Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МТС: БА ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒИ МАНФИАТҶӮЁН БОВАР НАКУНЕД

МТС: БА ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒИ МАНФИАТҶӮЁН БОВАР НАКУНЕД

24-03-2019, 11:54
Хабарро хонданд: 511 нафар
Назарҳо: 0
МТС: БА ВАЪДАҲОИ БАРДУРӮҒИ МАНФИАТҶӮЁН БОВАР НАКУНЕД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли ҷорӣ марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 (ИМД-2019) оғоз кард.
Тавре Замира Абдусаломзода, котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассисаҳои таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2019 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Тибқи ин фармоиш, дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шудааст.
Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.
Соли ҷорӣ ба низоми ИМД як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ -Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид. Имсол ба воситаи низоми ИМД ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 63 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.
Навгонии дигари низоми ИМД дар соли ҷорӣ ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9 ум) аст. Шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9 ум) низ ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро аз коллеҷҳо доранд.
Лозим ба зикр аст, ки соли ҷорӣ низ хизматрасонии «Пешномнависӣ» дар ҳолати бархат (онлайн) фаъол аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии «Пешномнависӣ» почтаи электронӣ доштани хоҳишмандони бақайдгирӣ зарур аст. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ лозим аст.
Арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст: 250 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11 ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд; 160 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум); 25 сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ. Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст:
• шахсоне, ки ятими кул ва бепарастори то 21-солаанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд;
• шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озоданд;
• шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
• маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб».

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм, ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озод аст.
Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2019 озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9 ум) бошад, 80 сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, 125 сомонӣ пардохт мекунад. Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Соли ҷорӣ бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупориаш интихоб намояд.
Инчунин, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи оғози марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон бо пахши як муроҷиатномаи махсус аз ҳамаи довталабон, падару модарони онҳо ва аз тамоми алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даъват ба амал овардааст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи ҳар гуна шахсони манфиатҷӯ бовар накунанд, зеро ҳеҷ як нафар имкони ба онҳо кӯмак карданро надорад.
Дар ин муроҷиатнома, аз ҷумла таъкид шудааст: «Ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Дилпур бошед, ки имкони дахолати инсонӣ (аз берун) ва тақаллуб дар ИМД ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад.
Бо вуҷуди ин, имкони пайдо гаштани шахсоне ҷой дорад, ки бо мақсади дарёфти манфиати шахсӣ дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ваъда медиҳанд. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонад. Хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин қаллобон наафтед.
Бо камоли масъулият эълон менамоем, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар низоми ИМД чораҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Роҳбарияти Марказ дар муроҷиатномаи худ аз алоқамандони низоми ИМД хоҳиш намудаанд, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошанд. «Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок ва номҳои сохтаю бардурӯғ Шуморо бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бо ин ё он корманди Марказ ҳамкорӣ доранду метавонанд барои дохил кардани довталаб ёрӣ расонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед. Зеро ин ба ҷуз фиреби маҳз чизе нест!
Барои муайян кардани ин, ки касе дар ИМД ба ҳеҷ довталабе, дар ҳақиқат, ёрӣ расонда наметавонад, кофист, ки аз шахсоне, ки ваъдаи ёрӣ расонидан ба довталабро медиҳанд, пурсида шавад, ки оё ба холҳои бадастовардаи довталаб ягон хол илова карда метавонанд ё не?! Албатта, не, ҳатто 1 хол ҳам илова карда наметавонанд. Дар сурате, ки чунин шахс ҳатто 1 хол илова карда натавонад, бо кадом роҳ ӯ ба довталаб ёрӣ мерасонад?! Вобаста ба ин, агар довталабе ё падару модаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад ва барои исботи ин гуна қаллобӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда натавонад, метавонад баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба Марказ муроҷиат намояд. Бо тамоми масъулият ва бовар иброз медорем, ки дар давоми дақиқаҳои бошумор бардурӯғ будани ин ваъдаҳо ва қаллоб будани ин гуна шахсонро исбот менамоем.
Ҳар як довталаб ва падару модар худ низ чунин имконияти исбот карданро дорад. Агар довталаб дар бораи шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани он маълумот дошта бошад, бешубҳа, ӯро касе фиреб дода наметавонад. Инчунин, тақсимоти довталаб ба ин ё он муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш, ки аз рӯйи холҳои бадастовардааш ҳисоб карда мешавад, сурат мегирад. Вобаста ба ин, ба ҳар яке аз шахсе, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳад, тавсия дода мешавад, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда, бахусус амалҳои зеринро ҳатман анҷом диҳанд:
1) дастрас кардани варақаи ҷавобҳо аз кабинети инфиродӣ ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволҳои масъалаҳои тестӣ дар имтиҳонҳо истифодашуда аз сомонаи Марказ;
2) мустақилона ҳисоб кардани холҳои аз ҳар субтест бадастовардааш ва аз рӯйи он муайян кардани миқдори балҳо бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.
Чунонки борҳо таъкид карда будем, дар тамоми раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳо технологияҳои нав истифода шуда, як қатор чораҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ва бе вайрон кардани тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин менамоянд. Инчунин, коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ тавассути барномаҳои компютерӣ ва воситаҳои технологияи муосир амалӣ мегардад. Бехатарию махфияти иттилоот таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки солҳои пешин довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ шуда буданд. Худ қазоват кунед, ки оё бо чунин шароит ва тартибу талабот ба довталаб ёрӣ расонидан имконпазир аст?!
Воситаи ягона барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ танҳо донишу малакаю маҳорат аст. Донишу малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон, ки шумораашон беш аз 100000 нафар буда метавонад, воқеию одилона баҳогузорӣ шуда, довталаби арзанда ҳатман соҳиби номи донишҷӯй хоҳад шуд.
«Аз алоқамандони низоми ИМД эҳтиромона хоҳиш менамоем, дастгирӣ намоянд ва барои шаффофу одилона гузаронидани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд, зеро он барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тарбия ва пешрафти соҳаи маорифи кишвар заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Имрӯзҳо, ки раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2019 идома дорад, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишмандем, ки дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё даст задан мехоҳанд, бо телефони боварӣ – 224-53-68 ё 224 53 66 ба мо иттилоъ диҳанд ва дар пешгирию аз байн бурдани қаллобӣ дар ин самт бетараф набошанд»,-омадаааст дар муроҷиатномаи Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар ду даври бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ҳамагӣ 95817 нафар довталаб аз қайд гузаштаанд, ки ин шумора 141,23 фоизи ҷойҳои тибқи нақшаи қабул ҷудо гардидаро ташкил намудааст.
Ба иттилои Замира Абдусаломзода соли 2018 аз шумораи умумии довталабони аз қайд гузашта, дар имтиҳонҳо 89317 нафарашон иштирок кардаанд. Шумораи довталабоне, ки холҳои гузаришро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор, имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус ва имтиҳони иловагии тахассусӣ соҳиб гардида, ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд, дар ИМД-2018 ҳамагӣ 70820 нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи натиҷаҳои ду озмуни тақсимот (асосӣ ва такрорӣ) соли 2018 аз шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳ ёфта ҳамагӣ 60703 нафарашон сазовори номи донишҷӯй гардида, 45842 нафарашон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 14861 нафари дигарашон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтаанд.
Тибқи омори расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол 121 ҳазору 141 нафар бояд синфи 11-ро хатм кунанд, ки аз ин шумора 55 ҳазору 755 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аммо феълан аълум нест, ки аз ин шумора чанд нафар аз имтиҳон мегузаранд.

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: