ТАКАЛЛУФРО НАМЕПИСАНДИД11-02-2019, 09:47
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
– Медонед, бачаҳо, ба мактаби мо шоири ҷавони тоҷик, журналисти оташинсухан (он замон ин ибораи маъмул буд), шогирди худамон Ғоиб Сафарзода ташриф оварданд. Дар танаффуси калон бо аъзои маҳфили эҷодкорони мактаб вомехӯранд. Шумо шеърҳои зиёди он касро аз ёд медонед, агар имкон шавад баромад мекунед, фаҳмидед? – гуфт як рӯзи моҳи феврали соли 1965, вақте дар синфи 8-ум мехондам, муаллими фанни забону адабиёти тоҷикамон Абдулмаҷиди Абдулҳай ба дарсхона саросема ворид гашта: – Бале, – баробар ҷавоб доданд чанд нафар. – Ту Садриддин дафтари эҷодата бигир, рафтем, - таъкид кард устод. Чун ба ҳавлӣ баромадем, аллакай 4-5 нафар навқаламони дигар ҷамъ шуда буданд. Ман дар бораи маҳорату ҷасорати адиби мазкур бисёр шунида будам, вале ӯро аз наздик надида будам. Шояд аз ин ҷиҳат буд, ки вақте ба кабинети директор наздик мешудем, саропои маро изтироб фаро мегирифт. Ӯ дар боби навиштаҳоям чӣ мегуфта бошад? - меандешидам. Дар паҳлуи директор Абдул Каримов як ҷавони лоғарандоми чашму абрӯсиёҳ, қоматбаланд, пешонавасеъ ва гандумгун менишаст. Ӯ баробари дидани мо аз ҷой бархест, ҳар кадоми моро ҳолпурсӣ кард, ба оғӯш гирифт, рӯ ба рӯ ва паҳлуяш шинонд. Ба худ мегуфтӣ, ки ӯ гӯё хешу табори куҳна, ошнои деринаи мо бошад. Чеҳраи шукуфонаш тарс, воҳимаро аз қалбҳои мо наврасон дар як лаҳза зудуда гардонду шерак шудем. Дафтарҳои маро дид, фармуд, ки навиштаҳоро хонем, дар саволу ҷавоб фаъол будем, ин ба директор ва устодонамон Абдулмаҷиди Абдулҳай ва Убайдуллоҳи Умар хуш омадд. Шоири ҷавон аз бобати талаботи назм, насрнависӣ, масъулияти қаламкашӣ хеле мухтасар, саҳеҳ, бурро сухан мегуфт. Баъд ҳамроҳи мо ба саҳни ҳавлӣ баромад, рӯзномаҳои деворӣ, дарсҳонаҳои фаннӣ ва устохонаи таълимиро тамошо кард. Занги танаффус садо дод. – Садриддин ту баъди ҷамъомад, ҳамин ҷо ист, шоирро интизор шав, бо ту гап дорад, – таъкид кард устодам. Ҷамъомад бо ширкати шоири ширинкалом ҷаззоб ва рӯҳпарвар оғоз шуд. Ӯ мегуфт: – Хонандагони азиз, шумо аз ҳама пеш бояд ғурури миллӣ, нанги ватандорӣ дошта бошед, танҳо ин омил моро аз ҳамаи монеъаҳои зиндагӣ сарбаланд, бошарафона мегузаронаду ба рӯзгори босаодати шоиста мерасонад. Барои ин дар ҷавонӣ бештар китоб хондану касбу ҳунар омӯхтан зарур аст. Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, аз ҳар лаҳзаи он пурсамар истифода бояд намуд. Хоҳиш мекунам, ки ҳар чӣ бештар забон омӯзед. Забонҳо калиди дари ганҷи илму фанни халқи оламанд. Вохӯрӣ поён ёфт. Омӯзгорон, кормандони хоҷагӣ ва хонандагон барои гусели шоир баромаданд. – Ман аз бобати камбуди ашёву анҷоматон ба масъулон мерасонам, кӯшиш мекунам, ки ҳал шаванд, – гуфт вақти хайрухӯш шоир ва дасти маро гирифту ба хонаашон рафтем. Дафтари эҷоди навшогирдонаамро варақ зад, чанд ҳикояву лавҳа, ашъорро рӯбардор карда, барояш додам. Баъди ин вохӯрӣ намунаҳо аз эҷоди ману ҳаммактабонам дар маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ба табъ расиданд. Баъди ин ӯ зуд- зуд ба мактаб меомад. Аз ҳама хотирмону аҷибаш ин буд, ки ӯ хоксорона, номаълум ба саҳни мактаб ворид мегашт, ҳол он, ки барои ташрифи дигар меҳмонон, аз ҷумла адибон чанд рӯз пеш омодагӣ мегирифтанд, гулу гулдастаҳо тақдим мекарданд, ҷома мепӯшонданд, расонаҳои хабариро даъват менамуданд. Дар ёдам мондааст, баробари ба хонааш расидан, раисони номдори хоҷагӣ, марди ободкор, Қаҳрамони меҳнат, вакили мардумӣ дар Парлумони ИҶШС Бобошо Шариф, Одина Остона ва дигар роҳбарони ҳизбию шӯравии ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат ба дидорбиниашон мешитофтанд. Як ҷо бо онҳо шоир ба хонаи мусибатзадагон, муҳтоҷон мешитофт. Ӯ ҳамаи омӯзгорон, табибон, деҳқонон, устову ронандагони меҳнатқарини деҳаро ном ба ном мешинохт, гоҳи гузаштан аз кӯчаи деҳаи Кадучӣ мошинашро боз медошт, мефаромад, албатта ба онҳо вохӯрӣ мекард. Дар яке аз нишастҳо ӯ ба раис гуфт: – Акаи раис, медонед, деҳқонони хоҷагӣ аз зарби серкорӣ фурсати парвариши меваву сабзавотро надоранд, ҳам вақти ба бозор рафтану харид кардани меваҷотро низ надоранд, аксари ин мардум аз ин ҳосилғундорӣ то ҳосилғундорӣ, меваи тару тозаро мебинанду халос. Раис хандида ҷавоб дод: – Ишораи шуморо фаҳмидам, Ғоибназар, солҳои пеш дар ҳар бригада барои таъмини деҳқонон қитъаи хос ҷудо гашта буд, баъдтар ба хотири пахтакорӣ онҳоро барҳам доданд, як илоҷ мекунем. Бо ташаббусу кӯшиши шоири раиятпарвар дар хоҷагӣ бригадаи хосаи боғдорӣ эҳё гашт, дар чорсӯ дӯкони меваву сабзавот таъсис ёфт, ки дар 4 фасли сол аз он маводи ниёзи мардум чун тухму гӯшт, асал, ғалладона, меваву сабзавотро дарёфт кардан имкон дошт. Ҳамчунин роҳи мактаби деҳа асфалтпӯш гашту аз ҳисоби идораи савдои ноҳия дар мактаб, дукони фурӯши ашёву лавозимоти талабагӣ ба фаъолият хидмат кард. Ӯ дар анҷоми соли хониш, ба мактаб меомад, дар баъзе имтиҳонот ширкат меварзид, аз хатмкунандагон марому мақсади ояндаашонро мепурсид, онҳоро барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ҳидоят менамуд. Дар солҳои 1961-1971 бо ибтикори ин ҷавонмарди наҷиб садҳо нафар фарзандони деҳа ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ДАТ), Институтии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ДДОТ ба номи С. Айнӣ), УДТ ба номи В.И. Ленин (ДМТ) ва Институтии политехникии Тоҷикистон (ДТТ ба номи академик М. Осимӣ), мактабҳои олии дигар ҷамоҳири ИҶШС, ба омӯзишгоҳу техникумҳои ҳунарию касбӣ шомил гаштанд. Некиҳо ва дилсӯзиҳои шоири ҷавонмарг дар ҳаққи донишҷӯён зимни таҳсил низ хеле хотирмон мебошад. Аз ҷумла, банда чанд моҳи аввали соли таҳсил аз норасоии хобгоҳи умумӣ дар хонаи ӯ мезистам. Ӯ байни аҳли эҷоди замон новобаста ба ҷавониаш эҳтироми хоса дошт. Дар хонаи ӯ устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Пирумқул Сатторӣ, Одинаи Мирак ва дигар адибон тез-тез ҷамъ меомаданд. Мавриди зикр аст, ки устоди зиндаёд Турсунзода ба ӯ меҳри беандоза доштанд. Чун ба хобгоҳи Университет кӯчидам, баъзан рӯзҳои истироҳат ба дидорбинии ману ҳамдеҳаам Абдулҳақ Сафаров меомад ва хоҳиш мекард, ки: – Ку бихезен, ба хобгоҳҳои бачаҳо биравем, чӣ ҳол доранд? Ҳар сеямон то шом хобгоҳ ба хобгоҳ мегаштем, мепурсид, кӣ аз шогирдон аз имтиҳон қарздор аст, чаро бад мехонад? Чӣ намерасад? Ҷойи хоб дорад, идрорпулӣ мегирад ё не? Баъд сайъ мекард, ба қадри товонаш мушкилоташонро рафъ созад. Ба донишҷӯёни маҳалҳои дигар низ кумакро дареғ намедошт, маҳалгароиро намеписандид, миллатдӯст буд. Мо, донишҷӯён, дар симои устоди азиз, бародари бузурги хеш, қаноти парвоз, сутуни қалбамонро медидем. Бо вуҷуди серкорӣ навиштаҳои маро аз назар мегузаронид, барои чоп ба нашрияҳо тавсия медод. Аз комёбиву пешрафти мо кӯдаквор шод мегашт. Мо ҳар кадом ормону орзуҳои рангин доштем, яке рӯзноманигор, дигаре табибу кишоварз ва сеюмин ҳуқуқшиносу муҳандиси варзида шуданӣ будем. Устод аз олами ҳавасҳои наҷиби мо меболид. Бисёр мехост дар шаҳр бимонему дар рушду нумӯи илму адаб, фарҳангу иқтисод техникаву технологияи кишвар саҳмгузор бошем. Мо он замон ва ҳамакнун ҳамдеҳагони мансабдору дастрас доштему дорем, лекин ба ёди эшон намерасему намерасем. Устод Сафарзода тамоман чеҳраи дигар буданд, нигоҳи вижа доштанд, то кунун ҷояшон дар дилу дидаҳо холист, мисли баъзе адибон такаллуфу маҳфили хосаро бахшида ба эҷодиёташон намеписандид. Ӯ пойи пиёда миёни қитъаҳои пахтазор, фермаҳои чорводорӣ, дар роҳҳои пургарду чанги деҳот қадам мезад, ба пеши халқи меҳнатӣ на чун меҳмон, балки бо ҳазор ормону масъулияту фароизи фарзандӣ мешитофт. Хушбахтона, ки ниҳоли орзуҳои сабзу муаттари дар замираш парварда, баъди ӯ боровар шуд. Аз ҳисоби толибилмони мактабҳои деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов, ба хусус аз мактаби миёнаи рақами 6-и деҳа олимон, рӯзноманигорони шинохта, духтурону омӯзгорон ва кишоварзони ҳирфавӣ ба камол расиданд. Ба қавли устоди зиндаёд Ҷалол Икромӣ деҳаи Кадучӣ дар рушду ғановати илму фарҳанг «Шерози Тоҷикистон» шуд. Моҳи ноябри соли 2015 раиси ноҳияи Восеъ муҳтарам Мусо Ғафурзода соҳибкорони муваффақ, афроди саховатпешаро гирд оварду барои ободониву бунёди марқаду нимпайкара, осорхона, китобхонаи шоир, таҷлили ҷашни ӯ масъала гузошт. Бо ҳидояти раиси фарҳангпешаву меҳанпараст ва кӯшишҳои раиси ҷамоат Н.Сайидов, меъмор С. Тиллоев, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Л. Мирзоев як миқдор маблағ ғундошта, ба пойтахт омадем, мармари қимматбаҳои эронӣ дастрас кардем. Хулоса, дар муддати кӯтоҳ мақбараи шоир бо мармари қиматбаҳо рӯйпӯш гашт, сохтмони осорхонаи шоир анҷом ёфт. Бо ширкати аҳли илму адаби кишвар моҳи майи соли 2016 дар саҳни Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди №2 нимпайкараи ӯ гузошта шуд. Дар ин рӯзи муборак меҳмонони азиз, роҳбарони ноҳия, вилоят дар расми номгузории мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №56-и деҳа ба номи Абдулло Ҳасан – падари банда баргузор шуд. Падарам Ғоибро барои боодобию бомаърифатиаш дӯст медошт. Устод низ зуд-зуд ба дидорбинии падари мо меомад, хешӣ ҳам доштем. Ғоиб Сафарзода аз зумраи зиёиёни истиқлолхоҳ, адиби якрӯю якдил, ҷасуру бонанг буд, дар замони рукуд бо садҳо таҳқир, танбеҳ, таъқиб тоб оварда, барои тантанаву рушди забону фарҳанги миллӣ ҳақталошиҳо кард, дигаронро низ ба ин кор ташвиқ менамуд. Сад дареғ, ки ӯ ба рӯзҳои пурсаодати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нарасид, саъю талоши Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пайи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дигар армонҳояш надид. Аммо тавассути шогирдон, пайравони шуҷоъу донишмандаш ғояҳои барҷастаи хештаншиносӣ, озодихоҳии ӯ имрӯзҳо талқин ва тарғиб мегарда – мактаби тарбияи худшиносии миллии шоири зиндаёд фаъол аст. Садриддин Ҳасанзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.