Ҷавонон аз пешравиҳои кишвар руҳбаланд мегарданд!14-03-2019, 05:37
Хабарро хонданд: 14498 нафар
Назарҳо: 6
Боиси сарфарозии мо- ҷавонон аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои дастгирии мо - ҷавонон ва дар умум рушди сиёсати мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои дурандешона тамоми имкониятҳои муосирро фароҳам оварда, ба масъулини ин ҷода пайваста дастуру супоришҳои оқилона медиҳанд, ки ин иқдомҳои нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон, ки нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошем, шаҳодат медиҳад. Суботу оромӣ дар Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадаанд, ҷавононро водор менамояд, ки дар атрофи Сарвари давлат ҷамъ омада, ояндаи дурахшони худро бисозем ва ин бояд бевосита мақсаду мароми ҳар як ҷавони фаъоли кишвар маҳсуб ёбад. Кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо ҷавони бистуҳафтсолаеро мемонад, ки акнун ба шоҳроҳи ҳаёт қадамҳои устувори худро гузошта, барои амалӣ намудани мақсадҳои пешгузоштааш, роҳу усулҳои беҳтар, дӯсту ҳаммаслакони вафодор, имкониятҳои наву воқеӣ меҷӯяд. Азбаски аксарияти аҳолии кишварро мо - ҷавонон ташкил медиҳем, бо боварӣ метавон гуфт, ки ояндаи ин марзу бум ба тарбияи мо - ҷавонони худогоҳ ва ба роҳи дурусти созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намудани ҳамсолони мо вобастагии қавӣ дорад. Пешвои муаззами миллат бо матонату азми далерона ба нооромии вазъи сиёсӣ ва дигар қатлу ғоратҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, аз баҳри ҷони худ гузар намуданд ва дар вазъи ҳасосе, ки касе ин вазифаи сермасъулро ба души хеш гирифтан намехост ба минбар баромаданд. Аз забони куҳансолон мешунавем, ки ҳатто баъзеҳо мегуфтаанд: «Ҷавони ғаюру далер аст, вале сад афсус, ки ҷони худро дар хатар гузоштааст». Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ дар нахустин баромадашон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби вилояти Суғд шуда гузашта буд, гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!», «Ман то охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам худро ором эҳсос намекунам!». Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои зиёд дар ин сарзамин озодию оромӣ барқарор шуд, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад, мардум аз қашшоқию гуруснагӣ раҳиданд, ҳама соҳаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод, боғу гулгаштҳо, кӯчаю хиёбонҳо, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои гуногуни таълимӣ, варзишию фарҳангӣ, заводу фабрикаҳо ва ба монанди инҳо бунёд гардида, бо тарҳҳои наву замонавӣ қомат афрохтанд. Борҳо бо ташаббус ва пешниҳодҳои Президенти кишвар номи Тоҷикистони азиз аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ҳамчун беҳтарин ташаббускори масоилҳои глобалӣ муаррифӣ гардид. Бо ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқии обӣ, бахусус бо ба кор оғозкунии агрегати нахустини НБО-и “Роғун” Тоҷикистон «Нӯристон» гашт ва хушбахтона, дар агрегатҳои дигари он корҳои сохтмонӣ қисман анҷом ёфта, агрегати дуюми он дар арафаи кушодашавӣ қарор дорад. Яъне Тоҷикистон дар ин муддати хеле кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ тавонист аз уҳдаи ҳар се ҳадафҳои стратегии хеш – «Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ», «Таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «Раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ» сарбаландона барояд. Яъне рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба сӯи ҳадафҳои созандаи хеш, хосса ҳадафи чоруми кишвар – «Саноатикунонии Тоҷикистон» қадамҳои устувор гузошта истодааст. Меҳроб Ҷалилов, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди ДДК |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.