Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҒОЗИМАЛИК ВА ҚАЛЪАИ Ӯ

ҒОЗИМАЛИК ВА ҚАЛЪАИ Ӯ

10-04-2020, 09:48
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
ҒОЗИМАЛИК ВА ҚАЛЪАИ Ӯ
2019-2021 – СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ
ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Пасмондаҳои қалъаи шоҳ Ғозималик дар яке аз мавзеъҳои хеле хушманзар, ҳамзамон, бисёр баланду мушкилгузари кӯҳи Оқтов воқеъ аст. Мардум ин кӯҳро бештар бо исми Ғозималик ном мебаранд. Устодон Ҳабибулло Назаров ва Аҳрор Мухторов низ дар асарҳояшон онро «Ғозималик» гуфтаанд. Ҷойи аниқи воқеияти қалъа болотар аз деҳаи Туғдонаи ноҳияи имрӯзаи Хуросон, наздик ба қуллаи кӯҳ мебошад. Мавзеи ҷойгиршудаи қалъа гувоҳ аст, ки шоҳ Ғозималик имкониятҳои табиии мудофиавӣ ва муҳофизатии фавқулода хуб доштаи ин маҳалро ба назар гирифта, қалъаашро сохтааст.
Ман аз бисёр шаҳру қалъаҳои қадими хориҷӣ дидан карда, қариб ҳамаи шаҳристону қалъаҳои ҷумҳурии худамонро дидаю омӯхтаам. Қалъаи Ғозималик аз ҷиҳати камхатарии мавзеи интихоб аз ягон қалъаи дидаам фарқ намекунад, ҳатто аз қалъаҳои Карон, Қаҳқаҳаю Ямчуни ВМКБ ҳам.
Аз болои қалъаҷой ба атроф назар мекунию афзалиятҳои табиии мудофиавӣ ва муҳофизатии қалъаро дида, ба солимфикрию дурандешии шоҳ Ғозималик ва муҳандисони қалъасози ӯ қоил мешавӣ. Аз болои он, тамоми паҳноии Қорамандӣ (Фахробод) ва Ғозималик то дуродурии водиҳои Ёвону Вахш менамоянд. Аз дидбонгоҳи қуллаи кӯҳ, водиҳои Лоҳуру Ҳисор ҳувайдо мебошанд. Ҳатто дар дуриҳои дур чанге ё дуде пайдо шавад, бо осонӣ мушоҳида мегардад. Агар нафаре, пиёда ё савора аз кадом ҷонибе ё дар роҳу пайраҳаҳои кӯҳӣ ё дар роҳу пайраҳаҳои ҳамворҷо пайдо шавад, ҳанӯз аз масофаҳои дур ҳатман ба чашм айён мешавад. Одамони хизмати ҳарбикарда хуб медонанд, ки дар фаъолияти дидбонӣ ин гуна имкониятҳои табиии мушоҳида то чӣ андоза муҳимият доранд.
Қалъа аз ҳама тараф нишебиҳои бисёр тикка (рост) дорад, ки аз сангҳои гуногунҳаҷми тезу теғдор ва анбӯҳи дарахтони пасту баланди сершоху барг ва хордор иборатанд. Чашмаҳои об дар пастхамии на чандон дур, аз самти ҷануби ғарбӣ воқеанд. Дар вақташ наздик ба ин чашмаҳо мадраса, дар назди чашмаи Чанортӯ китобхонаи оммавӣ воқеъ будаанд. Ба ҳудуди қалъа танҳо аз ҷониби шимол ва ғарби ҷануб ворид шудан мумкин аст, ки пайраҳаҳои имрӯзааш бисёр мушкилгузаранд. Мавзеи ҳамворҷойи қалъа низ имконоти ҳимоявии табиии бисёр доштааст: Анбӯҳи дарахтони баланду паҳншохи хусусияти ҳимоятидошта то кунун боқианд. Ба ҷуз ҳамаи ин, атрофи қалъа боз девори мустаҳкаме доштааст. Табиист, ки гузаштани душман аз чунин монеаҳо кори саҳл нест.
Интихоби ҷойи зиндон низ аз ҷиҳати устуворӣ ва бехатарӣ шояд беҳамто бошад. Он аз самти ҷануби қалъа дар танаи кӯҳ бо усули нақб канда шудааст. Умуман онро ғор ҳам гуфтан мумкин. Лекин ғор нест. Зеро ба таври сунъӣ кофта шудааст. Даруни дарахтзорон асту нонамоён. Даромадгоҳаш мисли як равзанаест дар танаи кӯҳи баланду боҳашамат ва бисёр тикка. Ҳайрон мемонӣ, ки ба зиндон маҳкумшудагонро бо чӣ азобҳое вориди он мекардаанд. Масалан, ману ҳамроҳонам гӯё ҷон дар кафи даст то дари он омадем. Дарозии нақбаш дар чашм 28-30, бараш 2,5 - 3 метр аст. Дар охираш ҷойи нишаст, тоқчаи китобмонӣ ё нонгузорӣ ва гӯё ҷойи шамъмонӣ дорад. Дарунаш сар хам накарда, равуо кардан мумкин. Деворҳояш ба усули гунбазанд ва ягон хел андова надида, дар шакли табиианд. Ду-се метр дарунтари даромадгоҳ ба сӯйи чап боз нақби дигар мавҷуд аст, ки ба он ҳатто бо миёни хам рафта намешавад. Бараш ҳам хеле танг аст. Чорғовак ва ҳатто дар охираш бо гаваккашӣ илоҷи рафтан дорад. Дар охири ин нақб ба ҷониби чапу рост боз ду нақби дигари дуқӯша ҳаст, ки тӯли ҳар кадомаш аз 2,5 - 3 метр беш нест. Бар ва баландии онҳо то андозаест, ки ҳатто имконияти нишастан намешавад. Фақат якпаҳлу будан мумкин. Эҳтимол, ин нақбҳо бо ин қадар шароити вазнин барои хатарноктарин маҳбусон пешбинӣ шуда будаанд.
Ин иншоотро мо шартан зиндон гуфтем, зеро ба зиндон мувофиқтар аст ва мардуми атроф ҳам онро «зиндон» мегӯянд. Аз рӯйи қоидаи маъмул, мо инро ба эътибор нагирифта наметавонем. Аммо он метавонад маъбади буддоӣ бошад ё ҷойи нигоҳдории хӯрока ба муддати дуру дароз ё ҷойи нигоҳдории аслиҳа ва ё умуман анбори нигоҳдории маводҳои гуногун.
Сокини куҳансоли шаҳри Бохтар Ҳикматулло Мирзомуродов қисса кард, ки соли 1942 даруни ин ғор ғарами китобҳои зиёди мусулмониро дидааст. Аммо аз тақдири минбаъдаи он китобҳо дигар маълумоте надорад. Афсӯс!
Қалъаи шоҳ Ғозималик албатта, дар замони худ яке аз устувортаринҳо будааст, истеҳкомҳои гуногун, аз ҷумла тиркашҳо, нуқтаҳои дидбонӣ, ҳимоя, сангар, хандақҳо доштааст, умури посбонӣ, хизматрасонӣ, қосидӣ ва ғайраҳо шабу рӯз омодаи фаъолият будаанд. Пиронсолон аз рӯйи шуниди хеш гуфтанд, ки замоне аз қалъа то ғори Чилтан роҳи зеризаминӣ будааст. Ба асоснокии ин гуфтаҳо бовар ҳаст. Зеро масофаи байни қалъа ва ин ғор, ки дар пушти кӯҳ аст, бо хатти рост на беш аз 1 - 1,5 км мебошад. Дар ҳолати мавҷудияташ чунин гузаргоҳ албатта яке аз муҳимтарин воситаи устувории қалъа ҳисоб мешуд.
Дар китоби «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1909 аз ҷониби Муҳаммад Содиқ Гулшанӣ дар Бухоро иншо шудааст, мехонем:
- «…Таджики… имели притязание на независимость в крепости города Гази-Малик». (…Тоҷикон… дар қалъаи шаҳри Ғозималик талабу даъвои мустақилият доштанд». Ҳ. Ю.)
Дар қадим қалъаи дар атрофаш девори устувор ва маҳалҳои аҳолинишиндоштаро шаҳр ё шаҳристон мегуфтанд. Аз боқимондаҳои қалъаи Ғозималик аён аст, ки он маҳз ҳамин гуна будааст. Биноан, ибораи «крепости города Гази-Малик»-и Гулшаниро танҳо «қалъаи устувор ва ҷойи шоҳнишин» не, балки чун шаҳр – шаҳристон, яъне, минтақаи аҳолинишин ва ҳудуди маъмурӣ низ бояд фаҳмид. Мисли он ки имрӯз «Шаҳри Ҳисор» мегӯему тамоми ҳудуди маъмуриашро то хурдтарин ва дуртарин деҳаҳояш дар назар медорем.
Оё Гулшанӣ маҳз ҳамин қалъа – шаҳристони Ғозималикро дар назар доштааст? Ҷавоб аз нигоштаи дигари худи Гулшанӣ пайдо мешавад:
- «Вилаят Гисар очень обширен. В нем много густонаселенных и благоустроенных городов, подобных Душанбе и 18 амлаков, как например, Калаи Гази-Малик, Пушти Бакри, Йаван, Хаджа-Аби Гарм, Чартав, Ханака и др». (Вилояти Ҳисор хеле фарох аст. Дар он бисёр шаҳрҳои сераҳолӣ ва обод ҳастанд, мисли Душанбе ва 18 амлокдорӣ, масалан, Қалъаи Ғозималик, Пушти Бакрӣ (Пуштаи бақарӣ), Ёвон, Хоҷа Оби Гарм, Чартов, Хонақо ва ғ». Ҳ. Ю.).
Аз ин нигошта бар меояд, ки Гулшанӣ дар китоби хеш маҳз дар хусуси қалъа - шаҳристони дар болои деҳаҳои Туғдона ва Кучими ноҳияи имрӯзаи Хуросонбуда сухан рондааст. Зеро дар вилояти онзамонаю водии инзамонаи Ҳисор бо номи қалъаи Ғозималик дигар маҳале вуҷуд надошту надорад.
Ва боз: Ин нигоштаи муаллифи «Таърихи ҳумоюн» касро ба хулосаи баҳснопазири дигар меорад: Модоме ки Қалъаи Ғозималик баъд аз шаҳри Душанбе дар ҷойи аввал омадааст, он воқеан мавзеи назаргир, сабзу хуррам, бонуфуз ва яке аз амлокдориҳои (вожаи «амлокдорӣ» дар замонаш мулкҳо, мавзеҳо, қисматҳои ҳудудию маъмуриро ифода мекард. Ҳ. Ю.) сернуфус ва хеле ободони вилояти Ҳисор будааст. Дар акси ҳол, онро дар зинаи дуюм наменавишт. Зеро китоби нигоштаи ӯ китоби одӣ не, балки китобе будааст, ки моҳи октябри соли 1909 дар Бухорои шариф иншо гашта, ба муносибати 25-солагии ба тахти аморати Бухоро нишастани Абдулаҳадхон бахшида шудааст. Табиист, ки ягон муаллиф ҳангоми иншои чунин китоб ҳаргиз ба саҳлангорӣ роҳ намедиҳад.
Шоҳ Ғозималик кист?
«Ғозималик» номи маъноии шоҳзодаест, ки замоне ободкунандаи ҳамин минтақа будааст. ӯ ҳатто қалъаи худро доштааст, ки дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад. Ғозималик шахсияти таърихист, ӯ чун шоҳ ва пешво дар таърихи мавзеи ҳамномаш ва мардуми он ҷойи худро дорад.
Нисбати шахсияти Ғозималик гуфтаҳои дигари устод Ю. Яқубов дар китоби А. Абдулзод ва Н. Абдуллозода «Ғозималик диёри одамони сарбаланд» («Субҳи Ғозималик», 2001. Саҳ. 46-47) низ омадааст: - «…Ғозималик як шахси машҳуру ободкунандаи ҳамин диёр будааст, зеро одамони зиёди ин мавзеъ худро ғозималикӣ мегӯянд. Агар Ғозималик одами бад мешуд, мардумро ҳеҷ гоҳ ба номи вай вобаста намекарданд».
Доктори илми таърих, сардори шуъбаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ, ҳам ба ин гуфтаи устод Ю. Яқубов мувофиқанд: - «…Қисса ва ривоятҳо дар ҷои холӣ пайдо нашудаанд. Асоси пайдоиши ин қиссаҳо Ғозималик ном доштани ноҳия мебошад ва ин ноҳия хеле калон ҳам ҳаст. («Ноҳия» ба маънои имрӯзааш не, ба маънои мамлакат, кишвар, минтақа ва қисме аз як сарзамин. Ҳ. Ю.) Аз ин ҷо бармеояд, ки Ғозималик шахсияти воқеӣ аст, вагарна ноҳия номи ӯро намедошт. Шоҳ Ғозималик шахсияти барҷаста будааст ва дар таърихи ин ноҳия нақши калон доштааст… Мардум бо назардошти ҳамин нукта дар бораи ӯ қиссаву ривоятҳо эҷод кардаанд ва беҳтарин хислатҳои инсониро ба ӯ нисбат додаанд ва ин як амри воқиест».
Нависанда ва муҳаққиқи варзида Муҳтарам Ҳотам нигоштааст:
- «Ба эҳтимоли қавӣ Ғозималик шахсияти пеш аз исломист. (Дар ин сурат мулки ӯ - Ғозималик ҳам. Ҳ. Ю.) Зеро агар дар замони ислом нуфуз мекард, имкони аз таърихҳо ва ёдҳо барканор шудани ӯ камтар вуҷуд медошт. Дар адабиёти шифоҳиву хаттиамон чунин лаҳзаҳоеро, ки шахсият ва рӯйдодҳои тоисломӣ бо рангу бори исломӣ тасвир шудаву номҳои нав гирифта бошанд, пайдо кардан мумкин аст. Масалан, кишвари Чамбули Мастон аз достони «Гурғӯлӣ» дар адабиёти тоисломӣ бо номи Шамбала вуҷуд дорад, ки ҳамчун кишвари нимривоятӣ машҳур аст. Вале қаҳрамонҳои ин достон Аваз, Нуралӣ, Шералӣ ва ғайра номҳои нав ва исломӣ доранд, ки бо тақозои замон ба достон чунин тағйирот ворид гардонида шудааст. («Адабиёт ва санъат, №47, 23.11.17).
Ман ба чунин ақидаи устод мувофиқам. Қиссаҳои «Ҳазору як шаб» ҳам аз ибтидо моли мо ориёиҳо будаанд. Вале, бо туфайли кадом як Рӯзбеҳ – писари Додбеҳ арабҳо онро аз худ кардаанд.
Ҳамаи ин ва боз бисёр мисолу гуфтаҳои дигар башорат медиҳанд, ки Ғозималик шахсияти таърихӣ аст ва чун шоҳ воқеан салтанатдорӣ кардааст. ӯ адолат, ҳақиқат ва инсофро ченаки асосии фаъолияти хеш дониста, инро аз ҳар соҳибмансаби кишвараш низ талаб мекардааст. Вай тавонистааст бо фаросату хирадмандӣ, дар набардҳо ғолиб омада, адолату ҳақиқатро дар кишвараш пойдор гардонад, ҳаққу ҳуқуқ ва озодии мардуми хеле қадимии як минтақаи кӯҳистони тоҷикро таъмин намояд. ӯ чун подшоҳу пешво ба озордиҳандагони халқу миллаташ дар ҷанги беамон шудааст ва пирӯз гаштааст. Пирзӣ бошад, нишон аз муҳаббати Худовандист. Ин аст, ки ҷовид мондааст, - гарчи дар қиссаю ривоятҳо. Аммо, «Як сару ҳазор хаёл». Шояд гумон равад, ки ман симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офаридаам. Бигзор. Лекин, симои пешвои имрӯзии моро Худованд офаридааст, - бо тамоми ҳунару қобилият ва назокату нафосаташ. Биноан, ба чунин офариниш ниёз нест. Аммо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меросбари арзандаи И. Сомонӣ ва дигар бузургони гузашта ҳастанд. Тоҷиканду хуну рӯҳияи тоҷикӣ доранд. Пас, тааҷҷуб нест, агар аз ҳар вориси бузурги гузашта кам-кам мероси олитабиатию олиҳимматӣ гирифта бошанд. Вале, нисбати он ки неруи суханро аз ҳамагуна яроқҳои ҷангӣ афзал медонанд, осоиштагии халқу кишварро аз ҳама арзишҳои дигар боло мегузоранд, Пешвои мо на дар байни гузаштагон ва на дар байни имрӯзиён ҳамто надоранд. Ман дар натиҷаи қиёсу таҳлилҳо ба ин хулоса омадам.
«Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равиш дар замона махон» - гуфтааст А. Фирдавсӣ.

Он чи оиди шоҳ Ғозималик ва қалъаи ӯ гуфтам, асло афсона нест, асосҳои зиёди воқеию таърихӣ дорад. Бигзор, ӯ шоҳ нею ҳоким, раис, мир, бек, волӣ будааст. Лекин мардум аз рӯйи меҳр, муҳаббат ва ихлос мартабаашро «баланд» нишон дода, ӯро «шоҳ» мегуфтаанд. Ё муаллифони ҳикояю ривоятҳо аз рӯйи ҳамин хел эҳсос ва орзую ормон ӯро дар тахти подшоҳӣ «нишонда», соҳибтоҷ гардонидаанд. Аз нигоҳи имрӯз ин ҳеҷ хел аҳамият надорад. Муҳим он аст, ки вай чун як пуштибони рӯзи нек, озодӣ, ҳаққӯ ҳуқуқи халқу миллаташ мубориза бурдааст. Бигзор, дар вазифаи паст будааст, вале халқаш аз рӯйи хизматҳояш ӯро дар мартабаи баланд гузоштааст. Ин баҳо аст - баҳои ченакнопазир!

Ҳасан Юсуфи Файзбахш,
муҳаққиқ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: