Тоҷикистон дар мубориза алайҳи КОВИД-1926-05-2020, 10:59
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
Каронавирус ва ё худ КОВИД-19 ҳамчун маризии сироятӣ имрӯзҳо боиси нороҳатии дар умум бошандагони сайёра гардидааст. То ин дам дар ҷаҳон беш аз 5 миллион нафар олудаи ин вабо гардида, зиёда аз 330 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Шумораи дар умум шифоёфтагон бошад зиёда аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад. Маврид ба ёдоварист, ки каронавирус ҳамчун маризии сироятӣ, шурӯъ аз моҳи декабри соли 2019 дар як қатор музофоти Чин, аз ҷумла шаҳри Вуҳани вилояти Хубей ба қайд гирифта шуда, аз рӯи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 20 январи соли 2020 ҳамагӣ 218 ҳодисаи гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аммо имрӯз ин вабои замон марзи кулли давлат ва минтақаҳои сайёраро убур намудааст. Мутаасифона дар баробари он ҳама тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба пешгирии вуруди ин вабо ба кишвар, санаи 30 майи соли равон аввалин ҳодисаи сироятёбӣ ба каронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Баробари роҳ ёфтани маризии сироятии каронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати кишвар вобаста ба роҳҳои аслии пешигирии ҳарчӣ зиёд доман паҳн намоии ин маризӣ як қатор тадбирҳои амалиеро рӯи даст гирифт. Дар ин доира мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор карда шуда дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тисоди доиоамалкунанда роҳандозӣ шуд. Дар ин давра маҳз бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини осебдидагон аз маризии каронавирус аз буҷҷети кишвар маблағҳои муайян ҷудо гардида, то ба ҳолати имрӯз ба маблағи 19 804 500 сомонӣ маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда, доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ба кишвар ворид карда шуд. Лавозимоти тиббӣ ва маводҳои дорувории ба кишвар воридгардида таҳти супоришҳои ҳукумати мамлакат дар асоси талабот ба муассисаҳои табобатї ва марказҳое, ки шаҳрвандон ба табобат қарор гирифта шудаанд, дастрас карда шуд. Аз ҷумла; Ба Раёсати тандурустии ВМКБ; Ба Раёсати тандурустии вилояти Суғд; Ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон минтақаи Бохтар; Ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон минтақаи Кӯлоб; Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шифобахш; Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрология; Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии урология; Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм; Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил; Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул; Маркази ҷумҳуриявии клиникии вертебрология; Маҷмааи тандурустии Истиқлол; Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббї; Маркази тиббии шаҳрии №1; Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятї; Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакона; Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакї, Варзоб, Файзобод, Роғун, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш. Маврид ба таъкид аст, ки мавозимоти тиббӣ ва дорувории зиддирирусӣ ба кишвар воридгардида мувофиқи талаботи муассисаҳои тандурустӣ мамлакат таҳти фармоиши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуданд. Бо вазъияти ба вуқуъомада бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба маблағи 11 миллиону 235 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз маблағи ҷудогардида 5987000 сомонии он барои харидории 2 номгӯи дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ба миқдори 27 адад бо ибтикори ҶДММ “Сифат фарма” аз ширкати олмонии “Lоwenstein Medical Technology” харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон, ширкати мазкур барои дастраскунии 95 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда, доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод ба имзо расонида, аксарияти ин маводҳоро дастрас намудааст. Гуфта мешавад маводҳои мазкур барои пешгирии паҳншавии коронавирус ва таъмин намудани беморони гирифтори ин беморӣ равона мегардад. Ҳамзамон дар роираи бунёди сипар бар муқобили бесории сироятии КОВИД 19 дар мамлакат, тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2020, барои харидории 500 000 адад ниқоби тиббӣ маблағи умумии 1 250 000 сомонӣ ҷудо гардида ниқобҳои тиббӣ тибқи эхтиёҷот ба муассисаҳои тандурустӣ дастрас мегарданд. Дар ин росто бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав “Covid-19” дар давраи эълон гардидани пандемия ба вазорату кумита ва хадамоту агентиҳои давлатї, сохторҳои қудратї, фурудгохҳо, инчунин, муассисаҳои табобатию профилактикї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурї дастгоҳи термометри фосилавї дастрас гардидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалї аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кӯшодаи “Тоҷикэлектромонтаж” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 3 номгӯи таҷҳизот, маводҳои ташхисӣ ва муҳофизатӣ ба маблағи умумии 5 миллион сомонӣ дастрас гардидааст. Ва аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти Давлатии Шаҳри Душанбе, ба оилаҳои ниёзманду муҳтоҷ маводҳои тиббиву маишӣ ва ғизоӣ растрас карда шуд. Дар ҳамин доира Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалї Раҳмон дар марҳилаи аввали паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемории коронавируси нав “Covid–19” ҳамаи он тадбирҳои зарурие, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустї тавсия гардида буданд, саривақт чораандешӣ намуд. Дар ин миён аз ҷониби Вазорати тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї зиёда аз 60 тонна маводи гипохлорити калтсии фаъолнокияш 65% харидорї гардида, 30 тонна ба Сарраёсати назорати санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва ҳифзи иҷтимоии аҳолї ва Раёсатҳои тандурустии вилоятҳову шаҳру ноҳияҳо равона гардид. Дар ин давра роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тадурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт гаштҳои шабонаро ба роҳ монданд. Дар доираи иқдоми мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз як қатор марказҳои саломатии пойтахт боздид ба амал овард. Зимни боздид Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо масъулини марказҳои саломатии мазкур масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини маводҳои тиббӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода, бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегиранд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, бо вазъи саломатии онҳо шинос шуд. Дар ин доира беморон низ аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат ва ҷиҳати муҳайё намудани чунин шарити хуби хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ аз роҳбарияти вазорат арзи сипос намуданд. Дар доираи иқдомоти мазкур ва боз ҳам ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои дар умум кишвар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабонаро ба роҳ мондааст. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед аз фаъолияти марказҳои саломатии шаҳру навии мамлакат дидан намуда дар зимн ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар доираи боздиди хеш роҳбарияти вазорат бо фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ, ки шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд, шинос шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки боз ҳам дар доираи иқдомоти пешгирифта, ҷиҳати мубориза алайҳи бемории сироятии КОВИД 19 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, пешниҳоди тавсияҳо ба шаҳрвандон телефонҳои боварии 311 ва 511 фаъол гардонида шуд. Инчунин телефонҳои боварӣ дар назди Раёсатҳои тандурустии вилоят ва шаҳру навҳии мамлакат, ҳамзамон марказҳои саломатии пойтахт ба тариқи шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд. Маврид ба таъкид аст, ки таи рӯзҳои вуруди маризии каронавирус ба кишвар як қатор кӯмакҳои башардӯстона ба ҷумҳурї ворид гардидаанд аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озорбойҷон ва 23 ташкилотҳои хориҷї 251 номгӯи маводҳои муҳофизатї, безараркунанда ва лабораторӣ (дастгоҳи термометри фосилавї, ниқобҳои муҳофизатї, маводҳои гигиенї, айнакҳои муҳофизатї, либосҳои махсуси муҳофизатї, дастпӯшакҳои якбормасрафшаванда, бахил, пойпӯшҳои обногузар ва халатҳои якбормасрафшаванда) ба маблағи умумии 7 483 220 сомонї дастрас гардида, ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид барои табибон ва нафароне, ки бо карантини муваққатї фаро гирифта шудаанд ва инчунин бемороне, ки дар муассисаҳои табобатии болозикр ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд ва инчунин ба осоишгоҳҳо дастрас гардиданд. Дар доираи ҳамкориҳои муттақобилаи ду давлати ба ҳам дуст ва баробар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев санаи 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷики хеш ва пешгириву табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ва бо мақсдаи додани тавсияҳо аз таҷрибаи хеш ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати муолиҷаи нафарони гирифтори сирояти коронавирус шуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ҳамкориҳои мутахассисони узбеку тоҷик дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва табобати сирояти коронавируси нави COVID-19 ва табодули таҷриба таи чанд рӯз видеоконфронси омӯзишӣ баргузор гардид. Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии видеоконфронс иброз намуд, ки баргузории чунин вохуриҳо метавонад дар баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳа саҳми назаррас гузорад. Ғайр аз ин, мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ташхисгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои кишвар дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо барои ташкили ду озмоишгоҳи дигар дар мамлакат кӯмаки хешро расониданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд. Бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ дар маҷмуъ, ба маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА, кумакҳои тиббӣ расонида шуд. Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тибии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 таъинот доранд, ҳамчунин барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуд. ХУЛЛОСА Маврид ба ёдоварист, ки то санаи 24 майи соли равон дар кишвар 2929 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, ба беморхонаҳо бистари гардонида шуданд. Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1301 нафар шифо ёфтаанд. Гуфта мешавад имрӯзҳо 2772 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 565 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Шумораи фавтидагон аз маризии сироятӣ дар саросари кишвар ба 46 нафар баробар шудааст. Ин ҳама таҳлилҳо нишон медиҳанд, тадбирҳои андешидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон таҳти роҳбарии муттақобилаи Ҳукумати кишвар ва ҳамзамон риояи талаботи гигенаи шахсӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, заминаи аслии пешгирии хуруҷи маризии сироятии Covid-19 гардидааст. Мутаасифона таи рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани бемории каронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба таҳлука афтодан як шумори муайяни сокинон аз паи харидории дорувории зидивирусӣ пардохтанд, ки дар пай дарёти як шумори муаяйяни дорӯворӣ дар нуқтаҳои фурӯш мушкилиро ба миён гузошт. Ин дар ҳолест, ки анборҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ”, инчунин нуқтаҳои нигоҳдории дорувории муассисаҳои тандурустӣ саривақт бо лавозимоти тиббӣ ва дорувории зидивирусӣ аз қабили Covid-19 захира карда шудааст. Мутобиқ ба таълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дорувории захирагардида зидди бемории нави Covid-19 барои якчанд муддат басанда буда, гирифторони бемории каронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон табобат мешаванд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое ба гуш мерасад, гӯё дар муассисаҳои тандурустии мамлакат дигар ҷой барои бистари намудани беморон намонда ва ҳамзамон дар онҳо дорувориҳои зиддивирусӣ камчин гаштааст, асоси воқеъӣ надоранд, чун айни замон иловатан се ҳазор ҷойи холӣ дар муассисаҳои тиббӣ мавҷуд буда, тамоми беморхонаҳои мамлакат бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ таъмин мебошанд. Маврид ба тазаккур аст, ки то ба ҳолати санаи 24 майи соли равон дар саросари кишвар маҳз аз бемории каронавируси нави КОВИД 19 1301 нафар шифо ёфта фаъолияти шабонарӯзии табибон ҷиҳати муолиҷаи боқимонда беморон идома дошта, мувофқи омори расмӣ шумораи гирифторони ин маризӣ дар кишвар ҳамоно коҳиш меёбад. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.