САҲМИ ҚАВМИ МО ДАР ҶАҲОНИ ИМРӮЗ17-05-2019, 10:26
Хабарро хонданд: 1211 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳар замоне инсонҳо роҳи тозаеро барои пешрафт меҷустанд ва гоҳе дар маҳдудаи чанд сол ва гоҳе дигар дарознои садсолаҳо дар ин роҳҳои мухталиф ба сӯи ҳадафҳои олии худ мерафтанд. Дар масири ин озмоишҳо гоҳо пешрафтанҳои чашмрас ва гоҳо низ пешпохӯрданҳои дардовар ҳам будаанд, аммо муҳим ин аст, ки инсоният ҳамеша талоше барои дигаргун кардани ҳам ҷаҳони моддӣ ва ҳам ҷаҳони маънавии худ дошт ва дорад.
Гузашта ин замонест, ки намешавад онро тағйир кард ва ё такмил дод, аммо Имрӯз ва Оянда, ки яке дар ихтиёри мост ва дигаре замони номаълум аст, вобаста ба талошу кӯшиши мо метавонанд замонҳои осоишбахш ва такмилёфта дар рӯзгорамон бошанд. Ба андешаи донишварон он таҳаввулоти фанние, ки инсоният дар сад соли охири таърихи мавҷудияташ падид овард, дар чанд ҳазор соли пешина ба он даст наёфта буд. Дигаргунии азиме, ки дар рӯзгори инсоният рух дод, бе шак, вобаста ба таҷаммулу таҳаввули илмҳои дақиқ мебошад, ки дар сад соли ахир амалан дар бозсозии рӯзгори мардум нақши рӯшане гузоштанд. Оё, ин таҳаввулот ба ҷаҳони маънавии инсонҳо таъсире гузошт? Посух ба ин суол таҳқиқи амиқи донишваронро мехоҳад. Аммо аён он аст, ки дар ин як сада таназзули маънавиёти ҳазорсола суръат гирифт ва арзишҳои аслии ҷаҳони ботинии инсоният хеле коҳиш ёфтанд. Дар саросари дунёи пурмоҷаро миёни инсонҳо он иртиботи пешинаи самимӣ, ки буд, ба тадриҷ фаромӯш шудан дорад, ҳарчанд ин падида гоҳо дар замонаҳои пешин ҳам мушоҳада мешудааст. Масалан, дар асри 14-ум дар ҳамон ғазали маъруфи Ҳофизи Шерозӣ “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам”, нигаронии сахти шоир аз коҳиши арзишҳои инсонӣ ба чашм мехӯрад. Агар ба таври муъҷаз бигӯям муносибатҳову муҳаббатҳо дар замони таҷаммули технологияи нав аз сарҳади табиӣ будан берун рафта, маснуъию техникӣ шудан доранд ва ин падидаро донишварони дурнигари ҷаҳон дар 20 соли охир дарк ҳам кардаанд. Рӯ овардани фазои фарҳангии Амрико бо ин ҳама пешрафтанҳои техникияш ба осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ далел бар он аст, ки таҳаввули яктарафаи техникӣ рахнаи харобиовар дар девори сохтмони ҷаҳони маънавии ҷомеа боз кардааст. Чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осор ва таълимоти Мавлоно руҷуъ кард? Посух ин аст: Меҳвари маслаки Мавлоно худшиносии инсон аст ва ба ин тариқа Худошиносии огоҳона. Таълимоти ҳушмандонаи ӯ омӯзонандаи доноиҳо ва тавоноиҳост, ки бо ёрии он инсон метавонад дар парешонии аҳвол ва мавҷхези тӯфону талотумҳои замони нобасомони хеш тоб оварад. Ва ҳомили ин таълимот мероси фарҳангиву ирфонии ӯст, ки асрҳост чун обишхӯри пурсишҳо ва саргаштагиҳои инсон нерӯ ва тавоноии зотии худро маҳфуз дошта. Чун дар масири шеъри андешаангези Мавлоно сайр мекунем, пайваста аз ҳотифи асрор ба гӯши ҳуши мо садое мерасад, ки он садои рӯҳи Мавлоност, ки ҷозибаи он моро ба сӯи иттиҳоди бедорӣ ва огоҳӣ мекашад. Мавлоно марди шарифе буд ва мураббии тамоми инсоният ва ҳаққо, ки инсони комил буд ва равост агар бигӯем: ӯ покзоде буд болотар аз пиндорҳои хокӣ ва андешаҳои заминии мо! Рӯҳи ҳамешазиндаи ӯ ҳамеша пайванд бо сарнавишти талху ширини инсонҳост, зеро ӯ дар ҳама ҳол нисбати Инсон таваҷҷуҳ дорад. Шайх Фариддудини Аттор дар китоби арзишманди худ «Тазкират-ул-авлиё» аз забони сӯфии маъруф Абӯлҳасани Ҳарақонӣ калимоти муассиреро иқтибос меорад: «...мо ҳама як беморӣ дорем, - ҷумла мубталои бемории ғафлатем. Биёед, бедор мешавем». Оре, саҳми мо дар бедор кардани тафаккури тамоми инсоният берун аз тасаввур аст. Маънавиёти мо ҳамеша тарбиятгари инсоният буд ва хоҳад монд. Адабиёти мо тоҷикон дарахтест, ки аз решаҳои куҳан то ба ҷавонаҳои тозааш об аз ҷӯбори тафаккур ва ғизо аз ҳаюлои андеша хӯрда. Оре, адабиёти мо ҳикмати «Дарахти Асурик»-ро дар сиришти худ дорад ва дар мағз-мағзаш хиради зинда дорад, зеро бунёди муҳкаму поянда дорад ва дар ин замина ҳамеша оянда дорад, - ояндаи шукуфотар, зеботар, инсонитар. Мо зина-зина мавзунтар мешавем, болотар меравем аз ҷаҳолат, агарчи гоҳе пешпо мехӯрем, сахт бемадор мешавем ва аз худ нузул мекунем, аммо ҳамеша бовар моро дубора ба самти ҳадафҳои олӣ сарболо мешавад, ба марзи раҳоӣ раҳнамунӣ мекунад. Оре, агар дониш дар Сурайё бошад, мо суроғаш меравем ва аз худ мекунем. Ин маъниро Паямбари ислом (с) низ таъйид карда. Масъалаи тарбияти маънавии мардум аз оғози пайдоиши ҷомеа ва минбаъд дар мадди назари инсонҳои огоҳу соҳибидрок буда. Онон, ки аз баракати дониш бархурдор буданд, дар таҳаввули маърифати худшиносии инсонҳо пайваста мекӯшиданд ва то ҳадде шарафи одамиятро аз гирдоби фасод ва ҷаҳолати ҳайвонӣ берун мекашиданд. Дар ин ҷаҳди акбар, тавре ишора шуд, ҷойгоҳи бузургоне чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хоса ва рафеъ аст. Ва месазад, ки мо Имрӯз ва дар Оянда низ аз чунин андешаварони беназири худ ифтихор дошта бошем ва ба такрор бигӯем: Саҳми мо дар сохтмони маънавиёти инсоният дар ҷаҳон беназир аст. Баъзан пай дар пай аз мо суол мекунанд, ки мо чаро технологияи нав кашф ва истеҳсол намекунем? Посух ин аст, ки ҷаҳони муосир ҷаҳони доду гирифт аст, вақте кишварҳои қодир ба истеҳсоли технологияи нав беҳтар аз аз мо метавонанд афзору абзори техникии нав истеҳсол бикунанд, зарурати истеҳсоли мо камтар аст. Гузашта аз ин аз дастовардҳои шахсиятҳои тавоно ва донишмандони мутафаннине мисли Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ олами Ғарб ҳануз садсолаҳо қабл истифода менамуданду, имрӯз низ аз он пайгирӣ доранд. Вақте, ки дар машриқзамин ҳар шахсеро, ки аз дурбин ва ё соат истифода намекард ҷоҳил мешумориданду эҳтиром намегузоштанд, дар Ғарб доир ба ин ашё тасаввурот надоштанд. Қавми донишёри мо ҳазорсолаҳо барои кулли инсоният ҳамаи дастовардҳои моддию маънавии худро қисмат намуд, ва ҳеч бадӣ надорад, ки дар ин замон аз дастовардҳои дигар ақвом баҳраҳо бардорад, чунки ҷаҳони мо ҷаҳони доду гирифт аст. Ва доду гирифт ин аст, ки аз маънавиёти ниёгони мо дигарон баҳраи маънавӣ мебаранду аз технологияи онҳо мо баҳраҳои моддӣ мебардорем. Яъне дар такмили маънавиёти ин ҷаҳон ҳанӯз ҳам саҳми мо ҳаст ва ин саҳм арзиши умумиинсонӣ дорад. Абдуҷаббори Суруш |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.