Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус

28-06-2019, 13:30
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус 28 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар «Қасри истиқлолият»-и Беларус баргузор шуд.

Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қасри истиқлолият» бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро дода шуд.

Горди фахрии президентӣ, оркести асбобҳои нафасӣ ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти Сарвари давлати Тоҷикистон аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлати мизбон сурат гирифта, бо шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва гузашти горди фахрӣ аз назди сарони кишварҳо ба анҷом расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: