Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ ВАРАҚИ САФЕД ОҒОЗ КАРДА БУДЕМ

АЗ ВАРАҚИ САФЕД ОҒОЗ КАРДА БУДЕМ

30-10-2019, 16:55
Хабарро хонданд: 415 нафар
Назарҳо: 1
АЗ ВАРАҚИ САФЕД ОҒОЗ КАРДА БУДЕМ
Раиси муаззами ҳизб дар арафаи анҷуман ва ҷашни 25-солагии таъсиси ҳизб чӣ масъалагузориҳо карданд, чиро таъкид доштанд ва аз чӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Ин андешаҳои Сарвари ҳизб бидуни маърӯзаи расмӣ гуфта шудаанд, ки бори масъулияти ҳар як узви ҳизбро боло мебарад.
ТАҶРИБАИ СИЁСӢ
Нахуст Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз он оғоз намуданд, ки ду соли дар пешистода аз лиҳози сиёсӣ солҳои мураккаб, сермасъала ва тақозокунандаи ширкати васеи аъзои ҳизб дар раванди масоили мубрами сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Мо бояд тарзе кор кунем, ки маъракаҳои интихоботӣ дар сатҳи олӣ бигзаранд, барои ин мо таҷрибаи сиёсӣ дорем. Махсусан кам будани теъдоди бонувонро дар маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳияву ҷамоатҳо Сарвари ҳизб аз масоили муҳим арзёбӣ карданд.
-Ҳарчанд мо квотаҳо ҷудо карда бошем ҳам, теъдоди бонувон ба дараҷаи дилхоҳ нарасидааст. Ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ таъкид гардид, ки ҳаргиз ба кори интихобот ҳамроҳ нашаванд, ба ондахолат накунанд. Вазифаи ҷонии шумо таъмини зиндагии шоиста ва осудаҳолонаи мардум аст, на дахолат ба кори комиссияҳои интихоботӣ ва рафти он, - таъкид намуданд Пешвои миллат. Дар кори комиссияҳо одамони аз лиҳози сиёсӣ ва ҳуқуқӣ босаводро ҷалб бикунед, онҳоро бозомӯзӣ кунед. То дар рафти интихобот ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, – гаштаву баргашта таъкид карданд, раиси муаззами ҳизб. Имсол ҲХДТ 25 сола мешавадд, ин таҷрибаи чорякасраи мост, ки онро бо ислоҳи ҳама камбудиҳо ва рушду тавсеъаи муваффақиятҳо бояд истифода барем.
Ҳарчанд дар деҳот патриотҳо зиёданд, аксари мансабдорон аз онҳо истифода карда наметавонанд. Касе барои мансаб аъзои ҳизб нашавад, зеро чунин ашхос ғараз доранд, на садоқат, хотиррасон карданд, Сарвари ҳизб.
«Барои шумора кӯшиш накунед, раисони комиҷроияҳо, ба мо теъдод не, сифат даркор аст. Аъзои нави ҳизбро санҷида бигиред, зеро ҳизб ҳамеша ҷоест, ки дар он кадрҳои сиёсӣ ба воя мерасанд. Ҳамаи ашхоси номдори сиёсии ҷумҳурӣ дар гузашта низ аз мактабҳои сиёсии ҳизбӣ гузаштаанд. Чунин анъанаҳоро бояд идома дод, то кадрҳои ҳизбӣ аз лиҳози сиёсӣ обутобёфта бошанд. Ҷаҳонбинӣ ва саводи сиёсии онҳо боло бошад».
Бубинед,намояндагони баъзеҳо гурӯҳҳо аз дур истода сангпартоӣ мекунанд, зеро онҳо як мақсад доранд, халқи моро пеши дигарон дастнигар кардан. Агар ҳар як узви ҳизб, ҳар як шаҳрванди ватандӯст, ҳар як зиёӣ ё коргару деҳқон, хоса ҷавонон саводи сиёсӣ дошта бошанд, тири ин гурӯҳҳо хок мехӯрад.
НИГАРОНӣ
Яке аз хатоиҳои мо он аст, ки аксар раисони шаҳру ноҳияҳо одамонеро, ки камбудиҳоро ошкоро мегӯянд, ба қавли мардум «чап мегиранд» ва мавқеашонро пайваста танг мекунанд. Чаро мардумро намегузоред, ки дар руҳияи демократӣ зиндагӣ кунанд? Ба корҳои сиёсӣ ва ҷамъиётӣ ҳавасманд бошанд. Бас аст, аз доираи хешу табор ва маҳалли худ сару кор гирифтан ва нотавонбинӣ кардани онҳое, ки аз ҳақиқат ҳарф мезананд.
Яке аз сабабҳои пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ин ба сатҳи роҳбарӣ раҳ ёфтани дурӯягӣ, дурӯғ, риё, хокпошӣ ба чашми роҳбарон, худтаърифкунӣ, фиреб, зиндабодҳои ноҷо, уррагӯйиҳои беҷо, ҳисоботи бардурӯғ ва дар рӯйи коғаз мондани ҳама шиорҳову пешниҳодҳо, корҳову ташаббусҳо буд. Ин сабақи таърихӣ аст, онро набояд фаромӯш кард.
-Масалан, барои чӣ кӯчаҳоеро, ки Роҳбари давлатро мебаред, асфалт мепӯшонеду дигар кӯчаҳоро не? – суол пеш гузоштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар идомаи сухан бо овардани мисолҳо таъкид доштанд:
-Бас кунед, таърифу тавсифҳоро ман хаста шудаам аз он ҳисоботи бардурӯғ, обод кунед, ин Ватани шумост, кӯчаву деҳа, ноҳияву шаҳри шумост, муҳити зисти шумост.
Мақсади соли рушди деҳот эълон карданамон, то 30-солагии Истиқлолият камбудиҳои деҳотро бартараф кардан аст, на намоишкорӣ!
Ман ҳайронам, ки шумо чаро рушди деҳот ва ё ҷашнҳои миллиро дар овехтани чор чодару куртаи чакану чархаву чархчӯб ё гулкориву намоиши хӯрокҳо мебинед. Охир ҳар як ҷашн ё ид мазмуни хоси худро дорад. Ба худаш муносиб ороишот дорад. Дастурхонороӣ ва таомҳои хосдорад. Дар тобистон қурутобу дар зимистон шакароб мондан дар мизҳои идона, баръакси талаботи ҷашну маросимҳои миллист. Ин мисолҳо маънои онро дорад, ки ин чорабиниҳоро рӯякӣ ва барои намоишҳои телевизионӣ мекунед. На барои эҳёи расму ойин ва ё ба ҷавонон фаҳмонидани моҳияти идҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи миллӣ ва нигаҳдошти фарҳанг ва таомули тоҷикӣ.
Ба ҳар як коргар айни замон 5 хизматчии давлатӣ рост меояд, вале куҷост аҳли зиё, ки аз фаъолияти онҳо хеле кам мешунавем. Як бадбахтие, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардум овард, ин бетарафии аҳли зиё буд. Онҳое, ки дар замонаш шаҳди дастовардҳои ҳизби коммунистиро мехӯрданд, бо аввалин нооромиҳо ба ғайр аз Қаҳҳор Маҳкамови зиндаёд, ҳамагӣ Душанберо тарк карданд.
Беҳокимиятӣ, хонаҳои валангору бечораҳоимотамбасар ва зӯри якроқу мардуми бе нон, ин буд ҳамагӣ он ҳукумате, ки роҳбарияшро ба дасти мо супурданд. Мо ҳама чиро, ҳатто ҳизбро ҳам аз коғази сафед сар кардем, шукр, ки имрӯз аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфтаем ва Ватанамонро имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи некаш муаррифӣ кардаем.

ЗАВҚ ВА ТАРБИЯИ ТАФАККУРИ СИЁСӣ
-Гоҳе аз ман мепурсанд, ки чаро барои сохтани «Роғун» чунин истодагӣ кардаам, – ба хотир меорад Президенти муҳтарам бо варақ задани хотираҳояш дар пеши аҳли нишаст. Як нуктаро набояд фаромӯш кард, «Роғун» ин танҳо барқ нест, «Роғун» ин ояндаи Тоҷикистон, яъне сиёсат аст. «Роғун» иқтисод аст, «Роғун» ин сатҳи зиндагии мардум аст. Ин эътирофи Ватани азизи мо дар арсаи байналхалқист. Агар як ба вазъи баъзе кишварҳои минтақа бингарем, чиро мебинем? Бесоҳибии давлат, беҳокимиятӣ ва ҳукумати пулу яроқ. Қонун дар ин кишварҳо чандин сол аст, ки бо яроқ ченак дорад. Мардуми одии ин давлатҳо ба сари худ мушкиле надоранд… Ҳоким яроқ асту тақдирнавис бегонаҳо. Пас мо бояд бо дарки вазъи ҷаҳон зиндагии хешро, сиёсати хешро тавре бисозем,ки истиқлолияти хешро ҳифз карда тавонем. Ҳеҷ кас дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боварӣ надошт, ки мо тоҷикон «Роғун»-ро месозем. Ҳоло 99 фисади коргарони «Роғун» тоҷиконанд.
Ман борҳо аз масоили зиракии сиёсӣ ҳарф мезанам, мақсадам ин аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвари мобояд огоҳоназиндагӣ кунад, тафаккури сиёсии роҳбарони идеологии мо ва дар ин замина дарки масоили тақдирсозро ҳар фарди ҷомеа дошта бошад. Зеро дар ин замони пур аз хатарҳои сиёсӣ, мо бояд сарнавишти миллатамонро бо дасти худ бинависем, на бофармоиши дигарон.
То имрӯз ҲХДТ аз уҳдаи ҳамаи он мақсадҳои пешгузоштаи хеш бо сарбаландӣ баромадааст. Ҳизб ҳам бояд бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кунад.
Дар дунё кори нашуданӣ нест, – мегуфтанд пиронсолони мо. Имрӯз бояд онҳое, ки бознишастаанд аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ ҳаловат бибаранд, онҳое, ки ҷавонанд, зиндагии зебову хушзавқро биомӯзанд. Завқ дар зиндагӣ, дар кор, дар оила, дар эътимод ба ояндаи нек бояд раҳнамои одамон бошад.
Кас набояд нозир ва бетараф бошад. Ҳаёти моро мо худ бо завқу шавқи доштани рӯзгори хушбахтона ва зебоиофарӣ дар он бояд рангоранг гардонем.
Вазифаи мо ҳизбиён аст, ки ғояҳои давлатсозӣ ва давлатдориро тарғиб кунем ва бо меҳнати ҳалолу зиндагии бошарафона намуна барои дигарон бошем. Зеро ҳадафиҳизби мо ҳам беҳтар кардани зиндагии мардум аст.
Зимни сафарҳо боре зани 75-солаеро дидам, ки бо сӯзаниҳои дӯхтаи худаш, бо қалам задани чакан номвар гашта буд. ӯ ба ман гуфт, ки ман бекор нишаста наметавонам. Эҳсос кардам, ки завқ дорад, ки мардум ба суроғи ҳунараш дари ӯро мекӯбанд, яъне завқ ба зиндагӣ завқ ба зарурати будани шахси даркорӣ дар ҷомеа, дар ниҳоди ӯ зинда аст. Бархе аз одамон дидаву дониста ҳамаро ба руҳафтодагӣ мебаранд. Онҳо бояд аз чунин занони оптимист ибрат бигиранд. Дидори чунин одамони дилсофи деҳот касро ба зиндагӣ завқманд мегардонад.
Дар масъалаи китобхонӣ ва завқи мутолиа ман ба бонувони эронӣ аҳсан мегӯям. Мағозаҳои китоб дар Эрон мисли бозори корвони мо серодам аст. Ҷавонон болои китоб барои хариди он «ҷанг» мекунанд. Мутаассифона завқи китобхонии занон ва ҷавонони мо паст аст.
Дар Аврупо аксари аҳолӣ аз ҳисоби хидматрасониҳо зиндагӣ мекунанд. Чаро мо инро айб медонем? Кор дар ҳама ҳолат аз танбаливу нодорӣ беҳтар аст. Мо бояд нонамонро бошарафона дарёбем.
Ҳоло, ки дар меҳвари сиёсати мо расидан ба зиндагии шоиста меистад, пас мо бояд ҳамагон дасти ба даст ба он якҷоя бирасем.
Ҳизб ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ба мафкураи одамон таъсиргузор бояд бошад ва барои такомули шахсиятҳо ва шахсиятсозӣ хидмат бикунад.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: