Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ассанж ва ифшои найрангҳои ҷаҳонӣ

Ассанж ва ифшои найрангҳои ҷаҳонӣ

16-04-2019, 16:19
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Ассанж ва ифшои найрангҳои ҷаҳонӣ
Ҷулиан Ассанж – ифшокунандаи шабакаи найрангҳои риёкоронаи қудратҳои ҷаҳонӣ 11 апрел пас аз 7 соли паноҳ бурдан дар сафорати Эквадор дар шаҳри Лондон аз сӯи полиси Британия боздошт шуд.
Ӯ муассиси корпоратсияи Wikileaks – як шабакаи хабарӣ ва ифшогари мукотибаҳои маҳрамона аст, ки аз соли 2012 то ин дам дар ин сафорат паноҳ мебурд. Ассанж замони вориди он шудан 40-сола буд ва акнун пас аз 7 соли иқомати пинҳонӣ бо иҷозати давлати Эквадор дастгир шуд.
Далели дастгир шуданаш, тавре мақомоти полис гуфтанд, «ҳукумати Эквадор ҳаққи паноҳандагии Ассанжро бозпас гирифт ва сафир иҷоза дод, ки неруҳои полис ба дохили сафоратхона ворид шаванд". Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки дастгир ва барои таҳқиқи парвандааш ба Шветсия бурда мешавад, дар бинои сафорат зиндагӣ ихтиёр кард.
Президенти Эквадор Л.Морено сабаби маҳрум шудани Ассанж аз ҳаққи паноҳандагиро "чанд бор вайрон кардани эъломияҳои байналмилалӣ" зикр кард.Аммо баъд аз дастгир шудани муассиси худ Wikileaks навишт, ки худи Эквадор бо бекор кардани ҳаққи паноҳандагии Ассанж ва таслими ӯ ба маъмурони полис «қонунҳои байналмилалиро поймол кард».
Мақомоти Шветсия пас аз берун шудани Ассанж аз бинои сафорат талаб карда гуфтанд, ки ин мард барои озори ҷинсӣ ва иттиҳоми таҷовуз ба номуси ду зан дар соли 2010 гумонбар буда, бояд ба ин кишвар супорида шавад. Иттиҳоми таҷовуз нисбати Ассанж ҳанӯз 7 сол пеш дар пайи нашри гузориш ва мақолаҳои ифшогаронааш дар саҳифаҳои шабакаи вобастааш эълон гардид, аммо то ин муддат муфаттишон бо таҳқиқи парвандааш дурустии даъвои он ду занро исбот карда натавонистаанд.
Ассанжро, ки шаҳрванди Австралия аст, инчунин барои нашри қариб 500 ҳазор санади махфии низомӣ ва дипломатӣ дар робита бо низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон ва Ироқ дар соли 2012 муҳокимаҳои судӣ интизор аст. Нашри ана ҳамин аснод буд, ки ӯро мехоҳанд ҷазо диҳанд. Ин гуноҳи ӯро албатта намебахшанд, зеро як сабаби коҳиши нуфузи коргардонҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ пеши кишварҳои мазлум маҳз ҳамин ифшои бозиҳои пуштипарда ва риёкориҳояшон дониста мешавад.
Хабарнигори рус Маргарита Симонян, ки замоне бо Ассанж ҳамкорӣ дошт ва бо иштирокаш барномаҳои телевизионӣ омода мекард, пас аз дастгир шудани Ҷулиан дар саҳифаи интернетии худ шарҳе гузошт. ӯ навиштааст, «Ман бо Ассанж 8 сол пеш шинос шудам, вай дар маҳаллае, дар канори Лондон бо нишонабанде дар пойиқомат мекард». Ба гуфтаи ӯ, Ассанж вақти мулоқот ба ҷуз обуҳавои манзил ва деворҳои он дар мавзӯи дигар суҳбат намекард, ки ба назар аз ҳад зиёд эҳтиёткорменамуд. Агарчи баъдтар ман ин рафтори ӯро дуруст донистам.
«Ассанж бо қатъият хост, ки телефонҳоямонро дар хона гузошта ба берун ҳавохӯрӣ бароем, агарчи ӯ онҷо ҳам аз мавҷудияти дастгоҳҳои гапчинак ҳазар дошт.Вақте ки дар парк қадам мезадем,нақл кард, ки ҷаҳони мухобирот, дақиқаш шабакаи ҷаҳонии риёкорон чи гуна сохта шудааст. Он вақт касе ин шубҳаро надошт, аммо ӯ гуфт, ки «Гугл» ва дигар твиттерҳо бо кадом мақсад мавҷуданд. Ва шарҳ ҳам дод, а) ҳамаи мо, бандаҳои хокӣ зери назар бошем, б) ин дастандаркорон хулқу хӯи ҷамъиятро мудирият кунанд. Акнун ин воситаи алоқа ғосиби ақлу зеҳни одамӣ ҳар рӯз дар паҳлу, дар ҷайб ва дар манзили мост. Бо мо якҷоя зиндагӣ мекунад ва шодем, ки ӯҳаётамонро хеле осон ва шавқовар кардааст».
Оре ҳаётамонро шавқовар намуда, аммо ихтиёр ва озодиҳоямонро бурдааст.
Симонян ёдовар шуд, ки бо истифода аз мусоҳибаҳо бо Ассанж чанд барномаи кирои тамошо барои шабакаи РТ (телевизиони Русия) тайёр кард, ки яке аз онҳо дар мавзӯи робитаи ширкати «Гугл»бо мақомоти ИМА буд.
ӯ ҳамеша ин ҳаросро бо худ доштааст, ки риёкорони ҷаҳонӣ барои фошгӯиҳояш рӯзе дастгираш мекунанд ва ҷазояш медиҳанд, чун таҳдидҳо зиёд шуданд, ба сафорати Эквадор омада, аз ин кишвар паноҳандагии сиёсӣ хост.
Ҳоло маълум мешавад, ки Ассанж дар 7 сол ҳаққи гардиш дар сафоратро надоштааст. Дар вақтҳои ахир аз ҳаққи истифодаи интернет ва вохӯрӣ бо журналистон ҳам маҳрум будааст. Ҳол он ки хароҷоти солона барои иқоматаш як миллион доллар буд.
Симонян гуфтааст, дар солҳои паноҳ бурданаш дар сафорат ҳам чанд бор наздаш рафта буд ва дар бораи авзои ҷаҳон ва ояндаи зиндагиаш суҳбат кард. Боре аз ӯ пурсид, ки ин ҳама ҷоннисориҳо ба хотири чист, вақте ки тамоми умри худро дар хатар гузоштаӣ? Посухаш чунин будааст: - Ман ба дурӯғгӯӣ нафрат дорам ва замоне мебинам, ки мақомоти давлатҳои пурқудрат дурӯғ мегӯянд, безобита мешавам. Танҳо коре, ки тавонистам, ҳамин фош кардани як бахши ками ин амалҳои риёкорона буд.
Таъқиби Ассанж аз сӯи мақомоти америкоӣ 7 сол пеш пас аз нашри силсилагузоришҳое дар мавриди ин кишвар оғоз ёфт. Ин гузоришҳо санадҳои махфии Пентагон ва Департаменти давлатиро дар худ доштанд. ӯ аз ҷумла аснодеро дар бораи амалиёти махфии ИМА дар Афғонистон ва Ироқ, шароити нигаҳдошти маҳбусон дар Гуантанамо ба нашр расонид. Қонунгузориии ИМА барои ифшои сирри давлатӣ сахтарин ҷазоро таъин кардааст.
Ба эҳтимоли қавӣ, пас аз эълони ҳукми додгоҳ Ассанж ба ИМА супорида мешавад. ӯро онҷо чи интизор аст? Ҳабси дарозмуддат ё ҳукми қатл? Ба ҳар сурат,бояд эътироф кард, ки дастгир шудани Ассанж пирӯзиисиёсати ҷаҳонгирона аст. Дастони муддаиёни ба ном ҳомии демократия ва озодии сухан боз як нафареро, ки мехост ин ду рукни муҳим риоя шавад, бераҳмона хафакон кард.


С.Юсуф
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: