Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қалъаи Вамар ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад

Қалъаи Вамар ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад

10-10-2019, 11:08
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Қалъаи  Вамар   ба  таваҷҷуҳи  бештар  ниёз  дорад Қалъаи Вамар аз ёдгориҳои нодири таърихии кишварамон маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумоти шифоҳӣ бунёди ин иншооти муҳташам ба қарни XI милодӣ рост меояд. Дар он замон аз сарзамини Хуросон орифи дарвешмашрабе бо исми Шоҳтолиби Сармаст ба сафар мебарояд ва баъди гаштугузори тӯлонӣ ба Рӯӯшонзамин омада, дар деҳаи Вамар, ки бо иқлим ва обу ҳавои камназираш шуҳратёр буд, таваққуф мекунад.
Шоҳтолиби Сармаст бо хираду дониши хеш мақбули ҳокими Рӯшон мегардад ва ҳоким ба вай иҷозат медиҳад, ки дар мавзеи Лангари ҳамин деҳа, ки ҷойи сайру тамошобоб буд, ба таври доимӣ иқомат ихтиёр кунад.
Ҳокими Рӯшон дар як арки назарногир будубош доштааст ва дарвеш ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки барои ҳимоят аз ҳуҷуму ҳамлаҳои эҳтимолии душман қалъаи муносибу мустаҳкамеро созад. Тарҳи меъмории қалъаро низ Шоҳтолиби Сармаст ба ҳоким пешниҳод мекунад ва ҳамин тавр Қалъаи Вамар бунёд мегардад. (Мазори ин шахсияти нимафсонавӣ имрӯз ҳам дар деҳаи Вамар зиёратгоҳи мардум аст.)
Қалъаи Вамар дар тӯли мавҷудияташ борҳо аз тарафи лашкари аҷнабиён тахриб шуда, ду маротиба (қарни XVII ва даҳаи дуюми қарни XIX) мавриди тармиму азнавсозӣ қарор гирифтааст.
Мувофиқи маълумоти рисолаи «Таърихи Ҳокимони Қалъаи Вамар», ки Бовар Сӯфизода ва Қиматшо Исматзода дар соли 1949 аз забони хизматгори собиқи ҳокимони Қалъаи Вамар -- Лахман Ҳусейнзодаи 110-сола навиштаанд, омадааст, ки «Сохтмону азнавсозии қалъаи валангоршуда, ки қаблан соли 1684 сохта шуда буд, бо фармони ҳокими Рӯшон -- Сулаймонхон дар соли 1843 шуруъ мегардад. Дар сохтмон қувваи кории мардони аз 16-сола болои Рӯшону Бартангро истифода мекунанд. Корҳои сохтмонию азнавсозӣ се сол идома меёбанд.
Қалъа дар масоҳати 1,5 гектар ҷой гирифта, аз 6 бурҷ (ба забони рӯшонӣ - сафил), 3 дарвоза иборат буда, бо девори баландиаш 50-60 метр ва паҳноиаш 7 метр иҳота шуда буд. Дар мобайни қалъа чанори азиме ва дар зери он чоҳи обгузар мавҷуд будааст, ки ба воситаи он аз соҳили рӯди Панҷ ба қалъа об меоварданд. Қалъаи Вамар зиндони зеризаминии дуқабата доштааст, ки дар он ҷо исёнгарону гунаҳкоронро завлонабанд карда, тазйиқу азоб медоданд.
Қалъа, инчунин аз боғи бузургу зебое иборат буд, ки даҳҳо анвои дарахтониҚалъаи  Вамар   ба  таваҷҷуҳи  бештар  ниёз  дорад баҳрадор ва сояафак доштааст, ки аксари онҳоро аз Читроли Покистон ба тариқи пайвандкунӣ овардаанд.
Дар саҳни пешорӯйи қалъа майдони васеъ бо номи Ригакмайдон (майдони регзор) вуҷуд доштааст, ки ҷойи баргузории тадбирҳои гуногуни идона, аз қабили ҷавгонбозӣ, гӯштигирӣ, бузкашӣ, созу мусиқӣ ва ғайра будааст.»
Дар сохмони қалъа садҳо нафар ҷавонмардон масруфи меҳнати тоқатшикани иҷборӣ будаанд. Масолеҳи асосии сохтмон –сангро аз мавзеи Чавнроб, ки дар масофаи як –ду километр аз қалъа дур воқеъ аст, даст ба даст дода ба маҳали сохтмон меоварданд. Дар деворҳои қалъа ғуллачӯбҳо ғафсу дарозро васл кардаанд, ки имрӯз фақат кранҳои борбардор тавони бардоштанашонро доранд.
Баъди хатми ҳукмрониҳои бонавбати ҳокимони маҳаллӣ (ин ҳокимон аз рӯйи мансубияти маҳалу мазҳаб барои мардуми ҷойдорӣ бегона буданд) ва афғону манғит дар Қалъаи Вамар низомиёни Руссияи подшоҳӣ ва баъдан то замони истиқлолият марзбонони шӯравӣ мустақар шуданд ва Қалъаи Вамар дар давоми 70-80 соли охир бо дастони низомиёну сокинони таҳҷойӣ тадриҷан рӯ ба харобӣ овард. Чӯбу санги онро кандаву шикаста бурданд. Даҳсолаи охир бошад, сокинони маркази ноҳия бо иҷозату мусоидати роҳбарияти пешини ноҳия гирду атрофи онро ҳалқа гирифта, хонаю ҳавлӣ сохтанд.
Имрӯз Қалъаи Вамар, ки воқеан ҳам, шиноснома (визитка) ва символи заҳмату ҷоннисориҳои мардуми шуҷоъ ва ҷонфидои диёри равшандилон аст, бо вуҷуди таъмири ҷузъӣ, ки чанд сол пеш бо маблағгузории ночизи Вазорати фарханги кишвар анҷом дода шуд, дар ҳоли зору раҳмовар қарор дорад. Ҳамасола даҳҳо нафар сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бо умеду иштиёқи зиёд барои дидани ин ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ меоянду аз дидани ҳоли хору низори он малул мешаванд. Дар гирду атроф ва дохили қалъа гову гӯсфанд чаро доранд. Мегӯянд, ки барои нигаҳбонии қалъа чандин сол боз нафаре ҳамчун нигоҳбон, бо маоши муносиб, аз тарафи Вазорати фарҳанг таъин шудааст, вале соҳибони хонаҳои ҳамшафати қалъа мегӯянд, ки то ҳол касе ба ҳайси муҳофиз дар ин ҷо гашщту гузор накардааст…
Дар ҳар як сангу каҳгили ин иморат, ки Харобаҳои Мадоинро мемонад, нақшу осор, наъраю наҷво, розу ниёзи гузаштагони армониамон нуҳуфтаанд, ки ҳамаи инро бо чашму гӯши дил бояд дид, шунид ва эҳсос намуд…
Ба ин ёдгории мондагор на ба хотири ҳукмрониҳои садсолаи сулолаи ҳокимони заҳҳокпеша, балки барои салтанати ҳаштмоҳаи Мир Манзаршои ҷасуру диловар - қаҳрамони воқеии мардумӣ, саркардаи ҷавонмардони ҷонфидои рушонӣ, ки барои дифои нангу номус алорағми зулми афғон қиём карда, муваққатан ҳам бошад, пирӯз гардид.
Қалъаи Вамар ягона иморатест аз байни куҳандижони қаламрави куҳистони Помир, ки эҳё ва азнавсозиаш нисбатан осонтар аст. Он дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар мавзеи ҳамвори шафати роҳи мошингард ҷойгир буда, бурҷу бораҳояш то ҳанӯз панҷоҳфисад барқароранд. Осори мондагори диёрамонро, назири Қалъаи Вамар, ҳамчун василаи ҳувиятсозу асолатварз бояд оҷилан эҳё намуда, ба маркази таърихию фарҳангӣ ва осорхонаи таърихию кишваршиносӣ мубаддал сохт, зеро инсоният ҳамеша аз таъриху фарҳангаш сабақгир ва ифтихорманд аст.
Лутфишо ҚИМАТШОЕВ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: