АЗ ИЛМУ ТАРБИЯТ ТО ОДАМИЯТУ МАЪНАВИЯТ23-10-2020, 09:00
Хабарро хонданд: 515 нафар
Назарҳо: 0
Инак, беш аз сад сол аст, ки миёни уламои фалсафа ва ҷомеашиносӣ баҳс андар муқаррар намудани умумият ва тафовутҳои тамаддун ва фарҳанг меравад ва андешаҳои мухталифе дар ин зимн баён мегарданд. Муҳимтарин андеша ин аст, ки ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанг танҳо дар пояи ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд ва ҳарду истилоҳ дар муқобили падидаҳои ваҳшонияту барбарият истифода мешаванд. Ҳарду истилоҳ ҳам ба ҷараёни рушди башарият ва сатҳу сифати он ишора мекунанд. Ҳанӯз дар қарни XIX аксарияти олимон ба ин хулоса расиданд, ки таҳти мафҳуми тамаддун на фақат раванди таърихӣ, балки сатҳи рушди иҷтимоии ин ё он ҷомеаро фаҳмидан лозим аст. Он маҷмӯи неъматҳои модию иҷтимоист, ки ба инсон тавассути инкишофи истеҳсолот мерасад. Фарҳанг бошад, ҳаста ё дарунмояи маънавият ва рӯҳонияти ҳар навъи тамаддун мебошад. Агар пояҳои асосии тамаддун забон, ҳофизаи таърихӣ ва дин бошад, пас ба қавли фарҳангшиноси маъруфи англис Э. Тайлор дар китобашон «Фарҳанги ибтидоӣ» (1871) фарҳанг фарогири маҷмӯи донишҳо, расму таомул, ҳунарҳо, арзишҳо, қонунҳо, завқу салиқаи ҳунарӣ, ахлоқу одоб, хуллас, ҳар он чизест, ки инсон дар тӯли таърих ҳамчун дастоварди маънавию ахлоқӣ ба даст овардааст. Олими бухзурги рус Н. Бердяев фарҳангро ҳамчун «сарнавишти зиндаи халқ», А. Тойнби «ҳофизаи мардум, эҷодиёт, мизони маънавии ҳамагуна фаъолият, тарзи ҳаёти мардум» таъриф додаанд. Андеша ва нуқтаи назари олимони гуногунро метавон ба тариқи зайл хулоса кард, ки фарҳанг ба се поя устувор буда метавонад: аввалан, эҷодиёту истеҳсол, баъдан таълиму тарбият ва инкишоф, ва ниҳоятан – парастишу эътиқодот, яъне дин. Ҳадафи аслии ҳар фарҳанг, қабл аз ҳама, инсонофарист, яъне ташаккул ва тарбияти инсонест, ки беҳтарин анъанаву расму ойин, донишу малака ва таҷрибаи маънавии ҷомеаи хешро аз бар карда бошад ва табиист, ки ин ҳадаф бидуни функсияи маърифатию иттилоотии фарҳанг, яъне ба мерос гирифтани ҳофизаи таърихию иҷтимоӣ ва ақлонии ҷомеаҳои пешин ба даст намеояд ва ягона усули иҷрои ин мақсад, таълиму тарбияти дуруст мебошад. Агар ба қавли Ҳусайн Воиз «мадори олам ба сиёсат бошад», пас он чи ки ин мадорро тақвият медиҳад, ҳамин таълиму тарбият ҳамчун ҷузъи муҳимтарини фарҳанг аст. Ва андешаи бикри дигари ҳамин мутафаккир аст, ки беҳтарин шаҳриёр ҳамонест, ки нахустбоби китоби сиёсати хешро аз дониш оғоз бикунад: Хуш он шаҳриёре, ки аз рӯи дониш, Тааммул кунад дар китоби сиёсат… Ҳоло дигар ҷойи баҳс намонда, ки фарҳанги ҷомеаҳо ва давлатҳои пешрафта поя бар донишу илму тарбият доранд. Адами илму донишу тарбият боиси аз байн рафтани беш аз 80 тамаддун дар саросари олам шудааст. Абдуррауфи Фитрат дар оғози садаи бистум сарчашмаи асосии ба ботлоқи таассубу хурофот афтодани ҷомеаи Бухороро дар ду асл – яке ҳирс ва дигаре ғалати муҳокимот дид ва бонги изтироб зад, ки бояд барои наҷоти миллату давлат низоми нави илму тарбият таҳия шавад. Аҳмад Махдуми Дониш низ қуввату эътибори аздастрафтаи Бухороро дар сатҳи паст қарор доштани илму дониш мушаххасан нишон дода буд… Таҷрибаи талхи ошӯбу даргириҳои солҳои навадум низ ба ноогоҳии ҷавонон аз фарҳанги бузурги ба илму дониш асосгирифта ишора мекунад. Шинохти нодуруст аз меъёрҳо ва арзишҳои волои фарҳанги пешин ва холигоҳи мафкураи ҷавононро пур кардани арзишҳои бегона боиси он шуд, ки Тоҷикистон тӯли панҷ сол миёни обу оташ монд. Маҳз сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии ба таҳаммул ва заковату хиради аҷдодӣ асосёфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон раёсати Шӯрои Олии мамлакатро ба уҳда дошт, имкон дод, ки тамаддун ва фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ҳифз шавад ва ба нобудӣ наравад. Албатта, сабабу омилҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамин муъҷизаи эҳёи дубораи давлатдории тоҷиконро бозгӯ мекунанд, аммо яқин аст, ки яке аз авомили муассиртарин – пояи давлатдориро аз илму тарбияти ҷавонон устувор нигаҳ доштан аст. Ҳама аносири дигари фарҳанги миллӣ дар гирди ин меҳвар тоб мехӯранд. «Таърих то вақте аз ҷониби мардум дарк нагардад, мурда аст. Таърих ҳамон вақт зинда мегардад, ки агар ба инъикоси ҳолати рӯҳӣ табдил ёбад», - ишора кардааст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон. Акнун яке аз вазифаҳои олимони соҳоти гуногун ҳамин аст, ки сабақҳо ва натиҷаҳои ҳамин сиёсати фарҳангии марҳилаи нави давлатдории миллиро мавриди пажӯҳиш қарор бидиҳанд, то ки роҳи оянда боз ҳам рӯшантар шавад. Сиёсати фарҳангии Сарвари давлати тоҷикон, ки дарунмояи он илму донишу тарбият аст, инак, се даҳсола аст, ки идома ёфта, дастовардҳо ва натиҷаҳои бузурге дар пай дорад. Дар ин хусус, ончунон ки зикр шуд, баъзе таҳқиқоти судманд барои ҷомеа рӯи кор омадаанд, ки яке аз онҳо китоби пурмуҳтавои номзади улуми педагогӣ Ҳасан Ҷӯраев таҳти унвони «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» (Душанбе: Эр-граф, 2020, 388 саҳ.) мебошад, ки бо чанд вижагиҳояш аз осори бисёр арзишманди на танҳо соҳаи омӯзгорӣ, балки дар маҷмӯъ, фарҳангу тамаддуни миллӣ низ ба шумор меояд. Муаллиф, қабл аз ҳама, бо далелу мадраки боэътимод он ҳақиқатро тақвият медиҳад, ки асоси раванди эҳёи фарҳанги миллӣ маҳз илму тарбият аст ва ин ҷараён дар замони истиқлол бо корномаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи узвӣ доранд. Ончунон ки киштие бо нохудои донишманду тавоно дар уқёнуси нопайдоканор раҳгум нахоҳад зад, ҳамон гуна нақши Сарвари давлати тоҷикон дар раҳнамоии ҷомеа барои расидан ба ҳадафи баланд – дастёбӣ ба прогреси иҷтимоӣ тавассути ислоҳоти соҳаи маориф зина ба зина ва марҳала ба марҳала нишон дода мешавад. Бояд гуфт, ки мавсуф на бори аввал аст, ки чунин мавзӯи бениҳоят доманадорро ба риштаи таҳлил ва андеша мегирад. Ҳанӯз соли 2011 ӯ рисолае бо унвони «Омӯзаҳои роҳнамои саодат» ба чоп расонида, аксар таълифот ва суханрониву мулоҳизаҳои Пешвои миллатро дар боби илму тарбият ва аҳамияти онҳоро дар худшиносии миллат мавриди пажӯҳиш қарор дода буд. Инак, баъди нӯҳ соли таҳқиқи бардавом ва пайгирии мавзӯи мазкур рисолаи фарогире рӯи чоп оварда шуд, ки барои ҳама соҳоти улум, ки ба масъалаҳои илму дониш ва усулҳои замонии тарбият дахле доранд, нафъи калон дорад. Таърих гувоҳ аст, ки раванди эҳёи миллӣ барои кишварҳое, ки имрӯз ба сатҳи рушди устувор расидаанд, хеле тӯлонӣ будааст. Тоҷикистон наздики се даҳсола аст, ки ин ҷараёнро пушти сар мекунад ва вобаста ба расидан ба ҳадди кофии худшиносии миллӣ ва ҳудогоҳии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалдараҷаро ба илму тарбият додааст. Ин таваҷҷуҳ то куҷо ба манфиатҳои миллӣ ва идеяи миллӣ, ба рушди фарҳанги миллӣ созгор уфтода, аз ин китоб посух меёбем. Китоб муштамил ба се боб ва 16 фасл буда, ҳам масоили назарӣ ва ҳам ҷанбаҳои амалии иртиботи таълиму тарбиятро дар даврони истиқлол ба миён мегузорад ва роҳу равишҳои тозаро дар ин соҳа баррасӣ мекунад. Се масъалаи ба ҳам алоқаманд – нақши Пешвои миллат дар ислоҳ ва таҷдиди соҳаи маориф, таълиму тарбият аз ҳошияи ҳадафҳои миллӣ ва консепсияи низоми нави таҳсилот, инчунин дар робита бо ду масъалаи аввал – масъалаи ахлоқи ҷавонон мавриди пажӯҳиши Ҳасан Ҷӯраев дар ин китоб қарор гирифтаанд. Дар боби сонӣ гӯиё зоҳиран масъалаи парвариши ҷавонон ё худ тарбияти онҳо дар рӯҳияи ифтихороти миллӣ ҷудо таҳқиқ шудааст. Аммо ин аз нигоҳи аввал аст. Муаллиф консепсияи эҳёи миллиро вобаста ба равиш ё рӯйкардҳои тарбиятӣ шарҳ дода, вазифаҳо ва мақсадҳои пешгузоштаро дар робита бо низоми нави таҳсил ба қалам медиҳад. Аз назари муаллиф, расидан то дарку маърифати ифтихори миллӣ ҳамоҳангии низоми таълим ва тарбиятро тақозо мекунад ва бидуни чунин гармония дурри мақсуд ба каф нахоҳад омад. Ин қисмати китобро фасли «Равишҳои парвариши ифтихори миллӣ ва ватандорӣ аз дидгоҳи Президент» анҷом мебахшад, ки хеле мантиқӣ ба назар мерасад. Тӯли 26 соли дар маснади президентӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама бештар ва муфассалтар дар хусуси мактабу маориф сухан гуфтаанд. Аснои баррасии дигар мавзӯъҳои марбут ба рушди ҷомеа, хоҳ масоили амният бошад, хоҳ иқтисоду идоракунӣ, Сарвари давлат ҳатман ба ин мавзӯъ, яъне навсозии ҷомеа тавассути тағйир додани шаклу мундариҷаи таҳсилот, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтироми бузургони пешин ва суннатҳои неки аҷдод, дӯст доштани ватан ва обу хоки он, тавассути кори амалӣ ифода кардани эҳсоси меҳанпарастӣ дахл мекунанд ва ин гуна баррасиҳо ба ҳукми одати Пешвои миллат даромадааст. Зеро аз назари Президенти мамлакат, решаи ҳама гуна нуқсу иллатҳои иҷтимоӣ дар масъалаи илму дониш ё раванди ба таълим ва тарбияи замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон гиреҳ мехӯрад. Ислоҳи ин соҳа ислоҳи ҳама ноҳамвориҳои рушдро дорад ва маншаи тамоми беҳбудиҳо аз файзи таълим ва баракати тарбият аст. Қисмати саввуми асар «Равшангари таърихи ғурурофари миллат» ном дошта, бардошти олимонаи муаллифро аз мутолиаи китоби Сарвари давлат «Тоҷикон дар ойинаи таърих» дар бар мегирад. Муаллиф дар ҳошияи ҳар банди ин китоби мондагор вобаста ба арзишдоварии Пешвои миллат аз кору пайкори бузургоне, чун Рӯдакиву Куруши Кабир, Абӯмуслими Хуросонӣ ва Имоми Аъзам таассуроти хешро сабт карда, ки аз нигоҳи истифодаи онҳо дар раванди таълим ҷиҳати бедор кардани ҳисси худшиносии ҷавонон ва ғурури миллӣ басо муфид ба назар мерасанд. Бахшҳои дигари ин фасли китоб андешаҳои арзишманди муаллифро аз бархе зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ва роҳу усулҳои ба миён овардани муқовимати фикрӣ ба онҳо, аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун сароғози тамоми дигаргуниҳо дар ҳаёти мамлакат, саҳми Пешво дар эҳёи Наврӯз, таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба масъалаҳои бунёдиии фарҳанг, моҳияти омӯзишу парвариш дар давраи нави таърихӣ, масоили таҳкими оилаҳо ва ғайраро фаро гирифтаанд. Ва ниҳоят, дар охири китоб фасле ҳаст бо унвони «Ёддоште аз муаллиф». Ин фасл нақши ҳам муқаддимаву ҳам як навъ хулосаро иҷро кардааст. Аз ҳамин фасл чӣ навъ пайдо шудани таваҷҷуҳи муаллиф ба мавзӯи мазбур ва таассуроти ӯ аз мутолиаи чанд асари безаволи Сарвари далат маълум мегардад. Аз нигоҳи соҳиби китоб, асарҳои Пешвои миллат ганҷинаеро мемонанд, ки то кунун даҳяки он ба нафъи рушди фарҳанг ва маориф истифода нашудааст. Истифодаҳои босамари роҳу равиш ва усулу принсипҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, бадеҳист, ки ҷомеаро ба сӯи беҳбудиҳо ва навсозиҳо такон хоҳанд дод, муҳаррики андешаҳои ислоҳотпарваронаи ҳам аҳли илм ва ҳам онҳое хоҳад буд, ки масъулияти раҳбарӣ ва иҷрои кори таълиму тарбиятро ба шона доранд. Китоби нави Ҳасан Ҷӯраев, бешак, дар илм сухани тозаест. Он метавонад ҳамчун дастуруламали кор дар соҳаи таълиму тарбият бошад. Ҳар китобе, ки дар ин ё он соҳаи илм таълиф мешавад, табиист, ки на фақат натиҷаи диду дарёфти мушоҳидаҳои илмии ӯст, балки натиҷаи таҷрибаи кору фаъолият ҳам ҳаст. Ҳасан Ҷӯраев соли 15-ум аст, ки дар коллеҷи омӯзгории пойтахт бори гарони таълиму тарбияи шогирдонро ба дӯш доранд. Ҳанӯз соли 2007 ҳини дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф кор карданаш мавзӯеро таҳти унвони «Парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ ба мабнои суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти низоми маориф» ҳамчун мавзӯи кори илмӣ интихоб намуда, онро дар шакли рисолаи илмӣ дифоъ кардааст. Худи унвони «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» ном ниҳодани асарашро Ҳасан Ҷӯраев чунин шарҳ медиҳад: «Чунин ном ниҳодани китобро сабаб он аст, ки Ватан оғозгоҳи ҳаёти ҳар инсон буда, маърифати он аз мо хираду маорифи густардаро тақозо мекунад, ки аҳамияти ҳамаи инҳо дар андешаву таълифоти Пешвои муаззами миллат равшану возеҳ инъикос ёфтааст… Агар аз ин навиштор заррае ҳам бошад, ҳар фарде суд ва ҳосиле бардорад, хешро сарфарозу хидматгузори ин халқу миллат медонам…». Бешак, дар паси ин сатрҳо сидқу сафое ниҳон аст… Ҳафиз РАҲМОН, муҳаққиқ ва адабиётшинос |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.