Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нооромиҳо дар кишварҳои Арабӣ

Нооромиҳо дар кишварҳои Арабӣ

23-07-2019, 13:20
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Нооромиҳо дар кишварҳои Арабӣ
Аз соли 2011 инҷониб эътирозҳои мардумӣ ва ҷангу хунрезиҳо бо ҳадафи тағйир додани сохти давлатдорӣ дар кишварҳои арабӣ, саркарда аз Тунис ва Алҷазоир то Судон, идома доранд. Дар ин давра чунин бесарусомониҳо воқеан ҳам ба вазъи иқтисодии дар умум ҷомеаи сайёра зарбаи ҷиддие зада, 100-ҳо ҳазор одамонро қурбонии роҳи ноадолатӣ намуд ва миллионҳо нафари дигарро овораву саргардон кард.
Бо мақсади муаяй намудани омили аслии буҳронӣ гардидани вазъи иқтисодии кишварҳои арабӣ ва печида гардидани авзоъи сиёсии онҳо, мо пайгири ин мавзӯъ шудем.
Мувофиқ ба пажӯҳиши анҷомдодаи мо, эътирозҳои мардумӣ ҷиҳати тағйир кардани сохти давлатдорӣ ё худ сарнагун сохтани ҳукумати феълӣ дар қисме аз кишварҳои арабӣ, соли 2010 дар Тунис оғоз ёфт.
Моҳи декабри соли 2010 худсӯзии як ҷавон нуқтаи оғози эътирозҳои сартосарӣ алайҳи камбағалаиву бекорӣ шуд. Камтар аз як моҳ баъд Зайналобиддин бин Алӣ, Президенти Тунис пас аз 23 соли ҳукуматдорӣ аз кишвар фирор кард. Ин ҳодиса оғози эътирозҳои васеъ дар дигар кишварҳои арабӣ алайҳи раҳбарони режимҳо шуд. Бо ҳамин минвол дар соли 2014 Қонуни асосии нав дар ин кишвар қабул шуд, қудрат ва ихтиёроти президент маҳдуд гардид. Декабри соли 2014 Муҳаммад Боҷи Қоид Сибсӣ, дар аввалин интихоботи демократии президентӣ ба пирӯзӣ расид.
Миср
Соли 2011 дар Миср, шуришҳо оғоз гардиданд ва дар пайи он 850 нафар кушта шуданд, Президенти ин кишвар Ҳуснӣ Муборак рӯзи 11-уми феврали соли 2011 аз қудрат канор рафт. Моҳи июни соли 2012 Муҳаммад Мурсӣ, номзади "Ихвон-ул-Муслимин" дар аввалин интихоботи демократии президентӣ ба пирӯзӣ расид. Давоми як соли прездидентии Муҳаммад Мурсӣ, Миср ба эътирозҳо ва даргириҳои сиёсӣ рӯбарӯ шуд ва дар ниҳоят Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ситоди артиш, президенти қонуниро барканор кард.
Худи Абдулфаттоҳ Сисӣ дар соли 2014 ба мақоми президентӣ расид. Мунтақидони ҳукумат ва гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ӯро ба саркӯби шадиди мухолифон муттаҳам кардаанд.
Либия
21-уми феврали соли 2011 эътирозҳо алайҳи Муаммар Қаззофӣ, Президенти Либия, ки 42 сол қудратро дар даст дошт, оғоз шуд. Бесарусомониҳо дар ниҳояти кор ба он анҷомид, ки рӯзи 22-юми октябр Қаззофӣ боздошт ва кушта шуд.
Маврид ба тазаккур аст, ки аз он замон ин кишвари дорои манбаъҳои зиёди нафт, ба ошӯбҳо рӯбарӯ аст. Гурӯҳҳои зиёде мехоҳанд, ки ҳукуматро дар даст дошта бошанд.
Баҳрайн
Дар ин кишвари шайхнишини кӯчак, ки аксарияти аҳолии он шиамазҳаб ҳастанд, ҳукумат дар дасти ақалияти суннӣ қарор дорад ва аз моҳи феврали соли 2011, ки эътирозҳо ба ҳадафи ислоҳоти сиёсӣ оғоз шуд, то ба ҳол ҳар гоҳе нооромиҳо сар мезанад. Садҳо нафар аз мухолифони ҳукумат ва эътирозгарон ба зиндон андохта шуда ва шаҳрвандии онҳо бекор карда шудааст.
Сурия
Тазоҳуроти сиёсии сулҳомезе, ки рӯзи 15-уми марти соли 2011 оғоз шуд, ба як ҷанги вайронгар мубаддал шуд, ки бар асари он нафарони зиёде куштаву ҳудуди 12 миллион нафар овора шуда ва ё маҷбур ба муҳоҷират шудаанд.
Дар соли 2013 ва 2014 гурӯҳҳое чун "Ҷабҳат-ун-Нусра" ва ДИИШ минтақаҳои васееро, ки дар иҳотаи мухолифони ҳукумати Башор Асад буд, тасарруф карда ва ба таҳдиди аслӣ мубаддал гаштанд.
Ҳукумати Сурия бо дахолати кишвари абарқудрат ва қудратталаби сайёра бахшҳои зиёде аз хоки кишварро бозпас бигирад ва имрӯз ба ҳаддӣ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ин мамлакат хомуш гардид. тақрибан аз се ду ҳиссаи қаламрави кишвар дар назорати онҳо мебошад.
Яман
Моҳи феврали соли 2012 дар натиҷаи як соли эътирозҳо ва шӯришҳои густурда, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, Президенти Яман аз вазифа барканор шуд. Дар соли 2014 шӯришиёни гурӯҳи Ҳусӣ бо як ҳамлаи шадид бахшҳои калоне аз Яман, аз ҷумла шаҳри Санъо -пойтахти он кишварро тасарруф карданд. Дар аввалҳои соли 2015 қудратҳои минтақа бар зиддӣ шиаиён мубориза бурданд. Тибқи оморҳои Созмонҳои байналмиллалӣ наздики 10 ҳазор нафар дар Яман кушта шудаанд. Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, ҳадди ақал 10 миллион нафар аз мардуми Яман дар бо гуруснагиву қашшоқӣ мебориза мебаранд.
Алҷазоир
Аз 22-юми феврали соли 2019 тазоҳуроти шадид дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар алайҳи номзадии Абдулазиз Бутафлиқа барои панҷумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, Алҷазоирро такон дод. Абдулазиз Бутафлиқа аз соли соли 1999 қудратро дар даст дошт. РӯзиДар ҳмоҳи апрел Бутафлиқа таҳти фишори нерӯҳои мусаллаҳи Алҷазоир истеъфо дод. Раиси порлумон ба ҳайси Президенти муваққатӣ таъйин шуд.
Судон
Аз аввалҳои моҳи декабри соли 2018 мардум дар эътирозҳо ба афзоиши нархи нон ба кӯчаҳо омаданд ва пас аз муддате ин тазоҳурот ба эътирозҳо алайҳи Умар Ал-Башир, президенти Судон табдил ёфт ва мардум хостори барканории ӯ шуданд.
Бо ҳамин минвол вазъи сиёсии ин кишварҳо ба ҳадде ҳамоно норафшан боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки давлатҳои зикршуда, дорои захираҳои зиёди табиӣ аз лиҳози нефт ҳастанд.
Аммо саволе дар ҷустуҷуи посух аст, ки ин ҳама тазоҳурот ва ин ҳама иддаоҳо нисбат ба фаъолияти ҳукумати кишварҳо то куҷо ҳақиқӣ ва санҷидашудаанд?
Оё аз паси гурӯҳҳои тазоҳуротчӣ манфиатхоҳон амал намекунанд?
Бо дахолати кишварҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ, билохира то куҷо мардум ба хостаи худ расиданд ва то куҷо зиндагии солимеро соҳиб гаштаанд?
Ҷанг ва бесарусомониҳо дар ҳеҷ давру замон ба касе ва гурӯҳе фоидаовар набуд, ба ҷуз манфиатҷӯёни аҷнабӣ. Қисми беши ин кишварҳо замоне, шукуфон ва пешрафтаву фарҳангу таърихи нодире доштанд, аммо имрӯз ба чӣ ҳол расидаанд? Сурия ва Ироқ замоне, ҳамчун давлатҳои қудратманди минтақавӣ буданд, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишии мардум ба ҳадде хуб буд, вале имрӯз аз он шаҳрҳои беназир чизе боқӣ намондаву вазъи некӯаҳволии мардум зери савол қарор дорад. Кутоҳандешии як гурӯҳ мардум ва фурӯхта шудани як қисми номуайни сокинон билохира бар сари миллионҳо нафар сокини бегуноҳ чунин дарду машақатро бор кард ва 100-ҳо ҳазори дигарро қурбон намуд.
Воқеан ҳам дар ҷаҳони кунунӣ истодагари намудани дилхоҳ қавму қабила дар баробари он ҳама дому хатар ва чолишҳо кори саҳлу содда нахоҳад буд, аммо набояд фаромуш сохт, ки сулҳу субот ва амонӣ неъмати бебаҳоест, ки на ба ҳама дастёб аст. Баҳри ҳифозати он қудрат ва тавон бояд дошт.

Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: