Бо мақсади тақвият бахшидан ба пешбурди сиёсат дар самти илм, маориф ва инноватсия як сол қабл Пешвои миллат дар бораи таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсия ба масъулин дастур дода буданд. Дар ҷаласаи якуми Шӯрои мазкур, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, Сарвари давлат зимни суханронии хеш рушди омӯзиши фанҳои табиӣ - риёзӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, ихтирооти ҷавонон ва таблиғи онҳоро дар ин самт зикр намуданд.
Мусаллам аст, ки дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва муҳими ҷомеа эътироф гардидааст. Бо қабули як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ метавон таккони ҷиддиро дар ин самт эҳсос намуд. Аз ҷумла, “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008” барои наврасону ҷавонон пайроҳаи наверо барои омӯзиши фанҳои дақиқ боз намуд. Дар ин раванд, ба рушди илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аз тарафи ҳукумати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Яке аз ин ҳадафҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ буд, ки бо қабули “Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” устувор гардид. Тибқи талаботи санади мазкур муҳақиқон, омӯзгорони навовару эҷодкор ба корҳои илмӣ ҷалб ва паркҳои технологӣ ташкил шуданд. Маҳз дар натиҷаи фароҳам овардани шароитҳои мусоид дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ зиёдтар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ сайқал ёфт
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор барномаҳо бо дарназардошти талаботи ҷомеаи мутамадин ва аҳамияти хоси фанҳои табиӣ – риёзӣ аз қабили «Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 – 2015» барои амалисозии онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё намудааст. Фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ шарти зарурии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Яке аз омилҳои мусоидаткунанда, ки илмро бо истеҳсолот мепайвандад, ин фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Натиҷаи чунин фаъолият, ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти навистеҳсолшуда тавассути ин технологияҳо мебошад.
Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф низ 63 барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисос таҷдиди назар гардида, барои солҳои 2021-2023 тасдиқ шудаанд. Рӯнамои (презентатсияҳо) дарсҳо аз тарафи раёсати таълим мавриди санҷиш қарор дода шуда, пурра таҷдиду иваз шуд. Дар донишкада инчунин шӯрои муҳаққиқон фаъолият менамояд, ки бо мақсади заминаи кадрӣ ташкил шудааст. Дар он 13 нафар аъзо бо кори илмии гуногунчабҳа машғул ҳастанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар риштаи иқтисодиёт 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ (Наҷмиддинов А.) ҳимоя намуда, 1 нафар аз пешдифо (Сайдалиев Х.) гузашт, ки ин ҳам ифтихори донишкада мебошад.
Дар раванди курсҳои такмили ихтисос миёни шунавандагон мунтазам таблиғи озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Илм фуруғи маърифат”, инчунин, озмунҳои вурудии донишкада гузаронида мешаванд. Дар лаҳзаҳои сиёсӣ, фароғатии донишкада, ки ҳар субҳ барои кормандон ва шунавандагон ташкил шудааст, мавзуъҳои мубрами риштаҳои гуногуни илм, аз ҷумла физика, математика, химия ва биология мавриди баррасӣ ва баҳс қарор дода мешаванд.
Итминонам комил аст, ки агар ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм бо ҳисси баланди масъулият ба масъалаҳои зикргардида таваҷҷуҳ зоир намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ҳамзамон, таблиғи онҳо дар самти омӯзиши фанҳои дақиқ, навоварию эҷодкории инноватсионӣ саҳми худро гузорад, албатта ин ҳама на танҳо ба пайвандшавии илму истеҳсолот, балки ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар Ватани азизу маҳбубамон мусоидат мекунад.
Зарина Норова,
мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои
томактабӣ ва миёнаи умумии ДТИБКСМ