Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Набарди родмарди ҳақиқатҷӯ бо ҳалқаи ҷаҳолатпеша

Набарди родмарди ҳақиқатҷӯ бо ҳалқаи ҷаҳолатпеша

30-05-2019, 11:34
Хабарро хонданд: 1242 нафар
Назарҳо: 0
Ҷумъахон Ҳотамӣ 31-уми августи соли 1957 дар деҳаи Учқули ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) таваллуд шудааст. Солҳои 1964-1972 дар мактаби 8-солаи ба номи Пайрав Сулаймонии ноҳияи Ш.Шоҳин ва сипас солҳои 1972-1974 дар мактаб-интернати №3-и деҳаи Саримайдони ноҳияи Муъминобод таҳсил кардааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1974 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Солҳои 1978-1979 маъмурияти донишгоҳ ӯро барои забономӯзӣ ба Ироқ фиристоданд. Соли 1980 Ҷумъахон донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, фаъолияти кориашро дар Шуъбаи таърихи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудааст.
Ҳамзамон Ҷумъахон Ҳотамӣ солҳои 1981-1984 дар давлати арабии Либия, солҳои 1987-1989 дар давлати Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият кардааст. Ҳангоми дар давлати Афғонистон хизмат карданаш бо мукофотҳои ҳукуматии ду кишвар сарфароз гардонида шудааст. Чунончӣ, орденҳои "Ситораи сурх"-и шӯравию "Дӯстии халқҳо"-и афғонӣ, медалҳои "Аз мардуми сипосгузори афғон", "10-солагии Инқилоби Савр" ва "70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ" синаи ин абармарди таърихро оро медоданд.
Ҷумъахон Ҳотамӣ дар ҳама сангарҳо корнамоиҳои бемисл нишон дода, аз монеаҳо, мушкилиҳои рӯ ба рӯ омада, наҳаросид. Нангу номуси хешро барои Тоҷикистону миллаташ дар ҳама ҷо азиз шуморида, онро чун гавҳараки чашм муҳофизат кард. Сафару хизматҳои тӯлонӣ ба поён расид, ӯ билохира ба Ватан баргашт. Солҳои 1989-1991 ҷонишини директори ҳунаристони №58 шаҳри Душанбе таъин гашт. Солҳои 1991-1992 дар як вақт ҷонишини директори мактаби миёнаи №73-и пойтахт буду вазифаи мухбири рӯзномаи "Нидои ранҷбар"-ро низ ба уҳда дошт.
Вақте бесарусомониҳои ҷумҳурӣ оғоз ёфт, Ҷумъахон, ки таҷрибаи зиёди корбарӣ дошт, моҳи июли соли 1992 сардори Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таъин гардид ва моҳи марти соли 1993 ба Маркази матбуоти ВКД ба кор гузашта, дар вазифаҳои нозири калон, ҷонишини сардор ва сарварии Маркази матбуоти ВКД фаъолият намудааст. Тӯли 6 соли фаъолият дар Маркази матбуоти ВКД Ҷумъахон Ҳотамиро дар миёни сокинони ҷумҳурӣ машҳур гардонид. Тайи ин муддат, сокинони ҷумҳурӣ тавассути телевизиони тоҷик ӯро дар тамоми навоҳии ҷумҳурӣ медиданд. Дар ҳама ҷое, ки ҷинояту фалокат, даҳшату бадбахтие рух диҳад, ӯ бо ҳайати кории хеш дар он ҷо ҳозир буд. Дар вуҷуди ӯ тарс, бим, ҳарос вуҷуд надошт. Ба ҳар ҷое, ки рафтан лозим шавад, ҳамеша омодагии хешро изҳор медошт. Бинандаи гиромии телевизиони тоҷик Ҷумъахон Ҳотамиро тавассути барномаи махсуси ҳарҳафтаинаи "ВКД хабар медиҳад!" интизор буд.
Ҷумъахон Ҳотамӣ тӯли фаъолияти кориаш дар Маркази матбуоти ВКД бо заҳмату ранҷи бисёр теъдоди зиёди видеофилмҳои гуногун офаридааст. Чунончӣ: "Ҳомиёни Ватан", "Сангак", "Комбриг Файзулло", "Ҳайдаршо", "Давлаталӣ", "Маро ёд кунед!", "Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест!", "Таърих гувоҳ аст!", "Фоҷиаи Комсомолобод", "Амалиёти Сичароғ", "Варта" ва ғайраро дар шароитҳои сангину нангини рӯзгори дирӯза ба навор гирифта, ба таваҷҷуҳи бинандагон гузоштааст. Дар хазинаи эҷодиёти рангини Ҷумъахон имрӯз беш аз даҳҳо барномаҳои махсус, беш аз 30 видеофилмҳо ва беш аз 50 нашрияҳои махсус маҳфуз мебошанд.
Ҷумъахон Ҳотамӣ чун рӯзноманигор дар рӯзномаҳои "Ҷавонони Тоҷикистон", "Паёми Душанбе", "Тоҷикистони Советӣ","Нидои ранҷбар", "Комсомоли Тоҷикистон" ва даҳҳо нашрияҳои дигар беш аз 200 мақолаи аҳамияти тарбиявию сиёсӣ дошта, нашр кардааст. Соли 1992 матбааи аввалини шаҳри Душанбе китоби "Хобнома" - "Комил-ут-таъбир"-ро бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба нашр расонд, ки онро Ҷумъахон Ҳотамӣ таҳия кардааст. Соли 1993 муддате дар телевизиони тоҷик барандаи барномаи махсуси "Ташреҳ" буд. "Зиндагии ҳар шахс, - мегуфт ӯ, - умедест ба фардо, ба хотири некрӯзию пирӯзӣ. Он афроди манфуре, ки чунин орзуҳои бузург ва умедҳои муқаддасро дар дили одамон "ҳабс" мекунанд, қотиланд, душмани инсон ҳастанд".
Ҷумъахон Ҳотамӣ дар рисолати зиндагии хеш адлу адолат ва фазлу ҳикматро ташвиқ карда, чун шахси ҷомеапарвару инсони башардӯст барои сарфароз гардонидани парчами саодат, хуррамию хушбахтӣ, хушнудию осмони софи ҷумҳурӣ ва миллати хеш меразмид. Солҳои 90-уми қарни гузашта дарки дарди миллат, хатари ба сари мардум омада, ки Ҷумъахон онро бо ақлу фаросати модарзодиаш эҳсос карда буд, ӯро водор намуд, ки худро ба сиёсат занад. ӯ аввалин шахсе буд, ки сирри воқеаҳои февралиро таҳлил намуда, онро ба қалам дода буд. Ҷумъахон, ки худ арабшинос, шарқшинос буд, симои воқеии сабабгорони асосии фоҷиаи тоҷик - ташкилотҳои "Ихвон-ул-муслимин"-ро дар мамолики арабӣ бахусус дар Сурия, Либия ва Афғонистон баръало мушоҳида карда буд. ӯ мефаҳмид, ки ин деви ҷаҳолат, ки имрӯз дар симои ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сар баровардааст, фардо метавонад ҳама хушку тарро ба коми бетагаш фурӯ барад. Бо вуҷуди борони таҳқиру таҳдиди ба сараш омада Ҷумъахон ҳатто лаҳзае аз роҳи пешгирифтааш барнагашт. Ҷумъахон ба ҳамаи рақибонаш ҳақиқатро мегуфт, бо сабру тамкин, бо далелу бурҳон, бидуни асабоният нуқтаи назарашро тавзеҳ медод.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ дар қатли фарзандони ватандӯсту равшанфикри кишвар даст доштанд. Роҳбарону аъзои ин ташкилоти террористӣ, ки душмани сулҳу оромӣ, илму дониш, санъату ҳунар, фарҳанг мебошанд, олимону сиёсатмадорон ва дигар чеҳраҳои номвари кишварро ваҳшиёна ба қатл расонданд. Дар қатори ин родмардони Ватан аз дасти ин наҳзатиҳои хунхор 5-уми июни соли 1999 дар шаҳри Душанбе фарзанди фарзонаи миллат Ҷумъахон Ҳотамӣ низ кушта шуд.
Ҷумъахон Ҳотамӣ аз худ мактаби вафодорӣ, ҷасорату матонат ва истеъдоди нотакрори суханварӣ, ҳимояи адолату саховат ва накӯкориро барои халқи тоҷик ба мерос гузошт. Нотавонбинони наҳзатӣ хуб дарк намуда буданд, ки чунин шахсиятро чун Ҷумъахон бо роҳи зориву таҳдид ба худ таслим карда наметавонанд. Аз ин рӯ ин қотилони наҳзатӣ ӯро бераҳмона ба қатл расониданд. Душманони миллат дар куштори Ҷумъахон бисёр шитоб карданд. Сад дареғо, ки имрӯз Ҷумъахон миёни мо нест.
Ба хотири гиромидошти хотираи неки ин фарзанди фарзонаи миллат Ҷумъахон Ҳотамӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ба номи ӯ гузошта шудааст.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

Руҳат шод бод, Ҷумъахон!


Носир НАЗАРОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: