд ва худи ӯ барои дархости кумак ба шаҳри Қуми Эрон рафтааст ва он интизории кӯмаке, ки дошт, аз ҷониби хоҷагонаш дарёфт накард. Ин суханони М.Кабирӣ бори дигар тасдиқ мекунад, ки тибқи дастуру супоришҳои хадамоти махсуси Эрон М.Кабирӣ бо дасти Назарзода Абдуҳалим дар Тоҷикистон табаддулоти давлатӣ карданд ва муваффақ нашуданд. Хушбахтона, мардуми тоҷик онҳоро дастгирӣ накард ва баръакс дар дастгир ва нобуд сохтани онҳо дар паҳлуи Ҳукумат ва кормандони мақомоти давлатӣ буданд.
М.Кабирӣ дар идома назари худро атрофи номгузории фарзандон бо номҳои исломӣ дар замони Шӯравӣ баён дошт, ки қисме дурӯғ ва қисме воқеият дошт. Бад-ин маъно, ки дар замони Шӯравӣ номгузорӣ маҳдуд набуд ва бо сифатҳои Худову номҳои паёмбарон озодона номгузорӣ сурат мегирифт. Ин қисмат шаҳодат аз дурӯғбофиҳои М.Кабирӣ дар ростои рӯйдодҳои таърих менамояд. Вале қисмати воқеияти ин гуфтор дар он аст, ки асосгузорони ин ҳизби террористӣ аз рӯзҳои нахустин эронпарасту шиазада будаанд ва бунёди ин ҳизб бар пояи усулу қавонини шиа таҳрезӣ шудааст. Агар чунин нест, пас, чаро муассиси ин ҳизб ва боз пайраве аз он на номҳои мусулмонии роиҷи тоҷикӣ, балки номҳои шиаиро интихоб менамояд. Бе шак, ин амали наҳзатиён ба хотири нишон додани садоқати худ дар назди хоҷагони шиашон ва “ҳалол кардан”-и “ҳаққи хизматашон” мебошад.
Ҳамон тавре, ки М.Кабирӣ тасдиқ кард, баъд аз шикаст хӯрдан ӯ ва дигар аъзоёни фаъоли наҳзат ҳамчун паноҳгоҳ ва сарпараст ба Эрон фирор намуданд. Ва дар онҷо худро бо маблағу силоҳҳои хадамоти махсуси Эрон мусаллаҳ менамуданд.
Таъкид намудан муҳим аст, ки хадамоти махсуси Эрон барои ташкили табаддулоти соли 2015 дар Тоҷикистон ба фонди наҳзат миллионҳо доллар сармоягузорӣ намуда буд ва қисме аз он маблағҳоро М.Кабирӣ, Назарзода А., Кузов Шоҳнаим, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигар роҳбарони наҳзатӣ ба манфити оилавии худ истифода намуда буданд. Мисол, онҳо барои худ ва аъзоёни оилаашон воситаҳои нақлиёти гаронарзиш ва хонаҳои замонавию боҳашамат харидорӣ карда, ба тиҷорати сиёҳ машғул шуда буданд. Маҳз яке аз сабабҳое, ки ТТЭ ҲНИ дар назди хоҷагони эрониаш эътиборашро аз даст дода, бовариашон нисбати ин ҳизб коста гардида буд, ҳамин ҷиҳати сарфи маблағҳо буд. М.Кабирӣ ва дигар ҳамроҳонаш барои иҷро накардани дастуру супоришҳои хадамоти махсуси Эрон вобаста ба шиа намудани мардуми Тоҷикистон ва ноором сохтани вазъият дар ин кишвар ва оиди ба куҷо сарф намудани маблағҳои ҳаҷман калони гирифтаашонро ҳисобот дода натавонистанд. Дар чунин ҳолат М.Кабирӣ ва дигар ҳамроҳонашон маҷбур шуданд, ки ба давлатҳои ғайримусалмонӣ рӯй оварда, зери таъсири сохторҳои махсуси ин кишварҳо қарор гиранд, зеро дигар чора ҳам надоштанд. Ва дар ин суханронӣ ва ҳисоботи худ М.Кабирӣ талош намуд, ки дубора боварии хоҷагонашро ба даст орад.
Дурӯғи дигари М.Кабирӣ дар ин гузориши ҳисоботияш ин буд, ки гӯё мухолифини тоҷик аз ҷиҳати таъсиррасонӣ аз мухолифини давлати Эрон қавӣ мебошанд. Дар суханронии худ роҳбари наҳзат таъкид намуд, ки як намоядаи ҳукуматӣ, ки як бахши калони телевизионро дар ихтиёр дорад, суханаш гӯё таъсирбахш нест ва як блогери мухолиф, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дорад, аудиторияи бузург дошта, суханҳояш таъсирбахш мебошанд. Албатта, ин суханони М.Кабирӣ тамоман дурӯғ ва инъикоскунандаи рӯҳияи шикастаи аудиторияи наҳзат аст. Аввал, ин ки наҳзат барои Тоҷикистон мухолиф буда наметавонад. Чунки, ташкилоти террористӣ барои як давлат мухолиф арзёбӣ намегардад, балки он душмани тамоми башар аст. Яъне, ТТЭ ҲНИ на мухолиф, балки душмани давлати Тоҷикистон аст. Сониян, мухолифини Эрон аз ҷониби ИМА дастгирӣ меёбанд ва наҳзатиён бошанд, аз ҷониби хадамоти махсуси Эрон. Ва дигар ин, ки ҳамон теъдоди маҳдуди аудиторияи наҳзатиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ гумроҳгаштагоне мебошанд, ки айни ҳол дар Аврупо қарор доранд. Ва қисми дигарашон ба домафтодагоне мебошанд, ки аз мақсадҳои шиагароии М.Кабирӣ огоҳ гашта, аз ӯ роҳи халосӣ ҷуста истодаанд. Умуман, бояд қайд намуд, ки ягон шахси солиму ватандӯст ва шаҳрвандони зиёии тоҷик пайрави ТТЭ ҲНИ ва аудиторияи он нестанд.
Хулоса, ин дурӯғи дигари М.Кабирӣ буд, ки дар назди хоҷагонаш садо дод. М.Кабирӣ дар ин маврид ҳам хост бо ин роҳ боварии дубораии охундҳои эрониро ба даст орад ва соҳиби маблағҳои муфт гардад.
Дар суханронии худ М.Кабирӣ ҳамчунин қайд намуд, ки агар фоизи тарафдоронашро аниқ гӯяд, шояд онро ба зиёдаравӣ муттаҳам намоянд ва агар кам гӯяд шояд, рӯҳияи тарафдоронашро мешиканад. М.Кабирӣ қайд мекунад, ки гӯё дар дохили кишвар бо тамос мегиранд ва ҷонибдории худро аз наҳзат изҳор медоранд. Дар ин масъала низ инсофан бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар ҳеҷ тарафдоре надорад. Аз ҷумла ҷавонони кишвар ӯро ҳамчун қаллоб ва ҷосусу зархарид ва хиёнаткору нафриншуда мешиносанд. Садҳо факту далелҳо мавҷуданд, ки дурӯғ будани ин гуфтаи М.Кабириро собит месозанд.
Масалан, мо борҳо шоҳид гардидаем, ки ҷавонони тоҷик ба муқобили наҳзат эътироз намуда, ҳукми зиндони онҳоро аз судҳои байналмилалӣ хоста буданд. Соли 2015 дар назди дафтари САҲА ва Сафорати ҶИЭ гирдиҳамоӣ ташкил намудани ҷавонони фаъоли тоҷик тасдиқи гуфтаҳои болост. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки талаби ҷавонони тоҷик аз ин ду мақом як чиз буд, ин ҳам қатъи фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Эрон ва Аврупо ва зиндони намудани роҳбаронӣ он. Ҷавонони тоҷик огоҳ буданд, ки роҳбарони наҳзат ба миллати тоҷик хиёнат карда мебошанд. Яъне, имрӯз манзараи ТТЭ ҲНИ дар назди ҷавонони тоҷик бо ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ҳеҷ тафовуте надорад. Аз ҳамин лиҳоз бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ТТЭ ҲНИ дар дохил ҳеҷ тарафдоре надорад.
Ҳамин тавр, бо ин андешаи ғалат М.Кабирӣ кӯшиш намуд имиҷи аз дастрафтаашро эҳё намояд, ки хушбахтона муваффақ нагардид.
Масъалаи дигаре, ки дар дар ин гузориш садо дод, ин дар мавриди гӯё “ташкили инқилоб дар Тоҷикистон” буд. Яке аз саволҳои хоҷагони М.Кабирӣ ин буд, ки “Оё интизор ҳастед, ки барои инқилоб кардан мардум Шуморо интизор мешаванд?” М.Кабирӣ дар посух иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик то ҳадде иттифоқ гардидаанд, ки инро М.Кабирӣ дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ мушоҳида намудааст. Дар ин ҷо як саволи одӣ ба вуҷуд меояд, ки ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ба барномаҳои ифротии наҳзат чи рабте дорад? Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ (Худо раҳматаш кунад) аз аввал мухолифи наҳзат буд ва борҳо онро маҳкум кардааст. Як масъалаи дигарро дар мавзӯи дафни Домулло Ҳикматулло қайд кардан зарур аст, ки ин шахсият яке аз олимони маъруф ва шинохтаи ислом буд, ки сиёсати Ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамуд. Мавсуф дар мавъизаҳои худ мунтазам даъват ба амал меовард, ки ҳама ҷонибдори Ҳукумат бошад ва ҳукми подшоҳ воҷиб аст.
Инчунин, мавсуф исломшиносе буд, ки Ҳизби наҳзати исломро аз давраи ташкилшавиаш эътироф намекард ва онро дастпарвардаи Эрон гуфта, ба рӯяш туф кардааст. Вай аз саркардаи ТТЭ ҲНИ С.Нуриро чандин маротиба даъват кардааст, ки аз роҳи пешакардаашон баргардаанд. Домулло Ҳикматуллоҳи тоҷикободӣ дар тамоми даъватҳояш қайд мекард, ки ислом ба ягон ҳизб ва равия рабт надорад, ин як ҳизби сохташуда ва дастрпарвардаи Эрон аст. Дар пайравӣ ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аксарияти руҳониёни кишвар ва мардум хуб медонанд ва эътироф мекунанд, ки ҲНИ-ро Эрон маблағгузорӣ менамояд ва мақсадҳои он хиёнат ба миллат аст. Маҳз аз ҳамин сабаб дар ҷанозаи домулло теъдоди зиёди шахсони ватандӯсту муътақидони воқеии ислом иштирок доштанд. Онҳо на муътақиди наҳзат буданду на муътақиди М.Кабирӣ.
Дар мавриди ташкили инқилб М.Кабирӣ бояд ҳаминро дар хотираш мустаҳкам нигоҳ дорад, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи ғаразҳои ифротии ТТЭ ҲНИ намегарданд. Аввалан, ҳодисаҳои солҳои 92-97-и ба сари мардум омада, ибрати ҷомеаи имрӯз аст. Ва баъдан мардуми тоҷик инқилоби М.Кабириро ягон вақт дастгирӣ накардааст ва нахоҳад кард ва инро худи М.Кабирӣ аз таҷрибаи соли 2015 ва дигар солҳо хуб медонад ва дар ёд дорад. Аз соли 2015 М.Кабирӣ мунтазам мардуми тоҷикро барои инқилоб даъват мекунад, лекин ягон маротиба ягон кас барои даъвати Кабирӣ ба инқилоб нахестааст. Ҳамагон медонанд, ки Кабирӣ чанд маротиба мардумро тавассути тарадоронаш Умаралӣ Қувватов, М.Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон ба тазоҳурот даъват намуда буд. Кабирии хоин барои амалӣ намудани мақсадҳои худ Маҳмурод Одинаевро ҳамчун қурбонӣ истифода бурда, тавассути охирон мехост мардумро ба кӯчаи Рӯдакӣ ба тазоҳурот барорад. Лекин мардуми тоҷик хуб медонанд, ки М.Кабирӣ як хиёнаткор ва мақсадаш оғози ҷанг дар Тоҷикистон аст ба ин даъватҳои ӯ ва тарафдоронаш дода нашуданд ва аз ин ҳиллаву найранги онҳо огоҳӣ доранд.
Хулоса, дар ин маврид низ М.Кабирӣ ба хоҷагонаш дурӯғи бузург гуфта онҳоро фиреб намуд. Бале, воқеият ҳамин аст, ки М.Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар ҳеҷ тарафдор ва пайраве надоранд. Ин воқеияте аст, ки М.Кабирӣ хуб медонад, вале ҳазм карда наметавонад.
Масъалаи дигари суханронии М.Кабирӣ ин буд, ки он омодагии худро барои сафар кардан ба Эрон изҳор дошт ва таъкид намуд, ки агар амнияташро кафолат диҳанд ва сафари он боиси халалдор нагардидани муносибати Тоҷикистону Эрон бошад, бо ҷону дил барои рафтан ба Эрон омода аст. Ба қавли М.Кабирӣ ӯ муштоқи дидори бародарони аҳли ташайюъ ва хешу табораш гардида будааст. Инчунин дар сафари худ М.Кабирӣ миннатдории худро ба хадамоти махсуси Эрон барои ҳимояи хешу таборонаш ва аъзоёни наҳзат баёни менамудааст. М.Кабирӣ бо ин суханҳояш бори дигар гумоштаи Эрон ва хиёнаткори миллати тоҷик буданашро бо забони худ тасдиқ намуд. Агар ӯ муносибати байни Тоҷикистон ва Эронро фикр мекард, кайҳо аз кирдорҳои хиёнаткорона ва иғвоангезонаи худ даст мекашид. Чихеле, ки аз суханони М.Кабирӣ бармеояд хешу табор ва аъзоёни фаъоли ҲНИ шиа шуда, зери сарпарастии хадамоти махсус дар Эрон паноҳ мебаранд. Кабирӣ кадом вақте хоҳад бе мамоният ба Эрон рафта бо намояндагони ТТЭ ҲНИ ва охундҳои эронӣ вохурӣ карда, мулоқотҳо доир менамояд.
Дар ёдҳо нарафтааст, ки М.Кабирӣ дар барномаи “Гапи озод”-и Радиои Озодӣ дар пахши онлайнӣ ҳангоми баҳс бо Додоҷон Атовулло алоқамандиаш бо ҷониби Эронро рад намуда буд. Он сабт ҳол дар саҳифаи интернетии Радиои Озодӣ мавҷуд аст, ки дилхоҳ шахс метавонад ба ҳамин нуқтаи М.Кабирӣ таваҷҷуҳ намояд.
М.Кабирӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раисҷумҳурӣ расмӣ мешиносад. Аммо, ӯ аз ҷониби Эрон хост, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намояндаи ҳокимияти як миллат неву намояндаи ҳукумати як хонавода шиносанд. Дар ин маврид низ М.Кабирӣ ба ифорот даст зада, суханони ноҳақ ва дурӯғро дар нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Албатта, ин иғвоҳои М.Кабириро мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул надорад, чунки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми давлатҳои ҷаҳон мешиносанд ва ҳамчун пешвои тоҷикони ҷаҳон қабул кардаанд. Инчунин Э.Раҳмон се маротиба ба феҳристи 500 мусулмонони бонуфузи ҷаҳон дохил карда шуд. Пешвои миллатро на балки 10 миллион дар Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони рӯи дунё, аз он ҷумла тоҷикони ҶИЭ эътироф ва Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон мешуморанд. Чи хеле, ки мо медонем, Ҳукумати расмии Эрон ба маслиҳати М.Кабирӣ барин хоин дар доираи қабули қарор эҳтиёҷ надорад.
Як нуқтаи дигарро дар мавриди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан муҳим аст, ки имрӯзҳо тамоми сарварони сиёсии ҷаҳон таҷрибаи сулҳофарӣ ва раванди фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ истифода менамоянд.
Мавзӯи дигаре, ки М.Кабирӣ атрофи он суханронӣ намуд, ин масъалаи бозгашти ҷавонони таҳсилкрадаи донишгоҳҳои Эрон ва бозгашти онҳо ба Тоҷикистон буд. Кабирӣ иддао намуд, ки ҳамаи онҳо, ки дар Эрон таҳсил намуда ба Тоҷикистон баргаштанд аз ҷониби мақомот боздошт ва ба ҳабс кашида шуданд. Бояд қайд намуд, ки ин иддао сирф дурӯғ аст. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки то имрӯз ҳеҷ донишҷӯи баргашта аз ҷониби мақомот боздошт нагардидааст. Агар касе ҳам дастгир гардид, ӯ ҳатман ба ҷинояте даст задааст, ки пайгарди қонунӣ дорад. Яъне, ҷинояткор новобаста аз он, ки дар куҷо таҳсил намудааст, дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Ҳамин тавр дар ин маврид, низ М.Кабирӣ дурӯғи бузурге назди хоҷагони охундаш байн намуд.
Масъалаи навбатии суханронии М.Кабирӣ дар назди хоҷагонаш ин шикояти ӯ аз он буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро туҳмат мезанад ва аъзоёни онро “Ихвонӣ”, “Шиа”, “Салафӣ” ва “Ваҳобӣ” арзёбӣ мекунад. Воқеан ҳам аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд ва дар инҷо ҳеҷ шакке вуҷуд надорад. Дар масъалаи шиа будани аъзоёни наҳзат худи М.Кабирӣ қайд кард, ки тафовуте байни мазҳаби шиа ва суннӣ намебинад. Ин худ шаҳодати теъдоди зиёди шиапараст будани наҳзатиёнро собит менамояд. Ва дигар ин ки дар байни наҳзатиён ихвониҳову салафиён ва ваҳҳобиҳо кам нестанд. Воқеияти давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар собит намуда буд, ки наҳзатиё ба чунин равияҳо пайравӣ доранд.
Ҳамин тавр, бо ин шикоят М.Кабирӣ хост аз ҷониби хоҷагонаш имтиёзе ба даст орад ва худро мазлум нишон дод, ки боз ҳам маккории М.Кабириро равшан сохт.
Хулоса, ин макр ва дурӯғҳои М.Кабирӣ буд, ки назди хоҷагонаш ироа намуда, аз сарпарастонаш имтиёз ва сармоягузориҳо нав хост. Боварии комил дорем, ки хонандаи муҳтарам аз мутолиаи ин матн ва ин таҳлил воқеият ва амалкардҳои ТТЭ ҲНИ ва макру дурӯғҳои роҳбари он М.Кабириро бори дигар дарк намуд. Дар маҷмуъ ва дар охир ҳамин нуқтаи мушаххасро қайд менамоем, ки ТТЭ ҲНИ дар назди мардуми Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ буд, ҳаст ва мемонад. Дидгоҳи солим ва илмӣ низ дар мавриди ин ҳизб ҳаминро нишон медиҳад.

Боазиз Шоҳин,
таҳлилгари масоили сиёсӣ

P.S.: Дар матлаб ҳар ҷо, ки сухан дар мавриди мазҳаби шиа меравад, манзур “шиаи дувоздаҳимома” мебошад ва ҳеҷ иртиботе ба бародарони пайрави мазҳаби шиаи Исмоилия надорад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: