Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Ҳизбе, ки бунёдаш мардумист»

«Ҳизбе, ки бунёдаш мардумист»

26-01-2020, 13:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳизбе, ки бунёдаш мардумист»
Матробиён Саодатшо Қосимзода, номзади илмҳои филологӣ (2005), дотсент (2013).
15 октябри соли 1973 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошими ВМКБ таваллуд шудааст.
Соли 1991 мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошимро хатм карда, худи ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1998 то 1999 котиби масъули рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳияи Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директори мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд. Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (Khorog English Program) назди Институти тадқиқотии Лондон мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академики АИ ФР Иван Михайлович Стеблин-Каменский дар донишгоҳи зикршуда ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДТИКТ таъйин мегардад. Аз соли 2011 мудири кафедраи забони тоҷикии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода интихоб гардида, то соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият менамояд. Соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия аспирантура ва докторантураи донишгоҳи зикршуда таъйин мегардад. Ҳамзамон, солҳои 2014-2017 ба ҳайси докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
Аз 19.06.2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад ва то имрӯз дар ҳамин вазифа кор карда истодааст.
Мавсуф барои зиёда аз 30 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намуда, дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст. Барои 8 аспирант ва 10 унвонҷӯй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъйин гардида, ду нафар шогирдонаш рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуда, чанд нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Ба донишҷӯён аз фанҳои таърихи забон, таърихи забоншиносӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад.
Матробиён С. Қ. муаллифи 4 монография, 6 китоби дарсӣ, 5 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ буда, инчунин, яке аз таҳиягарони “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” мебошад. Соли 2017 аз ҷониби мавсуф «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (дар ду ҷилд) ва соли 2018 «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» дар ҳаммуаллифӣ ба чоп расиданд.
Ҳамчун узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Матробиён С. Қ. дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои назаррасе анҷом пазируфтаанд. ӯ дар пешбурди сиёсати давлат дар самти забони давлатӣ хеле фаъол буда, дар таҳияи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», инчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ саҳмгузор аст.
Аз узвияти худ дар ҲХДТ хеле фараҳманд буда, таъкид мекунад: «Ҳизби мо ҳизби мардумист, ҳизбест, ки марому мақсади он танҳо барои халқ кор кардан, вазъи зиндагии мардумро некуву шоиста гардонидан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро пойдор нигоҳ доштан ва барои рушду инкишофи Тоҷикистони маҳбубамон ҷаҳд намудан аст. Ин аст, ки ҳар як узви ҳизб таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» фаъолият намуда, дар роҳи Ватан ва кишвари азизамон чун Раиси ҳизбамон-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оинаи ибрати мост, тамоми ҳастиамонро дареғ намедонем. Танҳо якдилӣ, ягонагӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба мо имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро боз ҳам ободтар намоем ва ҳамчун як кишвари пешрафта ва соҳибтаъриху соҳибтамаддун муаррифӣ намоем.
Ҳамчун намояндаи ҲХДТ, ки вакил ба МН МОҶТ пешбарӣ гаштаам, дар сурати пирӯзӣ ман кӯшиш мекунам, ки барои 5 соли оянда дар парлумони кишвар дар татбиқ ва амалӣ шудани Барномаи пешазинихоботии ҲХДТ (самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои солҳои 2020-2025) ҷаҳду талош намоям. Мароми мо мароми ҳизби мост ва мароми ҳизби мо мароми мардуми Тоҷикистон аст. Мо барои амалӣ шудани мароми мардуми Тоҷикистон хизмат мекунем».

Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: