Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗЕРИ ЧАТРИ ҲУНАР ё қиссаи духтаре, ки дар ҷустуҷӯяш будам

ЗЕРИ ЧАТРИ ҲУНАР ё қиссаи духтаре, ки дар ҷустуҷӯяш будам

17-01-2019, 09:20
Хабарро хонданд: 396 нафар
Назарҳо: 0
ЗЕРИ ЧАТРИ ҲУНАР ё  қиссаи духтаре, ки дар ҷустуҷӯяш будам
Ҳеҷ боварам намеояд, ки бо ӯ ҳамин хел тасодуфӣ рӯ ба рӯ мешавам ва боз дар даромадгоҳи бинои нашриёти «Шарқи озод», биное, ки дар он ҷо идораи рӯзномаи мо ҷой гирифтааст…

Солҳои 80-ум донишҷӯ будаму ӯ рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекард, зебову дилнишин мерақсид. Ҳар як ҷилваю ҳаракат ва нигоҳҳояш рамзеву розе доштанд. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ба охир расиду ба деҳа баргаштам ва гоҳ-гоҳ рақсҳои зебояшро дар телевизион медидам. Аммо мутаассифона, он вақт дар зодгоҳи мо телевизион хуб нишон намедод, мавҷ гоҳ пайдо мешуду гоҳе гум. Ва ман ҳам ӯро гум кардам, мисли мавҷ.
Вақте дубора ба пойтахт баргаштам, ӯ аллакай аз ҳайати ансамбл рафта буд. Акнун бо гузашти солҳо ӯро боз дар рӯ ба рӯи худ мебинам. Аҷиб, ӯ ҳам паи коре шитоб дораду ман ҳам. Фурсатро аз даст надода суолаш мекунам:
-Ҷамилабону, мабодо меҳри мо шуморо ба ин даргоҳ наоварда бошад?
Ӯ ҳайрон мешавад ва суолангез ба сӯям менигарад. Ман бошам боз мепурсам:
-Соататро гум накардӣ? - вай бештар ба тааҷҷуб меафтад.
Ҳис мекунам дар ин лаҳзаҳо саманди андешаи ӯ дар кӯчаҳои хаёл ба ҷилва меояд…

Он солҳо дастаҳое буданд, ки ҳар кадом дар ин ё он соҳа шуҳрати Тоҷикистонро баланд мебардоштанд. Масалан, дастаи «Помир»-и Душанбе дар Чемпионати СССР бо пурқувваттарин командаҳо майдондорӣ мекард. Ҳатто «Спартак»-у ССКА-и Маскаву «Динамо» Киеви номдорро бо ҳисоби бузург мағлуб карда буд.
Дастаи дигар, ки он солҳо мо ҷавонон мухлисаш будем, ансамбли «Гулшан» буд. Ҳунармандоне чун Тоҷиддин Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова (рӯҳашон шод бод), Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Махфират Ҳамроқулова воқеан зеби саҳнаи эстрадаи тоҷик буданд, ки ба ҳунари онҳо на танҳо дар дохил, балки дар бисёр кишварҳои хориҷӣ каф мекӯфтанд.
Ва боз дастае дар авҷи камолоташ буд, ки роҳбарият ва аъзои даста мекӯшиданд шуҳрати Тоҷикистонро фаротар аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Шарқу Ғарб бубаранд. Ин дастаи рақсии «Зебо» буд. Ҳоло ҳам клипҳои рақсҳои гулдухтарони ин дастаро дар ҳавои сурудаҳои ҳунармандони «Гулшан» дида, кас ҳаловат мебарад, ҳарчанд аз миён 30-35 сол гузаштааст, ҳанӯз ҳам тамошои онҳо ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад…

***
Намедонам Ҷамила дар бораи соат чизеро ба хотир овард ё не, вале дар рафти суҳбат эътимодаш қавӣ шуд, ки ман яке аз ҳаводорони ҳунараш ҳастам. Ва ҳамин тавр суҳбати мо дар як гӯшаи даромадгоҳи «Шарқи озод» идома ёфт ва ҳамроҳ авроқи хотираҳоро рӯ задем…

Як рӯзи баҳорӣ фориғ аз дарс бо супориши роҳбарияти факулта мо донишҷӯён дар чорабинии фарҳангие, ки дар Боғи Ленин (ҳоло Боғи устод Рӯдакӣ) баргузор гардид, иштирок доштем. Баъди маросими расмӣ навбат ба ҳунармандон расид. Дар як номераи рақсӣ гулдухтарони «Зебо» рӯйи саҳна омаданд. Он вақт бастани соат хоса барои духтарону ҷавонон мӯд буд. Дар авҷи рақс ҳангоми як ҳаракати бошиддати дастҷунбонӣ дидам, ки соати яке аз бонувон аз дасташ кушода шуда, ба назди мо, ки атрофи саҳнаро печонида будем, афтид.
Ман чолокона соатро гирифта, мунтазири ба анҷом расидани мусиқӣ шудам. Ҳамин ки рақс ба охир расиду гулдухтарон аз саҳна берун шуданд, зуд соатро гирифта паси саҳна рафтам ва онро ба соҳибаш, ки Ҷамила ном доштааст, расондам ва бадоҳатан ин мисраъҳоро барояш гуфтам:
Соати дилам фидои ту бодо,
Соати дастат агарчи шуд пайдо.
Баъд аз ин бо садои дили ман,
Зиндагиро пеш бигир, ҳар чи бодо.
ЗЕРИ ЧАТРИ ҲУНАР ё  қиссаи духтаре, ки дар ҷустуҷӯяш будам

«Як шаб падарам аз тамошои филме ба ваҷд меояд, ки аз рӯйи қиссаи нависандаи машҳур Чингиз Айтматов «Ҷамила» ба навор гирифта шудааст. Пагоҳӣ бошад, шоҳиди ба дунё омадани ман мешавад. Ва ҳамин тавр, бе ягон дудилагӣ бароям Ҷамила ном мегузорад. Аммо ман тифле будам, ки ба гуфтаи волидайнам пайваста бемор мешудам. Ба падарам дӯстонаш маслиҳат медиҳанд, духтарчаатро ба ихтиёри ягон мураббии варзиши сабук гузор. Он вақт мо дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) зиндагӣ мекардем. Падару модарам мебинанд, ки ман дар рақс қобилияти хуб дорам, ба Душанбе кӯч баста, дар паҳлуи Кохи Борбад хона мегиранд.
Соли 1979 дар синфи 6 мехондам. Шунидем, ки ансамбли рақсии «Зебо» дар назди Кумитаи телевизион ва радио озмуни раққосаҳои ҷавонро эълон кардааст. Он вақт қадам пасту харобакак будам. Баъди номнавис дар озмун иштирок карда, ҳунарамро намоиш додам. Хушбахтона аз миёни 500 нафар довталабон чор нафар – ман, Ширинмоҳ Ниҳолова, Гулнора Тилаева ва Олуфта Шарифова аз озмун гузаштем. Ҳамин тавр, роҳи ман ба саҳнаи рақс ҳамвор шуд. Албатта, ин осон набуд. Устоди мо, роҳбари ансамбл Зебо Аминзода басо сахтгир буданд. Ҳар як ҳаракати рақсиро борҳо тамрин мекардем, ба ҳадде, ки хаставу бемадор мешудем. Заҳматҳои мо, албатта, беҳуда набуданд. Ин аст, ки ба саҳнаҳои бузург роҳ ёфтем», гузаштаро ба хотир меоварад Ҷамила Абдуллоева .
Ҷамила аз як сафари ҳунарии даста дар он солҳо ба ноҳияи Фархор ёдовар шуд: «Рӯзи тобистон буд. Баъд аз зуҳр соати 17 дар варзишгоҳи марказии ноҳия консерт оғоз шуд. Дар саҳни толор брезент (матои махсуси обногузар) партофта шудааст. Баробари садои мусиқӣ мо гурӯҳи духтарон пойи луч ба саҳна баромадем. Рӯйи саҳна чунон тафсон буд, ки ҳолати мо он лаҳзаҳо гӯё аҳволи мурғи болои тафдонро мемонд. Муаллима Зебо Аминзода дид, ки ба ҷои хурсандӣ, чеҳраҳои мо гирифта асту тез-тез вазнамонро аз як по ба пои дигар мепартоем, дар тааҷҷуб афтод. Бо чунин аҳвол мо дандон ба дандон гузошта, то охири мусиқӣ дар саҳна «маҳорат»-и худро ба тамошобинон нишон додем. Вақте ки мусиқӣ анҷом ёфту мардум кафкӯбӣ доштанд, мисли он ки гург ба галаи гӯсфандон ҳамла дорад, аз саҳна берун шудем. Он рӯз бори дуюм касе аз ҳамроҳонамон намехост, ки ба саҳна барояд, зеро кафи пои ҳамаамон аз гармии брезент обила карда буд.
-Соли 1984 дар Ҷумҳурии Афғонистон сафари ҳунарӣ доштем, - нақлашро идома медиҳад ӯ. - Дар яке аз барномаҳои ҳунарии мо дар толор президенти вақти Афғонистон Бабрак Кормал низ ҳузур дошт. Дар навбати аввал бо садои мусиқӣ гурӯҳи мо ба саҳна баромад. Ин вақт лентаи магнитофон печида, садои хиш-хиш мусиқиро тамоман халалдор намуд. Мо бошем, такя ба неруи ҳофизаи худ мусиқиро зери лаб зам-зама карда, давоми 7 дақиқа аз ритм набаромада, таваҷҷуҳи бинандагонро ба рақси зебо ҷалб кардем. Чун рақс ба анҷом расид, ҳозирин аз ҷой бархоста, бо нидои «аҳсан» барои мо каф мекубиданд. Он сафар консерти дигар низ дар ҳузури сарбозони шӯравӣ хотирмон буд, -меафзояд ҳамсуҳбатам.- Дар саҳро сарбозон бордони ду мошини боркашро фароварда, онҳоро паҳлуи ҳам гузошта, саҳна оростаанд. Барои таъмини амният сарбозони дигар атрофи майдонро печонида, ҳар як ҳаракатро зери назорат гирифтанд, ки мабодо ба мо осебе нарасад. Албатта, рақс латофату назокати худро дорад. Дар вақти муайяншуда муҳтавои сурудро бо ҳаракатҳои ҷолиб ба бинанда расонида тавонистан лозим. Ҳангоми иҷрои рақси «То боди сабо» медидем, ки сарбозон яке аз паси дигаре ашк мерезанд…

Бале, дастаи рақсии «Зебо» шуҳрати Тоҷикистонро боз ҳам фаротар бурд. Даста давоми фаъолияташ ду маротиба ба Ҷумҳурии Япония сафар карда, дар 39 шаҳри он 40 барномаи консертӣ намоиш додааст. Ҳамчунин се бор ба Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Голландия, Олмон, Франсия, Булғористон, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Испания, Ҳиндустон, ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия сафар карда, санъати рақси тоҷикро бо ҷаҳониён намоиш додааст, ки дар бисёре аз ин сафарҳо дар ҳайати даста Ҷамила Абдуллоева низ буд.
-Сахтгирии муаллима Зебо Аминзода буд, ки ансамбли «Зебо» дар ҳақиқат зебо шуд. Муаллима барои мо мисли модар буданду мо барои ӯ мисоли фарзанд. Маҳз сиёсати модаронаи муаллима буд, ки ҳамаи духтарони ансамбл бо обрӯ оиладор шуданд. Муаллима дар суҳбати аввалинашон таъкид карда буданд, ки «ҳар касе мақсади дар тӯю маъракаҳо рақсидан дошта бошад, марҳамат дер нашудааст, аз даста равад! Агар хоҳед, ки обрӯ ва ҳаёи духтари тоҷик гум нашавад, ҳеҷ гоҳ ба хотири пул рақс накунед.
Ҳаракатҳои мушкилро такрор ба такрор машқ мекардем. Ба ҳадде, ки хаста ва дар обу арақ тар мешудем. Натиҷаи ҳамин тамринҳои пайваста буд, ки репертуари «Зебо» фарогири беш аз 60 рақс гардид. Рақсҳои «Зебо», «Эй санам», «То боди сабо», «Ту ҷонони манӣ», «Чоргоҳ», «Доира», «Занг», «Чак-чаки борон», «Зангӯла», «Сабза», «Сабзинаранг», «Рақси классикӣ», «Нағмаи ораз» ва ғайра то имрӯз дар хотири ҳаводорони ҳунари мо боқӣ мондааст, - меафзояд Ҷамила.
Гумон мекунам он солҳо даста ба нуқтаи кулминатсионии фаъолияти худ расида буд. Имрӯз низ ҳайати нави даста ҳам дар Душанбе ва ҳам дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Мо, албатта, аз ҳунармандони нави даста умеди фаровон дорем.

-Воқеан ҳунарнамоӣ дар ҳайати «Зебо» барои мо як мактаби бузург буд. Бо гузашти солҳо мо ҳамеша аз аҳволи муаллимаи азиз Зебо Аминзода ва ҳампешаҳоямон – Мавҷигул Дӯстмаҳмадова, Гулнора Муҳаммадиева, Саида Файзалиева, Наташа Патехина (ҳоло дар Минск), Ширинмоҳ Ниҳолова, Заррина Қобилова (ҳоло дар Америка), Гулнора Тилавова, Зурафо Мазорова, Висола Идибекова, Людмила Супинская (ҳоло дар Исроил кору зиндагӣ дорад ва дар чанд филм нақш бозидааст) Нигина Раҷабова ва дигар ҳампешаҳоямон бохабар ҳастем ва бо ҳамдигар робита дорем, -мегӯяд Ҷамила Абдуллоева.

Аз ӯ мепурсам, ки рақс барои шумо шуғл аст ё ҳунар?
-Рақс барои ман пеш аз ҳама варзиши бадан, осоиши рӯҳу тан ва ишқ аст, ки дар он ташнагиамро мешиканам. Ба андешаи дигар рақс ифодакунандаи орзуҳои ман аст, - мегӯяд ин бонуи ҳунар ва меафзояд: - Рақс ҳусни зиндагист. Раққоса бояд тавассути рақс дар саҳна шарму ҳаё, малоҳат, зебоӣ ва шукӯҳи зани тоҷикро нишон дода тавонад.
Ҷаҳиданҳои беҳуда ва тохтутозҳои бемаъно ҳанӯз рақс нест. Дар рақс рӯҳ ва печутоби зиндагӣ бояд таҷассум ёбад.
Албатта рақс кардан кори осон нест. Гоҳо барои такмили як рақс як моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешуд. Ҳарчанд иддае бар он андешаанд, ки рақс танҳо аз ҳаракатҳои мавзун ва табассуми зебо иборат аст.
Мехостам дар бораи фаъолияти устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Ҷамила Абдуллоева боз ба чанд суоли худ посух бигирам, вале хабар ёфтам, ки ӯ дар як ҳайати ҳунарӣ ба Амстердам сафар кардааст. Ростӣ аз ин хабар шод шудам, зеро духтаре, ки ман ҷустуҷӯяш мекардам, зери чатри ҳунар имрӯз низ муаррифи фарҳанги рақси тоҷикӣ ба ҷаҳониён аст.

Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: