Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Коршинос оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, шарқшинос, Александр Князев: «Бештар тундравон барои пул «аллоҳу акбар» гӯён нидо мекунанд

Коршинос оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, шарқшинос, Александр Князев: «Бештар тундравон барои пул «аллоҳу акбар» гӯён нидо мекунанд

14-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Коршинос оид ба Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, шарқшинос, Александр Князев: «Бештар тундравон барои пул «аллоҳу акбар» гӯён нидо мекунанд
Актобеи Қазоқистон аз амали террористие, ки аз ҷониби як гурӯҳи тундравон содир шуда буд, дур мешавад. Ин чӣ буд? Мақсади ниҳоии ҷангиён чӣ буд? Дар Қазоқистони орому дунявӣ онҳо аз куҷо пайдо шуданд? Ба ин саволҳо коршиноси масоили Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, шарқшинос Александр Князев ҷавоб медиҳад.

— Чанд сол пеш муҳокима мекарданд, ки салафиҳои Қазоқистон мағозаҳои иҷтимоӣ доранд ва ба ин васила ба ҳаммазҳабони худ бо ғизо ва эҳтиёҷоти дигар кумак мекунанд. Ҳамчунин овозаҳое ҷой доштанд, ки барои пӯшидани шими кӯтоҳ ва гузоштани риш ба тамоми хоҳишмандон ба маблағи 70 ҳазор танга пардохт мекардаанд. Ин монетизатсия (ё худ воситаи пулкоркунӣ) рӯзе бояд ба итмом мерасид, зеро ки ҳама чиз ҳадафи ниҳоӣ дорад. Чӣ гуна? Ҷалб кардан ба сафҳои худ? Ин ҳолат дар Қазоқистон ҷой дорад? Оё ҷалб кардани ҷавонон бо ин роҳ дар кишвари мо дуруст аст?

-Дар робита ба ин савол ду нуктаи муҳим, вале гуногун ҷой доранд. Дуюм — монетизатсия ва аввал — самти иҷтимоии фаъолияти онҳо мебошад. Ин падидаи маъмул барои ҳамаи кишварҳое, ки дар онҳо ҷомеаи исломӣ вуҷуд дорад, хос аст. Кумак ба ҳаммаслакон на танҳо бо маводи ғизоӣ, балки дар шакли гуногун расонида мешавад. Ин тамоюли иҷтимоӣ табиист, ки мардумро ба худ ҷалб менамояд.

Агар мо дар бораи ҷараёни ғайритундгароӣ, вале танҳо як навъ ҷомеаи исломӣ сухан ронем, дар ин сурат бастаи иҷтимоӣ — танҳо дар бахши таркибии иҷтимоии мусбат ба шуури одамон таъсир мекунад. Ва барои сохторҳои ифротӣ- дастгоҳи таблиғотӣ ва ҷалб ба сафи онҳо мебошад. Масалан,ба одамоне, ки гирифтори бадбахтианд, метавонанд як маротиба кумаки ҷиддӣ расонанд.

-Яъне, ки он ҷо маблағҳои ҷиддӣ гардиш меёбанд?
— Ман фикр мекунам бале. Албатта, хурд не, аз ҷумла дар Қазоқистон. Муҳим нест, ки он ба тарафи манфӣ тир парронад, вале баръакс ҳам мумкин аст. Хусусан, вақте ки сухан дар бораи ғарби Қазоқистон меравад. Ман аввалин касе нестам, ки дар бораи вазъи махсуси мазҳабӣ дар ғарби ин кишвар сухан гӯям. Шимол ва шарқи Қазоқистон низ хосияти худро доранд. Дар замони Шӯравӣ, ин минтақаҳо ба андозаи камтар исломӣ буданд. Он ҷо анъанаҳои динии мустаҳкам, ки аз насл ба насл мегузаранд, вуҷуд надоштанд. Вақте ки Иттиҳод пош хӯрду эҳёи динӣ оғоз гардид, ҳама мегуфтанд, ки хатар дар ҷануби Қазоқистон аст, чунки он ҷо мазҳаби ҳанафӣ бештар реша давонда буд, танҳо дар он ҷо муллоҳои босаводе ҳастанд, ки мардум ба онҳо бовар мекунанд, дар оилаҳо тасаввуроти муайяне оид ба мазҳаб вуҷуд доранд.

Дар Ғарб эҳёи динӣ ба як заминаи ковок рост омад, шумораи зиёди пайравон ё аз хориҷа омадаанд, ё дар хориҷа бо тафсири шубҳаангези ақидаҳои такфирӣ, салафӣ ва ваҳҳобӣ таҳсил кардаанд.

Донишро онҳо асосан дар Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Миср мегирифтанд. Донишгоҳи Миср «Ал-Азҳар», ки ҳамеша асоси назариявии олами ислом ба шумор мерафт, каме пештар таҳти назорати созмони «Ихвон ул-муслимин» — «Бародарони мусулмон» қарор гирифт. Омӯзиш ҳам ҳамчунин.

— Аз донишгоҳи «Нур» донишҷӯёни мо он ҷо ба таҷрибаомӯзӣ мераванд …
— Албатта, эҳтимоли 100 фоиз зери таъсири «Бародарони мусулмон» қарор гирифтани онҳо мавҷуд нест, аммо хатар вуҷуд дорад. Ин (доктринаи) таълимоти расмии донишгоҳ нест, ин танҳо баъзе аз одамони алоҳидае ҳастанд, ки ақидаҳои ин созмонро пайравӣ менамоянд. Саволи дигар: дар маърӯза ва дарсҳои инфиродӣ онҳо ба донишҷӯён чӣ мегӯянд? Аз ин рӯ, дар ин самт давлат бояд хеле эҳтиёткор бошад. Ман дар Актобе набудам, вале мегӯянд, ки дар Актобе шиму риш аз дигар ҷойҳо бештар ба чашм мерасад.

— Шумо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Актоберо дидед? Он ҷо ба қавле ришдорон низ ҳастанд. Ҷавононе, ки соли таваллуди 1997 ҳастанд, дар назар мисли 50 сола менамоянд. Онҳоро зиндагӣ ба чунин ҳол расонидааст?

— Доираи ифротгароии мазҳабӣ дар кишварҳои мо бо ҷиноят, аз ҷумла бо монетизатсия робитаи зич дорад. Ҳамчунин ҳодисаҳои Актоберо мо наметавонем танҳо амали исломиҳо, ки сохтани хилофатро ба нақша доштанд, номем. Агар гӯем, ки он танҳо як ҷиноятест, ки ҳадаф ба даст овардани аслиҳа буд, низ нодуруст аст. Дар мавриди ҳайати иштирокчиёни рӯйдодҳои 5 июн таҳлил лозим аст. Ба ман иттифоқ афтод, бо асироне, ки дар Афғонистон, дар канори Толибон ҷангидаанд, суҳбат кунам. Он ҷо ҳам арабҳо ва покистониҳо, кашмириҳою индонезиягиҳо, узбекҳо ва тоҷикон буданд. Ман ба хулосае омадам, ки аксарият мутаассиб нестанд ва барои ақида ҷанг намекунанд. Барои онҳо ин як тиҷорат аст. Ин одамоне ҳастанд, ки сатҳи саводнокияшон хеле паст буда, онҳоро метавон бо ақида ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар шакли дастгирии оилаҳояшон дар сурати фавт мағзшӯйӣ кард. Ин як падидаи маъмул дар миёни онҳо аст. Аммо нисфи онҳо — танҳо зархаридоне ҳастанд, ки нидоҳои «оллоҳу акбар» -ро танҳо барои пул мебароранд.

Дар Актобе ба ман чунин менамуд, ки нақшаи амалиёт барои мутаассибон хеле оқилона ба ҳисоб гирифта шуда буд. Пешниҳоде ҳаст, ки ҳадафи онҳо метавонад ба ном «зиндони шашум» бошад, ки дар он маҳбусоне нигоҳ дошта мешаванд, ки барои ифротгароии мазҳабӣ ҳабс шудаанд.

Агар шумо дар бораи ҳадафи ниҳоии ҷангиён андеша кунед, албатта, он танҳо кӯшиши аз худ кардани силоҳ набуд. Онҳо дарк менамоянд, ки давлат қавитар аст ва онҳое, ки аз мақомот пинҳон шудаанд, ҳатман аз ғалбер гузаронида мешаванд, онҳоро дер ё зуд, ё дар ҷое мепарронанд , ё боздошт менамоянд, якеро зудтару дигариро дертар. Пас мақсад чист? Нақша хароб шуд — давлат ба он ҳамроҳ шуд. Ман ҳатто чунин мегӯям: — қисми якуми нақша бомуваффақият анҷом ёфт, вале дар қисми ҳарбӣ онҳо муваффақ нашуданд.

Ва агар нақшаи онҳо амалӣ мешуд — онҳо қисми ҳарбиро тасарруф карда ва сипас бародарони худро аз зиндон озод мекарданд, баъдан чӣ? Ҳамла ба шаҳри Остона? Ин роҳ нест. Таъсис додани ҳукумати алоҳида дар Актобе низ аз дасти онҳо намеомад,

Бо тамоми танқиди сохтори давлатии Қазоқистон бояд эътироф кард, ки ҳукумат ин ҷо қавӣ аст. Тундравон хуб медонанд, ки дар ҳар сурат онҳоро фурӯ менишонанд. Маълум мешавад, ки мақсад дигар аст- эҷоди манбаи ташаннуҷ ва носуботӣ дар минтақа. Ин бар манфиати кист?

Ҳеҷ талаботи дақиқи марбут ба он нест, бинобар ин ҳадафи оянда комилан равшан нест. Ин танҳо кӯшиши эҷоди бесуботӣ аст, ки аз берун идора мешавад.

— Чаро ВАО Русия умуман ба муҳофизати Тохтар Тулешов бо тамоми ҳуқуқҳои тарафдории Русия пардохта, хамаро ба Ҳукумати Қазоқистон хавола мекунад?

— Чӣ гуна ҳуқуқҳо? Онҳо ба ҷомеа ба мисли «Ордени бешарафӣ» нофаҳмоянд.
Ҳамаи ин ҳамлаҳои ВАО-и Русия — аз хирадмандии зиёд нестанд. Он танҳо бо ақидаи «Ӯ ҷонибдори Русия аст» пайваст аст.

Дар ҳар сурат, ҳамин тавр ба назар мерасад. Дар ҳақиқат, агар шумо ба ин тарафдории Русия назар афканед, беш аз пеш аён мешавад,ки Тулешов ба хотири тиҷорат кӯшиш намуд ба муносибатҳои русиягии худ як шакли беэътимодӣ диҳад.

— Оё ягон робита байни таҳдиди «зард» ба ҷуғрофияи кӯчонидани оралманҳо вуҷуд дорад? Олимони динӣ мегӯянд, ки ҳамаи ин ришҳо, шимҳо, ҳиҷобҳоро маҳз оралманҳо аз берун ба Қазоқистон овардаанд …

— Ман фикр мекунам, ки ин ҷо иртиботи чандон дуруст нест. Якум, баъзе омор метавонанд вуҷуд дошта бошад, масалан, он ҷое, ки оралмонҳо бисёр бошанд, он ҷо шимҳои кӯтоҳ бисёранд. Ман дар ин бора намедонам. Ин шакли зоҳирӣ ба тамоми кишварҳои исломӣ хос аст, зарур нест тундравона бошад. Барои мисол, туркҳо аз он қариб дур шудаанд, онҳо либоси дунявӣ мепӯшанд. Эрониҳо низ. Аммо дар шаҳрҳои хурди кишварҳои арабӣ метавонем бисёр ришдорону шимдоронро вохӯрем, дар Афғонистон ва Покистон бошад — ҳама ҷо. Ман фикр мекунам пӯшидани либоси махсус — он танҳо нишонаи исломишавии ҷомеа аст.

Аммо он, ки сабки берунии мусулмонони Қазоқистон танҳо пас аз эҳёи динӣ ба тағйирёбӣ оғоз намуд, ин истифодаи анъанаҳои гузаро аст. Симои духтари Қазоқистон бо ҳиҷоб ба ҷомеаи исломии Қазоқистон бегона аст, он ба таври сунъӣ бармегардад.

— Магар дар вазъияти Қазоқистон иттифоҷқчиёни СПАД бояд ҳамроҳ шаванд ё ин мушкилоти дохилии давлат аст?

— Ин мушкилоти дохилии давлат аст. Ягона чизе, ки на бо роҳи СПАД, балки бо роҳи СҲШ, инчунин ба воситаи муносибатҳои дуҷонибаи хадамоти махсуси ин кишварҳо мумкин аст, ин дастгирии сирф иттилоотӣ барои кор ҷиҳати пешгирӣ мебошад. Мо дар ҳақиқат намедонем, ки чӣ гуна бисёр воқеаҳо мисли Актобе пешгирӣ шуданд. Шояд бештар аз як ё ду.

— Чунин даъватҳо ба амал омаданд, ки ба хотири шумораи зиёди фавтидагон дар Актобе бояд роҳбарони сохторҳои қудратӣ аз вазифа барканор карда шаванд. Чаро дар Актобе тундравон ба охири кор расиданд ва аз тарафи хадамоти амният дар марҳилаи таҳияи амали террористӣ муайян ва қатъ карда нашуданд? Ин аз омодагии ҳамаҷонибаи онҳо дарак намедиҳад?

— Ин ҷо маълум мешавад, ки омодагӣ заиф будааст, зеро онҳоро аллакай дар марҳилаи дуюм боздошт намуданд. Умуман, чунин холатҳоро 100 фоиз пешгирӣ кардан душвор аст. Чӣ тавр инро бояд кард? Ба он ҷо одами худро ирсол кунем? Барои ин кор, шумо бояд донед, ки киро ба куҷо фиристонед. Ин хуб аст, ки неруҳои амниятӣ дарҳол барои пешгирии вазъият ва огоҳкунии шаҳрвандону кӯчонидани онҳо аз ҷойҳои серодам аксуламал нишон доданд.

Гурӯҳҳои тундрав дар ҳама ҷо ҳастанд ва онҳо метавонанд фаъолиятро дар ҷое нишон диҳанд, ки он ҷо баъзе сохторҳои муташаккил ва дастгирии теъдодӣ вуҷуд дорад, ё ҷое, ки онҳо мақомоти қудратиро заиф меҳисобанд.

Бошитоб кормандони мақомоти қудратиро аз мансабҳо дур кардан ҳалли беҳтари ин масъала нест. Бояд ба таври инфиродӣ онро баррасӣ намуд, вагарна, шумо метавонед кори ин идораҳоро вайрон намуда, онҳоро заиф намоед. Баъзан дар ёд доштан муфид аст, ки «аспҳоро дар гузаргоҳ иваз намекунанд».
Манбаъ: «365info.Kz»

Дусияи АМИТ «Ховар»:
Александр Князев А. — 57 сола. Ӯ — олим-шарқшинос, нависанда ва публитсист аст, ки майлу рағбаташ фарогири таърихи сиёсии муосири Афғонистон, кишварҳои Ховари Миёна ва Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, масъалаҳои геополитика ва амнияти минтақавӣ, ҷангҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Ӯ ҳамчун як муҳаққиқ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия кор кардааст.
Узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия, доктори илмҳои таърих мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: