Қарз барои саломатӣ ва ё тафсири як суҳбати сарироҳӣ15-04-2021, 15:10
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Бо омӯзгори собиқадори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Андароб Муаттарой Бобоева дар роҳи Душанбе-Панҷакент бо амри тасодуф ҳамсафар шудам. Чун анъана ба хотири кӯтоҳ намудани таноби роҳ ҳамсафарон аз ину он гап мекушоданд. Муаттарой нақл кард, ки ниҳоят имсол имкон пайдо намуд дар маркази тиббии “Шифо” табобат гирад, асабҳои солҳои тӯлонии омӯзгорӣ харобшудаашро ба гуфти худаш “таъмир” намояд. Ба худ андешидам, ки бо моҳонаи омӯзгорӣ душвор аст, дар ин маркази тиббии хусусӣ табобат гирифтан. Ниҳоят аз ӯ, ки шиноси дерин аст, шӯхиомез суол кардам, ки чӣ имкон пайдо кардааст? Кӯтоҳакак гуфт, ки ташкилоти амонатии қарзии хурди “Рушди Ориён” кӯмак намуд. Дигар таҳпурсиро барои худ эб надидам ва баъди бозгашт тафсилоти ин кумакро аз сарвари ин ташкилоти амонатию қарзии хурд, иқтисоддон ва бонкдори варзида Содиқҷон Азизмуродов пурсон шудам. ӯ дар ҷавоб ба ман чанд варақаи мунаққашро пешниҳод намуд, ки ба таъбири имрӯза маҳсулоти ҷадиди қарзии “Рушди Ориён”-ро тафсир менамуданд. Соли гузашта онҳо бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Точикистон роҳандозии лоиҳаи “Нигоҳи нав ҷиҳати татбиқи навовариҳо дар раванди қарздиҳӣ”-ро оғоз намуданд, ки як бахши он “Қарзи саломатӣ” ном дошта, махсус барои омӯзгорон, духтурон ва нафақагирон пешбинӣ шудааст ва ҳамсафари ман Муаттарой Бобоева аз ин имконият истифода намудааст. ӯ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба муҳлати ду сол бо 12 фоизи солона аз “Рушди Ориён” дар доираи ин лоиҳа қарз гирифта, саломатии худро дар яке аз марказҳои мӯътамади табобатии мамлакат барқарор намудааст. Зиёда аз ин ӯ ба пардохти қарз танҳо баъди ду моҳи гирифтанаш оғоз менамояд. Ҳамин тавр, аз ин имконият, ки барои даромади на он қадар зиёди ин қишри ҷомеа мувофиқу созгор аст аз моҳи апрели соли гузашта, ки татбиқи ин, бахши лоиҳа оғоз шудааст, 14 нафар омӯзгорон ва нафақагирон истифода намуда, табобат гирифтаанд, дар осоишгоҳҳо истироҳат намудаанд. Чанд нафари қарзгирандагон ин маблағро барои боздид аз ёдгориҳои таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат низ истифода кардаанд. Сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и деҳаи Майсазори Ҷамоати деҳоти Сӯҷина Дӯсталӣ Умаров бошад маротибаи сеюм аст аз қарзҳои “Рушди Ориён” истифода менамояд ва порсол бо қарз дар доираи лоиҳаи “Қарзи саломатӣ” дар осоишгоҳи “Гипократ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов истироҳат намуд, табобат гирифт, аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид намуд. Яъне мусоидат ба рушди сайёҳӣ низ яке аз мақсадҳои пешниҳоди ин намуди қарзи имтиёзнок аст ва он ҷавобгӯи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат мебошад. – Хоҳишмандони истифода аз ин имконият байни омӯзгорону духтурон ва нафақагирон кам нестанд, вале хуруҷи бемории вогири COVID-19 ба ин халал ворид кард,-мегӯяд Содиқҷон Азизмуродов. Воқеан,мизоҷон қарзро на бо пули нақд, балки аз тариқи кортҳои бонкӣ мегиранд. Бахши дигари ин лоиҳа, ки “Ба муваффақият ноил шав” унвон гирифтааст, низ саҳмгузории ин ташкилоти амонатию қарзии хурд дар роҳи пиёда сохтани ҳадафҳои наҷиби ин пешниҳоди Сарвари давлат аст. Қарзҳо тибқи ин бахши лоиҳа барои бонувоне пешбинӣ шудаанд, ки мехоҳанд аз тариқи машғул шудан ба истеҳсоли матоъ, аз ҷумла атласу адрас, армуғон барои сайёҳон , омода намудани хуроку хӯришҳои миллӣ, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бенуқс, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, дигар ҳунарҳои мардумӣ барои сайёҳони хориҷию дохилӣ, ташкили гармхонаву сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ба соҳибкорӣ оғоз намоянд ва ё онро васеъ кунанд. Тавре Содиқҷон Азизмуродов шарҳ дод, ин маҳсулоти қарзиро, ки бо шартҳои соддаю қулай ва муҳлати нисбатан дароз пешниҳод мешавад, аллакай бонувони зиёде пазируфтаанд. Ҳамроҳи кормандони ТАҚХ “Рушди Ориён” аз коргоҳи яке аз онҳо, сокини деҳаи Тошқутани ҷамоати деҳоти Саразм Зиёдахон Самиева дидан намудем. ӯ маъюби гурӯҳи 1 ва шавҳараш маъюби гурӯҳи 2 ҳастанд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар коргохи хурди дӯзандагии деҳа кор мекард. Орзу дошт коргоҳи худро кушояд. Давоми чанд сол ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ пасандоз намуд, ки барои таъсиси коргоҳ ва харидории таҷҳизоти дӯзандагӣ басанда набуд. Бо 10 ҳазор сомоние, ки аз тариқи ин лоиҳа аз ТАҚХ “Рушди Ориён” ба муҳлати то 30 моҳ, бо пардохти 15 фоизи солона қарз гирифт, як адад мошини дӯзандагӣ ва компютер барои зардӯзӣ харидорӣ намуд ва ҳоло дар хонааш ба занони деҳа хидмат мерасонад. Имконият пайдо намуд, ҳам рӯзгорашро нисбатан обод намояд ва ҳам барои табобати худ ва шавҳараш маблағ пасандоз кунад. Ҳамин тавр, аз моҳи апрели соли гузашта то ин муддат 30 нафар бонувоне, ки асосан дар деҳот умр ба сар мебаранд, бо истифода аз ин қарзҳо ба соҳибкорӣ пардохтаанд. Байни онҳо бонувоне ҳастанд, ки бо ин маблағ боғ бунёд кардаанду гармхона сохтаанд, ба ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, ороиши занҳо машғул ҳастанд, аҳли оила ва ҳамсояю дӯстонашонро ба шуғл фаро гирифтаанд. Бо истифода аз қарзҳои ин бахши лоиҳаи ёдшуда аллакай 54 нафар бонувон соҳиби ҷои кор шудаанд ва бо васеъ кардани истеҳсолот боз даҳҳо ҷои кори нав бунёд хоҳанд кард. Дар вазъе, ки ноноварони бисёр хонаводаҳо ба сабаби баста шудани сарҳадҳо аз мардикорӣ дар муҳоҷират маҳрум шудаанд, ин иқдоми ташкилоти амонатию қарзии хурди “Рушди Ориён”дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ арзишманд аст. Зимнан, ТАҚХ “ Рушди Ориён” ва Фонди хурди қарздиҳии “Рушди водии Зарафшон”, ки Содиқ Азизмуродов-раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, дар таъсисашон саҳмгузор аст, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои ҷалби сармоя ба хазинаи қарзӣ талоши зиёд менамояд ва ниҳодҳои муваффақи ин бахши молиявӣ дар Панҷакент ва водии Зарафшон дониста мешаванд. Ҳоло дар ин ду ниҳоди молиявӣ сад нафар бо ҷои кор ва маоши арзанда таъминанд. Танҳо дар 9 моҳи соли равон беш аз 14 ҳазор нафар аз хидматрасониҳои 11 бахши ТАҚХ “Рушди Ориён” дар шаҳру навоҳии водии Зарафшон ва шаҳри Хуҷанд баҳравар шудаанд. -Пешбинии таъмини самаранокии идораи молияи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии бонкҳо, бештар намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, истифода васеи технологияи муосири пардохти ғайринақдӣ, такмили кафолати сармоя ва соҳибмулкӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомадӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат, маҳз он масъалаҳое ҳастанд, ки эътимоди моро ба амалӣ шудани нақшаҳоямон меафзояд,- мегӯяд Содиқ Азизмуродов. Барҳақ, ҳама иқтисоди ҷаҳон, дар мамолики пешрафта низ, такя ба қарзҳои бонкии созгор ба имкониятҳои молиявии коргоҳу ширкатҳо ва шаҳрвандони кишвар дорад, бонкҳо ва ниҳодҳои дигари молиявии қарздиҳӣ ба шарикони рушди иқтисоди кишварҳояшон табдил ёфтаанд. Мо дар ин роҳ навомӯз ҳастем ва баъзан ниҳодҳои молиявиамон ба умеди фоидаи бештар ба фармудаи Малонои Балхӣ охурбин ҳастанд на охирбин. Дар ин росто, ҳар таҷрибаи нек дар мисоли фаъолияти шоистаи ТАҚХ “Рушди Ориён”, ки ба он узви фаъоли ҲХДТ сарварӣ менамояд, дар ин ҷода, арзандаи дастгирӣ ва тарғиб аст. Турдибой Солеҳзода, ш. Панҷакент |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.