НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ16-11-2020, 19:37
Хабарро хонданд: 562 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Президенти мамлакат ҳанўз 8 сентябри соли 2005 зимни суханронӣ дар таҷлили 14 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз дошта буданд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд». Ба андешаи Сарвари давлат, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон - аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Фарҳанги ориёӣ, ки мо яке аз меросдорони асили он ҳастем, ба башарият китоби муқаддаси "Авасто" ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намуд. Таъсири пурфайзи ин тамаддун аз Ҳинд то Юнон барои вусъати ҷаҳонбинӣ, рушди илму адаб ва маданияти зиндагиву рӯзгордорӣ бағоят равшан ва арзишманд аст, ки ин ҳақиқатро олимону таърихшиносон кайҳо эътироф намудаанд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, фарҳанги аҷдодии мо бо шиори фарогир ва пурарзиши "Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" беҳтарин ва равшантарин орзую омоли инсониятро ҳакимонаву орифона ифода намудааст ва ин суханони пурҳикмат на барои як қавму миллат, балки барои ташаккули афкору рафтори аҳли башар хидмат кардаанд. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд. Дар айни ҳол муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарвари он набояд чашми моро аз раванди пурталотуми дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият, пешрафти инқилобии илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад. Баръакс, мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз қатораи бо суръати кайҳонӣ пешравандаи асри XXI қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш бахшем, арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва гузашта аз ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо симои хосаи худ пайвандем, дастовардҳои истиқлолият ва рукнҳои давлату давлатдории миллиро чун гавҳараки чашм пос дорем. Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд. Пешвои миллат дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукўҳи Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши калидӣ бозиданду мебозанд. Бо ибтикори Пешвои миллат муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид гардиданд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм ба сифати яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Пешвои миллат, тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд. Сарвари давлат ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ, солҳои 2003 ва 2005, Саразмро “Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” унвон карданд. Ёдрас мешавем, ки ёдгории Саразм ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин ёдгории таърихӣ, силсилабоздидҳояшон аз ин шаҳри бостонӣ, вохўриҳои вижаашон бо сарвари вақти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ Коочиро Матсуура дар Париж ва Душанбе 31 июли соли 2010 бо Қарори Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба феҳристи Маркази мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ, яъне нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки ба ин феҳристи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудааст. Ба рўйхати ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардидани ёдгории Саразм ба ҷаҳониён бори дигар собит месозад, ки ниёгони мо панҷуним ҳазор сол пеш яке аз аввалинҳо шуда, ба маданияти кишоварзиву чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дар Осиёи Марказӣ замина гузоштаанд. Эътирофи ин ҳақиқатро мо яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ватанамон медонем. Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500 - солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд. Баъд аз анҷоми боздид аз ҳафриётҳо, Пешвои миллат аз хонаҳои саразмиёни қадим дидан намуданд. Ин хонаҳо бо фарогирии фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ бунёд ёфтаанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин макони таърихӣ Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ва бо риояи меъёрҳои сохтмонии хос ба арзишҳои меъмории миллӣ қомат афрохт ва ифтитоҳи он низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат гирифт. Сарвари давлат дар Симпозиуми байналмилалии «Саразм-оѓози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукўҳ таҷлил кардани ҷашни 5500 - солагии Саразми бостон пешкаш гардид. Хонум Одри Озуле ва Салим бини Муҳаммад ал Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси ҷаҳонии ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни қадимаи ориёиҳо ва шиносоии шаҳри бостонии Саразм баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили ин санаи муҳимми таърихӣ табрику таҳният гуфтанд. Воқеан, тавассути ин чорабинии фарҳангии сатҳи баланд тавонистем бори дигар маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи халқи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем. Дар ин росто, ҳар як тоҷику тоҷикистониро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии халқи худро ҳифз кунад, обод гардонад ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намояд. Зеро тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад. Маврид ба зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат ба инкишофи соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои ҷавобгўи талаботи замон, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои санъат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Хотирнишон месозем, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», 26 июни соли 2011, толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун ба истифода дода шуданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ аввалин маротиба Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дод. Сарвари давлат, ки дар маросими ифтитоҳои толори консертӣ иштирок ва суханронӣ намуда буданд, аз ҷумла зикр сохтанд: ««имрӯз мо - ҳамроҳ бо намояндагони парламент, роҳбарони корпуси дипломатӣ, аҳли зиё, устодон ва шогирдони Донишкадаи давлатии санъат шоҳиди воқеаи гуворою хотирмон, яъне аввалин маротиба садо додани Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун шудем. Ин амр маънои онро дорад, ки минбаъд бо ин сози бузург на танҳо мусиқии классикони ҷаҳонӣ, балки суруду таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро мегарданд ва навои рӯҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз хоҳад гардид». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2019, перомуни ҳифзи фарҳанги миллӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр сохтанд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Вобаста ба ин, Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилотро муваззаф сохтанд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда шуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд. Хушбахтона, тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2019, чопи китоби «Тоҷикон» -и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, аз нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ гардид. Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми ватандӯстонаи Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Ин ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор донистанд, як ҳадяи муқаррарии тақдир не, балки натиҷаи орзую ормони мардуми сипосгузори тоҷик аст. Вақте сокинони касбу кори гуногун аз минбарҳо, дар васоити ахбори омма, ҷамъомаду маъракаҳо ва баҳсу суҳбатҳо сарвари худро Президенти мардумӣ мехонанд, ҳарфи хушку холӣ набуда, балки ҳақиқатест, ки аз боварию садоқат, дилбастагию муҳаббати бузурги халқ бархостааст. Муҳриддин НИЗОМӢ, ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.