«Ихвон-ул-муслимин»: таърихи ташкил, ҳадаф ва амалҳои ҷиноии содиркарда пайравони ӯ15-10-2020, 14:27
Хабарро хонданд: 97 нафар
Назарҳо: 0
Авохири моҳи августи соли равон, мақомоти қудратии Миср аз боздошт шудани Маҳмуд Иззат, роҳбари созмони террористӣ экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» (Баробарони мусалмон) дар Коҳира хабар доданд. «Ихвон-ул-муслимин» созмони мазҳабӣ-сиёсиест, ки ҳанӯз моҳи марти соли 1928 аз тарафи муаллим Ҳасанал-Банна дар Миср ташкил шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ созмони мазкур чандин амалиётҳои бузурги террористиро ба анҷом расонидааст. Ҳанӯз соли 1954 баъд аз қасди номуваффақ ба ҷони президенти собиқи Миср Ҷамол Абдул Носир фаъолияти Ихвон-ул-Муслимин манъ карда шуд. Ин дар ҳолест, ки соли равон мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз боздот шудани як шумори муаяйни сокинон бо ҷурми пайравӣ ба гурӯҳи террористии «Ихвон-ул-муслимин» хабар дода буданд. Мавзӯи боздошт шудани пайравони чунин як гурӯҳи размандаи роҳи ноадолатӣ ва дар замина гузоштани сипари қавӣ бар зиддӣ идомаи фаъолияти он дар мамлакат, тадбири саривақтиву вуваффақ дониста мешавад. аммо дастгир ва ба ҳабс равона кардани як шумори муайян бо ҷурми пайравӣ аз чунин як гурӯҳи ҷиноятӣ як тарафи масъала бошад, самти дигари он чигуна роҳ ёфтани иқоиди ифротгаро ба шуур ва зеҳни баъзе аз нафар, хоссатан чеҳраҳои илму маърифат аст, ки дар зимн миёни ҷомеа саволҳои зиёдеро бе посух гузоштааст. Маҳз бо ҳадафи шинохти чеҳраи воқеии «ихвониҳо» ва таърихи роҳ ёфтани назароти онҳо ба минтақаву ҷомеи тоҷик, пайриги мавзӯъ шудем. Таҳлилҳо нишон медианд, ки ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар соли 1928 аз тарафи Ҳасанал-Банна ташкил ёфта, баъдан бародарон Саидқутбу Муҳаммадқутб низ аз ин равия пайравӣ карданд. «Ихвон-ул-муслимин» чун дигар муташакилаҳои байналмиллалии террористии динӣ ҳадафи бунёни давлати ягонаи фаромиллӣ дорад, ки мувофиқ ба стратегияи он давлати хайёлии онҳо бояд аз Испания то ба Филипину Инданезияро фарогир бошад. Яъне дар заминаи ин идеология давлат бояд миллӣ набошад, балки давлати фаромиллӣ ва танзими тамоми умуми иҷтимоиву сиёсӣ бояд шариатӣ бошад. Ин бар онмаъност, ки бояд давлатҳои дунявиву миллӣ куллан аз байн бурда шаванд. Бунёдан он ақидаву назароте, ки «Ихвон-ул-муслимин» дорад дигар ҳаракатҳои экстремистиву идеологӣ низ ҳамин даъворо доранд. Муҳаққиқон бар он назар ҳастанд, ки ҳамон фундаментализме, ки «Ихвон-ул-муслимин» пайгирӣ менамояд ҳамонро дигар ҳаракатҳои исломӣ аз ҷумла: «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-у-таҳрир», «Салафия», «Ваҳобия» ва ғ пайрави мекунанд. Ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар тули мавҷудияти худ амалҳои террористии зиёде содир кард, аз ҷумла: қатли сарвазири Миср дар соли 1948, иштироки пайравони он дар ҷангҳои арабу Исроил, иштирок дар инқилоби солҳои 1952-и Миср, таи солҳои 2012-2013 аз сари қудрат барканор кардани Президенти қонунии Миср Ҳусни Муборак ва ғ. Амали нангини дигаре, ки ин ҳаракат содир кард, аз байн бурдани зиёда аз 750 бинои хусусияти дунявидошта, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, клубҳои шабона, театрҳо ва амсоли онҳо мебошад. Ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» таи солҳои 60-70 қарни гузашта бо ташкили ячейкаҳои худ миёни ҷомеаи Иттиҳоди Шуравӣ пайдо шуд. Дар аввал ин гурӯҳ гуё корҳои ахлоқӣ анҷом медоданд, аммо вақт собит кард, ки инҳо асосгузор ва заминагузори якчанд ҳизби сиёсии динӣ мебошанд, аз қабили Ҳизби Исломии Узбекистон, Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шуравӣ дар Астрахан, Ҳизби наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон. Ҳатто гурӯҳҳои иштирокчӣ дар ҷангӣ Чеченистон ба муқбили русҳо ва ҳатто воқеаҳои солҳои 90-ум қарни гузашта дар ҷомеаи мо, ки дар зимн оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон фурузон кард бар мегардад ба ҳамон ихвониҳо, ки дар солҳои 60-70 вориди ҷомеаи Иттиҳоди Шуравӣ шуда буданд. Имрӯз ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» дар зиёда аз 70-давлати дунё изи пой доранд. Дар чунин вазъ ба хуллосае метавон расид, ки ҳаракати «Ихвон-ул-муслимин» ҳамчун гурӯҳи идеологии динӣ шояд заминагузори пайдоиши даҳҳо ва шояд аз он ҳам бештар ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гардида бошад. Чун барнома ва сиёсатии кории онро мо зимни фаъолияти созмони террористиву экстремистии «Давлати Исломӣ» дар сарзамини Сурия ва Ироқ баръало мушоҳида намудем. Суғдмеҳри Маъруфзод
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.